СОҲАИ МАОРИФ ҚИСМ-ҚИСМ МЕШАВАД. МУШКИЛОТ ЧӢ?

Ташкили боз як ниҳоди мустақили дигар дар бахши маориф бо номи “Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати ҷумҳурӣ” то куҷо ба сатҳу сифати маориф таъсир гузошта метавонад?

СОҲАИ МАОРИФ ҚИСМ-ҚИСМ МЕШАВАД. МУШКИЛОТ ЧӢ?
Ойина

Ойина

2023-09-27 08:31:11

Дар Тоҷикистон боз як ниҳоди мустақили дигар дар бахши маориф таъсис шуд. Баъди таъсиси Маркази миллии тестии назди президент ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати ҷумҳурӣ созмон ёфт.

Кумитаи навтаъсис муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ (литсей ва мактабҳои касбӣ-техникӣ) ва миёнаи касбӣ (коллеҷ, техникум ва омӯзишгоҳҳо)-ро назорат карда ва ин соҳаро бояд рушд ва тараққӣ диҳад. То таъсиси ин кумита гуфтугузор дар бораи таъсиси Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ё Кумитаи ҳамном мерафт. Зеро дар ҳақиқат бахши таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон  як соҳаи бузургу васеъ шудааст. Дар аксари кишварҳои Шӯравии собиқ ин гуна ниҳоди мустақил таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, дар Русия соли 2018 чунин як ниҳод бо номи Вазорати илм ва таҳсилоти олӣ созмон дода шуд. 

Дар Тоҷикистон ҳам чунин зарурат буд, зеро ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ (соли 1970) Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Он замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ(!) ҳудуди 15 мактаби олӣ вуҷуд дошту халос. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 50 мактаби олӣ ва бештар аз 70 коллеҷ, техникум ва омӯзишгоҳ вуҷуд дорад, ки назорат ва танзими ҳамаи онҳо дар қолаби Вазорати маориф ва илм кори сахт аст. Тавре дида мешавад, дар ин қолаб пеш бурдани соҳаи маориф самаранокии соҳаро пойин оварда, сифати таълим нигарониҳои воқеиро ба бор овардааст. Ҳатто соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи нигаронкунандаи соҳаи маориф интиқоди сахт кард ва яке аз сабабҳои барканории вазири собиқи маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ҳамин интиқоди президент шуд.

Дар Тоҷикистон соҳаи маориф, тавре дар шиору таблиғоти ҳукумат истифода мешавад – соҳаи “афзалиятнок” (бартаридошта) дониста шудааст ва бахши аъзаме аз буҷаи давлатӣ барои он ихтисос дода мешавад. Дар соли 2023 ҳаҷми умумии маблағе, ки барои соҳаи маориф пешбинӣ шудааст 1 миллиарду 412 миллиону 589 ҳазор сомонӣ мебошад, ки аз ин барои таҳсилоти умумӣ (таҳсилоти томактабӣ ва миёна) – 205 миллиону 101 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти касбӣ (ибтидоиву миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олӣ) – 841 миллиону 797 ҳазор сомонӣ  ва фаъолиятҳои дигар дар соҳаи маориф – 365 миллиону 691 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтаанд. Маориф дар баробари тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон соҳаи ҳимояшавандаи буҷавӣ мебошад, ки азнавтақсимкунии маблағҳои ин соҳа ба соҳаҳои дигар қатъиян манъ аст.

Сарфи назар аз ҳамаи чораандешӣ ва таваҷҷуҳо ба соҳаи маориф, ин соҳа яке аз бахшҳои сермушкил ва ҳатто мешавад гуфт, ки камрушдкардаи кишвар аст. Зеро дар илм ва таҷрибаи ҷаҳонӣ кайҳо собит шудааст, ки омили асосии пешрафти давлат иқтисод аст. Вале барои рушди иқтисод бояд соҳаи маориф рушд кунад, то ба василаи таҳсилоти босифат, рушди неруи инсонӣ ва омода шудани кадрҳои милливу мутахассисони варзида иқтисод рушд дода шавад. 

Агар байни низоми миллии таҳсилот ва бозори дохилии меҳнат алоқаи мустаҳкам барқарор нагардад, сатҳи ҳозираи рушди давлат ноустувор боқӣ мемонад. Ҳамин аст, ки яке аз мушкилоти калони бахши маорифи Тоҷикистон ноҳамоҳангӣ миёни низоми таҳсилот ва бозори меҳнат аст. Бозори меҳнат ба сатҳи таҳсилот ва тахассусмандии кадрҳое, ки низоми маорифи миллӣ омода мекунад, эътимоди зиёд надорад. Ин аст, ки сол то сол шумораи донишҷӯён дар мактабҳои олии дохили кишвар кам мегардад. Ҳарф дар бораи эътимоди бозори меҳнати минтақавӣ ва байналмилалӣ ба сатҳи тахассусмандии кадрҳои миллӣ аслан вуҷуд надорад. Бозори меҳнат (бахши давлатӣ) бештар на дар асосии шоистагии кадрҳо, дар аксари маврид аз иҷборӣ  мутахассисонро интихоб мекунад. Дар соҳаҳои сердаромад вуруди кадрҳову мутахассисон ба бозори меҳнат, то 90% дар асоси фасод, маҳалгаройӣ ва василаву воситабозӣ сурат мегирад. 

Барои ҳамин, рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогир ва ҷиддӣ ниёз дорад. “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо қарори ҳукумат 29 сентябри соли 2020 таъйид шудааст ва санади асосии муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, бахше аз ислоҳотро пешбинӣ мекунад. Аммо мушкили асосии ин Стратегия дар ин аст, ки ислоҳотро дар қолаби ҳамин низоми кунунии маориф пешбинӣ мекунад, ки аз назари мо ба натиҷаҳое, ки ҳадаф қарор дода шудаанд, расидан сахт ва номумкин аст. Зеро дар қолаби ҳамин низоми маориф, чанд ислоҳоте, ки то кунун роҳандозӣ шуд, натиҷае надодаанд, ки барои рушди миллӣ лозим оянд. Аз ҷумла Маркази миллии тестӣ, Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм.

Масалан, яке аз ҳадафҳои асосии ташкили Маркази миллии тестӣ ин боло бурдани сифати таҳсилот ва сатҳи таълим дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ буд, аммо аз ҳисоби ин ки солҳои ахир шумораи довталабон дар кишвар кам мешавад, озмун барои дохил шудан суст шуда, тақрибан ҳамаи онҳое, ки ҳуҷҷат месупоранд, пазируфта мешавад. Хусусан, дар ду соли ахир, ки ҳуҷатсупории дубораву себора сурат мегирад. Хусусан дар бахшҳои пулакӣ, тақрибан ҳамаи довталабон пазируфта мешаванд, ки ин ба сифати таълим таъсири манфӣ ва ҳатто дар бархе аз мактабҳои олӣ таъсири фоҷиавӣ мегузорад. Албатта, ин Марказ дар самти кам кардани сатҳи фасод ҳангоми дохил шудан ба мактабҳои олӣ то андозае муваффақ шуд, аммо ҳадафи асосии ислоҳот дар соҳаи маориф боло бурдани сатҳи таҳсилот, рушди зеҳнӣ ва омода кардани кадрҳои миллии ҷавобгӯ ба бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ аст.

Яке аз ҳадаф таъсиси Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, пеш аз ҳама танзими соҳа, аз ҷумла кам кардани фасод дар бахши маорифи миллӣ аст. Аммо бар асари сиёсати ғалати кадрӣ, ин ниҳод худ ба яке аз омилҳои фасод табдил шуд ва раҳбари пешини ин ниҳод, ки фарзанди вазири маорифи собиқ низ буд, ки ба фасоди густарда даст доштааст. Аммо сарфи назар шудани амалкард ва ҷиноятҳои содиркардаи ӯ, умед ба ислоҳоти маориф ва рушди онро коста мекунад. 

Мушкили дигари калони соҳаи маорифи кишвар таҳсилоти томактабӣ аст. Таҳсилоти томактабӣ, тибқи таҳлилу хулосаҳои созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла бунёди кӯдакони СММ – UNICEF омили асосии дастёбӣ ба Ҳадафи чоруми рушди устувор (таҳсилоти босифат ва фарогир) аст. Аммо дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон дар сатҳи матлуб нест, ҳатто 20%-ро дар бар намегирад. Стратегияи рушди маориф яке аз ҳадафҳояш ҳамин аст, ки ин бахшро рушд диҳад, аммо яке аз монеаҳои асосӣ дар ин роҳ фақр ё камбизоатӣ аст. Шумораи ин муассисаҳо хеле кам аст! Дар баъзе ноҳияҳо барои 10000-12000 ҳамагӣ як муассиса рост меояд. Ҳато дар шаҳри Душанбе, ки пойхтати кишвар аст ҳамагӣ 132 муассисаи таълимии томактабӣ мавҷуд аст (омори соли 2020/21).

Таҳсилоти умумӣ, ки поя ва бунёди асосии маорифро ташкил медиҳад, дар Тоҷикистон мушкилоти фаровон дорад. Пеш аз ҳама норасоии мактабҳо ва ҷой дар мактабҳо аст. Дар шаҳри Душанбе ин яке аз мушкилоти асосӣ аст. Дар мактабҳо дар як синф то 45-50 нафар (меъёри ниҳоӣ 25 нафар аст) ва ҳатто бештар аз 50 нафар низ мехонанд. Ин бидуни баҳс сифати таълимро ба маротиб паст мекунад. Сатҳи касбии омӯзгорони мактабҳои миёна ҳам аз мушкилоти воқеан ҷиддии ин соҳа ба шумор меравад. Ин дар ҳолест, ки солҳост мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳо ҳал карда намешавад. Вақте мушкили норасоӣ вуҷуд дорад, маълум аст, ки сатҳи касбии омӯзгорон дар сатҳи матлуб нест. Яъне рақобат ва озмун барои омӯзгорон дар низоми таҳсилоти умумӣ, тақрибан  вуҷуд надорад. Тибқи омори охир танҳо 74% омӯзгорони зинаи таҳсилоти умумӣ дорои маълумоти олӣ ҳастанд. Ин омор дар воқеият метавонад камтар бошад. Стратегияи рушди маориф яке аз омилҳои асосии сатҳи пасти сифати таҳсилоти умумиро “мавҷуд набудани низоми миллии стандартии арзёбии натиҷаҳои таълим” донистааст. Ҳамчунин Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии натиҷаҳои таълим ҳузури фаъол надорад, ки ниҳодҳои ҷаҳонӣ сатҳи воқеии таҳсилоти умумиро муайян кунанд. Аз ҷумла, суръати хониш (скорость чтения) то кунун дар мактабҳои кишвар ба стандарти миллӣ мувофиқ нест, стандарти ҷаҳонӣ бошад дастнорас боқӣ мондааст. Дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ, сифат ва муҳтавои онҳо ҳам аз мушкилоти дигари соҳаи маорифи кишвар аст. Ҳарчанд дар чанд соли ахир ин бахш хеле рушд кардааст, аммо шикоятҳо ва баҳсҳо ба сари муҳтавои дарсӣ хеле зиёд аст. Солҳои ахир дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ талаб мешавад, ки китобҳо бештар хосияти идеологӣ (таблиғотӣ) касб кунанд, ки нақш ва рисолатии аслии китоби дарсиро мекоҳонад.

Яке аз дигар омилҳои аслии боздоронади рушди маорифи миллӣ ин сатҳи пасти маош ва ё музди меҳнати омӯзгорон аст. Он хеле ночиз аст ва ҳатто барои дар сатҳи ибтидоӣ таъмин кардани сабади истеъмолӣ, ки худи ҳукумат таъин кардааст, намерасад.  

Албатта сабабу омилҳои пойгоҳӣ ва мушкилоти бунёдӣ дар соҳаи маориф зиёданд ва онҳоро ниҳодҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ майян мекунанд. Аз ҷумла Стратегияи рушди маориф онҳоро ташхис ва барои аз миён бурдани онҳо роҳҳоро пешниҳод кардааст. Дар Тоҷикистон ҳам барои аз миён бурдани онҳо то кунун барнома, консепсия, стандартҳо ва чораҳову иқдомоти оммавие  пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла роҳандозии озмунҳои гуногун (Илм фурӯғи маърифат, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, эълони солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”), гуногун кардан (диверсификатсия)-и олимпиадаҳои мактабхонҳо ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Вале мушкилоти асосии маорифи миллӣ, ки ҳалли онҳо дар кӯтоҳмуддат сифати таълим ва рушди соҳаро таъмин мекунад, аз назари мо инҳоянд:

  1. Масъалаи кадрӣ, хусусан дар раҳбарии соҳаи маориф. Солҳои ахир, мушкилоти афзояндаи маориф нишон дод, ки раҳбарии соҳаи маориф, хусусан вазорати маориф, мушкили аслияш масъалаи кадрӣ яке аз омилҳои муҳим аст, мебошад. Ҳатто мешавад гуфт, ки ду се вазири маориф барои нокомӣ дар бахши ислоҳоти маориф аз вазифа барканор шуданд, ҳарчанд дар сатҳи расмӣ ин эътироф ва эълон нашуд. Масъалаи доғи дигари кадрӣ ба маҳалгароӣ, непотизм ва хушутабргаройӣ дар ин бахш аст. Як нигоҳ ба вазирони маориф, муовинони онҳо ва сардорони раёсату шуъбаҳои  вазорат ва ректорону муовинони онҳо, деканҳо ва дигар мансабдорони ин бахш дар 20 соли ахир кофист, ки ин омилро ҳамчун як доғ ва нанги миллӣ қабул кунем;
  2. Фасод. Фасоди густарда дар соҳаи маориф яке аз омилҳои асливу асосии боздорандаи рушд маорифи миллӣ аст. Фасод аз хариду фурӯши мансабҳо дар соҳаи маориф то таҳсили мактабхонҳову донишҷӯёнро дар бар мегирад. Ҳатто яке аз омилҳое, ки сабаби рушди маориф мешавад – ташкил ва рушди маорифи хусусӣ низ дар Тоҷикистон сахт ба фасод печидааст. Ҳоло ташкили мактабҳои хусусӣ, коллеҷу донишкадаҳо ба як тиҷорт барои гурӯҳҳои хос табдил ёфтааст ва самаранокии он барои рушди соҳаи маориф хеле кам ба назар мерасад. Дар донишгоҳу донишкадаҳо тақрибан 70% имтиҳонот, корҳои курсиву хатм бо фасод, аз ҷумла хариду фурӯш мусбат ҳал карда мешаванд. Фасоди густурда дар бахши сохтмонҳои соҳаи маориф ва истифодаи маблағҳои будиҷавӣ барои рушди маориф ҷой дорад;
  3. Идеологӣ шудани соҳаи маориф. Солҳои ахир масъалаи асосии бахши маориф – сифати таҳсилот ва омода кардани кадру мутахассисони варзида дар канор монда, неру, вақт ва энергияи асосӣ барои корҳои нолозиму дувумдараҷа, яъне корҳои иедологии нозарур сарф мешавад. Аз ҷумла ҷалби омӯзгорон, мактабхонҳо, донишҷӯён ва олимону муҳаққиқон ба “маршировка”, ҳамоишҳои таблиғотии ҷашну маъракаҳо, корҳои таблиғотиву муборизаҳои идеологӣ дар муқобили мухолифин ва интиқодгарони ҳукумату дигарандешон. Ҳамчунин таваҷҷуҳи асосӣ ба намоишкориву корҳои “косметикӣ”, аз ҷумла сару либоси иҷборӣ (бастани гарданбанд) нақши асосии маориф – рушди зеҳниро камранг кардааст. Сатратегияи рушди маориф ин бахшҳоро ҷузъе аз масаъалаҳои соҳаи маориф намешиносад ва ин худ баёнгари он аст, ки ин корҳо нозарур мебошанд. Ҳамчунин бархӯри идеологӣ ба китобҳои дарсӣ, хусусан дар солҳои ахир низ яке аз мушкилоти бе ин ҳам доғи китобҳои дарсӣ шуда метавонад;
  4. Таъсис ва ташкили мактабҳои олӣ ва ихтисосҳои заруру нозарур. Ин ҳоло ба як рақобати носолим дар миёни мактабҳои олӣ табдил шудааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои нодурустии он кам шудани шумораи довталаб ва донишҷӯён мебошад. 
  5. Кам ва ночиз будани музди меҳнат ё маоши омӯзгорон. Ин омил яке аз сабабҳои бунёдии рушд накардани соҳаи маориф дар Тоҷикистон аст. Дар кишвари мо маоши омӯзгорон нисбат ба маоши кормандони соҳаи дигар ба маоритиб камтар аст. Ҳарчанд нисбат ба кормандони дигари бахши иҷтимоӣ каме зиёдтар аст. Дар тамоми дунё барномаҳои ислоҳоти маориф дар сурате муваффақ шудаанд, ки маоши омӯзгор боло бурда шудааст. Аз ҷумла дар Ҷопон, Малайзия ва кишварҳои дигар. Ин омил ҳатто метавонад сатҳи фасодро дар соҳаи маориф ба шиддат пойин барад ва обрӯву нуфузи омӯзгор ва соҳаи маорифро боло барад. Ба далели кам будани маош ва бо баҳонаҳои расмиву ғвйрирасмӣ аз мактабхонҳо ва донишҷӯён пул хостану талаб кардани мактабҳои миёнаву олӣ ва омӯзгорон имиҷи маорифро дар кишвар паст кардааст.

Албатта ҳалли мушкилоти соҳаи маориф ба ҳалли мушкилоти саҳаҳои дигар дар кишвар, аз ҷумла ислоҳоти фарогир дар низоми давлатӣ ва сиёсӣ ҳамоҳанганд. Аммо барои ҳалли мушкилоту муаммо дар соҳаҳои дигар, ниёз аст, ки пеш аз ҳама таваҷҷуҳи асосӣ барои ҳалли проблемаҳои ин соҳа равона гардад. Зеро ба фармудаи ҳакимонаи шоир “пояи давлат набошад бе маориф устувор”! Аз ҳамин сабаб, қисм-қисм кардани бахши маориф, ки як кори зарурист, бояд огоҳона, озмоишшуда ва дар асоси таҳлилу омӯзшҳои хос сурат бигирад.

назарҳо

Хабарҳои бештар аз Ойина