ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ 2010: ОВОЗАҲОИ ПИРӮЗИИ ҲНИТ, ВАЛЕ ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ДИГАР

Идомаи “Сарнавишти ҳизбҳои Тоҷикистон ё чаро ҳизбҳо “ёрдамчии содиқи партия”-и ҳоким гаштанд”. Бахши 4

ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ 2010: ОВОЗАҲОИ ПИРӮЗИИ ҲНИТ, ВАЛЕ ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ДИГАР
Ойина

Ойина

2023-08-17 06:36:50

Бахши 4

Яке аз пурсарусадотарин интихобот дар Тоҷикистон интихоботи порлумонии 2010 буд. Ҳарчанд, дар қиёс бо интихоботи соли 2000 ва 2005 ҳизбҳои сиёсӣ дар он бо шӯру шавқи зиёде ширкат накарданд, вале интригаҳои зиёде дошт. Бидуни шакк, ҳузури фаъол ва густардаи ҲНИТ дар омодагиҳо ба интихобот ва худи интихобот буд. Наҳзатиён ин интихоботро фурсати хубе барои ба таври ҷиддитар вориди рақобат ва муборизаи сиёсӣ шудан, пас аз созишномаи сулҳ медонистанд. Ин ҳизб, пас аз ҲХДТ, аз миёни тамоми аҳзоб ягона ҳизбе буд, ки рӯйхати ҳизбӣ (ё ҳавзаи умумиҷумҳурявӣ)-и комили номзадҳоро пешниҳод кард. Дар Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон ё палатаи поёнии порлмуон 63 вакил дорад, ки 22 тани онҳо аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ (орое, ки аҳзоб дар рақобат миёни ҳизбҳо ба даст меоранд) ва 41 тани онҳо аз ҳавзаҳои марзии якмандатӣ (рақобат миёни номзадҳои аҳзоб ва номзадҳои худпешбар дар ҳавзаҳои мушаххас дар сар то сари ҷумҳурӣ) интихоб мешаванд. Ба ҷуз ин, ҲНИТ тақрибан дар ҳама ҳавзаҳои якмандатӣ низ номзад пешниҳод карда буд. Он замон гуфта мешуд, ки ҳизб барои ин интихобот аз хориҷи кишвар политтехнолог ё истротежистҳои сиёсиро даъват кардааст. Дар Анҷумани ин ҳизб тамоми вакилони анҷуман бо гарданбанд (шарф)-ҳои кабуд ё осмонӣ дар толор ҳузур пайдо карданд, ки онҳо ин рангро рамзи софии осмон ва эътимод ба шаффофияти интихобот маънидод мекарданд. Ин амалкардҳои наҳзатиҳо дар муборизаҳои сиёсии он замон корҳои  нав буд. 

Ҳизби сотсиатл-демкорат дар остонаи интихобот аз фишорҳои зиёди ҳукумат дар маҳофил ва расонаҳо суҳбат мекард. Аз ҷумла аз ба узвияти Комиссияи мустақили интихобот роҳ наёфтани намояндааш хеле нигаронӣ кард, аммо эълон дошт, ки бо тамоми имконот дар интихобот ширкат мекунад ва рақиби сарсахти ҲХДТ мешавад. Ҳарчанд ҲСДТ дар интихобот ширкат кард, вале  мисле, ки ҳеч гоҳ рақиби ҳизби ҳоким набуд, ин бор ҳам натавонист бошад ва ҳеч намояндааш курсиеро соҳиб нашуд. 

Ҳизбҳои дигари зери сояи ҳизби ҳоким чун ҳамеша, бо оромӣ дар интихобот ширкат карданд ва ба умеди созишҳое буданд, ки қаблан ҳосил шуда буд ва дар натиҷа онро ба даст оварданд. 

Фазои интихоботи инро бозгӯ мекард, ки интихобот аслан миёни ҲХДТ ва ҲНИТ ҷараён дорад. 28-уми феврал интихобот баргузор шуд. Рӯзе, ки интихобот доир шуд, наҳзатиён аз пирӯзии 50 ба 50 ё бештар аз он суҳбат мекарданд. 
Аммо натиҷаҳои расмии интихоботро КМИР (Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ) ба шакли зер эълон кард:

ҲХДТ - 71,69 %, 

ҲНИТ - 7,74 %,

ҲКТ- 7,22 %,

ҲСДТ - 0,72 %,

ҲДТ - 0,84 %,

ҲСТ - 0,47 %, 

ҲИИТ- 4,69 % 

Ҳизби аграрӣ - 5,1%.

Пас аз ин натиҷа, яке аз аввалин вокунишҳоро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дошт ва ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “аз назари ман, ин танҳо як масхарабозӣ буд”. Кабирӣ ва ҳизбаш то ин замон мегуфтанд, ки райъи бештаре соҳиб шудаанд, вале агар ҳамаи райъи онҳоро ҳам надиҳанд, аммо ҳадди аққал 10 намояндаро вориди маҷлис мекунанд. Раиси коммунистҳо Шодӣ Шабдолов низ, вокуниши то ин дам бепешинае дошт, ӯ гуфт, ки натиҷаи интихобот ҳамин тавр шудааст, ки корро ба фоидаи ҳизби ҳоким ҳал кунанд: “ба мо гӯё ҳафт дарсад раъй додаанд. Ин чӣ хел мешавад? Дар ҳоле ки мо дар дафъаи гузаша 22 дарсад раъйи мардумро ба даст оварда будем. Ҳамин хел моро ба сифр баробар мекунанд. Мо қаноатманд нестем, тамом”.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ низ ин натиҷаҳоро ҳосили тақаллубу ношаффофиятиҳо донист ва гуфт, ки баҳсро додгоҳӣ мекунад. Ҳизбҳои дигар, зоҳиран аз натиҷаҳо розӣ буданд ва вокунише надоштанд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ дар маъқари он ҷамъ шуданд, то мавқеашонро дар баробари  натиҷаҳои интихобот рӯшан кунанд. Сару садои даст ба эътироз задани онҳо шунида мешуд. Вале раиси ҲНИТ баъдҳо дар суҳбатҳояш гуфт, ки воқеан ҷонибдоронаш мехостанд даст ба эътирозоти хиёбонӣ бизананд, вале Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъ (ки баъдан дар соли 2015 ба талоши табаддулоти нофарҷом муттаҳам ва кушта шуд) ба ӯ занг задаву гуфтааст, ки ин корро накунед, ки гирди шуморо чанд ҳалқаи амниятӣ аз неруҳои вижа печондаасту шуморо намегузоранд ва тирборон мекунанд. Кабирӣ дар суҳбатҳояш иддио мекунад, ки ӯ ва Шӯрои сиёсии ҳизбаш ба ин натиҷа расиданд, ки ҳеч курсие дар порлумон ва ҳеч нуфузи ҳизбе арзиши ҷони як одамро надорад ва бинобар ин аз ҷонибдоронаш хост, ба хиёбонҳо нарезанд. Коршиносон ҳимоят карда натавонистани ҲНИТ аз райи электоратро, яке аз охирин фурсатҳои аздастрафтаи ин ҳизби пурҷанҷол медонанд.

Аммо он чи ки иттифоқ афтод ин буд, ки он замон дар доираҳои расмиву ғайрирасмӣ аз райъи хеле зиёд гирифтани наҳзатиҳо суҳбат мешуд ва коршиносон бар ин назар буданд, ки мардум бо дилмондагӣ аз номуваффақиятҳои ҳукумат ва ҳизби ҳоким, бо нишони эътироз райъи худро ба ҲНИТ доданд, ҳатто онҳое, ки ҷонибдору ҳавохоҳи исломи сиёсӣ набуданд ва одамони дунявӣ буданд. Дар пайи ин интихобот ва ин гуна таҳлилҳо, ҲНИТ минбаъд аз фишорҳои фаровоне шикоят мекард, ки дар гӯшаву канори Тоҷикистон ба масъулон ва аъзояш оварда мешуд. Баъдтар протоколи мармузу пурбаҳси 32/20  аз сӯйи пойгоҳҳои расонаии низомии русӣ расонаӣ шуд, ки баёнгари зина ба зина аз ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дур кардани ҲНИТ буд. Ҳарчанд  ҳаққонияти ин протоколро ҳеч гоҳе ҳукумати Тоҷикистон эътироф накард. Аммо то интихоботи соли 2013-и президентӣ дар Тоҷикистон, ҲНИТ фишорҳои фавқулъодаеро пушти сар кард ва дар соли 2015 он протокол комилан амалӣ шуд. 

Дар ин интихобот бо марказияти ҲНИТ Иттиҳоди неруҳои эътилофии Тоҷикистон барои интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шакл дод, ки худи ҲНИТ ва ҲСДТ шомили он буданд ва бархе аз чеҳраҳои дигар ба шакли ҷудогона узви он шуданд. Аз ҷумал Ойниҳол Бобоназарова, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Иброҳим Усмонов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва шуморе дигар, ки бархе аз онҳо баъди як ду нишаст узвияташонро дар ин эътилоф қатъ карданд. Ин эътилоф сарусадоҳои зиёдеро ба бор оварда буд, аммо интизорие, ки ҷомеа аз он дошт бароварда нашуд. Интизор мерафт эътилоф чеҳраи ҳизбӣ ва ё сиёсиеро номзад кунад. Ҳадди ақал гуфтугузор сари худи Кабирӣ ё Раҳматилло Зоиров мерафат. Аммо ғайриинтизор ин эътилоф Ойниҳол Бобоназароваро номзад пешниҳод кард. Ҳарчанд сари шахсият ва ҷойгоҳи Бобоназарова касе норизоятӣ надошт, вале он вақт расонаҳо ва ҳатто коршиносон ин номзадро барои муборизаи сиёсӣ муносиб надонистанд. Бархе аъзову ҷонибдорони худи ҲНИТ низ норозӣ буданд. Раҳматилло Зойиров ҲНИТ-ро дар беҷуръатӣ гунаҳкор кард ва гуфт, ки ӯ мехост номзад шавад, вале ӯро ҳимоят накарданд. ҲНИТ далели аслии номзад нашудани чеҳраҳои ҳизбиро дар омода набудани ҷомеаи Тоҷикистон барои рақобати як намояндаи исломи сиёсӣ ва намояндаи табақаҳои дигар маънидод кард ва гуфт, ки агар Кабирӣ ё чеҳраи дигаре номзад мешуд, ҷомеаро ба сӯйи ҷанг мебурданд. Наҳзатиҳо далели номзад кардани Бобоназароваро шикасти зеҳниятҳо дар ҷомеаҳои шарқӣ мегуфтанд ва тавзеҳ медоданд, ки шояд ҳукумат дар баробари як зан зиёд сахтгирӣ накунад. Аммо саранҷом КМИР номзадии Бобоназароваро сабти ном накард ва эълон кард, ки ҳизб натавонист райъи лозими ҷонибдоронашро барои сабти номи номзад, ҷамъ кунад. Ҳамин буд, ки интригаи асосии интихобот аз корзор берун шуд ва фазои интихобот ба фазои интихоботи соли 2006 баргашт, ки ҳамон ҳизбҳову ҳамон чеҳраҳо боз “рақибон”-и Эмомалӣ Раҳмон шуданд. Албатта ин бор бо чанд фарқ: ба шумори “рақибони киссагӣ” ҲДТ  ва раиси он Саидҷаъфар Усмонзода ҳам ворид шуданд ва аграриҳо ин бор муовини раиси ҳизб, як олими риштаи кишоварзӣ – Толиббек Бухориевро номзад карданд. Натиҷа бо вуҷуди яке зиёд шудани номзадҳо, ин бор бештар ба нафъи номзади ҳизби ҳоким буд:

Эмомалӣ Раҳмон 83,92%;

Толиббек Бухориев 4,61%;

Исмоил Талбако5,04%;

Олимҷон Бобоев 3,91;

Абдуҳалим Ғаффоров 1,5%;

Саидҷаъфар Усмонзода 1,02%.

То интихоботи президентии соли 2013 ҳодисаи чашмгири дигаре, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва муборизоти ҳизбӣ иттифоқ уфтод, ташкили ҳизби “Тоҷикистони нав” аз сӯйи соҳибкори шинохта ва вазири собиқи ҳукумати Тоҷикистон Зайд Саид буд. Ин соҳибкор бо ҷамъе аз чеҳраҳои дигар дар як нишасти матбуотӣ барои расонаҳо изҳорот доданд, ки мехоҳанд ҳизберо таъсис диҳанд, ки на чапӣ бошаду на ростӣ, балки як ҳизби марказгаро бошад. Зоҳиран эълони ташкили ҳизб аз сӯйи Зайд Саид барои соҳибони қудрат хуш наомад, ки ҳатто имкони анҷумани таъсии ҳизб дода нашуд ва соҳибкор баъди бозгашт аз як сафари хориҷӣ ба Ватан дар фурудгоҳ боздошт шуд ва моддаҳои ҷиноии зиёде вориди парванди ӯ шуд, ки саранҷом ба 29 соли зиндон маҳкум ва тамоми дороиҳояш мусодира шуданд. Ҳарчанд ҳукумат сиёсӣ будани қазияи Зайд Саидро ҳамеша рад мекард, аммо хонаводаи ӯ ва  коршиносону соҳибназарон сар задани ҳодисаро ба ҳадафҳои ӯ барои ташкили ҳизб рабт медоданд.

Баъди интихоботи соли 2013 масъалаи ҲНИТ ба мавзуъи рақами яки маҳофили сиёсӣ ва мақомоти Тоҷикистон табдил шуд. Пешниҳодҳо дар бораи барҳам додани он ҳамарӯза аз расонаҳо, аз ҷумла аз телевизиону радиоҳои давлатӣ садо медод. Раиси ин ҳизб, ки баъди интихоботи 1 марти соли 2015 (порлумонӣ) ба хориҷ аз Тоҷикистон рафт ва дигар бар нагашт, баъдҳо дар як мусоҳиба ё наворӣ видеоӣ гуфт, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ӯро қабл аз сафараш ба суҳбат даъват кардааст ва хулосаи суҳабти тулонӣ ин будааст, ки ҳизбро барҳам диҳанд ва ба гуфтаи Кабирӣ ӯ ин пешниҳодро рад кардааст. 

ҲНИТ ва ҲКТ дар интихоботи порлумонии соли 2015 шикаст хӯрданд. КМИР эълон кард, ки онҳо натавонистанд садди 5 дарсадиро убур кунанд, аз ин рӯ наметавонанд намояндае ба маҷлис бифристанд. ҲНИТ эълон кард, ки ин тақаллуб аст ва гуфт ин натиҷаву хулосаи он ҳама фишору муборизаҳое, ки алайҳи ҲНИТ буд, аст. Коршинсон сабаби ба порлумон раҳ наёфтан ё раҳ надодани ҲКТ – ҳизби вафодор ба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбашро қурбонии аз порлумон рондани ҲНИТ донистанд.

Шодӣ Шабдолов дар нахустин эътирозаш ба натиҷаҳои ин интихобот, гуфт, ки ҳам ҳизбҳои дигар зери қаноти ҳизби ҳоким буданд ва онҳо буданд, ки қаноти дигарро дар порлумон ташкил медоданд, аммо порлумонро аз як қаноти дигар маҳрум карданд ва “бигузор ҳукумат бо як қанот парвоз кардан гирад”.

Натиҷаи ин ҳама ин шуд, ки  моҳи сентябри соли 2015 расонаҳо ва мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ даст ба табаддулоти давлатӣ задааст, ки дар пушти он ҲНИТ қарор дошт. Баъдан Назарзода дар дараи Ромит кушта шуд ва теъдоди зиёде аз аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ дастгир ва баъдан барои солҳои тӯлонӣ ва ду нафар ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябри соли 2015 ҲНИТ-ро як созмони террористӣ ва ифротӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Аммо ҲНИТ ин ҳамаро туҳмат эълон кард ва то кунун ин иддаҳои ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистонро напазируфтааст. Баъдан раис ва аъзову ҷонибдорони фирории ин ҳизб дар хориҷ аз кишвар созмону ҳаракатҳои зиёдеро ташкил карданд ва ҳамаи онҳоро зери як созмоне бо номи Паймони миллии Тоҷикистон муттаҳид карданд, вале ин созмонро ҳам Тоҷикистон расман террористӣ эътироф кард.

(идома дорад)

Искандари Карим, коршиноси масоили сиёсӣ

(акс аз интернет)

назарҳо

Хабарҳои бештар аз Ойина