РОҲИ НОҲАМВОРИ РАВОБИТИ ДУШАНБЕ ВА ТЕҲРОН

Нигоҳе ба равобити гузашта, имрӯза ва ояндаи Тоҷикистону Эрон

РОҲИ НОҲАМВОРИ РАВОБИТИ ДУШАНБЕ ВА ТЕҲРОН
Ойина

Ойина

2023-11-19 09:58:22

Сафари раисҷумҳури Эрон Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта умедҳоеро дар ҷиҳати рушди равобити ду кишвари ҳамзабону дорои фарҳанги муштарак зинда карда. Аммо агар нигоҳи жарфтаре бар тавофуқоти ахири ду кишвар дар қиёс бо соири кишварҳо бо Тоҷикистон шавад, тайи ин сафар чизи муҳиме иттифоқ науфтода. Ба ҷуз аз фароҳам шудани заминаи сафари бидуни визои шаҳрвандони ду кишвар ба сарзамини якдигар ва ҳамзамон ҳамоиши туҷҷори ду кишвар ин сафар буъди чашмгире дар равобити ду кишвар надошта. 

                 Фирдавсӣ ба ҷойи Ленин

Агар чашмандози иҷмолие дар равобити ин ду кишвар дошта бошем, метавон гуфт, ҳанӯз аз замони аввали истиқлол Теҳрон хостори барқарории ҷиддии равобит бо Душанбе буд, ки бар ин мабно истиқлоли кишварро ба унвони аввалин кишвари ҷаҳон шинохт ва бо ибтикори Мақсуд Икромов тасмим бар иваз кардани ҷойи Ленин бо Фирдавсӣ дар майдони марказии Душанбе дар солгарди истиқлол дар соли 1992 гирифта шуд. Аммо то тирамоҳи соли 1992 Ҳукумати Муросои Миллӣ қудрат нагирифт ва ҳавопаймои эронӣ бо тандиси Фирдавсӣ аз фазои Душанбе бидуни ин ки фуруд ояд, ба Эрон баргашт. Бинобар ин ин орзуи Мақсуд Икром танҳо дар абёти Бозор Собир сабт шуд, ки гуфта буд:

Эй зиҳӣ, Мақсуди Икром,

Шаҳрдори соҳибикром,

Ҷойи Ленинро ба Фирдавсӣ ту додӣ,

Он чуноне маснади Заҳҳоки моронро

Пири Тӯсӣ бар Фаридун дод.

                             Тарҳҳои стротежӣ

Пас аз истиқрори сулҳ дар кишвар нақши Эрон дар иқтисоди кишвар ба сурати ҷиддӣ эҳсос шуд. Эрон ба унвони аввалин кишваре дар ҷаҳон буда, ки Тоҷикистонро дар заминаи таҳаққуқи аҳдофи роҳбурдияш кумак кардааст. Қабл аз он ки Тоҷикистон роҳбурди рушди худро эълон кунад, аҳдофи худро дар се баши муҳим эълом кард: истиқлоли энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ ва амнияти ғизоӣ.

Дар ин замина Душанбе аз “бародари бузург” умед дошт. Аммо кашолкории Маскав дар робита ба таҳаққуқи аҳдофи роҳбурдии Тоҷикистон аз адами хоҳиши кумаки “бародари бузург” гувоҳӣ медод. Мардонавор вориди ин корзор шудани Теҳрон ба унвони дувумин кишвар дар ин қисмати муҳими иқтисоди Тоҷикистон пас аз Маскав дар соли 1995 гувоҳе аз коҳиши вобастагии Душанбе аз Маскав буд. Иқдоми дигари Эрон марбути раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти иртибототӣ буд, ки дар ин замина даст ба кор дар нақби “Анзоб” шуд.

Дар тобистони соли 2010, замоне ки сел Кӯлобро зерурӯ карда буд, Тоҷикистон ба кумак ниёз дошт, Тошканд ба баҳонаи боздории сохтмони НБО “Роғун” транзити молҳои Тоҷикистон аз тариқи хокашро мамнуъ кард. Аммо, Теҳрон ба воситаи Беҳрӯзи Баланди, як мақоми Ширкати роҳи оҳани Эрон Ӯзбакистонро ҳушдор дод, ки агар транзити моли Тоҷикистонро иҷозат надиҳад, роҳи вагонҳои ӯзбаки аз тариқи хоки Эрон баста хоҳад шуд. Дар замон ҳамарӯза 150 вагони Ӯзбакистон аз хоки Эрон мегузашт. Бинобар ин Тошканд маҷбур шуд, аз садгузорӣ бар рӯйи моли Тоҷикистон худдорӣ кунад. 

                        ҲНИТ – “устухоне дар гӯлу

Ҳамин тариқ, пас аз чандин соли оғози ҳамкориҳои ҷиддии Эрону Тоҷикистон, дар зимни баргузории нишасти “Бедории исломӣ” дар Теҳрон дар поёни соли 2015 ва ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии мамнуъ дар Тоҷикистон дар он ҳукумати кишвар ҷомаашро чаппа пӯшид ва Эронро пуштибони табаддуллоти нофарҷоми Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон унвон кард.

Албатта, воқеият доштани ин табадуллоти нофарҷом барои доираҳои таҳлилӣ собит нашудааст ва ҲНИТ-у Эрон дахил будани худ дар ин қазияро инкор кардаанд. Баръакси ин Теҳрон кумакаш ба Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҲАМОС, ҳусиҳои Яманро инкор накардааст. Бо вуҷуди ин наметавон гуфт, ки Теҳрон дар Тоҷикистон ҳадафи сиёсӣ надорад. Теҳрон ҳадафи сиёсӣ дорад, аммо дақиқан на ба тарзе ки аз ҲНИТ Ҳизбуллоҳи Лубнон созад.

Бинобар ин танҳо фарзияе, ки боқист, ин аст, ки барандозии ҲНИТ аз системаи ҳизбии Тоҷикистон аз ҳадафҳои аслии ҳукумат буд, то роҳ дар интихоботҳои баъдӣ ҳамвор бошад. Ҳол он ки ҲНИТ бо таҷрибаҳое, ки дар гузашта дошт, ҳич гоҳ хоҳони табаддулот набуд, балки дар тамоми умур бо ҳукумат муросо мекард. Яъне вуҷуд ё адами ҲНИТ ба унвони нерӯи сиёсии қонунӣ дар Тоҷикистон бетаъсир буд, ки ин як баҳси ҷудо аст. Аз тарафи дигар дар он солҳо тамоми нерӯи Эрон банд дар Ховари Миёна буд ва ҳатто Осиёи Марказӣ барояш авлавият надошт. Ҳузури Амрико дар Ироқ, таҳдиди ДОИШ дар Ховари Миёна, ларзиши пояҳои қудрати Башор Асади вафодор ба Эрон, ҳифзи қудрати ҳусиҳо дар Яман Эронро маҷбур мекард, ки бештар ба Ховари Миёна таваҷҷуҳ дошта бошад.

Бо вуҷуди ин ҳукумат ҲНИТ-ро аз системаи сиёсӣ дур кард ва пои Эронро барои он ба ин қазия кашид, то ин ҳизб дар ин кишвар низ террористӣ эълон шавад. Аммо террористӣ эълон шудани ин ҳизб дар Эрон хилофи меъёрҳои қонунии низоми сиёсии он буд. Эрон ҲНИТ-ро пас аз саркӯби он мустазъаф медонист ва бар асоси асли 154-и Қонуни Асосӣ, бояд ҳимоят мешуд. Ҳадди аксари ҳимояте, ки Эрон аз ҲНИТ кард, ин буд, ки қисмате аз аъзои ин ҳизбро, ки аз тариқи Эрон ба Урупо рафтанд, ба Тоҷикистон таҳвил надод ва онҳоро боздошт накард. Ин, албатта, хашми Душанберо ба вуҷуд меовард.

Дар замоне ки равобити Душанбе тира буданд, ду дидгоҳи мутаноқиз матраҳ мешуд: Эрон хостори он буд, ки ҲНИТ ба саҳнаи сиёсӣ баргардад ва Тоҷикистон хилофи он, яъне хостори террористӣ эълон шудани ин ҳизб дар Эрон буд. Ҳар ду масъала қобили таҳаққуқ набуд, зеро пас аз ҳазфи қонунии ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон заминаи қонунии чунин ҳизбе аз байн рафт, Қонуни Асосӣ дар Тоҷикистон мавриди тағйир қарор гирифт ва зимнан ҷониби Эрон ҳам наметавонист моддаи 154-и Қонуни Асосии худро сарфи назар намояд. Аз дигар тараф террористӣ эълом кардани ҲНИТ дар Эрон ба далели аҳли тасаннун будани ҳизб обрӯи он дар ҷаҳони исломро ба сифр баробар мекард ва он ба унвони сирф як кишвари мазҳабӣ ҷилвагар мешуд. Аз ин рӯ ин масъала то ҳанӯз байни ду кишвар матраҳ аст. Наздикии Русия бо Эрон дар зимни ҷанг бо Украина, ҳамзамон дар рӯёрӯӣ бо масоили марзӣ бо Қирғизистон Тоҷикистонро ба гунае наздиктар бо Эрон мекунад. 

Аммо ҳали масъалаи ҲНИТ дар миёни Эрону Тоҷикистон то ҳол ҳам матраҳ аст. Зимнан динситезии Тоҷикистон дар қиболи динӣ будани низоми Эрон Теҳронро ҳамеша назди Душанбе машкук ҷилва медиҳад. Ҳамзамон, лоянҳал боқӣ мондани масъалаи шинохти вуҷуди ҲНИТ, заминаи ба пойинтарин сатҳ бурдани равобити ҳарду кишварро боқӣ нигоҳ медорад.   

назарҳо

Хабарҳои бештар аз Ойина