СОҲИБОНИ ИЛМИ ПОКИЗА КУҶОЕД, КУҶОЕД?
Номаи саргушода ба Раёсати КОА-и назди Президенти кишвар

Ойина
2023-09-25 17:10:00
Он муқаллид сад далелу сад баён,
Дар забон орад, надорад ҳеч ҷон.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Бо дуруд ба бародари азиз, профессор Абдулҳаким Шералӣ Розиқзода!
Раёсати КОА-и назди Президенти кишвар!
Умедворам хуб ҳастед ва пайваста ҷиҳати тавсеъаи илму дониш ва таъмини пешрафти кишвари азиз талош меварзед.
Шумо худ нек медонед, ки илм маҳсули андеша аст. Бешак, вуҷуди фасод дар илм бароятон ошкор аст. Чӣ басо шоҳидем, ҳам акнун аз зиёдии дуктурҳои дурӯғин, рӯйи фасод рангин шудааст. Чунин ба назар мерасад, устодон ва раҳнамоёни илмии довталабони дониш ва аспирантҳо масъули вазоифи худ нестанд. Ангор, ки шогирдон ба ҳоли худ ва устодон дар ҳоли худанд. Сад афсӯс, фазоеро офаридаем, ки роҳи нобудии миллату ҷомеъаро гом ба гом суфтаву ҳамвортар мекунад.
Аз нагуфтани иштибоҳоту заъфҳо, гуфтанаш беҳтар аст. Аз зиёдии донишмандони таърих, гузаштаи миллат ҳам хор шудааст. Магар намебинем, ки фасод аст, ки роҳро барои фосидон боз мекунад. Мо худем, ки донишро хор кардаем. Касе масъули мушкилотамон ба ҷуз худамон нест. Кош медонистем, ки донишманде, ки фосиду асири нафсу тамаъ аст, маҳрум аз шинохти ҳаққу ҳақиқат аст.
Шуморо дер боз мешиносам ва ба шахсиятатон эҳтиром қоилам. Хуб медонед, ки бо далоиле авроқи бошукўҳи таърих ва мероси гаронбаҳои миллат, ки аз падарон ёдгор мондаанд, солҳост барои ҳарроҷ гузошта шудаанд. Муште нест, ки бар даҳони дуздону тороҷгарони таърихи миллӣ муҳкам бизанад. Чаро дар баробари падидаҳои зишти ҷомеъаи худ бояд чашм пӯшид?
Гуфтаанд, ки бетараф будан, бешарафист. Замоне, таърихи миллат, ҷойгоҳи мероси маънавӣ ва хоку буми мардуми тоҷик ба яғмо мераванд, бетараф будани аҳли дониш бар зарари миллат хоҳад буд. Худ қазоват намоед, дар бештари рисолаҳои илмие, ки тӯли ду даҳаи ахир дар шӯроҳои илмии кишвар дифоъ шудаанд, интиқод ва баррасиҳое, ки бо тамомии абъодашон илмӣ бошанд, дида намешаванд. Ғолибан, феҳристи манобеъ ва маъохиз (библиография) бо иштибоҳоти фоҳиш мураттаб мешаванд, гоҳе ба андозае харобу маснӯъианд, чунончӣ, зикри теъдоди осори ғайримарбута ва тасодуфии раҳнамоҳои илмӣ бештар ва "бошукӯҳтар" аз номгӯи осори муҳими илмианд. Бо боварӣ метавон гуфт, теъдоди зиёди адабиёти зикршударо, на муаллиф дида ва на раҳнамоёнашон. Агар медиданд, бисёре аз иштибоҳоти фикрии муаллифон, бидуни шакк, рафъ мешуданд.
Мутмаин бошед, муҳтавои рисолаҳое, ки дар масоили таърихи иҷтимоъӣ ва иқтисодии қуруни вустои Осиёи Марказӣ ихтисос доранд, бештарашон такрори маҳзи андешаҳои пешиниёнанд, он ҳам ба наҳви бисёр ношоиста. Дар мавриди рисолаҳое, ки дар мавзӯъоти шӯришҳои мардумӣ ва муқовиматҳои мардуми тоҷик алайҳи ғосибони аҷнабӣ (аъроб, турку муғул ва ғ.), амдан сукут ихтиёр мекунам, чаро ки вазъи онҳо ба ҳадди ифтизоҳ аст. Инон ҳамагӣ муқаллидони хушкбаёнанд, ки далоилашон, ба гуфтаи Мавлоно, берӯҳ.
Ба унвони як тан аз муаррихони меҳани азизам, муваззафам то бигӯям, сукутҳои амдии ағлаби довталабони дониш ва бетарафии муҳаққиқин ва устодони меҳанӣ дар баробари адами ахлоқи илмӣ ва шиддати "чаповулҳои" муаррихин, донишмандон ва аҳли адаби дохиливу бегонагони дуру наздик, бидуни муҳовот ҳамон хиёнатҳоеанд бар русуми илм ва арзишҳои неки гузаштагони хеш. Магар ҳақиқат ғайр аз ин аст?
Бо камоли таассуф, ағлаби раҳнамоҳо ва мушовиронии илмии довталабтон ва аспирантҳо ба гунае, ки лозим аст, аз моҳият ва собиқаи мавзъӯъоти расоили илмӣ огоҳ нестанд. Гоҳе ноогоҳии худшефтагони илм аз собиқаи мавзӯъҳо ба ҳадди шармоварест. Чунончӣ, муҳтавои силсилаи мақолотеро метавон мушоҳида кард, ки даҳаҳои пеш таҳқиқоти доманадоре дар кишварҳои урупоӣ ва ё дар марокази илмии мамолики дуру наздик анҷомшуда, вале устодони ватанӣ ва муддаъиёни унвонҳои илмӣ, аз вуҷуди ҳамчунин пажӯҳишҳои сангин мутлақо ғофиланд. Ба истилоҳ, инон мехоҳанд дучархаро аз нав кашф созанд.
Ба далеле, ки худ муаррихам, аз вазъи номатлуби илми таърихшиносии кишвар мисолҳое меорам. Чунончӣ, мақолаи таҳти унвони "Пажӯҳиши сохтори идории Сомониён дар таърихнигории тоҷик» (C. 218-221), ки дар маҷаллаи Ахбори Донишгоҳи омузгорӣ (2019), ахиран, аз тарафи як тан аз асприантҳои Донишгоҳи миллӣ ба чоп расидааст, бо ҳадафи муаррифӣ ва нақди муҳиммтарин осори муҳаққиқони ватании дар ду даҳаи охар пиромуни системи давлатдории Сомониён тадвин шудааст. (руҷӯъ кунед ба:
Мутмаинан, наҳваи баррасиҳо дар таҳқиқи мавриди назар усулӣ нестанд. Аз тарафи муаллиф принсипҳои увлавияти мавзӯъ ва таърихият ба кулл риъоят нашуда ва натиҷагириҳо куллӣ ироъа шудаанд. Бо ин ҳол, муҳиммтарин мавриде, ки бояд махсус зикр шавад, ин аст, ки мақолаи мазбур намунаи фақат бетаваҷӯҳии аспиранте дар ҷодаи дониш қарор дорад, нест, балки он як мисоли рушану возеҳест аз бемасъулиятии раҳнамои илмӣ ва тасмими ғалати ҳайъати шӯрои илмии Факултаи таърихи ДДМТ аст. Баҳсҳои матраҳшуда дар мақолаи мазбури аспирант, чӣ аз диди метудулужӣ ва чӣ аз назари таҳлилҳои манобеъшиносӣ ва историографӣ аз мушкилоти ҷиддие бахӯрдоранд. Муддаъии дониши таърих ва мусалламан, раҳнамоён ва мушовирони илмии эшон, ба ҳадде аз таърихчаи мавзӯъаш ногооҳанд, ки нақду вуҷуди силсилаи пажӯҳишҳои ватаниро ба боди нестӣ дода ва ҳамвора аҳаммияти пажӯҳиши хешро дар илми таърихнигории миллӣ ба унвони бикру бесобиқа муаррифӣ намудаанд.
Барои тақвияти сухани хеш, зикри танҳо як навиштаи фавқи аспиранти ДДМТ кофист. Эшон аз миёни теъдоди зиёди мақолоти тахассусӣ ва муфассали нигорандаи ин сутур, ки тӯли солҳои мухталиф дар фаслномаҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва маҷаллоти илмии кишвари Тоҷикистон нашр шудаанд, ҳатто яке аз онҳо зикр нашудааст. Ин дар ҳоле аст, ки ду мақолаи кӯчаки раҳнамои илмии аспирант, ки дар солҳои ахир нашр шудаанд, ба гунаи "мадоҳона" арзёбӣ шудаанд. Таъкид меварзам, ин мавридро, на ба хотири матраҳ кардани исми худ мисол овардаам, балки ба хотири ин меоварам, ки аз тарафи соҳиби мақола ва раҳнамои илмии эшон, ахлоқи илмӣ ва инсоф ба кулл риъоят нашуда ва ин амал, сареҳан, навъи беэҳтиромӣ нисбат ба ҷойгоҳ ва шаъну суннати неки илму дониш аст.
Зимнан, зикри ановини теъдоде аз навиштаҳои тахассусии мо дар мавзӯъи системи девонсолории Сомониён аз дурустии иддаъои фавқ кофист. (Дар ин бора руҷӯъ кунед ба: BIBLIOGRAPHY. THE SAMANID BUREAUCRACY. САМАНИДСКАЯ БЮРОКРАТИЯ. (819-1005). Linköping, 2023. دیوان سالاری
Ба холисона ва усулӣ будани баррасиҳои илмии муаллифи ҷавони ДДМ чӣ гуна метавон бовар кард, ки дар манобеъ ва маъохизи эшон ду-се аз навиштаҳои "тасодуфӣ"-и раҳнамои илмиаш бо камоли эҳтиром зикр шуда, вале таҳлили беш аз 30 мақолаи мо, ки мустақим дар робита бо системи давлатдории Сомониёнанд, ба кулл сарфи назар шудаанд? Бо камоли таассуф, ин гуна беэҳтиромиҳоро аз теъдоди зиёди рисолаҳои ахиран дифоъшудаи дуктурҳои ҷадиди кишвар метавон муаррифӣ кард.
Раёсати КОА-и назди Президенти кишвар!
Дигар аз мавориди фасоди илм, дуздист, ки худ ба хубӣ огоҳед. Дуздӣ навъе аз хиёнатҳост ва сирқати илмӣ ба маънии хиёнат дар амонати фазлу дониш аст. Пӯшида нест, амали ношоистае, ки дер боз дар ҳавзаҳои илмии кишвар табдил ба "суннат" шудааст, асардуздист.
Бо камоли таасcуф, рисолаҳои фавқдуктуриро медонем, ки аз роҳи дуздӣ ва бар пояи тақаллубкориҳо тадвин шудаанд. Чунончӣ, рисолаи илмие доктори улуми таърих Абдуқаҳҳор Саидов дар мавзӯъи «Таърихи сиёсӣ ва иҷтимойӣ - иқтисодии хонии Бухоро дар асрҳои 17 ва нимаи аввали асри 18» («Политическая и социально-экономическая история Бухарского ханства в XVII - первой половине XVIII вв.») аз зумраи ҳамин гуна рисолаҳои сар то по сирқатӣ мебошад, ки пас аз дифоъи рисола матолиби он, на танҳо дар шакли китоби ҷудогона аз сӯйи Институти таърих ва бостоншиносии Академияи Улуми Тоҷикистон нашр гардид, балки бо пешниҳод ва таъйиди маҳз ҳайати шӯрои илмии Институти таърих АУ Тоҷикистон ба унвони яке аз аслитарин бахшҳои монографияи ҷомеъи "Таърихи халқи тоҷик" (Ҷ.4) мунташир шуд. (Дар ин бора руҷӯъ кунед батафсил: Рецензию на книгу «История таджикского народа». // Иран-наме, 2014, № 3-4 (31-32), С. 393- 427; Нақде бар китоби «Таърихи халқи тоҷик». // Номаи донишгоҳ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ: Таърих. Филология. Педагогика. 2015, № 3 (44), С. 271 - 277).
Хиҷолат бояд кашид, кори сирқати илмӣ ҳанӯз ҳам идома дорад. Чунончӣ, унвонҷўйи ”Кафедраи таърихи дунёи бостон, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ”-и Факултаи таърихи ДМТ М. М. Қурбонов, ки чанде пеш дар фаслномаи илмӣ-пажўҳишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақолаеро зери унвони «Таҳлили муқоисавии «Муҳорибаи Лой» дар сарчашмаҳои таърихӣ» ба чоп расонид, ки навиштааш, дар воқеъ, сирқати мақолаи илмии «Ҷанги Лой» ва ҷойгоҳи он дар таърихи Осиёи Марказӣ» аз фаслномаи боэътибори илмӣ-пажўҳишии Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 1378 ҳ. / 1999 буд. (Муқоиса шавад: Курбанов М. М. «Таҳлили муқоисавии «Муҳорибаи Лой» дар сарчашмаҳои таърихӣ» (Сравнительный анализ «Грязевой битвы» в исторических первоисточниках. // Вестиник Таджикского Национального Университета. 2018, №3, С. 31-29. Ҳамчунин дар сомонаи интернетии: https://www.elibrary.ru/item.asp?id=35563877 ва низ ба чоп расида буд, аз оғоз то интиҳо, калима ба калима сирқат намуда аз номи худ ба чоп расонидааст.
Аз роҳи дуздӣ сохтани илми миллӣ ҳаргиз судманд нахоҳад шуд. Чанд тан аз муаррихон дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи донишгоҳи миллианд, онҳо ба куҷо менигаранд?
Хулосаи сухани мо ин аст, ки дуздӣ ё тақаллубкорӣ, ҳар навъе, ки бошад, барои инсон амали писандида нест. Бояд таъаммуле ва тафаккуре ба кори соҳибилмони кўрдил кард, мабодо аъмоли нописандидаашон сармашқи шогирдонашон шавад. Нек ёд дошта бошем, муаллим агар дузд бошад, шогирдаш роҳзан мешавад. (Дар ин бора руҷӯъ кунед ба: Бойматов Л. Д. Газофкорон. Шинохти осори таърихии тарфандин. “GlobeEdit”. 2019, С. 168-203; 228-241. Ва низ р. к. ба сомонаи:
Афсўс, ки суханони ҳаққ ақлҳоро ёрӣ намедиҳад. Бо ин ки нақдҳо шиддат меёбанд, нописандии асотиди фосид ва шогирдони ҳуққабоз бештар мешаванд, ангор ки пӯстҳои нафис табдил ба чармҳои ғализ шуда ва мояи ахлоқ дар қалбашон такконе намехӯрад. Фикр намекунед, ки дар харобии муҳити илмии ватан КОА-и назди Президенти Тоҷикистон низ масъул аст?
Бародари гиромӣ!
Раёсати КОА-и назди Президенти кишвар!
Таваҷҷӯҳ фармоед ва пинҳон нест, солҳост, ки осонтарин роҳи таълифи "рисолаҳои илмӣ" бахусус дар улуми таърих ва фалсафа ва аз ин тариқ соҳиби унвони илмӣ шудан барои довталабони дониш ҳамоно аз форсӣ ба сириллик баргардон кардани матолиби илмианд. Ҳамакнун, навиштаҳои зиёде ҳам ба чашм мехӯранд, ки аз осори илмии муаллифони эронӣ сирқат шуда ва ё ба истилоҳи нав "таҳия шудаанд", ки албатта, нақду баррасии онҳо худ мавзӯъи ба кулл ҷудоанд.
Сари ин навъ падидаҳои зишти ахлоқи илм, қабл аз ҳама худ ҷомеаи илмии кишвари Тоҷикистон ногузир биандешад, вагарна, дер хоҳад шуд. Ин гуна аъмол бо тамомии буъдаш зишт ва таҷаллии бевиҷдонии олиму адиб аст. Хушбахтона, аҳли дониш пешгирии сирқати илмӣ ва адабиро аз иқдомоти ҷиддӣ ва муаассир медонанд. Ҳатто бархе ҳам таъкид варзидаанд, ки барои роҳбарони илмӣ ҷазои сахте муқаррар гардад. (Масалан, муаллим Азим Байзоев).
Ин ки чанд соли қабл Маркази "диссернет"- и Русия феҳристи беш аз 70 нафар дуздони рисоланависи тоҷикро расонаӣ намуд, дар олам зиёда машҳур аст. Вале он чӣ бисёр нигаронкунанда шудааст, адами тадбирҳои муассир ҷиҳати дафъи падидаҳои зишт аз сӯи масъулин, бахусус аз сӯйи КОА- и назди Президент.
Батакрор мегӯям, вуҷуди падидае чун асардуздӣ, дар воқеъ, боризтарин нишонаи адами ахлоқ дар илм ва илми беахлоқ дар амал, бадтарин замина барои аз байн бурдани арзишҳои одамият дар фарҳанги ҷомеъа аст. Бояд пеши роҳи ҳамаи падидаҳои зишту номатлуб дар миёни аҳли фазлу дониш ба ҷиддӣ гирифта шавад, вагарна, дуздон азизони ҷомеъа ва бешуурон устодони маърифат мешаванд.
Кош ҳуққабозон ва фурсатталабони рӯзгор медонистанд, ки таълифи рисолаҳои илмӣ ҳунари сафсатагуйӣ ва ё нақли нотавон аз осор ва афкори олимони дигаре нест. Боз ҳам шоҳидем ва сахт андешанок бар сари ҳавзаҳои илмии кишвари Тоҷикистон бошем, ки солҳост гирифтори бемориҳои сирқати илмианд ва аъмоли таққаллубгароӣ аз сўйи афроди тасодуфӣ дар илм дар ҳоли афзоиш аст.
Раёсати КОА-и назди Президенти кишвар!
Шакк надорам, огоҳед аз ин ки теъдоди зиёди унвонҷӯёни ватанӣ дар ду даҳаи ахир зери назари раҳнамоии олимони Институти таърихи Академияи Улуми Тоҷикистон, бидуни ин ки забони русиро бидонанд, дар кӯтоҳтарин замон рисолаҳои дуктурии хешро дифоъ карданд. Гуфтанист, ин навъ "рисолаҳои илмӣ" ғолибан, аз тариқи "қайчиву часп", шакк нест, тавассути худи раҳнамоҳо тадвин шудаанд. Бо далоиле, сўйистифода аз мақом ва фасодкорӣ дар Институти таърих ба ҳадде густариш ёфта, ки афроди бесалоҳият дар якшаб «устоди фарҳехта" мешаванд. Шахсе, ки ба дурустӣ наметавонист форсиро бихонад ва фосилаҳо дур аз мавзӯъи таҳқиқ қарор дошт, ба унвони раҳнамои илмии фурсатталабони илму адаб шуд. Бовар дошта бошем, дар оянда мӯҳтавои ҳар як аз рисолаҳои "даврони истиқлол"-и ҷумҳурӣ ва "вундеркиндҳои навин"-и он мавриди нақд ва баррасиҳои муфассале қарор хоҳад гирифт.
Раёсати КОА-и назди Президенти кишвар!
Ба хотири бақои миллат, бонги хатар бояд зад, зеро хатари ҳалокати илму дониш ва фақри маънавиёт дар камин аст. Бояд, ҳар чӣ сареътар пеши роҳи фосидон гирифта шавад, зеро, ки фосидонанд, ки фасодофаринанд. Зарур аст, ки дар ҷиҳати пешгирии падидаҳои зишти фазои илму дониш тадбирҳои ҷиддитару муҳкаму муассиртаре андешида шавад. Дар шароите, ки имрӯз дар муҳити бастаи ҷомеъаи тоҷикон ҳоким аст, анҷоми мавориди зайл бисёр муҳимм ба назар мерасад:
- Таъйини роҳҳои дақиқи пешгирӣ аз рушди авомил ва аносири фасодзову номатлуб дар тамомии ҳавзаҳо ва муассисоти илмӣ - пажўҳишии кишвар;
- Эҷоди фазои озоду солим ва фароҳам сохтани шароит барои мудирияти корсоз дар ҳамаи муассисоти илмӣ - пажўҳишии кишвар;
- Роҳандозии дурусту боҳадафи сомонаҳои зиндаву фаъол аз сӯи муассисоти илмӣ-пажўҳишӣ ва факултаҳои марбут ба улуми мухталиф, аз ҷумла, барои улуми таърих;
- Тавсеъаи кутуб, фаслномаҳо ва маҷаллоти илмии кишвар дар шакли электрунӣ дар сомонаҳои илмӣ ва шабакаҳои фарҳангии интернет ҷиҳати ошноӣ ва касби ҷадидтарин дастовардҳои илмӣ пажӯҳишии кишвар;
- Тақвият ва таҷлил аз таъсис ва роҳандозии сомонаҳои шахсии муҳаққиқон ва пажўҳишгарони Академияи улум ва устодони данишгоҳҳои кишвар;
- Роҳандозии густарда дар бахши нақд ва баррасиҳои осори илмӣ ва пажӯҳишӣ дар саросари кишвар ба муҳиммтарин забонҳои илм;
- Нашр ва пахши ҳатмии матни электрунии хулосаи рисолаҳои дуктурӣ (авторефератҳо) ба забони русӣ ва инглисӣ ду-се моҳ қабл аз дифоъи рисолаҳои дуктурӣ.
Андеша бояд неку инсонсоз бошад. Одами беор наметавонад меҳандӯст шавад ва дузду ғоратгар - соҳиби фазл. Ба шоҳроҳи илм онҳое бояд қадам гузоранд, ки виҷдони пок ва ору номус дошта бошанд.
Мутмаинам, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагии беғаразу пойдори аҳли соҳибилмони пок метавон сиришти фазлу дониш ва кишварро аз шарри фасоду фосидон наҷот бахшид. Ба ин далел, ба иродаву ва тадобири муассиру корсози КОА ва раёсати он умедворам.
Вазифаамон аст, ки бояд ба аъмоли худ низ андешанок бошем. Ҳар чӣ дар зоташ накӯст, некзост. Агар ба фикри саъодати ҷомеъа набошем, на танҳо, истиқлол, балки ситораи иқболи хешро низ аз даст хоҳем дод.
Луқмон Бойматов,
муаррих, мудири Институти тахқиқоти байналмиллалии тоҷикпажӯҳӣ, сардабири фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии "Тӯроннома".
24.09.2023. Cуед.