ТАҲРИФИ ҶАДИДИ ТАЪРИХИ СОМОНИЁН ДАР УЗБАКИСТОН
Нақде бар андешаҳои академисиан А. Аскаров дар мавриди Сомониён. Бо қалами муаррих Луқмон Бойматов

Ойина
2023-08-28 20:27:14Шуҳрат метавонад фармонравои баде шавад, чаро ки афроди машҳуру маъруфро таҳрик бар он менамояд, ки андешаҳои дуруғинашон ҳам шикастнопазиранд. Эътибори воло ва мақоми баланди донишмандон, ғолибан, василаи муассир барои шустушуйи мағзҳои ҷомеа мавриди истифода мешаванд. Аз ин ру, ҷиҳати шинохти дақиқи шахсият ва андешаҳои ба зоҳир илмии донишмандони фурсатталаб ҷиддан боэҳтиёт мебояд шуд. Ҷомеъаи узбакон, мисли ҷавомеъи ақвоми милал, бо далоиле бар ин боваранд, ки афроди маъруфу машҳурашон ҳамеша ростгуанд. Вале агар ниёзмандон, аз асли қазия ва аҳдофи ироъаи ин ё андешаи илмии фарҳехтагонашон ба дурусти огоҳ мебуданд, бешак, ба васвасаҳои зишти дарунии онон ва қасди фиреб додани ҷомеъаашонро пай мебурданд.
Академисиан Аскар Аскаров, ки чанде пеш бахшҳое аз китоби машҳури эшон «Баромади узбакон»-ро мавриди нақду баррасӣ қарор дода будем, мутмаин аст, ки тамоми гуфтаҳояш дар мавриди таърихи шаклгирии узбакон бар дили хонандагонаш ҷо хоҳад гирифт, вале у мутаваҷҷеҳ нест, ки воқеъиятҳои таърихиро бо дуруғу фиреб наметавон бар худ баст, зеро ки моҳияти аслии руйдодҳо ағлаб, ошкоранд ва тахрифгаронанд, ки чизҳои ошкорро намехоҳанд бипазиранд.
Китоби мазбури Аскар Аскаров садои баланд ва ҷунбуҷуши дарунии маъруфтарин таърихсози Узбакистони муъосир аст, ки ҳақиқатро берун аз худ ҷуё мешавад. Шакк нест, эшон ровии хубест, вале огоҳ аз ҳикмати таърих нест. Бад-ин сабаб аст, ки бо ироъаи андешаи ғайримантикии худ, пайваста дигаронро фариб медиҳад. Зимни ин ки ӯ тақвиятгар ва сарсахтарин ҳомии силсилаи дуруғҳои профессор Шамсиддин Камолиддин бошад, ҳамвора холики дуруғҳои навин дар илми таърихнигории Узбакистони муъосир низ аст.
Фасли ёздаҳуми китоби ин бостоншиноси шаҳири узбак ихтисос бар баррасии масоили этникӣ (кавмӣ), муносиботи иқтисодиву иҷтимоъӣ ва инкишофи этномадании Осиёи Марказӣ дар асри нуҳум ва авоили асри сездаҳум дорад. Бояд мутаваҷҷеҳ шуд, ки муаллифи китоби мавриди назар дар ин бахш аз таҳқиқи хеш саъй намудааст то собит намояд, ки дар асилтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр, на суғдиён, балки ақвоми турк сокин буда ва маҳз туркон буданд, ки пояҳои иқтисодӣ ва фарҳангии давлати Сомониёнро бунёд ниҳодаанд. Бо ин ҳадаф, ин муаррихи узбак додаҳои муаллифон ва ҷуғрофидонҳои замони сомониро шадидан зери тозиёнаи интиқоди хеш карор медиҳад, мабни бар ин ки иттилоъотошон дар мавриди ақвоми муқимии шаҳрҳои Мовароуннаҳр бо далоиле дуруст набуданд. Чунончӣ, зимни интиқоди навиштаҳои Истахрӣ, вазъи шаҳри Чочи замони сомониро, ӯ ин гуна арзёби мекунад:
"Ба андешаи мо, ин иттилоъоти Истахрӣ вазъи воқеъии (муносиботи) қавмии Чочро инъикос намекунад, зеро ӯ як ҷуғрофишиноси араб аст ва дар замони истилои Осиёи Миёна аз ҷониби аъроб, муқовимати асосиро ба онҳо туркҳо нишон доданд. Арабҳо туркҳоро ба унвони қавитарин душмани худ дар минтақа медонистанд. Бинобар ин, додаҳои ӯ (Истархӣ) дар бораи теъдоди ками туркҳо дар (вилояти) Чоч нисбат ба суғдиён ба гумон аст, чаро ки туркҳо ба забони суғдӣ ҳарф мезаданд ва суғдиёни Чоч бо онҳо ба туркӣ муошират мекарданд, баръакс, (ин маврид), на танҳо аз бартарии теъдоди туркон бар сугдиён, балки бар (тамомии) форсҳое, ки ба ин ҷо омада, давлатро идора мекарданд, шаҳодат медиҳанд.» (С.396).
Ошкоро мегуям, ин диди академисиан, ки дар воқеъ, мояи вайронгарӣ воқеъиятҳои таърихи суғдиёни Осиёи Марказист, ки аз ғояти ғурур бо ҳазор найранг дар ниқоби афокори илмӣ, ҷиҳати таъйиди андешаҳои ботилаш ироъа шудааст.
Нахуст, ин аст, ки Истахрӣ ҷуғрофишиноси араб нест ва ӯ зодаи Истахри Эрон ва як эронӣ буда, ки ба забони арабӣ иншо мекардааст. Дувум, созандагони шаҳри Чоч ҳамоно суғдиён буданд, ки сиҳатии он дар манобеъи муътамади таърихӣ ҷиддан сабт аст. Севум, истифодаи истилоҳи «форсҳои омадагон» ба Мовароуннаҳр ва таъкидҳои бегонаситезии ин бостоншинос, ишораи мустаким бар дидгоҳи понтуркистии эшон дорад. Ин дар ҳолест, ки суғдиён дар шаклигирии халқияти тоҷикон ҷойгоҳи бисёр муҳимму амиқе дошта ва онро нодида гирифтани муаллифи китоби мавриди назар дур аз ҳар навъ мантиқ аст. Чаҳорум, бошукуҳтар нишон додани муқовимати туркон бар аъроб ва хурду ночиз намоиш додани муборизоти озодихоҳонаи суғдиён, сареҳан, идомаи ҳамон мантиқи понтуркистии муаллиф мебошад, ки мусалламан, баҳсаш хориҷ аз ин гуфтор аст.
Дуруғ гуфтан барои ин академисиани узбак мисли об хурдан аст. Ба роҳатӣ, дар бораи азамат ва нуфузи ақвоми туркии Мовароуннаҳр дар асри Сомониён ва ҳукуматҳои баъд аз онҳо ба наҳве сухан мегуяд, ки ангор ки сокинони аслии бузургтарин шахрҳои Мовароуннаҳр, ҳамагӣ туркон бошанд. Барои таъйиди ин дидгоҳи аз реша ботили хеш, эшон такя пеш аз ҳама бар додаҳои бостоншиносӣ дорад, ва ин амалаш бад-ин маънӣ аст, ки иттилоъоти манобеъи хаттӣ, аз назари ӯ, ба кулл хатоанд. Мавсуф мутмаин аст, ки ҳаққи узбакон бар гардани таърихи ҳамаи ақвоми Мовароуннаҳр бартар аз дигарон аст. Вай аз таҳқиқи хеш чунин натиҷа мегирад:
«Ҳамин тавр, бар асоси таҳлили тамомии маводи таърихиву бостоншиносӣ метавон зикр кард, ки дар асрҳои 9 - ибтидои асри 13 дар Мовароуннаҳр, Хоразм ва дар манотиқи ҳамшафат бахши бузурги аҳолиро ҷавомеъи туркӣ ташкил медод, ки дар навбати аввал онон ҳамагӣ аҷдодони халқи узбак ва низ то ҳадде (аҷдоди) тоҷикону уйғурону қирғизону қазоқону туркманону қарақалпоқхо мебошанд.». (С.410).
Инкор кардани таърихи тоҷикон хатти кирмизи тамомии навиштаҳои академисиан Аскар Аскаров аст. Ин ҷост, ки ҳилаи дигаре дар ихтиёри ин муаррихи худшефта ва назарияпардози расмии узбакистонӣ қарор дорад. Кош эшон дарк мекард, ки фариби донишманд андешаи солимаш нест, балки хории шахсияташ аст, вагарна, бидуни нақду баррасиҳои садҳо пажуҳиши куҳнаву нав, ироъа кардани ҳамчунин диди музахрафро ба шаъни худ ҳаргиз раво намедид. Вуҷуди ҳамчунин дидгоҳи акдемисианро дар ташдиди уқдаҳои эшон, ки аз замони шуравӣ дар вуҷудаш замм шуда буд, бояд ҷуст, ки албатта, ташреҳаш дар навиштори баъдии нависандаи ин сутур хоҳад омад.
Кош медонистем, ки дуруғ дуруғгуро пасту залил менамояд, ҳатто агар дар ин миён, ӯ донишманди асил бошад. Бо навиштаҳои зайли худ, муаррих Аскар Аскаров мехоҳад, шабро ба маънии рӯз ва дирӯзро ба маънии имрӯз ташреҳ намояд. Чунончӣ, вай саъй менамояд хонандагонашро мутмаин намояд, ки дар давлати Сомониён ду забон: яъне забони туркӣ ва форсӣ дар миёни аҳолии вилоёти Моваруннаҳрр, ба вежа миёни равшанфикрон маъмул буданд. Ба ин навиштаи шарҳгунаи эшон таваҷҷуҳ фармуда шавад, ки менависад:
"Агарчи, давлати Сомониён дар таърих ҳамчун аввалин давлати мутамаркази феодалии форсизабонони Осиёи Миёна дониста мешавад, аммо пояи этникии онро аҷдодони туркзабон ва форсизабони узбакҳо(!) ва тоҷикон ташкил медоданд. …Забони ҳамарӯза ва гуфтугуии сокинони вилоятҳои Мовароуннаҳр ва Хоразм асосан, туркӣ, вале забони давлатӣ ва маъмуриятӣ форсӣ буд. Бахши бузурги зиёиён, аҳолии шаҳру деҳот бо ду забон гап мезаданд.». (С.410).
Чунонки дида мешавад, муаррихи шаҳири узбак аз шунидан ва корбурди истилоҳоте, чун «давлати форсизабони Сомониён» ва «тоҷикон» қимоб аст. Бад-ин хотир аст, ки ҳар чое, ки ниёз ба исми «тоҷик» бошад, амдан, исми «узбак»-ро зикр мекунад ва бар ин фикр аст, ки бо чунин иқдомаш адолати таърих дар илми таъринигорӣ риъоят шудааст.
Ин воқеъият, ки дар замони ҳукумати Сомониён истифодаи забонҳои туркӣ миёни ақвоми мухталифи туркии сарзаминҳои Моваруннаҳру Хоразм маъмул будааст, дар илм пинҳон нест. Ва аммо ин ки сарнавишти мардуми тоҷикро аз таърихи давлати Сомониён чудо пиндоштан, дақиқан, нишонаи рӯшан аз ғаразҳои муаррих Аскар Аскаров аст. Эшон менависад:
«Дар таркиби давлати мутамаркази Сомониён, ки Мовароуннаҳр, Хоразм ва гирду атрофи онҳоро муттаҳид мекард, дар заминаи шеваи зиндагии муқимӣ, қишри этникии туркзабонон, дар фазои дузабонӣ (манзураш: форсӣ ва туркӣ- Л. Б.), яъне гӯишҳои қарлуқӣ ва чигилӣ, пояи халқияти ӯзбак гузошта шуд. Бинобар ин, новобаста аз он ки давлати Сомониёнро дар таърихнигории муосир ба унвони давлати тоҷикон маънидод мекунанд (дар воқеъ), ин давлат, як давлати бисёрқавмӣ буд. Давлатдории он дар асрҳои 9-10 яксон ҳам ба туркзабонҳо ва ҳам ба мардумони форсизабон тааллуқ дорад.». (С.410).
Ин шарҳи олуда бо дуруғу тахрифоти муаррихи шаҳири узбак ҳам зишт асту ҳам ҳамоқат. Чи гуна, мешавад, тибқи назари эшон, гӯишҳои туркии карлуқӣ ва чигилӣ ба раванди шаклгирии халқияти ӯзбак муаассир метавонад бошанд, вале маҳз забони форсии тоҷикон ҷудо аз таърихи давлати Сомониён бошад? Ин навъ дидгоҳ, аслан, ниёз ба нақди мантиқӣ надорад, зеро, ки он фоқиди оддитарин мантиқ аст. Он чи аён аст, ин аст, ки муаллифи китоби мавриди назар умқи ҳилаву дуруғҳои хеш ва аҳдофи ағрозашро беҳтар аз дигарон дарк менамояд. Бад-ин хотир аст, ки эшон саъй менамояд то дигарон нотавонии илмиашро ошкор накунанд. Бовар бар он дорам, ки ошкор кардани дуруғҳои донишмандон талангур задан барои дигарон аст ва боядам анҷом дод, то ҷойгоҳи ҳақиқат залил нашавад.
Пушида ҳам нест, ҳеҷ нафаре аз муаррихони тоҷикистонӣ, ин амро, ки тибқи он, умури низомии давлати Сомониён, бахусус, дар солҳои ахири ҳукумати онон дар дасти сипаҳсолорони туркӣ қарор дошт, рад накардааст. Вале замоне, ки академисиан Аскар Аскаров зимни ташреҳи ин воқеъият, ба думболаш шарҳи дигареро, ки зери пардаи сухан пинҳон аст, ба таври амдӣ аз худ афзуда менамояд, зиёда ҳайратангез аст. Ба ин навиштаи эшон таваҷҷуҳ шавад:
"Мудирияти корҳои низомӣ дар кишвар дар дасти сипаҳсолорони турк буд. Сипоҳ комилан аз саворагони туркӣ ва ғуломҳои пиёданизоми турки иборат буд. Ин давлат аз ҷиҳати иқтисодӣ ва низомӣ тавоно буд. Илму фарҳанг бар асоси суннати қадимӣ асос ёфта, хеле ривоҷ дошт.» (С. 410).
Ошкор аст, муаррих аз ташреҳи илмии ҷумлаи охари худ, ба амд, худдорӣ менамояд, ба хотири ин ки намехоҳад ташреҳи илмиаш комил бошад, чун агар қарор аст, мақсуди ҳақиқат навишта шавад, ба ҳиҷ ваҷҳ бар суди андешаҳояш нахоҳад буд. Мусаллам аст, ин ҳилаи академисиан ҳам норавост ва ҳам дур аз шаъни ахлоқи илму андеша аст.
Ҳатто, аз ҳамин гуфтори кутоҳи Аскар Аскаров ошкор аст, ки эшон асил будани хешро зуд-зуд фаромуш мекунад. Вай мутаваҷҷеҳ нест, ки тақаллубу тахриф кардани воқеъиятҳо дар илм талоши илмӣ нест, балки навъе аз ҳуққабозиҳост. Чунончи, ба хотири таъкид варзидан бар асолати туркӣ доштани Оли Сомон ва туркӣ будани табиати давлати Сомониён, бори дигар хамирмояи ростиро бо талхиҳои дуруғ барчин мекунад ва ҳамвора аз махзани тахаюлоти бардуруғи хеш «идеяи нави илми»-е месозад ва ниҳоят, аз сохтааш хаёлаш ҳам хуш аст. Ӯ менависад:
«Дар қудрат, қобилияти низомии он (давлати Сомониён - Л. Б.) табиати туркӣ баръало аён мегардад. Дар он замоне, ки дар ғарби Осиёи Марказӣ, давлати Сомониён шукуфон ва ҳамаҷониба дар ҳоли инкишоф буд, дар Машриқ давлати Қарлуқ ва дар заминаи он, давлати Қарахониён шакл гирифт. Давлати Қарахониён ба монанди давлати Сомониён аз зумраи давлатҳои феодалии силсилавӣ буда, асоси этникии онро ақвоми туркзабон ташкил медод. (С.411). Ин назар, ки «асоси этникии онро ақвоми туркзабон ташкил медод», ошкоро, найранги навбатии ин муаррихи шаҳири узбак аст.
Ғаразмандон маризанд, зеро онон маъмултарин воқеъиятҳои таърихро саъй мекунанд, бар нафъи андешаҳои ғаразнокашон истифода намоянд. Чунончи, ин муаррихи мавсуф дар «Хулоса»-и китобаш таърихи пайдоиши халқияти узбакро дар иртиботи амиқу мустақим бо таърихи давлати Сомониён ва таъсиси ҳукуматҳои туркизабон, ки пас аз заволи Оли Сомон, дар Моваруннаҳру Хуросон дида, ин нуқтаи маъруфро бо як ифтихори вежа, ин гуна тавсиф менамояд:
«Дар муддати кутоҳе дар харобаҳои давлати бузурги Сомониён, се давлати тавонои туркҳо - Қарахониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён ташкил ёфтанд. Осиёи Миёна ва Ховари Миёна дар даврони мутарақии асрҳои миёна ва садсолаҳои мутаахир зери тасарруфи ҳокимони туркӣ гузаштанд. Таъсири равандҳои сиёсӣ ба таркиби этникии минтиқаҳо дар шаклгирии халқияти узбак дар ҳудуди тасарруфшудаи онҳо нақши муҳим бозидааст.».(С.411).
Барои муаррихи назарияпардози узбак ин муҳимм нест, ки ҳақиқат ошкор шавад, балки ин муҳимм аст, ки низоди ҳаққ пинҳон бошад. Эшон чун дуруғҳоро зиёд гуфта, ин бор низ пардаи хиҷолат бар рухи худ намекашад. Вай мутмаин аст, ки вуруди қабоили туркон ба Осиёи Марказӣ «ҳамеша оромона» сурат пазируфтааст. Дар хулосаи китобаш боз менависад:
«Вуруди ором ва бемамониати қабоили турк дар Мовароуннаҳр, қабл аз истилои аъроб ва дар замони ҳукумати онон сурат гирифта, ҳатто замоне, ки Сомониён алайҳи вуруди онон дар марзҳои водиҳо деворҳои садди месохтанд, катъ нагардид.». (С.429).
Он гуна, омад, гуфтахои фавки таърихсози узбак, факат ишорае бар таърихчаи вуруди кабилахои туркони сахронавард ба сарзамини Мовароуннахр нест, балки таъкиди мучададдадест бар «вуруди оромона»-и онон ва тулони будани ин раванд, нихоятан, бар нафъи пантуркисми муъосир аст.
Эшон бар ин бовар аст, ки навиштаҳояш дар мавриди шаклгири халқияти узбак барои миллаташ дастури муҳками илмие аз мухиммтарин казияхои таърихи дар давлати Узбакистон хоҳад шуд, вале ғофил аз ин ки худ ба унвони шахси ҳомии маънавият ва арзишҳои инсонӣ, заррае эътимоде бар нафси хеш надошта, чун тамомии талошҳояш ҷиҳати фариб додани зеҳни афроди ноогоҳи ҷомеъаи хеш будааст.
Хуллас, "хости ҳақиқати таърих" аз назари академисиани назарияпардози узбак Аскар Аскаров ба маънии дифоъ аз зоти ҳақиқат нест, балки ба маънии хости фиреб додани табиати зеҳнҳост. Ба ҳарфи дигар, ин муаллими ахлоқгарои илми таърих, худ дур аз қаламрави ахлоқи илму андеша аст. Вай шояд аз баъзе қазияҳои бостоншиносӣ ва ё ҳатто аз воқеъоти таърих огоҳ бошад, вале мутмаинан, озод аз банди таассуботи қавмиву миллӣ нест. Нек бояд донист, ки ҳақиқат ҳаргиз фиреби илмро намехурад, ҳатто агар фиреб муддате фармонравои мутлақ бар сари ақл бошад.