ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ АЗҲОБ ВА МУБОРИЗАИ ҚУДРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Бахши 5-ум ва ахири “Сарнавишти ҳизбҳои Тоҷикистон, ё чаро ҳизбҳо “ёрдамчии содиқи партия”-и ҳоким гаштанд”

Ойина
2023-08-18 05:49:44Бахши 5
Бо берун кардани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дар соли 2015, амалан муборизаи ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон барои қудрат ба поён расид. Зеро аз 7 ҳизби мавҷуди сиёсӣ, ҲСДТ бар асари фишорҳои зиёде, ки то соли 2015 дид ва бар асари мушкилоти молие, ки аз оғоз ин ҳизбро домангир буд ба як “мурдаи сиёсӣ” табдил шуд ва имрӯз ҳеч нақше дар фазои сиёсии Тоҷикистон надорад. Аз 6 ҳизби боқимонда, 5-тои он ҳизбҳои зери сояи ҳизби ҳокими ҲХДТ мебошанд ва ҳеч даъвое барои қудрат надорад ва бар пояи ин ҳикмати қадимӣ сиёсат амал мекунанд: “бо дода қаноат куну бо нодод бизӣ”.
Дар шароити имрӯз ҲХДТ, яъне ҳукумат бо истифода аз имконоти маъмурӣ, тақрибан тамоми масорифи ин ҳизбҳоро муҳайё мекунад ва дар интихобот ҳам порлумониву ҳам президентӣ барои номзадҳои ин ҳизбҳо имзо ҷамъ мекунад. Барои бештари ин ҳизбҳо дафтари кориро ҳам ҳукумат ва ниҳодҳои давлатӣ фароҳам кардаанд. Бо вакили порлумон кардани чеҳраҳои ин ҳизбҳо, минбаре барои онҳо фароҳам шудааст, ки гаҳ-гоҳ ҷилва бикунанд. Вале ин ҳизбҳо дар тасмимгириҳои сиёсӣ дар кишвар ҳеч нақше надоранд ва ба бозичаҳои сиёсӣ дар муомилоти ҳукуматӣ табдил шудаанд.
Аммо, дар натиҷагирӣ аз ин матлаб, мехоҳем, ки вазъи мавҷуди ҳизбҳои сиёсиро каме тавзеҳ диҳем:
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. Ин ҳизб, ки раҳбарии фелияш дар пайи як табаддулоти дохили ҳизб имзову муҳру курсиро соҳиб шуд, то соли 2015 ҳамчун василаи бозӣ дар маъракаҳои гуногуни сиёсӣ истифода мешуд. Соли 2015 “назари раҳмати ҳукумат” ба он гардонда шуду ҳизби порлумонӣ шуд. Раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров шими костюми нав пӯшиду вакили порлумон шуд. Ин шиму костюми ӯ аз назари Эмомалӣ Раҳмон ҳам дур намонд, ки барои ширкат дар ҷаласаи аввалини порлумон омада буд ва ишора низ кард. Ба Ғаффоров ин шонси таърихӣ ҳам даст дод, ки ҳамчун калонсолтарин вакили маҷлис ҷаласаи нахустини онро боз ва сарварӣ кунанд. Гаҳ-гоҳе дар ҷаласаҳои порлумон раиси ин ҳизб ба вазирону раисон дар мавриди масоили хурду реза эрод мегирад. Нақши ин ҳизб дар сиёсати имрӯзи Тоҷикистон ҳамин миқдор аст. Ин ҳизб на расона дорад (нашрияаш “Иттиҳод” дар як панҷсола ду бор нашр мешавад, дар интихобот ва дар анҷуманҳои ҳизб), на сайт дорад, на дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур дорад, на сухангӯ дорад ва на дафтари кор.
Ҳизби демкорати Тоҷикистон. Ҳизби демократи Тоҷикистон бо сарварии Усмонзода, саранҷом соли 2015 муваффақ шуд, ки раисаш вакили маҷлис шавад. Усмонзода, ки соли 2013 ҳизбаш дар интихоботи президентӣ ҳамагӣ 1,02% райъ гирифта буд, ин бор худаш аз ҳавзаи Фархор (зодгоҳаш) барандаи интихобот эълон шуд. Аксарият ба ин пирӯзии Усмонзода шакк карданд ва онро бештар чун як имтиёз ба поси эҳтироми ҳимоятҳое, ки аз ҳукумат мекунад, донистанд. Зеро ӯ дар интихоботи соли 2013, дар ҳоле, ки худаш номзад буд, гуфт, ки писараш ба Эмомалӣ Раҳмон райъ медиҳад ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин изҳори назари ӯро ба истеҳзо кашиданд. Инсофан, Усмонзода дар ҳоли ҳозир, дар порлумон дар қиёс бо дигарон, аз вакилони хеле фаъол аст ва чандин бор истеъфои чеҳраҳои калидии ҳукумат, аз ҷумла раиси Бонки миллӣ ва чанд вазири дигарро низ талаб кардааст. Доир ба баъзе масоили дигар ба нафъи ҳукумат ҳам изҳорот медиҳад. Аз ҷумла дар мавриди бастани ҲНИТ, баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, Толибон ва ҳаводиси Афғонистон. Аммо ин ҳизб таъсире дар сиёсати рӯзи Тоҷикистон надорад ва талошҳое ҳам барои қудрат намекунад. Дафтари кор дорад, анҷуман баргузор мекунанд, аммо расонае надорад (ҳарчанд нашрияи ҳизб - “Адолат” замоне аз таъсиргузортарин нашрияҳои кишвар буд), сайт надорад, дар бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисоби корбарӣ ва саҳифа дорад, вале фаъол нестанд. Ҳизб сухангӯ надорад, аммо раиси ҳизб ва муовинаш Аҳмадшоҳ Комилзода барои расонаҳо хеле дастрасанд ва доир ба ин ё он масоил назар медиҳанд.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки аз оғози ташкил шудан мушоҳида мешуд, ки онро ба ҳизби “рақами 2” дар Тоҷикистон табдил доданиянд, ба ҳамин поя расонида шуд. Дар интихоботи порлумонии соли 2010 соҳиби як курсӣ, дар интихоботи 2015 соҳиби фраксия шуд ва пас аз интихоботи порлумонии соли 2020 теъдоди вакилонаш дар маҷлис ба 7 нафар расид. Ин ҳизб ҳам фаъолияти чашмгире дар Тоҷикистон надорад. Ҳатто бар хилофи иддаое, ки дар оғози таъсис карда буданд, барои рушди кишоварзӣ ва ислоҳоти аграрӣ ҳам талоше намекунанд. Ҳизб сухангӯ надорад, дар расонаҳо фаъол нест, расона ва сайт надорад. Нашрияи “Меҳргон”-ро як ду бор дар як панҷсола нашр мекунад, ки ё ба хотири анҷумани ҳизб аст ё ба хотири интихобот. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пароканда саҳифаҳо дорад, вале фаъол нестанд ва матлабе намегузоранд. Раисаш Рустам Латифзода баъзе маворид дар расонаҳо суҳбат мекунад. То кунун ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди ташаббусҳои ҳизбии ин созмони сиёсӣ нашудааст ва ҳатто изҳороте дар мавриди ҳеч масъала нашр намекунанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки соли 2015 соҳиби ду курсӣ дар порлумон шуд, дар соли 2020 курсиҳояшро ба 5 расонид ва дар порлумон фраксия ташкил дод. Раисаш Рустам Қудрат, ки як олими иқтисод аст, бар пайи нақшиҷрокуниҳои ҳизб ба нафъи ҳизби ҳоким дар корзорҳои сиёсӣ, ба сиёсат ва порлумон раҳ ёфт. То кунун ин ҳизб барномае доир ба ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар пешниҳорд накардааст ва ҳамчунин аз нокомиҳои иқтисодии ҳизби ҳоким ба унвони як рақиб низ интиқод намекунад. Фаъолияти он ба кори вакилонаш дар порлумон маҳдуд аст. На расона дорад (ҳарчанд як нашрияеро бо номи “Оинаи иқтисод” як ду бор нашр кардааст) ва на сайт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест, сухангӯ надорад. Нақше ҳам дар сиёсати рӯзи кишвар надорад ва тақрибан роҷеъ ба ҳеч ҳодисаи муҳиме изҳори назар намекунад.
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Ин ҳизб ҳарчанд аз соли 1994 то кунун ҳамеша аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекард, вале раисони собиқи он: Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков аз вакилони фаъол ва чеҳраҳои сиёсии пурталош дар расонаҳо ва маҳофили сиёсӣ буданд. Дар порлумон ҳам ин ду чеҳра интиқодот ва таҳлилҳои қобили таваҷҷуҳе доштанд. Аммо Шодӣ Шабдолов баъди интихоботи соли 2015, ки аз берун кардани ҳизбаш аз порлумон норозӣ буд, аз раёсати ҳизб канор рафт ва бо ҳамин ҳузураш дар расонаҳову маҳофили сиёсӣ камранг шуд. Исмоил Талбаков, ки баъди Шабдолов раис шуд, дар поёни соли 2016 даргузашт ва раёсати ин ҳизб ба Меъроҷ Абдуллоев, як милисаи собиқ, ки дар ин ҳизб чандон чеҳраи ошное набуд, расид. Ҳизби коммунист соли 2015 натавониста буд садди панҷдарсадиро убур кунад. Аммо он замон ду номзади худпешбаре, ки вориди порлумон шуда буданд, баъдҳо гуфта шуд узви ҳизби коммунистанд. Ҳарчанд Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков онҳоро узви ҳизб намедонистанд. Дар соли 2020, ҳизб дубора ба порлумон бозгашт ё дурустараш бозгардонда шуд. Имрӯз ин ҳизб, низ ҳеч талоше барои қудрат надорад. Як ду нашрия, аз ҷумла “Нидои ранҷбар” ва “Голос Таджикистана” дорад, ки ба таври номуназзам бо теъдоди хеле кам нашр мешаванд. Сайт надорад ва дар расонаҳои иҷтимоӣ ҳузур надорад. Ҳизб сухангӯ надорад ва тақрибан доир ба ҳеч масъалаи муҳими кишвар изҳорот ва ё мавзеъгирии ҳизбӣ намекунад.
Ҳизби сотсил-демкорати Тоҷикистон имрӯз ба як ҳизби мурдаи сиёсӣ табдил шудааст. Раҳматилло Зоиров дар соли 2021 аз раҳбарии ҳизб канор рафт ва гуфт, ки саломатияш дигар барои муборизаи сиёсӣ имкон намедиҳад. Аммо баъди худ чеҳраҳои матраҳи ҳизбро ҳам нагузошт, ки раис шаванд ва як чеҳраи ноошноеро бо номи Қиёмиддин Азизов, ки то ин замон муовинаш буд, раис кард. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҳизб, ки интизор мерафт раис шавад ва худаш ҳам бисёр мехост, аз ин шеваи интихоби раис дар ҳизб интиқод кард. Аммо раиси нави ҳизб, ки баъди интихоб шуданаш, гуфт “роҳи Зоировро давом медиҳад”, на танҳо ин роҳро нарафт, балки ба роҳи худ ҳам нарафат ва тақрибан пас аз ҳамон анҷуман, дигар аз ӯ ному нишоне дар маҳофили сиёсӣ ва расонаҳо нест. Ин ҳизб, ки замоне яке аз ҳизбҳои мухолифи шадиди ҳукумат ва аз мунтақидони сарсахти он буд, амалан ба як ҳизби ҳечкорае табдил шуд, ки ҳатто ҳукумат онро ба нафъи худ истифода намекунад. Ин ҳизб, дар ҳоли ҳозир на дафтари кор дорад, на расона ва на сайт на саҳфае дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Танҳо дар рӯйхати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон шомил аст. Аммо профессор Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ин ҳизб дар расонаҳо ва маҳофили сиёсиву ҳамоишҳо хеле фаъол аст.
ҲХДТ имрӯз монополисти фазо ва ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Беш аз 40 курсии порлумонро дар ихтиёр дорад. Тақрибан ҳамаи мансабдорон аз радаҳои поёни то президент узви он ҳастанд. Мегӯяд беш аз 500 ҳазор узв дорад. Ҳатто дар Русия қабулгоҳи ҷамъиятӣ дорад. Ҳол он, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҳизбҳо ҳаққи фаъолият дар берун аз кишварро надорад. Ин ҳизб зарфиятҳои калонеро дар ихтиёр дорад. Аз пули узвияти аъзояш сармояи хубе барои кори дастгоҳи марказияш ба даст меорад. Сайт дорад. “Минбари халқ” нашрияи маркази ин ҳизб аст, ки ҳудуди 60 ҳазор тираж дорад аз ҳисоби обунаи маҷбурӣ дорад ҳафтае як бор нашр мешавад. Аз пули ин обуна ҳам пули ҳангуфте дар ихтиёри дастгоҳи ҳизб қарор мегирад. Ба ҷуз ин, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва дар чандин шаҳру ноҳияҳои дигар нашрияҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявӣ дорад. Ҳарчанд саҳфаи худи ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нест, аммо аз номи ҳизб ва сохторҳои гуногуни он саҳифаҳои зиёде вуҷуд дорад. Сохтори ҷавонони ҳизб бо номи “Созандагони Ватан” хеле фаъол аст ва бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мухолифини ҳукумат ва мунтақиди сиёсӣ дар “набарди иттилоотиянд”.
Ҳизби халқии демкоратӣ имрӯз ба ҷойгоҳе расидааст, ки ҳизби коммунист дар замони шӯравӣ расида буд. Дар чанд соли ахир дар шаҳру ноҳия ин ҳизб биноҳои кории боҳашамате месозад ва дар бештари маврид эълон мекунад, ки ин биноҳоро соҳибкорон сохтаанд. Сохторҳои ин ҳизб дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо фаъоланд ва аз 5 то 20-25 тан коргар доранд. Ин дар ҳолест, ки тақрибан ҳеч ҳизби сиёсии кишвар дар шаҳру ноҳияҳо сохтор ва корманду дафтари кор надоранд.
Дар ҳамин фазо, ки ҳеч ҳизбе барои қудрат мубориза намебарад, ба ҷуз ҲХДТ, ки молики қудрат аст, интихоботи президентии соли 2020 дар фазои ҳассосу ҳаяҷониву пуртарсу ҳароси ҳамагирии куруно, моҳи октябр баргузор шуд ва бисёр бесару садо ин бор ҳам Эмомалӣ Раҳмон барои 7 соли дигар (бори панҷум) президенти Тоҷикистон эълон шуд. Албатта бояд гуфт, ки соли 2016 бори дигар ба Қонуни Асосӣ тағйироту иловаҳо ворид шуд. Ба Эмомалӣ Раҳмон, ки мувофиқи як қонуни қабулшуда унвони Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон дода шуд, мувофиқи ин тағйирот ба Қонуни Асосӣ ҳаққи номаҳдуди ширкат дар интихобот барои курсии президентӣ дода шуд. Тибқи ин тағйирот, дар Тоҷикистон дигар ташкили ҳизбе, ки хосияти диннӣ дорад, мумкин нест. Ин тағйирот синну соли номзад ба интихоботи президентро аз 35-сола ба 30-сола пойин оварда ва синни ниҳоии номзадро, ки 65-сола муқаррар шуда буд, номаҳдуд кард, ки минбаъд ҳар шахси аз 30-сола боло метавонад номзад бошад.
Дар маҳофили сиёсӣ, расонаҳо ва коршиносони дохиливу хориҷӣ мегуфтанд, ки ин тағйирот барои интиқоли қудрат ба дасти фарзандони раисҷумҳур ворид карда шуд. Аммо то кунун, ки сину соли Раҳмон ба 71 мерасад, худ қудратро дар ихтиёр дорад, ҳарчанд баҳси интиқоли қудрат ба таври ғайрирасмӣ ҳамеша гарм аст.
Ба назар мерасад, ки ҳоло ҳаёти сиёсӣ ба шакле тафсилаш дар ин навишта рафт дар Тоҷикистон танзим шудааст ва ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ аз ин танзимот розиянд ва қудрат ба дасти ҳизби ҳоким “сварка” шудааст. Ҳизбҳои сиёсии дигар, ки ҳеч талошу даъвое барои муборизоти воқеии сиёсӣ надоранд ва ҳатто орзуи ба сари қудрат омаданро намекунанд, амалан ба “ёрдамчии содиқи партия” табдил шудаанд.
Бо ин манзара, мушоҳида мешавад, ки низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон танҳо як замонати ҳуқуқӣ ва амалияи танзимшуда буда, ин низом ба шакли асосӣ ва воқеӣ кор намекунад. Аз ин рӯ, ояндаи қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон то замоне, ки дар инҳисори як ҳизб, ки он ҳам ҲХДТ аст бошад, хатаре барои субот ва амнияти кишвар аст, зеро амалия нишон медиҳад, ки қудрат ба таври мусолиматомез аз як неруи сиёсӣ ба неруи дигари сиёсӣ интиқол шуданӣ нест ва мухолифини берун аз низом ва неруҳои пасипарда барои ба даст овардани қудрат аз роҳи табаддулот ва ё муборизаҳои ғайрисиёсӣ фурсат мепоянд. Аммо таҷрибаи сиёсати ҷаҳонӣ собит кардааст, ки инҳисори қудрат дар дасти як ҳизб ё неруи сиёсӣ ҳамеша номумкин аст.
Искандари Карим, коршиноси масоили сиёсӣ