ДОНИШҶӮЁН ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ МЕШАВАНД: АМНИЯТИ НИЗОМӢ МУҲИМ АСТ Ё АМНИЯТИ ЗЕҲНӢ?

Бонги хатар!

ДОНИШҶӮЁН ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ МЕШАВАНД: АМНИЯТИ НИЗОМӢ МУҲИМ АСТ Ё АМНИЯТИ ЗЕҲНӢ?
Ойина

Ойина

2023-09-11 11:12:58

Чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон аз кам шудани теъдоди довталабону донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳо бонги хатар зада мешавад. Ахиран ба сафи онҳое, ки аз ин раванд нигаронанд, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳамроҳ шуд. Дар таҷлил аз Рӯзи дониш, ҳангоми барои истифодабарӣ супурдани  бинои Донишгоҳи тиббии Хатлон дар Данғара, президент ин мавзуъро “як масъалаи нигаронкунанда” гуфт: 

“Солҳои охир ба таври зарурӣ иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ба як масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст”.

Чанд сол пештар, вақте дар Тоҷикистон дар қонунгузорӣ шеваҳои ҷалби ҷавонинон ба хидмати сарбозиро тағйир медоданд, ки имкон медод донишҷӯён, аспиранту докторант ва магистрантҳо низ ба хидмати сарбозӣ ҷалб шаванд, Маркази тадқиқоти стратегии назди президент ҳам ҳушдор дода буд, ки ин иқдом теъдоди довталабону донишҷӯёнро ба маротиб кам мекунад. 

Профессор Абдураҳмон Қурбонов, сардори яке аз Раёсатҳои ин Марказ соли 2022 дар як ҳамоиш ҳушдор дода буд, ки баъди қабули қонуни нав дар мавриди ҷалб ба хидмати сарбозӣ шумораи донишҷӯёну магистрантҳову докторантҳо ба маротиб кам шуд, ки ин “оқибати фалокатбор дорад ва хилофи манфиатҳои миллист”.

Баҳси асосӣ ин аст, ки пас аз тағйирот дар қонунгузорӣ, барои ҷалб ба хидмати сарбозӣ шумораи довталабон ва ҳамин тавр донишҷӯён кам шуд. Коршиносони мустақилу давлатӣ ба ин нукта ишора мекунанд, аммо масъулони соҳаи маориф, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии тестӣ ин фикри коршиносонро намепазиранд. Пас  мушкил дар куҷост? Оё дар ҳақиқат тағйирот дар қонунгузорӣ сабаби кам шудани довталабону донишҷӯён шуд?. Ва оё кам шудани шумораи довталабону донишҷӯён магар фоҷиа аст?

Зиёд шудани шумораи довталабони мактабҳои олӣ дар Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ як раванди табиӣ буд. Зеро ин яке аз хосиятҳои ҷомеаҳои пас аз ҷанг (post-conflict society) аст.  Хусусан ҷомеаҳое, ки ҷангро бо сулҳ ҷамъбаст мекунанд, дар онҳо пас аз дастёбӣ ба сулҳ, таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳсилот, хусусан таҳсилоти олӣ хеле зиёд мешавад. Зеро дар ин гуна ҷомеаҳо мардум, хусусан тарафҳои ҷанг ба ин натиҷа мерасанд, ки ҷанг роҳи наҷот набудааст ва акнун бояд ба илму дониш рӯ овард ва аз ин роҳ дар ислоҳу пешрафти ҷомеа саҳм гузошт. Ҳамин раванд дар Тоҷикистон аз сӯйи мардум бисёр хуб оғоз шуд, ки яку якбора ҳам шумори довталабону донишҷӯён зиёд шуд ва ҳам теъдоди донишгоҳу донишкадаҳо афзуд. Агар ин раванд аз сӯйи масъулони маориф ва ҳукумат хубу дуруст мудирият мешуд, ба нафъи миллату кишвар буд, аммо мутассифона Вазорати маориф дар мудирияти ин бахш муваффақ нашуд ва сатҳи баланди фасод ин раванди табииро ба мушкилот мувоҷеҳ кард, ки ҳоло вазъ ба ҷойе расидааст, ки мебинем. Аз сӯйи дигар дар Тоҷикистон донишгоҳу донишкадаҳои заруру нозаруре таъсис шуд, ки ҳоло маҷбур шудаем онҳоро пур кунем.

Бояд гуфт, ки раванди кам шудани шумораи довталабони донишкадаву донишгоҳҳо дар Тоҷикистон, тақрибан аз солҳои 2008-2010 оғоз шуд. Ин раванд баробар ба ин буд, ки дар низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон низоми нави таҳсил – низоми кредитӣ роҳандозӣ шуд. Баъдан, ин раванд сол то сол давом ёфт ва дар соли 2014, ки Тоҷикистон низоми таҳсилоти олиро комилан ба низоми кредитӣ табдил дод ва қабули донишҷӯён тавассути Маркази миллии тестӣ шуд, яку якбора шумораи довталабону донишҷӯён кам шуд. Пас аз тағйирот дар қонунгузории хидмати сарбозӣ ин раванд ба сатҳи “нигаронкунада” ва “фалокатбор” расид. 

Ба назари мо ҳар кадоме аз омилҳои дар боло зикршуда дар алоҳидагӣ ва ниҳоят дар шакли ҷамъӣ сабаб шуданд, ки вазъ ба ин ҳолат бирасад. Аммо ба чанд омили муҳим ишора мекунем:

  1. Мудирияти номуваффақ ва фасоди густарда дар соҳаи маориф

Маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари тамоми соҳаҳо ба бахши маориф ҳам таъсири хеле манфӣ гузошт. Аммо пас аз дастёбӣ ба сулҳ ҳарчанд маориф дар сиёсати давлатӣ “соҳаи афзалиятнок” эълон шуд ва имтиёзу ислоҳоте ҳам пешбинӣ шуд, вале мудирият ва рӯйкард хеле сатҳӣ буд. Вақте пас аз солҳои ҷанг, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти олӣ зиёд шуд, зуд ба ташкили донишгоҳу донишкадаҳои нав пардохта шуд ва дар аксари маврид бе заминаҳои лозиму қонуниву ҷиддии фанниву илмӣ, омӯзишгоҳу техникумҳо ба донишкадаву донишгоҳҳо табдил дода шуданд. Ин раванд ба як “мусобиқаи сотсиалистӣ” дар замони нав табдил шуд, аммо масъулони соҳаи маориф меъёрҳову стандартҳои милливу ҷаҳонии ташкили як донишгоҳу донишкадаро сарфи назар мекарданд. Дар бархе мавридҳо ҳатто бе ҳеч замина муассисаҳои таҳсилоти олиро ба бозори пулҷамъкунӣ табдил карданд, ки зарбаи нахустин ба раванде буд, ки мардум барои ба даст овардани таҳсилот таваҷҷуҳ карда буданд. 

Барои намуна Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ягона донишгоҳ дар кишвар буд, ҳамагӣ як факултаи иқтисодӣ дошт, яку якбора шумораи факултаҳои равияи иқтисодии ин донишгоҳ ба се ва шумораи ихтисосҳо ба 30 тахассус расонида шуд. Ба ҷуз ин, ихтисосҳои ҳамгун ва дигар ихтисосҳои иқтисодӣ, тақрибан дар тамоми 45 муассисаи таҳсилоти олӣ, ба ҷуз донишкадаи санъат ва донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба қабули донишҷӯён пардохтанд. Ғайр аз ин, мактабҳои олие ташкил шуд, ки комилан иқтисодиянд: донишгоҳи тиҷорат, донишгоҳи технологӣ, донишгоҳи байналмилалии соҳибкорӣ ва сайёҳӣ, донишгоҳи молия ва иқтисод ва филиалҳои инҳо дар вилояту шаҳрҳо. Кор ба ҷойе расида буд, ки бархе филиалҳои донишгоҳҳо, ки худ филиал буданд, боз филиалҳои худро боз карда буданд. Яъне соҳаи таҳсилоти олӣ ба як бозор ва ҷойи пулкоркунӣ табдил шуд ва фасоди густардае дар ин замина рушд кард. Бархе аз шахсон на дар имтиҳону қабул ва на дар дарсҳо ва на дар имтиҳони хатм ширкат карда, соҳиби диплом шуданд. Дар замони қабул ба мактабҳои олӣ фасод сахт рушд кард ва андозаи “шапка” барои раҳ ёфтан ба донишгоҳҳо дар баъзе ихтисосҳо ду ва ҳатто се баробар аз андозаи ҳаққи таҳсили шартномавӣ боло рафт. Хусусан дар ихтисосҳое чун ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии иқтисодӣ, забони арабӣ (шарқшиносӣ). Бархе аз донишгоҳу донишкадаҳо бо масъулони вазоратҳои маорифу иқтисод “забон ёфта”, хеле зиёд берун аз нақшаи қабул, ки ҳамасола ҳукумат қабул мекард, донишҷӯ мепазируфтанд. Аз ҷумла Донишкадаи андози Тоҷикистон, ки ҳоло ба Донишгоҳи молия ва иқтисод табдил дода шудааст, дар солҳои дуҳазорум то 600-800 тан зиёдтар берун аз нақшаи қабул донишҷӯ пазируфта буд. 

Ин фасоди густарда ва бебандубориро ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар вазорати маориф медонистанд, вале чашм пӯшиданд ва барои рушд кардани он мусоидат карданд.
 

Дар ин росто, сифати таълим ба маротиб поин рафт, нақши илму дониш дар ҷомеа коҳиёш ёфт, обрӯ ва ҳайсияти мактаби олӣ, дипломи таҳсилоти олӣ ва худи доштани маълумоти олӣ хеле паст шуд ва таҳсилоти олӣ ва маориф, ки яке аз роҳҳои наҷоти миллату давлатҳо дониста мешавад, бадном шуд. 

Масалан, барои ташкили як донишкада ё донишгоҳ ва ё тахассусу кафедраҳои тахассусӣ, тибқи стандарти давлатӣ бояд  шумораи омӯзгорони дорои унвони илмӣ аз 50 дар сад кам набошад (барои мактабҳои олӣ дар маҳаллҳо ин дарсадӣ камтар аст – 40-42%). Аммо ин меъёр ҳеч гоҳ риоя нашуд ва тақрибан аз 45 мактаби олӣ, шояд 4-5-то ба ин меъёр мувофиқ бошанд ё не. Ҳамаи ин сабаб шуд, ки омӯзгорони камсаводу камтаҷриба ба донишгоҳу донишкадаҳо раҳ ёфтанд. Ва донишҷӯён ҳам  камтар дар асоси донишу лаёқат, балки бештар пул ва ришва пазируфта шуданд. Ҳамаи ин фасоди густарда ва омилҳо аз фоҷиаи бузурге дар бахши таҳсилоти олӣ дарк медод. Ин фазо як сабаби бадномӣ ва беобрӯӣ шуд ва бархе аз довталабон ва падару модари онҳо ба ин фикр расиданд, ки ҷойи таҳсили худу фарзандонашонро дар ҷойи дигаре интихоб кунанд;

  1. Маҳалгаройӣ, шиносбозӣ ва беарзиш шудани дипломи мактаби олӣ 

Дар тамоми дунё мардум барои он ба таҳсилот, хусусан таҳсилоти олӣ рӯй меоваранд, ки бар асоси тахассус ва донише, ки мегиранд дар оянда битавонанд зиндагии худро бисозанд. Аммо фасоди густарда дар бахши маориф ва сиёсати кадрӣ, маҳалгаройӣ ва шиносбозии бемисл барои роҳ ёфтан ба ҷойи кор ва хусусан ҷойи кори хуб, шумори зиёде аз хатмкардаҳои мактабҳои олиро дилсард кард. Сатҳи баланди маҳалгаройӣ, бар асоси омили маҳал ба ҷойҳои кори хуб роҳ ёфтани мутахассисон, на шоистагиву донишу лаёқат, як далели он шуд, ки аксарият ба ин натиҷа расанд, ки доштани маълумоти олӣ роҳи наҷот нест. Дувум, маоши хеле паст дар ниҳодҳои давлатӣ ва аз сӯйи дигар нақши идеологӣ касб кардани риштаҳои бисёр тахассусӣ ва илмӣ, ҳатто тхахассусҳои техникиву дақиқ, ҳам далели дилсардии дигар шуд. Ба далели мушкилоти фаровони табииву сунъӣ дар бахши хусусӣ ва тиҷорат низ, соҳибони зиёди дипломҳои мактабҳои олӣ ҳамчунон натавонистанд дар ин бахшҳо соҳиби кор шаванд. Чунин омил як сабаби дилсардии мардум аз доштани дипломи мактаби олӣ шуд ва ин ҳарф, ки “хондагиҳо чӣ шуданд” ба як воқеият табдил шуд. Дипломҳо дар сандуқҳо хоб рафтанду соҳибони онҳо дар гармову сармои шадиди Русия ба корҳои сахту сангин пардохтанд. Фоҷиа ба сатҳе расид, ки муаллиме, ки замоне шогирдашро насиҳат мекард, ки “хону одам шав, ки бо бесаводӣ гадо мешавӣ”, акнун баробари шогирдаш дар Русия аробакашӣ мекард ва ҳатто тобеи шогирди бесаводаш шуд;

  1. Низоми нави таҳсилоти олӣ ва роҳандозии номуваффақонаи он

Тоҷикистон бар асоси тавсия ва тавофуқ бо ниҳодҳои ҷаҳонӣ, тасмим гирифт ба низоми нави таҳсил – таҳсилоти кредитӣ бигузарад. Аз соли 2005 иҷроӣ шудани ин низом оғоз шуд ва Донишгоҳи тиҷорат ба сифати мактаби олии озмоишӣ (пилотӣ) интихоб шуд. Ҳатто барои гузариш ба ин низом Тоҷикистон лоиҳаву грантҳои ҳангуфте аз ниҳодҳои байналмилалӣ дарёфт карда буд, вале  ин маблағҳо барои омода кардани таҳсилоти олӣ ба ин низом камтар масраф шуданд. Дар замони вазирии Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Нуриддин Саид, ки фасод дар бахши маориф ба сатҳи фоҷиавӣ рушд карда буд, ин низом ба таври саросемавӣ татбиқ шуд. Ба ҷойи он ки соҳаи таҳсилоти олӣ ба низоми кредитӣ мутобиқ карда шавад, баръакс системаи кредитиро ба хостаҳои вазирон ва воқеиятҳои бахши маорифи Тоҷикистон мутобиқ карданд. Дар натиҷа, як низоми таҳсиле, ки тақрибан дар тамоми ҷаҳон муваффақ шудаасту натиҷаи матлуб додааст, дар Тоҷикистон тақрибан номуваффақ шуд ва акунун чанд сол аст, ки худи ин низом ба як мушкили калони соҳаи маорифи кишвар табдил шудааст. Нодуруст татбиқ кардан, камтар ба эътибор гирифтани хусусиятҳои милливу минтақавӣ барои гузаштан ба ин низом ва тағйирот даровардан дар бунёдитарин пояҳои ин низоми таҳсил, онро ба як низоми бекора табдил дод. Ин ҳам як сабаби дигари дилсардӣ аз донишгоҳҳо ва дипломи таҳсилоти олӣ шуд. Ҳарчанд ин низом ҳеч бадие надорад;

  1. Ташкили Маркази миллии тестӣ

Бар асоси меъёрҳои нав, хусусан талаботи низоми таҳсилоти кредитӣ дар Тоҷикистон соли 2014 низоми анъанавии қабул ба донишгоҳу донишкадаҳо барҳам дода шуд ва системаи қабул тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Ин як ислоҳоти хуб буд, то андозае роҳи фасод барои воридшавӣ ба донишгоҳҳоро гирифт. Аммо аз ҳисоби он, ки низоми қабул мутамарказ шуд ва дигар мактабҳои олӣ ҳуқуқ ва салоҳияти қабули донишҷӯёнро аз даст доданд, шумори довталабон ва донишҷӯён кам шуд. Зеро дар низоми анъанавӣ имкониати бо шиносбозӣ ва ришваву фасод роҳ ёфтан ба мактабҳои олӣ хеле зиёд буд. Ин омили мусбат ба теъдоди қабули довталабон таъсири манфӣ гузошт. Аз сӯйи дигар, ин ниҳоди нав барои ҷомеа ноошно буд ва ин ноошнойӣ ҳам сабаб шуд, ки теъдоди довталабу донишҷӯ кам шавад;

  1. Тағйирот дар қонунгузории хидмати сарбозӣ

Яке аз омилҳои асливу асосие, ки теъдоди донишҷӯёну довталабони мактабҳои олиро дар Тоҷикистон кам кард, бидуни шак тағйирот дар қонунгузорӣ ва ҷалб ба хидмати сарбозӣ аст. Ин омил бо якҷо шудан ба омилҳои дигар, сабаби ба таври нигаронкунада кам шудани шумора шуд. Мувофиқи қонунгузории пештара, донишҷӯ ва аспиранту докторанти мактабҳои олӣ ва ҳатто омӯзишгоҳу техникумҳо дар давраи таҳсил аз хидмати сарбозӣ озод буданд.  Ҳоло ин имтиёзро танҳо донишҷӯёни зинаи бакалаври мактабҳои олӣ доранду халос. Ҳатто ин донишҷӯён ҳам аз ҷалб ба хидмати сарбозӣ комилан озод нестанд, дар бархе маворид барои иҷро кардани нақшаи даъват ин донишҷӯёнро ҳам маҷбуран мебаранд ва онҳоро баъдан аз ҷойи таҳсил ихроҷ мекунанд. Ду-се соли ахир донишҷӯёни хатмкунандаро пеш аз супурдани имтиҳоноти хатм, дар шакли иҷборӣ-хоҳишмандӣ ба хидмат мебаранд ва имкониат медиҳанд, ки омада имтиҳоноти хатмро супоранд. 

Албатта ин ҷо савол пайдо мешавад, ки оё  бад аст, ки шаҳрвандони кишвар ба хидмати сарбозӣ ҷалб шаванд. Ин кор дар навъи худ бадие надорад. Аммо омили фасод ва мудирияти нодурӯст ҳам дар соҳаи ҷалб ба хидмати сарбозӣ, сабаб шуд, ки вазъ дар ин соҳа ҳам ба ҳолати нигаронкунанда бирасад. Якум, вазъи бади хидмат дар артиши пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ба мерос гирифтани одатҳои бад ҳангоми хидмати сарбозӣ аз даврони шӯравӣ, аз ҷумла сарбозозорӣ (дедовшина) ва маҳалгароиву минтақагароӣ, ба хидмати сарбозӣ нарафтани фарзандони мансабдорону вазирону кабирон, бо ришва ва фасод озод шудан аз хидмат ва харидани билети ҳарбӣ ва омилҳои дигар, сабаб шуд, ки ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ худро ба мактабҳои олӣ бизананд ва аз хидмат фирор кунанд. Вале ислоҳоте, ки солҳои ахир дар ин бахш гузаронида шуд, вазъи соҳаро беҳ накард, балки пайомадҳои фалокатбор барои соҳаи таҳсилоти олӣ ва дар оянда барои амнияти зеҳнии кишвар оварда истодааст. Ҳарчанд то андозае мушкили муваққати ҷалб ба хидмати сарбозӣ ҳал шуд, аммо мушкили гурез аз хидмат ҳал нашуд, балки фоҷиавитар шуд ва болои ин мушкилоти фаровон ба соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти олӣ овард;

  1. Имкони таҳсил дар хориҷи кишвар

Бо рушд кардани Тоҷикистони баъдиҷангӣ ва пайдо шудани имконоти нав, хусусан дар заминаи таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ, довталабоне, ки имкони таҳсил берун аз кишварро доранд ё дарёфт мекунанд, тарҷеҳ медиҳанд, ки дар кишварҳои хориҷ таҳсил кунанд. Зеро, бо дарёфти дипломи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, ки сатҳи маорифи онҳо аз маорифи Тоҷикистон болотар аст, имкони пайдо кардани ҷойи кори муносиб ва сохтани зиндагии хуб, бештар аст. Яъне ин довталабон ва донишҷӯён ҳам имкони дар хориҷ кору зиндагӣ карданро меёбанд  ва ҳам маълумоти олии босифаттар мегиранд. Аз ин ҳисоб ҳам теъдоди довталабу донишҷӯ дар дохил кам шуд. Зеро дар чанд соли ахир бархе аз донишҷӯён ҳам дар дохил ва ҳам дар донишгоҳҳои хориҷӣ довталаб мешаванд. Агар дар донишгоҳҳои хориҷӣ пазируфта шуданд, ба донишгоҳҳои дохилӣ намераванд. Аз ин ҳисоб ҳар сол 10-12 ҳазор доватлабони муваффақшуда тавассути Маркази тестӣ низ ба ҷойи таҳсил ҳозир намешаванд. 

Ҳамаи ин омилҳо ва омилҳои дигар вазъро ба сатҳи фалокатбор расонидааст.

Ҳоло  дар ду соли ахир, нақшаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ хеле фоҷиавӣ иҷро намешавад. Аз ҷумла, соли 2022 нақшаи қабул ҳамагӣ 61,42% иҷро шуд, ки нисбат ба соли 2021 16,4 дарсад камтар буд. Дар соли 2023 нақшаи қабул ҳамагӣ 53% иҷро шуд.

Ҳоло қабули иловагӣ, яъне давраи сеюм қабул эълон шудааст. Бино ба иқрори раисҷумҳур, дар соли 2023 “аз 106 ҳазор хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазор барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст”.

Чандин сол аст, ки ҳеч донишгоҳу донишкада дар кишвар нақшаи қабули магистрантону докторантҳоро иҷро карда наметавонад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки маъруфтарин мактаби олии кишвар аст, ду-се сол аст, ки нақшаи қабули магистрҳоро аз 30 дар сад болотар иҷро карда наметавонад ва нақшаи докторантҳо камтар – 20-25% иҷро мешаваду халос. Нишондиҳандаи ташвишовари дигар ин аст, ки беш аз 10-12 ҳазор довталабоне, ки муваффақ мешаванд, баъдан ба ҷойи таҳсили худ ҳозир намешаванд. 

Агар хеле кам шудани шумораи довталабону донишҷӯён як мушкили ҷиддӣ ва фоҷиа барои низоми таҳсилоти олии кишвар бошад, дар пайи ин, аз миён рафтани рақобти таҳсил ва паст рафтани сифати таълим фоҷиаи дигар буда, пайомадҳои фоҷиаборе дар оянда барои амнияти зеҳнии кишвар дорад. Ҳамаи ин, ҳамчунон ки Эмомалӣ Раҳмон низ қайд кард, далел мешавад, ки дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва умуман, маорифи миллӣ ислоҳоти куллӣ ва ҷиддӣ гузаронида шавад. Дар ин ислоҳот ба чанд нукта бояд таваҷҷуҳ кард:

  • муборизаи ҷиддӣ бо фасоду ришва ва маҳалгаройиву шиносбозӣ;
  • ислоҳоти матлуб дар қонунгузории хидмати сарбозӣ, ки аз ҳисоби як соҳа як соҳаи дигари муҳим фарсудаву валангор нашавад;
  • кам кардани шумораи донишгоҳу донишкадаҳо ва ихтисосҳои нозарур дар ин мактабҳои олӣ ва бештар диққат додани ба пойгоҳи илмиву таълимӣ ва фании мактабҳои олӣ;
  • таваҷҷуҳи асосиро барои боло бурдани сатҳу сифати таълим равона кардан, зеро миқдоргароӣ соҳаро ба ин вазъи фоҷиавӣ оварда расонидааст;
  • дар баъзе донишгоҳу донишкадаҳо ихтисосҳоеро, ки пойгоҳи лозим надоранд, барҳам додан ва аз ин ҳисоб пойгоҳи мактабҳоеро, ки ин имконро доранд, қавитар кардан;
  • аз миён бурдани идеологиябозиҳои нозаруру бенатиҷа дар бахши маориф-мактабҳои олӣ, аз қабили “маршировка”, ҷалби донишҷӯён ба маъракаҳои сиёсӣ – интихоботу ҳамоишҳои намоишӣ ва истифодаи онҳо бо мақсадҳои сиёсӣ, аз ҷумла ташкили гуруҳҳое чун “Авангард”;
  • боло бурдани потенсиали илмӣ ва омӯзгорони унвони илмидор дар мактабҳои олӣ ва диққати асосӣ додан ба сатҳу сифати саводу дониши устодони мактабҳои олӣ;
  • ба эътибор гирифтани нигарониҳои мардум ва ҷомеа аз мушкилоти умда дар бахши маориф ва мактабҳои олӣ аз сӯйи вазорати маориф ва ҳукумат. Аз ҷумла фошкориҳои “Диссернет” ва дигар коршиносону таҳлилгарон;
  • кам кардани дахолатҳои лозиму нолозими Вазорати маориф ба сиёсати таълим ва шеваҳои роҳандози низоми таълими дохилӣ дар мактабҳои олӣ;
  • боло бурдани маоши устодону кормандони мактабҳои олӣ;
  • ба шароити Тоҷикистон мутобиқ кардани ҳаққи таҳсилоти шартномавӣ;
  • даровардани ислоҳоти ҷиддӣ ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва ба таҷрибаи кишварҳои муваффақ мутобиқ кардани онҳо...

Ҳамаи ин омилҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки низоми таҳсилоти олӣ дар кишвар танҳо як мушкил надорад, ки кам шудани теъдоди донишҷӯён бошад. Балки маҷмуи мушкилоту омилҳо ин соҳаро ба як вазъи нигаронкунанда расонидааст. Бояд сарватҳои зеҳнии кшвар барои рушду тарақии кишвар истифодаи дуруст шавад. Аз ин рӯ татбиқи як ислоҳоти фарогир дар ин соҳа сахт зарур аст. Ҳарчанд амнияти низомӣ ва суботу оромӣ барои Тоҷикистон чун боду ҳаво зарур аст, аммо амнияти зеҳнӣ ё доштани маорифи босифат арзиши камтар аз амнияти низомиро надорад. 

назарҳо

Шарҳи ҳоли бештар аз Ойина