САҲНАҲОИ ҶАНГУ ДАРГИРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН + АКСҲО

Ҷанг дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар таърихи 14 сентябр то 17 сентябри 2022 хисороти зиёди ҷониву молӣ аз ҳар ду тараф барҷой гузошт.

Ойина

Ойина

2022-09-19 06:17:17

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр дар нахустин хабарномаи худ дар бораи муноқиша дар марз бо Қирғизистон, ҷараёни соат ба соати воқеаҳои се рӯзи гузаштаро тасвир, ҳамчунин кишвари ҳамсояро ба "таҷовузи мусаллаҳона", "тирандозӣ дар тамоми хатти марз" айбдор карда гуфтааст, дар ҷараёни даргириҳо то кунун камаш 30 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Вазорат ҳалокати панҷ узви як оила, аз ҷумла Асмоаи 6-сола ва Имрони 5-сола ва як зани ҳомиларо дар Чоркӯҳи Исфара; зарба ба мошини ёрии таъҷилӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурию зербиноиро хилофи меъёру қонунҳои байнулмилалӣ унвон кардааст.

Вазорати тандурустӣ ё Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз шумораи қурбониён ва миқдори зарар чизе нагуфтаанд. Манбаъҳои боварбахши радиои "Озодӣ" аз кушта шудани 39 нафар хабар доданд, вале Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки раҳбараш узви порлумон аст, дар баёнияе шумори кушташудаҳоро 60 нафар ва захмиёнро садҳо нафар гуфтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҳодисаҳои 14-17-уми сентябрро "амали таҷовузкоронаи қаблан тарҳрезишудаи Тоҷикистон" номид. Мақомоти он кишвар дар бораи кушта шудани 59 кас гузориш дода, шумораи захмиёнро зиёда аз 140 ва беҷошудагонро 140 ҳазор нафар эълон кард.

АКСҲО:

 

назарҳо

Галереяҳои бештар аз Ойина