БЕУСУЛӢ

Худи шеваи истиқболи як блогер зидди рӯҳияи нишасти мақомот бо блогерон буд, зеро дар дохили толор сухан аз ҳифзи фарҳанги миллат мерафт, аммо дар берун аз нафаре истиқбол мешуд, ки ба фарҳангу миллати тоҷик рабте надошт.

БЕУСУЛӢ
Ойина

Ойина

2023-05-08 06:02:37

Ҳич гоҳ ва ба ҳич унвоне намехостам ба ин мавзуъ баргардам, зеро масоили динию эътиқодӣ дар Тоҷикистон аз масоили печидае шуда, ки на ҳар нафаре мисли ман имкони баёне ҳарферо дар ин хусус дорад. Аз тарафи дигар ҳич маълумоти динию мазҳабие надорам, ба ҷуз ин ки мусалмонам ва дар ҷомеаи мусалмонию суннатии тоҷик тарбият ёфтаам.

Аммо ин ҳарфҳоро барои он гуфтам, то ҳузури хонандаи муҳтарам рӯшан бошад, ки ҳадафи ман баррасии масъалаи динӣ нест, балки мавзуи дигаре аст, ки ба дин гиреҳ хӯрдааст ва реша дар тасмимгириҳои мақомоти Тоҷикистон дорад. Бидуни зикри нуқтаи болоӣ ҳадаф шояд рӯшан нашавад ва ба эътирозҳое бипечад, ки бархоста аз амали Ҳусейн Ҳасанов, як блогери озаритабори муқими Русия буд.

Қабл аз он ба мавзуи мавриди назар пардозам, ёдоварӣ аз суханронии Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи умури ҷавонон ва варзишро ба салоҳи кор медонам. Ӯ ки дар ҷамъи блогерон суҳбат мекард, гуфт: “Барои чӣ дар бораи риш ҳассосем? Имрӯз гап дар бораи таҳрики тафаккури бегона, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар Афғонистон нуфуз пайдо кардаанду ҳокимияти мардумро берун аз иродаи мардум ғасб кардаанд, ҳамин чизҳоро тарғиб мекунанд... Имрӯз риш ҳамчун омил ё нишона ё пайғом ба ана ҳамон ақидаҳои хусусияти террористӣ ва экстремистии ҳизбу ҳаракати дар кишвари мо мамнуи "Толибон"... қабул мешавад”.

Ин ҳарфҳо дар зимни баргузории дидори мақомот бо блогерон садо доданд. Сафари блогери озаритабор ҳам дар ҳамон шабу рӯз буд. Аммо ҳадаф аз сафари ӯ ба таври мушаххас аз тарафи мақомот эълон нашуда буду нашуд, ҳарчанд шояд ин ду иттифоқ робитае бо ҳам дошта бошанд.

Аз он ки пешвозгирии як болгер ба гунаи як раисҷумҳури хориҷӣ сурат гирифт ва ӯ дар симои як кӯдак аз “тарсӯии тоҷикӣ” барои мухотабонаш “мавод” таҳия кард, ҳич касе ин суолро матраҳ накард, ки чаро вақте мақомот дар симои як ришдор идеяҳои толибиро мебинанд, нафаре бо чунин симо ба Тоҷикистон даъват ва аз ӯ чун як мақоми аршади расмии кишваре истиқбол мешавад? Худи шеваи истиқболи як блогер зидди рӯҳияи нишасти мақомот бо блогерон буд, зеро дар дохили толор сухан аз ҳифзи фарҳанги миллат мерафт, аммо дар берун аз нафаре истиқбол мешуд, ки ба фарҳангу миллати тоҷик рабте надошт.

Чунин иқдомоти мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳам мушоҳида мешуданд. Манзур аз ин ҳарф ин аст, ки як ҳарфе аз мақомот ҳарфи дигари эшонро инкор менамояд, иқдоми баъдӣ зидди иқдоми аввалӣ аст ё тазоде дар амалкардашон мушоҳида мешавад, ки аз сардаргумӣ ва нотавонии онҳо дар ҷиҳати тасмимгирии дуруст ҳикоят мекунад. Ба ҳамин манзур буд, ки суоли даъвати як ришдор ба кишвари “мухолиф”-и ришро матраҳ кардам, вагарна ман ҳич мушкиле бо риш надорам.

Ҳадаф ин ҷо ин аст, ки мақомоти мо усули собите аз ҷомеасозӣ надоранд, то барои ҷомеасозӣ дар оянда қобили эътимод бошанд. Ба унвони мисол, соли 1999, ҳудуди ду сол баъд аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ миёни ҷонибҳои даргир сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон ба ҷуз аз ҳолатҳои хосе, ки ба масъалаи мошинҳои давлатӣ бармегашт, мамнуъ шуд. Далели ин ҳам вазъи кишвар ва пешгирӣ аз ҷурму ҷиноят гуфта мешуд. Аммо даҳ сол пас аз он, дар соли 2009, замони авҷи ҷалби сармоягузорӣ ба нерӯгоҳи “Роғун” сиёҳ кардани шишаҳои мошин (албатта, ба андозаи муайян ва тарзи хос)-ро дубора иҷозат доданд. Ин иҷозат дар пайи тағйири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” фароҳам шуд. Албатта, дуруст  аст, ки вазъи кишвар дар соли 2009 аз соли 1999 фарқ дошт, аммо ин ки сиёҳ кардани шишаҳои мошин молиёт дошт, пешгирӣ аз ҷурму ҷиноёт ба ҳошия уфтод ва қазия бештар паҳлуи иқтисодӣ касб кард. Ба иборати дигар дар марҳалаи дувум даромад бар амният тарҷеҳ дода шуд.

Тақрибан солҳои 2007-2008 замони авҷи густариши салафият дар Тоҷикистон буд. Ҳамчунин расонаҳо менавиштанд, ки ин гурӯҳ ихтилоф дар ҷомеаро ба вуҷуд меорад. Бинобар ин тайи нишасти хабарие чун вазири вақти умури дохилии Тоҷикистонро дар заминаи мудохилаи давлат дар умури салафиҳо суол карданд, марҳум Ҳумдин Шарифов ба ин маънӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва дар умури динӣ дахолат намекунад. Вале дар соли 2009 Ҳукумати Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзамро эълон карду ба саркӯби салафиҳо падохт, ба ҳадде ки ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шуд. Аз тарафи дигар Тоҷикистон дар он шабу рӯз Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро ислоҳу тағйир ворид кард, ки ба назари ҳолдонҳо, ин ҳама тағйир хилофи талаботи мазҳаби Абуҳанифа буд. Шояд аз як тараф таҷлили бузургдошти Имом Абуҳанифа барои зарба задан ба салафият буд, вале тағйири қонуни мазбур фаротар аз он рафт, ки муаммоҳоеро дар ҷиҳати дарки воқеиятҳои сиёсати давлат халқ кард. Гузашта аз ин имомхатибони масоҷиди кишвар таҳти таъйин ва маблағгузории кишвар қарор гирифта, эшон ҳам мисли муаллимони мактаб аз мубаллиғини сиёсати ҳукумат шуданд, аммо “дунявият”-и Тоҷикистон аз Қонуни Асосӣ ҳазф нашуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин тазодҳо танҳо хулосаи дархӯри воқеият ин аст, ки стратегияи рӯшане дар бораи шаклдиҳии як ҷомеаи солими бидуни тарс дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дигар ин ки ҳар нафаре ё иқдоме ба суди ҳукумат ё яке аз афроди мақомдор бошад, метавонад принсипҳои ҷомеасозӣ дар Тоҷикистонро бишканад. Дар матни ин шояд замоне бирасад, ки аз “Толибон” ҳам судбардорӣ шавад ва дар чунин ҳол дақиқ аст, ки масъалаи риш дигар аз миён хоҳад рафт ва “сиёсат воситаро ҳақ мебарорад”-и Макиавелли асос қарор хоҳад гирифт...

назарҳо

Андешаи бештар аз Ойина