ҶАБҲАИ ДУВУМ АЛАЙҲИ РУСИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Иттилоъ дар бораи ифтитоҳи ҷабҳаи дувум дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон алайҳи Русияро бархе аз коршиносон сатҳӣ медонанд, аммо баъзеи дигар таъйид менамоянд, ки ин гуна барномаҳо воқеӣ ҳастанд.

Ойина
2023-05-10 06:42:36Дар навоҳии шимолу шарқии Афғонистон омодагӣ дар ҷиҳати ташкили ҷабҳаи дувум алайҳи Русия идома дорад. Ин омодагӣ бахши ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои иртиҷоиро шомил мешавад. Дар робита ба ин масъала намояндаи Ҷабҳаи озодии зиддитолибии Афғонистон, генерал Зиё Ёсин иттилоъ дод. Ба назари ӯ, ин масъалае аст, ки бояд дар замони наздиктар матраҳ шавад.
Вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон
Дар робита ба барномаҳои бахши афғонистонии ДОИШ дар ҷиҳати кашидани “ҷиҳод” ба Тоҷикистони ҳамсоя намояндагони ҳаракатҳои зиддитолибӣ пештар ҳам иттилоъ дода буданд. Он замон сухан дар бораи рӯйи кор омадани раванди омӯзиши ҷангҷӯён ва маргталабон дар урдӯгоҳҳои омӯзишии мустақар дар Афғонистон, фиристодани онҳо ба Тоҷикистон мерафт. Ҳамчунин гумагӯҳое дар бораи ирсоли афроди иртиҷоӣ – маргталабон ба Чину Русия низ вуҷуд дошт.
Тибқи иттилои ахир, ин раванд тасреъ мешавад. Ҳамин тариқ, дар охири апрел аз тариқи марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҷӯёне бо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дар ҳаҷми зиёде аз маводи мухаддир талош карданд, марзро убур намоянд. Ин гурӯҳ бар изофа доллар ҳам дошт. Хадамоти ҷосусии Амрико ин гурӯҳро созмон додааст ва ба назари коршиносон, ИМА маблағгузории пинҳонии исломгароҳоро идома медиҳад. Ҳадафҳои ҳаракатҳои ҷиҳодӣ ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аст, то тавваҷҷуҳи Русияро аз амалиёти Донбасс ба ин сӯ ҷазб намояд ва ба идораи низоъ машғул шавад, ки дар зимни ин “даргирӣ” ҳалли қисмати асосии масоили низомӣ ба уҳдаи артиши Русия хоҳад буд.
“Гап сари он аст, ки чун амрикоиҳо аз Афғонистон хориҷ шуданд, дар он ҷо силоҳи зиёде боқӣ монд. То ҳол мушаххас нест, ки ин ҳама дар дасти толиб аст ё қисме ба дасти ДОИШ афтод. Мусаллам аст, ки имрӯз худи толибон дар шакли лавозимоти ҷангӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои он чӣ, ки дар Афғонистон боқӣ мондааст, кумак мегиранд. Дар ҳама гуна ҳолат, бар асоси усули “силоҳи омодаи рӯйи девор дер ё зуд мепарронад”, чунин вазъро набояд сарфи назар кард”, - мегӯяд собиқадори истихбороти низомӣ, Қаҳрамони Русия, сарҳанг Рустам Клупов.
Ба назари ин коршинос, минтақаи Осиёи Марказӣ муҳавватаи манофеи сиёсӣ ва иқтисодии Русия аст. Ба ин хотир душманони мо дер ё зуд аз ин самт истифода менамоянд, то барои Маскав дар ҷануб мушкил эҷод кунанд.
“Агар дар умум вазъи низомию сиёсӣ дар атрофи Русия ва ҷаҳон арзёбӣ шавад, бояд гуфт, ташдид дар ҳоли афзоиш аст. Агар касе фикр мекунад, ки хотимаи ин гуна ҳама равандҳо мусбат аст, ӯ иштибоҳ мекунад. Далоили зиёде вуҷуд доранд, бахусус дар мавриди Афғонистон, ки ин раванд алайҳи манофеи Русия дар минтақа аст. Нерӯҳои низомии Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-и моро кумак мекунанд, аммо иртиҷоиён тавсеаеро барномарезӣ кардаанд ва талош мекунанд, бо бунёдгароии исломӣ маҳдудаи бештареро таҳти тасарруф қарор диҳанд. Барои ин дар миёни ҷавонони кишварҳои осиёимиёнаӣ замина омода шудааст ва онҳо дар нисбати ҷараёнҳои ваҳҳобӣ назари мусбат доранд”, -мегӯяд Клупов.
Ба назари Клупов, дар ҳоли вуруди иртиҷоиён Ӯзбакистону Тоҷикистон бидуни кумаки мо қудрати истодагарӣ дар баробари сармоягузории Ғарб ба таҳоҷуми иртиҷоиҳои исломиро надоранд.
Ин коршинос хотиррасон мекунад, ки бо муқобила ба бунёдгароии исломӣ Чин низ манфиатдор аст, зеро он низ чунин як мушкиле дар мисоле Ҳавзаи мухтори Уйғур дорад. Аммо масъала ин аст, ки то чӣ ҳад метавон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва артиши пиёданизоми он ё Русия умед баст. Ҳарчанд ин масъалаест, ки паҳлуи сиёсӣ дорад. Набояд таъсири Ҳинду Покистонро низ истино кард, ки ба ҳалли чунин низоъ манфиатдоранд.
“Вазъ дар марз ва Афғонистонро набояд ором арзёбӣ кард. Аммо комилан возеҳ аст, ки Ҷабҳаи муқовимат ҳадафи кумаки Русияро надорад, балки мехоҳад “Толибон”-ро сарнагун кунад ва ин аз ҳадафи он бармеояд. Мафҳум аст, ки ҳокимияти феълӣ дар Кобул қобили эътимоди куллӣ нест, зеро “Толибон” равобити худ бо баъзе аз гурӯҳҳои террористиро ҳифз кардааст ва онро идома медиҳад, ки ба ҷуз аз ин масъалаи терроризм ва авбошӣ аз масоили ҳод дар ин кишвар мебошанд. Аммо бар асоси мухолифини зиддитолибӣ дар бораи ҷанги бузург ҳарф задан иштибоҳ хоҳад буд. Бешак, кишварҳои минтақа бояд марзҳояшонро тақвият кунанд, то қочоқи маводи мухаддир мутаваққиф шавад”, - мегӯяд раиси Бошгоҳи таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович.
Воқеияти ҷабҳаи дувум
Шарқшинос Никита Мендкович ба ин назар аст, ки омодагии ИМА барои боз кардани ҷабҳаи дувум алайҳи Русия дар Осиёи Марказӣ ё минтақаи дигаре иҷроӣ хоҳад шуд, агар имкон дошта бошанд. Барои ин Вашингтонро зарур аст, ки озодсозии Украина аз режими Зеленскийро коҳиш диҳад. Барои ин талош менамояд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон “инқилоби ранга” ташкил кунад. Ин тавсеаи низоъ дар Афғонистон бо такя ба ДОИШ-ро истисно намекунад. Аммо набояд иттиҳоди тактикии “Толибон” бо иртиҷоиёнро, ки алайҳи онҳо меҷанганд, ба назар гирифт.
Елена Стафаева,
Манбаъ: https://life.ru/p/1577022