ДАР БОРАИ МО

Сайти “Ойина” як пойгоҳи таҳлилии мустақил аст.

Ин торнамо ба ҳич гурӯҳи сиёсии расмӣ ё ғайрирасмӣ, муҷоз ё ғайримуҷоз дар Тоҷикистон ва ё берун аз он робита ва ҳамкорие надорад.

Ҳамчунин “Ойина” таҳлилу баррасии холисонаи ҳич як мавзуъро барои худ мамнуъ намедонад ва талош менамояд, дар зимни баррасии кулли мавзуъҳо ҳанҷорҳои байналмилалӣ, қавонини Тоҷикистон, одоби рӯзноманигориро риоят намояд. Торнамо ба ҳуқуқи афроди ҷомеа новобаста аз ҷинс, нажод, миллат, эътиқод, боварҳои сиёсӣ эҳтиром қоил аст ва тамоми андешамандонро ба ҳамкорӣ мехонад.

Ин сомона пурра аз ҳисоби ҳайати эҷодӣ сармоягузорӣ мешавад ва омода аст, тамоми матолиберо, ки бидуни ғараз, бар асоси далоил иншо шудаанд, шаъну шарафи касеро паст намезананд, касеро туҳмат намекунанд, мунташир намояд. Торнамо ба ҳама гуна андешаи орӣ аз таҳқиру туҳмати дигарон эҳтиром қоил аст. "Ойина" сайти тозатаъсис аст ва ҳар касе воқеиятро менависаду мегӯяд, ҳайати эҷодии мост. 

“Ойина” аз манобеи расмию ғайрирасмӣ бо таваҷҷуҳ ба муқаррароти қонунгузории байналмилалӣ истфода мекунад. Зимнан ҳатто матолиберо ҳам мунташир мекунад, ки ба мавқеи он созгор набошанд. 

Забонҳои сайт - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ аст.

 

2021-11-15 10:55:03