Масъулини мо хоб не, айби қирғизҳо ки ҷангро дар рӯзи таътил сар карданд!
Дар муҳити шабакаҳои иҷтимоӣ, чанде аз дустон эрод гирифтаанд, ки вазорату идора ва расонаҳои масъули давлатӣ дар бозпахши хабар ва иттилои мутобиқ ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон фаъол нестанд. (ТАНЗ)

Ойина
2022-09-19 05:24:27Бо дарки ҳассосияти масъала, ки амалан ба мавзӯи ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллӣ ва шаклгирии имиҷи Тоҷикистон рабт дорад, ин посухи нимаҷиддӣ ва нимашухиро навиштам:
Вазорату идора ва расонаҳои масъули давлатӣ аз имрӯз, аз соати 8:00 ба кор шурӯъ мекунанд. Рузҳои шанбе ва якшанбе аз саҳар оши наҳор ва худоӣ ҳаст, рафтан даркор, чун нараванд, соҳибмъракаҳо меранҷанд.
Аз ин рӯ, масъулин саҳари рӯзи душанбе ба коргоҳ меоянд ва бо неруи тоза корро шурӯъ менамоянд. Шояд ба зердастон чандин супориш диҳанд ва яке мебинед, ки:
1.Силсилаи матлабҳо бо шиорҳои баланд ва тафсири вазъ ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд (ҳол он ки нашри матлабҳо ба забони русӣ ва англисӣ зарур аст).
2.Баъди пурра ба эътидол омадани вазъ ва ба шакли муқаррарӣ баргаштани кору зиндагӣ дар минтақаҳои осебдида - корвони журналистон ба онҷо рафта, мисли баъди ҳодисаи моҳи апрели соли 2021 ба селфи намудан, доду вой кардан, дастро ба сина задан ва ба рекламаи худ машғул мешаванд.
3.Шояд лутф кунанду ягон барномаи таҳлилӣ ва ё матлаби таҳлилию тадқиқотӣ омода намоянд ё нависанд. Он тарафи масъала, ки фазои иттилоотии минтақа ва ҷаҳон бо маълумоти бозгӯкунандаи манфиатҳои Қирғизистон пур аст, гапи калоне нест. Чун дар мо он расонаҳои бонуфузу бенуфузро намехонанд.
Агар ба асли кор нигоҳ кунед, айби масъулин нест, ки қирғизҳо ҷангро охири ҳафта шурӯъ намуданд. Ин қирғизҳо асосан гунаҳкоранд, о мемурданд, ҳамин ҷангро рӯзи душанбе, дар аввали ҳафта сар кунанд.
Тамом.
Манбаъ: сафҳаи фейсбукии Шералӣ Ризоён.