ФАЛАСТИН ВА НУКТАИ ЗАЪФИ МУСАЛМОНОН

Дар баробари ваҳшонияти ҲАМОС сиёсати ишғолгаронаи Исроил низ нафратовар ва сазовор ба маҳкум аст!

ФАЛАСТИН ВА НУКТАИ ЗАЪФИ МУСАЛМОНОН
Ойина

Ойина

2023-10-09 09:31:14

Пеш аз оне, ки дар мавзӯи танишҳои ахири Фаластин чизе навишт, бояд чанд нуктаи муҳимеро шарҳ дод. Хеле хуб дарк мекунам, ки на ҳама нукоти овардаи мо ба бисёриҳо писанд хоҳанд омад. Назари мо ба қисме шояд писанд ояд ва ба қисме не. Аммо, ба ҳар ҳол маҷбурем ин нукотро шарҳ диҳем, то дарки мавзӯъ осонтар шавад.  

Нуктаи аввал: Ҳарчанд асли мушкилот тасарруфи сарзаминҳои Фаластин аз тарафи Исроил аст, аммо гиреҳи аслии нооромиҳо дар ин сарзамин муқобилати ҳукуматдорони Исроил зидди ҳалли сиёсии проблемаи Фаластин дар асоси чаҳорчубае, ки ҷомеъаи чаҳон дар асоси қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттахид сохтааст, мебошад. Яъне барпо намудани ду давлат барои ду халқият дар ин сарзамин. 

Хотима додан ба сохтмони маҳаллаҳои гайриконунй дар ин сарзамин ва бархам додани шаҳракҳои  мавҷуда, баргардондани гурезаҳо ва дигар шартҳое, ки дар ин қатъномаҳо омадааст.

Солҳост, ки ҳукумати Исроил айнан баръакси ин қатъномаҳоро мекунад! Аз ҷумла сохтмон ва ғасби маҳаллаҳои нав. Алалхусус ҳукумати Нетаняҳу ин қонуншиканиҳоро бо тохту тозҳои даҳшатафканаш боз ҳам рангу бори ҷоҳилонатар медиҳад! 

Дар ин тохту тозҳо таври маълум фаластиниҳои зиёде қурбон мешаванд, ки ҳисобашон чандин баробар зиёд аз қурбониҳои исроилиён аст. Аз ин, ки қурбониҳои фаластинӣ дар як рӯз неву тули сол ва кам кам ба вуқуъ мепайвандад, касеро, аз ҷумла таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва расонаҳоро хеле мекоҳонад.

Ҳатто, кор ба ҷое расидааст, ки куштори кудаки фаластинӣ ҳам чашми ягон ҳомии ҳуқуқи инсону расонаеро намепаронад…

Як сабаби аслии низоъ ҳам ҳамин ноадолатӣ аст! Қурбониҳои исроилиҳоро мебинанд, аммо аз фаластиниҳоро не! 

Ва ҳамин омил аст, ки зӯргӯӣ ва даҳшат меофарад! 

Ва то ҷомеъаи ҷаҳонӣ як тарафро эркаву тарафи дигарро угай мешуморад, пайдо кардани роҳи ҳал ғайриимкон аст! 

Аз ин рӯ, бархурди мусалмонон ба аъмолу рафтори ҲАМОС чигунае, ки набошад, аммо пуштибонии онҳо аз мардуми мусалмони Фаластин то охирин рӯз боқӣ хоҳад монд. Чунки зӯргӯии пулиси исроилӣ болои нафаре, ки дар ҳоли ибодат аст барои ҳеҷ нафари диндоре амали оддӣ набуда, таҳқир аст! 

Таҳқири муқаддасот! 

Поймоли ҳуқуқи бунёдии инсонӣ! Барои мусалмонон бархурди ноодолино нисбати мардуми бумии ин хоку сарзамин ҳеҷ гоҳ қобили қабул набуд ва нахоҳад буд! 

Ҳамон гунае, ки Исроил ҳаққи доштани давлату сарзаминро дорад, Фаластин ҳам ин ҳаққи таърихиро дорад! 

Ва дар ин масъала, инак чандин даҳсола аст, ки ҳуқуқи Исроил бо шиддат ҳимоя мешаваду аз ҳаққи Фаластин касе, ба хусус давлатҳои абарқудрат на танҳо, ки ҳимоят намекунад, балки танҳо дар як тараф будани худро ба намоиш мегӯзоранд. 

Ҳаққи таърихии Фаластин барпо кардани давлати Фаластин бо пойтахташ дар Ерусалими шарқӣ буда, ин ягона роҳи ҳали ин масъалаи пурпечутоб аст.

Нуктаи дуввум: Беҳтар мебуд, сабабҳои дигари танишҳое, ки чанд рӯзи ахир дар ин сарзамини таърихӣ мегӯзарад, аз дигар зовия - берунтар аз доираи танишҳои анъанавии яҳуду араб ташхис шавад. 

Яъне, бингарем ба нерӯҳои аслие, ки дар ин шабу рӯз бо ҳам дар набарданд ва манофеъу ангезаҳое, ки онҳоро дар муқобили ҳам овардааст. Ин ҷо мебинем, ки манофеъ ва ангезаҳои тарафайн ба як тарзи тааҷҷубовар бо ҳам мехуранд. Яъне ҳар он, чи ин шабу рӯз мегӯзарад ба нафъи ҳарду тараф аст. Гӯиё, онҳо бо ҳам маслиҳат кардаанд то ба сари якдигар бирезанд. Хеле ҷолиб аст! 

Аз як тараф, барои Нетаняҳу ва ҳампаймононаш, ки нисфи яҳудиён зиддашон буданду ҳамарӯза ба майдонҳо мерехтанду норозигӣ баён мекарданд, танишҳои ахир беҳтарин омиле бошад буд барои мутаҳҳид гардидан. 

Аз тарафи дигар, барои ҲАМОС ҳам имкони сари қудрат монданро муҳайё месозад ва ба оташи гарми муносибатҳои ахири ҷаҳони араб, хусусан Арабистони Саудӣ ва Исроил оби ях мерезад.

Ва ин ҷо суоле ба миён меояд, ки магар ун яке зиддӣ дигаре нест? 

Ахиран, магар ҲАМОС зиддӣ муносибатҳои Саудиву Исроил бархоставу мувофиқи табъи Нетаняҳу кор кардааст? Наход ин ҷанг неву “ба муътадил овардани вазъи тарафайн” бошад?

Аммо, мутаасифона чунин аст. То имрӯз кушишҳои Нетаняҳу барои муттаҳид кардани гуруҳҳои зиддаш бе натиҷа буданду ин юриши ахири ҲАМОС кумаки хубе шуд барои ӯ. 

Чунки ба роҳ мондани муносибатҳои гарм бо Саудӣ барои Нетаняҳу ҳеҷ холу бартарии сиёсие наовард. 

Инчунин фаромӯш набояд кард, ки дар тули солҳое, ки Нетаняҳу дар садри қудрат буда, омили аслии нигоҳдории қудрат барои Нетаняҳу ҷанг буду халос. Яъне, ҷанг, таниш ва душманҷӯӣ меканизми кори Нетаняҳу аст! 

Аз ин рӯ, ҳарчанд тааҷҷубовар ҳам бошад манофеъи Нетаняҳу ва ҲАМОС дар ин танишҳои ахир бо ҳам мувофиқ омадаанд.

Ва муҳимтар аз ин, онҳо бо манфиатҳои як бозигари дигар – Кремл, ки ҳарду, ҳам ҲАМОС ва ҳам Исроил бо Кремл муносибатҳои наздик доранд, сахт мувофиқат мекунанд. Ва низ бо манофеъи низоми Эрон, ки бо Кремл сангари ягона дорад, бештар аз ҳама мувофиқ омадааст.

Барои Кремл ин юриш аз он ҷиҳат судманд аст, ки ба Русия имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ва кумакҳои Ғарбро аз Украина дур кунад ва ягонагии нерӯҳои зидди Кремлинро халалдор созад, ки мо ҳоло мебинем ва дар ин бора баъдтар хоҳем гуфт. 

Барои Эрон бошад ин юриш барои он судманд аст, ки иҷоза намедиҳад, ки дар натиҷаи эътидол дар Ховари Миёна ӯ дар инзиво қарор бигирад, балки баръакс, Эронро ҳамчун раҳбари ҳамаи мусулмононе, ки аз ҲАМОС пуштибонӣ мекунанд ба намоиш мегӯзорад, ки бояд зикр кард, муваффақ ҳам шуданд! 

Нуктаи севвум: Мепардозем ба бахше, ки шояд ба зиёде аз хонандагон писанд наояд, вале ногуфтан аз он ҳам имкон надорад.

Меравем суроғи Қафқоз. 

Муваффақияти Озарбойҷон дар ҷанги дуюми Қаробоғ, ё ҷанги якрӯзаи Қаробоғ мисоли рӯшан ва тозае барои дарки масъала. 

Амали Озарбойҷон як мисоли хеле нодир ва дарси хубе барои мусулмонони муосир аст, ки чӣ гуна мешавад як мушкили куҳнаву хеле пурпечутобро на танҳо бо нерӯ, балки бо истифодаи нерӯи воқеӣ ва нерӯи ақлӣ, метавон ҳал кард. 

Барои ҳали як чунин мушкил аз ҳама ҷиҳат бояд омода шуд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ, кадрӣ, иттилоотӣ ва бо истифода аз як қатор таҳкурсиҳои байналмилалӣ барои худ пуштибон пайдо карда, пас аз ин метавон амал кард то ба як бор пирӯзӣ ба даст биёяд ва дигар омилҳои ақибнишинӣ аз байн бираванд! 

Новобаста ба ин, ки нидоҳое барои гунаҳкор кардани Озарбойҷон барои поксозии қавмӣ садо доданд, аммо касе наметавонист исбот кунад, ки Озарбойҷон даст ба хушунат, шиканҷа ва ё қатлу куштору бераҳмӣ задааст. 

Чунки, роҳбарият ва артиши Озарбойҷон тавонистанд хуруҷи муташаккили аҳолии осоиштаро таъмин кунанд. Пулис ба кӯдакон об ва шириниҳо тақсим кард ва рӯзноманигорон бо намояндагони мардум тавонистанд мусоҳиба кунанд. Инчунин Озарбойҷон пешниҳод кард, ки мадуми бумӣ метавонанд бимонанд ва аз кафолати давлати Озарбойҷон бархурдор гарданд. Ва ҳатто раҳбарони ҷудоихоҳонро, ки хуни ҳазорон озарбойҷонӣ бар дасти онҳост, мувофиқи қонун дастгир ва сиҳату саломат ба мардум муаррифӣ карданду тибқи дастурҳои ҷорӣ аз онҳо бозпурсӣ шуд. Ягон ваҳшоният, даҳшатафканӣ, рафтори номуносиб дида намешуд. Ба истисноӣ чанд хабаре, ки тасдиқ ва ё ташхисашон ғайриимкон буд. Ҳатто баъди тирборон шудани мошини вобаста ба Нирӯҳои Сулҳоварӣ русӣ ва куштори нафароне, ки даруни ин мошин буд натавонист он қадар сару садое баланд кунад. 

Барои анҷоми чунин аъмолӣ инсонӣ (ҳарчанд дар ҳолати ҷангӣ ҳам, ки бошад) ки монеъаи ҲАМОС шуд? Чаро бархурдашон ба мардуми оддӣ ваҳшиёна буд?  

Барои ҳамин вокуниши ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба аъмоли ҲАМОС ҳамонгунае ҳаст, ки худи сарбозони ҲАМОС ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд!  

Агар онҳо муносибати дурустро нисбат ба мардуми осоишта ва маҳбусоне, ки ба дасти онҳо афтода буданд, нишон медоданд, вокуниши ҷаҳониён ҳам тағйир мехурд. 

Суоли дигар ин аст, ки чигуна шуд, ки интиқоли ҷасадҳои бараҳна бо мототсиклҳо ва муносибати дағалона бо маҳбусон, махсусан бо занони маҳбус, ба интернет роҳ ёфт? 

Касе агар мегӯяд, ки худдорӣ карда натавонистанд ва дар қиболи хушунат ва таҳқири нерӯҳои амниятии Исроил қасос мегирифтанд, пас аз рӯи ин мантиқ, нерӯҳои Озарбойҷон бояд дар Қаробоғ қатли ом анҷом медоданд, зеро онҳо низ барои интиқом асноди зиёде доштанд. 

Аммо, маҳз дар ҳамин ҳолат фарқи байни қувваи ҷиддии сиёсӣ-ҳарбӣ ва зуроварии парешону беназорат зоҳир мегардад.

Фарқи асосии ин ду амалиёт ҳам дар ҳамин аст, ки Озарбойҷон оқилона таёрӣ дид то биёяду дигар ақибнишинӣ накунад, аммо ҲАМОС бошад дар кутоҳтарин фурсат на танҳо чанд маҳали ишғол кардаашро, балки баъид нест, ки он чиро ки пеш аз ин ҳамлааш дар даст дошт аз даст медиҳад. Ва барои ҳамлаи бесобиқае болои сари мардуми оддӣ барои Исроил имкон фароҳам меорад. 

Таи чанд моҳи ахир наввори Ғаза хеле сабукиҳоро аз тарафи ҳукумати Исроил ба даст оварда буд. Аз қабили ҷои кор ва рафтуоӣ бемамоният барои бештари аҳолӣ. Аммо, пас аз ин ҳамла боз болои сари мардуми оддӣ оташ сарозер шудаву маҳз мардуми оддӣ зери шиканҷаву азоб хоҳад монд.  

Ва ин ҷо қайд бояд кард, ки тайи даҳсолаҳои ахир намунаҳои ҳалли муассири мушкилоти низомию сиёсӣ аз ҷониби туркҳо ва форсҳои шиа хуб ба намоиш гӯзошта шудаанд, вале на аз ҷониби гурӯҳҳои арабӣ. Туркҳо дар давраи ҷанги Кипр, баъдан дар амалиёти Туркия дар Сурия ва Либия ва ниҳоят дар ду ҷанги ахири Қарабоғ. Форсҳо, новобаста аз он ки мусалмонони суннимазҳаб бо онҳо чӣ гуна муносибат доранд, тавонистаанд як давлати ҷиддиеро бо артиш ва хадамоти истихборотӣ ва барномаи атомии худ бунёд кунанд ва тавассути Ҳизбуллоҳ  дар Лубнон ва тавассути намояндаи дигарашон ҲАМОС дар Ғазза, ва дар Ироқу Сурияву Яман ҳам пойгоҳ пайдо кунанд. Ба ин тариқ Туркия ва Эрон, ҳатто онҳоеро, ки бо ин ду муносибати хуб надоранд бо роҳҳое тавонистанд маҷбур созанд то, ки бозиҳои онҳоро қабул кунанд.

Аммо ҳар он чизе, ки бо фаъолияти гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар ҷаҳони араб ё шохаҳои онҳо дар кишварҳои ғайриараб алоқаманд аст, ба шикаст муваҷҷеҳ гаштааст. Натанҳо ба шикаст, балки бар зарари муслимин ва дин. Чунки онҳо асосан аз рӯи принсипи “анҷом додани кори хеле ҷолиб” ва “тамошобоб” амал карда, кушишашон ба сафарбар кардани мусулмонон барои дастгирии онҳо бо эҳсосот, барангехтани вокуниши хушунатомез, аз ҷумла бар зидди аҳолии осоиштаи мусулмон ва баъд аз он коридани кина дар дили ғайримусалмонҳо будаасту халос. 

Мисоли рӯшани ин танденсия дар ҳамлаҳои 11 сентябрии Амрико ва дар пайдоиш ва фаъолияти ДОИШ хеле возеҳ буда бо эҳтимоли зиёд ҳоло дар Фаластин ҳам рӯи кор гирифта хоҳад шуд.

Дар ниҳояти кор роҳҳали мушкилот пайдо хоҳад шуд. Ҳам ҲАМОС ва ҳам Эрон ба таври комил дарк хоҳанд, ки чӣ кор кардаанду мекунанд. Аммо, аз ҳама мушкили нигаронкунанда он аст, ки ҳаводорони унсурии онҳо аз миёни мусалмонони дигар аз рӯи эҳсосот аҳдофи аслии худро фаромӯш кардаву ба ҷони якдигар пардохтаанд ва дигар намедонанд ҳампаймононашон кисту рақибонашон кӣ. 

Ногуфта намонад, Русия яке аз ҳампаймонони ҲАМОС аст, ва банда ҳеҷ қабул карда наметавонам, ки аз ҳампаймонии рус манфиате барои миллати мусалмон бардошта шавад. Боз ҳам Русия хоҳад буд, ки аз ин имконот ба нафъи худаш истифода хоҳад бурд.  

Аз ин рӯ, мутаассифона вокуниши як бахши бузурге аз “тарафдорони Фаластин” тағйир намеёбад, чунки ба эҳсосоташон бозӣ кардаанд ва дар мағзашон гузоштаанд, ки ҳарки “Аллоҳу акбар” бигӯяд ва шиори тамошобобе ба намоиш бигӯзорад онҳо бояд омода бошанд, то аз пушти ӯ биштобанд. 

Ҳар бозиеро ҳақиқат мешуморанд. Ва бе чуну чаро ва тафаккур дар оқубати он ба амал мегӯзаранд. 

То он замоне, ки бархурди мардум аз ҳаводиси рӯзгор танҳо бо роҳи “хайп” на бо истифода аз ақл, балки аз эҳсосот бошад, ҳақиқат пинҳон монда, қурбонӣ зиед хоҳад гашт. 

Бояд қайд кард, ки ин ҳолати психопатологӣ, яъне таъхир дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва рушди эҳсос ба ашхос имконият намедиҳад, ки аз байни ин қадар маълумот таҳлили солиме дошта бошад то манфиати худ ва аъмоли баъдии худро дарк карда тавонад. Онҳо “мухлисона” ба шиорҳои такондиҳанда дода шуда даррав “риёкорон”-у “душманон”-у “дӯстон”-ро тақсимбандӣ мекунанд. 

Воқеан, онҳо дар ҷаҳоне зиндагӣ доранд, ки шабеҳи ҷаҳони кӯдакон аст. Яъне, одамони «хуб» бояд ҳамон гуна фикр кунанд, ки мо фикр мекунем; дар ҳама ҳолат бо онҳо розӣ бошанд ва дар ҳама мушкилот бо онҳо як назар дошта бошанд ва агар ин тавр нест, пас инҳо аллакай гуруҳи «бад»-анд. 

Ин гуруҳ намефаҳманд, ки ҷаҳон печида аст ва ҳампаймонҳо ва ҳамфикрон дар мавзӯоти мухталиф метавонанд фикрҳои мухталиф ва фарқкунанда дошта бошанд ва ба ҷои “лаънат ба онҳо”-е ки то дина “ҳомиён” буданд, фиристодан, хубтар буди омухт, то сабаб ва мантиқи ин ихтилофҳоро дарк кунанд, то дар оянда ба саҳву хатоҳои нав нав гирифтор нашаванд. 

Ва дар ин замина ҳатто ҲАМОС аз дигар гуруҳҳои арабӣ чанд сару зина болотар аст, чунки онҳо манофеъи худро то ҷое метавонанд пайгирӣ кунанд, ва бо касоне иттифоқ мекунанд, ки барояшон судманданд ва ба касоне, ки манфиате барояшон намеоранд назаре ҳам намеандозанд.  

Инаст, ки гуруҳҳое, ки то дина Қафқозу Осиёи Миёнаро бо ёрии Украин “озод” карданӣ буданд, имрӯз доранд ба Украин санг мезананд. Ин мардум оё боварӣ доранд, ки агар ҲАМОС пирӯз шавад ба кумаки онҳо хоҳад шитофт? Ё ҲАМОС баъд аз ин аз манофеъи онҳо дар назди Русияву Эрон ҳимоя хоҳад кард? Албатта, ки не! Боз роҳбарони ҲАМОС ба Кремл хоҳанд омаду дастурро ҳам аз онҳо хоҳанд гирифт, на баръакс! 

Хулоса, ҳамчун мусулмон, мо агар аз ҳуқуқи фаластиниҳо барои таъсиси давлаташон пуштибонӣ мекунем ва дар дифоъ аз муқаддасоти худ - Ал-Ақсо садо баланд мекунем, ин маънои онро надорад, ки мо дӯстони Кремлинро дастгирӣ мекунем. Мо бояд ҳушёр бошем то дар дарки воқеаиятҳо ба хато роҳ надиҳем. 

Ва маҳз ба далели он ки масъалаи Ақсо ва Фаластин кори тамоми уммат аст, на чанде аз гурӯҳҳои сиёҳе, ки аз ҷониби Эрону Руссия дасткорӣ мешаванд ва аҳдофи сиёҳи дигаронро пиёда мекунанд, бояд мо ҳам ба онҳо ҳамроҳ бошем ва аз мантиқу таҳлил кор нагирем, балки ин мафкура дар дарозмудат мушкилоти азими дигаре ба сари ин уммат хоҳад овард. 

Судманд буд, агар аз ақлу мантиқ кор гирифта мешуду ҳадаф аслӣ мебуд, на ин ки аз аҷала ва эҳсосот кор гирифт то боз ҳам ҷойгоҳи ислом ва диндоронро тангтар кунем. 

Бе кумаки нерӯҳои сиёсӣ ва иттилоотӣ, бо танҳо такя ба нерӯи ҳарбӣ ҳалли мқшкилоти пурпечутоби Фаластин ғайриимкон аст. 

 

назарҳо

Хабарҳои бештар аз Ойина