ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН БОРИ ДӮШИ КИСТ: МАРДУМ Ё ҲУКУМАТ?
Оё дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст?

Ойина
2023-09-08 12:24:05Имсол аз Истиқлоли Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мешавад. Истиқлол ё Худсолорӣ аз муҳимтарин арзишҳои сиёсии дунёӣ аст, ки дар тӯли таърих инсонҳо ба таври инфиродӣ, мардум ба таври ҷамъӣ ва миллату кишварҳо дар шакли сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҳатто низомиву низоъҳои мусаллаҳона барои ба даст овардани он мубориза кардаанд. Аммо на ба ҳама миллатҳо ва кишварҳо муяссар шудааст, ки худсолории миллӣ ё давлатии худро ба даст оваранд. Барои мардум ва миллате, ки худсолорӣ насиб шудааст, онҳо дар низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии равобити байналмилал соҳиби мақом, раъй ва обрӯву ҳайсият шудаанд.
Аммо имрӯз дар дунё чӣ басо, мардуму миллатҳое ҳастанд, ки солҳост барои касби истиқлоли сиёсӣ мубориза мебаранд, вале ноком мондаву дастхуши кишварҳое шудаанд, ки таҳти истеъмори онҳо қарор доранд.
Агар собиқаи муборизаву талоши мардуми тоҷикро дар тӯли таърих барои соҳиби давлати худ шудан ё касби истиқлол сарфи назар кунем ва танҳо дар бораи соҳиби истиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳувияти сиёсӣ ҳарф занем, бояд ба чанд нуктаи аслӣ ишорат кард:
- Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924, дар пайи барҳам хӯрдани Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ва сарнагун кардани Аморати Бухоро (1920) аз сӯйи Русияи болшевикӣ ҳамчун Ҷумуҳурии мухтор (автономӣ) дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсисалистии Ӯзбакистон таъсис шудааст;
- Соли 1929 дар пайи талошу муборизаҳои мардуми тоҷик, хусусан бархе чеҳраҳои саршиноси сиёсиву фарҳангӣ ва тағйиёр ёфтани вазъи геополитикӣ дар минтақаи Ҷануби Осиё ва Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тобеъияти Ӯзбакистони шӯравӣ берун шуд ва ҳамчун ҷумҳурии сотсиалистӣ дар ҳайати ИҶШС таъсис ёфт;
- Соли 1991 бар пай фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ кишварҳои узви ин давлати бузург, ки аз шаш як ҳиссаи қаламрави сайёраи заминро дар бар мегирифт, соҳиби истиқлоли сиёсӣ шуданд, ки дар низоми равобити сиёсӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил эътироф шуданд.
Худсолории Тоҷикистон ҳосили ҳамин фурӯпошӣ буд, ки дар 9 сентябри соли 1991 порлумони вақт (Шӯрои Олӣ) Изҳорот “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пазируфт ва ин рӯз расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳатто дар ҳамин “Изҳорот” истиқлоли Тоҷикистон ҳосили барҳам хӯрдани ИҶШС эътироф шудааст: “Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда … мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад”. Албатта, як сол қабл аз ин, Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 1990 аз сӯйи Шӯрои Олӣ пазируфта шуда буд.
Ҳарчанд аз нигоҳи амалӣ, истиқлоли Тоҷикистон натиҷаи аз миён рафтани давлати Шӯравӣ буд, аммо дар поёни солҳои 80-ум мубориза ва талошҳое барои ба даст овардани он дар сатҳи фарҳангиён, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо ҳам сурат гирифта буд, ки баҳси он аз ин навишта ҷудост.
Дар ин матлаб баҳс сари он меравад, ки оё дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст? Оё истиқлоли Тоҷикистон таҳти таҳдидҳо қарор дорад ё не? Мавридҳое, ки истиқлоли Тоҷикистон зери суол қарор гирифтааст. Ва ниҳоятан кафил ва ё замонатдиҳандаи истиқлоли кишвар кист: мардум (халқ) ё ҳукумат?
А). Оё дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст? Аз нигоҳи қонунгузории миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ ва низоми равобити байналмилал Тоҷикистон як кишвари мустақил аст, зеро:
- эъломияи Истиқлоли худро расман ва қонунан эълон карда, соҳиби марзи мушаххаси эътирофшда буда, соҳиби рамзҳои давлатӣ аст ва таҷзияи шохаҳои ҳокимият дар муносибатҳои дохилӣ қонунан сурат гирифтааст;
- аз сӯйи тамоми кишварҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ истиқлоли давлатии он эътироф шуда, ҳеч кишваре сари соҳибихтиёрии Тоҷикистон эътироз, даъво ва шакк надорад;
- субъекти мустақили равобити байналмилал, ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дар асоси манфиатҳои миллияш сиёсати хориҷии худро роҳандозӣ намуда, дар кишварҳои гуногун сафоратхонаҳо боз карда, дар бузургтарин созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ дорад.
Яъне аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва қонунӣ истиқлоли Тоҷикистон кӯчактарин мушкил надорад, вале оё аз нигоҳи сиёсӣ истиқлоли Тоҷикистон ҳамеша таъмин аст?
Ҷойи пинҳон нест, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои шарики стратегии Русия буда, таҳти нуфузи сиёсии ин кишвари абарқудрат қарор дорад. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ё низоми имрӯзӣ, яъне ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон таҳти ҳимояти Русия ва Ӯзбакистон дар соли 1992 ташкил шудааст. Дар солҳои гуногун Русия ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонии сиёсӣ, низомӣ ва моливу иқтисодӣ мекарду мекунад. То кунун ин вобастагӣ дар шаклҳои гуногун ҳифз шудааст ва Русия ҳукумати Тоҷикистонро дар равобити пушти пардаи худ, як ҳукумати дастнишондаи худ медонад.То соли 2005 марзи Тоҷикистон, ки яке аз унсурҳои муҳими истиқлоли як давлат ва қаламрави номуси сиёсиву ҳуқуқии як кишвар аст, аз сӯйи неруҳои марзбонии Русия (марзҳои ҷанбу шарқии Тоҷикистон дар хатти марзи давлатӣ бо Афғонистон ва Чину Қирғизистон) бонӣ мешуд. То кунун дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия берун аз хоки худаш вуҷуд дорад ва ҳамчунин чандин объектҳои низомиву ниманизомии ошкору пинҳони Русия дар хоки Тоҷикистон мавҷуданд.
Гузашта аз ин Тоҷикистон дар қаламрави геополитикии Русия (ҳамчун мероси Шӯравӣ) қарор дорад ва сиёсати хориҷии худро дар чаҳорчӯби ҳамин қаламрави геополитикӣ танзим кардааст ва талоше барои берун рафтан аз ин қаламравро надорад ва зоҳиран барои ҳукумати феълӣ, ҳамин фазо ва қаламрав қобили қабул аст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон лашкари наздик ба ду миллиённафараи муҳоҷирони корӣ дар Русияро дорад, ки ба эътирофи бузургтарин ниҳодҳои иқтисодии дунё чархаи аслии иқтисоди кишварро гардон мекунанд ва иқтисоди давлат ба ҳадди зиёде ба ин муҳоҷирон вобаста аст. Русия дар мавридҳои гуногун ин муҳоҷиронро ҳамчун омили фишор бар Тоҷикистон истифода кардаасту мекунад.Ин ва дигар воқеиятҳо вобастагии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро аз Русия зиёд кардааст. Хусусан масъалаи асосии низом, бақои қудрати сиёсӣ ва ё интиқоли қудрат дар Тоҷикистон то ҳадди зиёде ба тавофуқи назари Русия марбут мешавад ва дар муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар ин амр яке аз меҳварҳои асосӣ аст.
Албатта дар низоми равобити байналмилал тақрибан ин таҷриба пазируфташуда аст, ки кишварҳои хурдтар дар як минтақаи геополитикӣ бар асоси манофеи миллии худ бар пояи шарикии стратегӣ ва ё тавофуқоти ғайрирасмӣ таҳти нуфузи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Миёни Тоҷикистон ва Русия низ ҳамин “барномаи тавофуқӣ” пазируфта шудааст.
Б). Оё ба истиқлоли Тоҷикистон хатаре таҳдид мекунад ё не? Дар дунё кишваре нест, ки ба истиқлол ва ё манофеи миллии он хатаре таҳдид накунад. Ҳатто ба бузургтарин кишварҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои абарқудрат низ хатарҳои зиёде таҳдид мекунад. Амрико, Иттиҳодияи Урупо ва Русия дар асри гузашта ва қарни ҳозир бо баҳонаи хатарҳо ба амният ва истиқлолашон ба кишварҳои зиёде лашкар кашида ва муҷиби ҷангҳои хонумонсӯзе дар сар то сари дунё шудаанд. Намунаи охирини он ҷанги Русия дар Укроина аст, ки Путин онро амалиёти вижаи низомӣ медонад.
Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷаҳони сеюм ё кишвари рӯ ба рушд, ҳамеша таҳти таъсири омилҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ қарор дорад ва вобастагиҳои зиёде ба ин омилҳо дорад. Ҳамеша хатарҳо ба истиқлоли як кишвар ду дастаанд: дохилӣ ва хориҷӣ. Ин ҷо аз таснифи илмиву стандартии ин хатарҳо сарфи назар карда, ба муҳимтарин хатарҳои воқеӣ ба истиқлоли кишвар ишора мекунем:
Хатарҳои дохилӣ.
Хатару омилҳои дохилие, ки ба истиқлоли як давлат таҳдид мекунанд, бештар ҳамчун таҳдид ба ҳукумат ё низоме, ки сари қудрат аст дониста мешаванд. Аммо дар сурати истифода кардани кишварҳои хориҷӣ аз ин омилҳо ва ё контрол кардани онҳо аз сӯйи кишварҳову гурӯҳҳои манфиатдори берунӣ, метавонанд ба хатарҳо ба истиқлоли кишвар табдил ёбанд. Пеш аз ҳама хатарҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, риоя нашудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон, риоя нашудани замонату кафолатҳои Қонуни Асосӣ (Конститутсия), аз ҷумла дар бораи интиқоли мусолиматомези қудрат, муборизаи қонунии сиёсӣ ва барои қудрат ва бо баҳонатаришиҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дароз кардани умри сиёсӣ ё қудрат дар дасти як нафар ё як гуруҳи маҳдуд. Ин бузургтарин таҳдид ба истиқлоли Тоҷикистон аст, ки мутаассифона ин таҳдид рӯз то рӯз ба хатар табдил меёбад. Масъалаи дигар мустақил набудани шохаҳои ҳокимият ва дар ин замина таъмин нагардидани адолати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва додгоҳиву иҷтимоӣ дар кишвар аст. Поймол шудани адолати иҷтимоӣ, яке аз хатарҳои бузург ба субот ва амнияти ҳар давлат аст, ки саранҷом сабаби таркишҳои иҷтимоӣ ва эътирозу додхоҳиҳо мешавад. Сатҳи пасти маориф ва иқтисоди давлат, ки вобастагии давлатро ба кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ зиёд мекунад ва ин вобастагиҳо дар ниҳоят ба омилҳои фишанги фишор табдил мешаванд. Дараҷаи баланди фасод, ки Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои фасодзадаи олам қарор дорад, яке аз хатарҳоест, ки далели аслии поймол шудани адолат ва зиёд шудани норизоятиҳои иҷтимоӣ мешавад. Аммо хатари аз ҳама асосӣ масъалаи қудрати сиёсӣ ва ё инҳисори он аст, ки ҳамеша хатарзо аст;
Хатарҳои берунӣ.
Хатарҳои берунӣ ҳам ду дастаанд. Яке хатарҳои умумиҷаҳонӣ ё умуминтақавӣ, ки тақрибан ба ҳамаи кишварҳо таҳдид мекунанд, мебошанд. Аз ҷумла терроризм, экстремизм, хатарҳои биологӣ ва экологӣ (вирусҳо, гармшавии иқлим, кам шудани захираҳои обӣ, фоҷиаҳои экологӣ ва табиӣ), ҷиноятҳои сайберӣ дар пайи рушди Интрент ва иқтисоди рақамӣ. Аз нигоҳи ин хатарҳо Тоҷикистон яке аз кишварҳои хеле осебпазир аст. Дигар, хатарҳои мушаххасеанд, ки дар муносибатҳои байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ё гурӯҳҳои мушаххаси ҷинойии фаромиллӣ ҷой доранд.
Хатрҳои арзиву марзӣ, аз ҷумла баҳсҳои зиёди Тоҷикистон бо Узбакистону Қирғизистон ва Чин. Имрӯз ҳарчанд Тоҷикистон баҳси марзиро бо Узбакистон расман пушти сар гузошт, вале дар ҳар замоне дубора сар задани баҳсҳои арзӣ (территориальный) миёни ду кишвар имкон дорад. Омилҳои гуногун сабаби ин мешавад, аз ҷумла омилҳои таърихиву фарҳангӣ ё тағйир ёфтани геополитикаи минтақа.
Баҳс ва низоъи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо баҳси марзӣ нест, балки Тоҷикистон бо ин кишвар баҳси арзӣ низ дорад ва ҳудудҳоеро, ки аз замони шӯравӣ ва ҳатто дар даврони соҳибистиқлолӣ бар асоси созишномаҳо ва тавофуқҳои байнидавлатӣ ба иҷора додааст, мехоҳад баргардонад.
Тоҷикистон дар ду давра, солҳои 1999 ва 2011 бахше аз ҳудуди худро дар ихтиёри Чин гузошт. Яъне Тоҷикистон 1 ҳазору 158 км мураббаъ аз ҳудуди худро ба Чин дод. Аммо ин ҳамагӣ 5,5% аз ҳудудест, ки Чин бар сари он даъво дошту дорад. Ҳарчанд бар асоси созишномаи соли 2011, Тоҷикистон идао кард, ки бо ҳамин дигар Чин ба Тоҷикистон даъвои арзӣ надорад. Аммо он чӣ дар ин доду ситад доғу хатарзо аст, сарфи назар шудани раванди қонунии он аст. Яъне ҳукумати Тоҷикистон ва порлумони кишвар ҳаққи ҳадяи қаламрави кишварро надоштанд. Зеро мувофиқи қонунгузорӣ, аз ҷумла моддаи 100 Қонуни Асосӣ “Шакли идораи ҷумҳурӣ, ТАМОМИЯТИ АРЗӢ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд”. Аммо тавре дида мешавад, дар ин доду ситади арзиву марзӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон халадор шуд ва тағйир пазируфт. Ҳол он ки, барои ин кор бояд марҳилаҳои гуногуни қонунӣ, аз ҷумла ризояти маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирифт. Баҳси ин муомилаи арзӣ дар ҳар замоне метавонад доғ шавад ва хатарҳоеро эҷод кунад.
Гузашта аз ин қарздории зиёди Тоҷикистон аз Чин (қарзи давлатӣ)-ро мешавад ҳамчун хатаре ба амнияти иқтисодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Тоҷикистон номид. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон таҷрибаи талхи ин ин муомилаи иқтисодиро дорад, ки пас аз муомилаи арзии соли 2001 Чин қисме аз қарзҳои Тоҷикистонро бахшид.
Аз ҷумлаи хатарҳое, ки бисёр пайомади баде барои Тоҷикистон дорад, вазъи Афғонистон, ҳукумат ва афкори толибониву террористӣ ва паноҳ ёфтани гурӯҳҳои бузурги ифротиву террористӣ дар ин кишвар аст, ки миёнашон зодагони Тоҷикистон кам нестанд. Ҳам гурӯҳи Толибон, ки ҳоло қудрати сиёсиро дар Афғонистон ба даст овардаанд дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешаванд ва ҳам гуруҳҳои дигари ифротие, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба онҳо паноҳ бурдаанд. Ин гурӯҳҳо борҳо ба ҳукумати расмии Тоҷикистон ҳушдорҳо додаву таблиғоти расонаӣ мебаранд. Ҳатто чанд рӯз пеш мақомоти амниятии Тоҷикистон се тан аз аъзои ҳаракати террористии “Ансоруллоҳ”-ро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар Дарвоз дар як амалиёт аз миён бардоштанд, ки барои анҷом додани амалиётҳои террористӣ дар пошерӯйи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон омодагӣ медиданд.
Албатта, будани пойгоҳ ва дигар таъсисоти низомиии як кишвар дар кишвари дигар ҳамеша таҳдиде ба амнияту субот ва истиқлоли ҳамон кишвар дониста мешавад. Аз ҷумла вуҷуди пойгоҳи низомии Русия ва муассисаҳои дигари низомии он яке аз омилҳои таҳдид болои Тоҷикистон аст. Хусусан Русия барои ҳузури пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистон ба таври рамзӣ ҳамагӣ як доллар мепардозад. Дар ҳоле, ки кишварҳо барои ҳузури пойгоҳҳои низомии худ дар кишварҳои дигар маблағҳои ҳангуфте мепардозанд. Аз ҷумла ҳамин Русия. Ин ҳам дар ҳоле, ки имрӯз Русия дар муқобили ниме аз кишварҳои дунё қарор гирифтааст ва хатари ин пойгоҳ ва таъсисоти низомӣ бештар мешавад.
Мавридҳое, ки истиқлоли Тоҷикистон зери суол қарор гирифтааст. Яке аз баҳсҳои доғ дар мавриди истиқлоли Тоҷикистон наҳваи ташкил шудани ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст. Ташкили ин ҳукуматро дар ноябри соли 1992 самараи пуштибонии Русия ва Ӯзбакистони каримовӣ медонанд, ки дар давоми 5 соли дигар то соли 1997 ин гурӯҳи ба ҳукуматрасидаро ин ду кишвар тамвил карданд, ки дар муқобили неруҳои мухолифин ҷангиданд ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон то июни 1997 давом кард ва танҳо талафотии ҷонӣ дар он 150 ҳазор тан дониста мешавад.
Аз замони соҳибистиқлолӣ то кунун мавридҳои зиёде шуда, ки таҳдидҳои ошкор ба соҳибихтиёрии кишвар сурат гирифта. Аз ҷумла, дар солҳои 90-ум талошҳо (талошҳои расмӣ) дар шимоли Тоҷикистон барои пайвастан ба Ӯзбакистон, ҳамлаи сарҳанги Шӯришгари Тоҷикистон Маҳмуд Худоёбердиев дар соли 1998 ба вилояти Суғд (он замон Ленинобод), ки дар зарфи чанд соати аввал ин вилоятро суқут дода буд, ки баъдан неруҳои Тоҷикистон муштаракан бо неруҳои мухолифин, ки пас аз тавофуқи сулҳ тоза ба Душанбе баргашта буданд, ба ин ҳамла посух доданд ва вилояти Суғдро дубора ба ихтиёри мақомоти кишвар баргардониданд. Маҳмуд Худойбердиев аз хоки Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ҳамла карда буд, ки ҳукумати кишвар дар ҳамдастӣ бо ӯ чеҳраҳои мухолифи сиёсии дигар, аз ҷумла Абдумалик Абдуллоҷоновро низ гунаҳкор мекард.
Соли 2011 қазияи халабонҳои ширкати русии “Rolkan Investments LTD”, ки ба Афғонистон маҳсулоти хӯрокӣ ва ёриҳои башардӯстонаро мекашониданд, баъди тамом шудани муҳлати шартномаашон бояд қароргоҳашон дар Афғонистонро тарк мекарданд. Онҳо гӯё иҷозаи лафзӣ барои нишаст дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари Тоҷикистонро ба даст оварда буданд, аммо баъдан, вақте вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон шуданд, мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи нишастро надод, вале сарфи назар аз ин, ин ду ҳавопаймо дар Бохтар нишаст карданд. Мақомоти Тоҷикистон ба далели нақзи ғайриқонунии ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ин ду ҳавопайморо мусодира кард ва халабонҳои онҳоро ба додгоҳ кашид ва барои 8,5-солӣ зиндонӣ кард. Аммо баъдтар ҳукумати Тоҷикистон зери фишори бепешинаи Русия бар хилофи қарори додгоҳ ин ду халабонро раҳо кард. Он замон Русия ин қазияро “дорои ангезаи сиёсӣ” аз сӯйи Тоҷикистон номид. Ҳатто порлумони Русия озодии ин халабонҳоро дар як ҷаласаи худ аз Тоҷкистон талаб карда буд. Бар пайи ин қазия, Русия ба боздошт ва ихроҷҳои гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик даст зад, ки Душанберо нигарон карда буд ва маҷбур кард, ки зери фишор қарори додгоҳро тағйир диҳанду аз иддаоҳои худ даст кашад. Ин яке аз намунаҳои ошкори зери таъсири фишорҳои Русия тағйир ёфтани қарору тасмимҳо дар Тоҷикистон аст, ки мавридҳои пинҳон ва ғайрирасмии ин гуна қазияҳо зиёд аст. Аз ҷумла ба таври расмиву ғайрирасмӣ ҳамеша дар Тоҷикистон ҳарф аз ин аст, ки бар ивази дар қудрат боқӣ мондани ҳукумати кунунӣ, манофеи миллӣ дар муомилаҳои ошкору ниҳоне бо Русия қарор мегиранд, ки ин замонатҳои конститутсионии соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёриро зери савол мегузорад. Ҳатто интиқоди бепешинаи Эмомалӣ Раҳмон аз Русия дар ҳузури Путин дар Остона (октябри соли 1922)-ро мешавад ба идомаи талоҳо барои ин муомила рабт дод.
Кафил ва ё замонатдиҳандаи истиқлоли кишвар кист: мардум (халқ) ё ҳукумат?
Бар асоси Қонуни Асосӣ дар Тоҷикистон “сарчашмаи ҳокмият” (қудрати сиёсӣ) ва “баёнгари соҳибихтиёрӣ” мардум (халқ) дониста мешаванд. Яъне Тоҷикистон як кишвари демкоратист, ки ҳукумат ё низоми сиёсӣ машруъияти худро аз мардум мегирад ва низом бар асоси интихобот ва иродаи халқ ташкил мешавад. Аммо дар амалияи сиёсии Тоҷикистон, иродаи халқ ва машруъияти низом бештар зеби қонуну коғазҳо буда, арзишҳои асосии низоми демкоратӣ таҳти савол қарор гирифта, истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвар ба ирода ва тасмими мардум камтар вобаста буда, балки дар гарави умру бақои ҳукумати кунунӣ афтодааст. Яъне, бо пушти по задани Қонуни Асосӣ, вайрон кардани принсипҳои муборизаи сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат, фалаҷ шудани шохаҳои ҳокимият ва бештар қолабӣ амал кардани онҳо, ба бозӣ гирифтани қонунгузории кишвар, инҳисорӣ шудани иқтисод ва сатҳи баланди фасоду маҳалгаройии сиёсӣ, амнияту суботи кишвар таҳти хатарҳои воқеӣ қарор гирифта, нақши мардум дар мақоми замонатдиҳандаи истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба сифр баробар шуда, хатари ба омили зиддисубот табдил шудани гуруҳҳои манфиатдори ҳокимро зиёдтар карда истодааст. Яъне, масъулияти амалии мардум барои ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ аз миён рафта истодааст ва бо роҳандозии иқдомҳои ғайриқонуниву сиёсӣ ҳукумат истиқлолро бештар бори дӯши худ кардааст, сол то сол ҳимояти мардумии низом камранг мешавад.
Ин авомил ва далелҳои зиёди дигар, баёнгари онанд, ки сарфи назар аз таҷлилҳои пурмасрафи миллиёнӣ аз Рӯзи Истиқлол ва оростани ҷашнҳои пурдабабаву шиорҳои заминиву осмонӣ, субот ва амнияти кишвар ва соҳибихтиёриву истиқлоли он таҳти хатарҳои воқеие қарор дорад.
(Искандари Карим, коршиноси масоили сиёсӣ)