Shinosnomai rusi

Ҳама ба Русия: Сатҳинигарӣ ба «кризис»-и кадрӣ дар Тоҷикистон 

Раиси нави Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар тозатарин суханронияш тайи нишасти ин ниҳоди муҳими кишвар иддао кардааст, ки гирифтани шаҳрвандии Русия барои тоҷикон оқибати ногувор надорад. 

Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ин бора гуфтааст, пазириши шаҳрвандии Русия аз сӯйи тоҷикистониҳо наметавонад ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсир расонад ва ин тамоюл барои ояндаи Тоҷикистон пайомади ногуворе надорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш мақомот аз норасоии кадр мегуфтанд. Гуфта мешавад, норасоии кадрӣ дар бахши маорифу тандурустӣ бо сабаби муҳоҷирати муаллимону пизишкони тоҷик ба Русия ба вуҷуд омадааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар соҳаи маориф 3400 омӯзгор, дар соҳаи тандурустӣ 2960 табиб ва 1340 парастор намерасад. Масъулони Вазорати тандурустӣ ҳам дар нишасти ахири матбуотӣ сабаби норасоии кадрӣ дар соҳаи тандурустиро ба муҳоҷирати корӣ рафтани кадрҳо унвон карданд. Вақте ки норасоии кадр дар бахши тандурустӣ вуҷуд дорад, ба инмаънист, ки солимии ҷомеа дар хатар аст. Зимнан ин суол матраҳ мешавад, ки оё саломати ҷомеа аҳамият надорад ва пайомадаш барои миллат ногувор нест? 

Доктор Абдуллоҳ Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия муътақид аст, ки сабаби муҳоҷират кардан ва рафтани пизишкон аз Тоҷикистон дар он нест, ки дар дигар кишварҳо вазъият беҳтар аст, балки ҳиҷрати онҳо муҳайё набудани шароит дар кишвар будааст. Ӯ дар як ёддоште афзуд: “Агар ба бозор равед, ҳеҷ кас маҳсулоташро бепул намедиҳад. Маҳсули доштаи духтур ҳамин донишу касбияташ аст ва чаро ӯ ба касе маҳсулоташро ройгон диҳад? Агар пизишк дар дармонгоҳ ё дигар муассисаи давлатӣ фаъолият дорад, пас муҳтоҷони муроҷиаткарда бояд аз давлат талаб кунанд, ки аз андозу даромади гумрукиву фурӯши молҳои кишвар ба қадри кофӣ барои кормандони соҳаи тиб маблағ пардохт кунанд, то онҳо тавонанд чашмашонро аз кисаи бемор бардоранд ва ба ӯ чун ба инсон нигоҳ кунанд», - афзуд ӯ.

Оби дари хона лой ё чаро заминаи ба муҳоҷират рафтани муаллимонамонро фароҳам мекунем, аммо аз Русия муаллим даъват мекунем?

Дар асл мавзуи муҳоҷирати муаллимон ба Русия ва норасоии кадр дар муассисаҳои омӯзишии Тоҷикистон ҳамҳарфи нав нест. Дар ин бора борҳо худи масъулон изҳори назар ва нигаронӣ кардаанд. Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири собиқи маориф ва илми Тоҷикистон дар изҳороти ахираш иддао карда буд, ки “аз рафтани муаллимон ба муҳоҷират фоҷеа насозед”. Ба андешаи Имомзода, рафтани муаллимон ба муҳоҷират як амри табиӣ аст, аммо «ин амри табиӣ» боиси таътилии даҳҳо фан дар мактабҳо ва маҳрум мондани донишомӯзон аз донишҳои поя ва муҳим гаштаву сафи талабаҳои муҳоҷирро аз паси муаллимони муҳоҷир афзоиш додааст. Ин суол аз муҳтарам Усмонзода пурсида мешавад, ки бе омӯзгор мондани мактабҳо, аз савод дур шудани донишомӯзон ҳам ба бахши маориф паоймади ногувор нахоҳад дошт ва муҳоҷират кардани омӯзгору донишомӯз ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бетаъсир аст? 

Соҳибназарон муътақиданд, маҳрум кардани ҷомеа аз маорифу дониш тарвиҷи бесаводӣ ва манқурт кардани ҷомеа аст, аммо “пайомади ногувор нахоҳад дошт” гуфтан дар чунин маврид сатҳинигарӣ ва камаҳамият ҷилва додани мавзуъ аст. Дар нигоҳи жарфтар, агар ҷомеа манқурт шуд, тани беҷон ё мурда аст ва амалан ҳукмаш баробар бо қатли ом аст.    

Холназар  Муҳаббатов, доктори илмҳои ҷуғрофӣ бар ин назар аст, ки ҷомеаро илм ва олими асил пеш мебарад. Вай дар як матлабе дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар бораи ҷойгоҳи илму маориф ва заҳамоти анҷомшуда барои маҳви бесаводӣ дар даврони шӯравӣ навиштааст: «Пешравии соҳаҳои саноату иқтисодиёт ва илму фарҳанги Тоҷикистон бо замони шӯравӣ алоқаманд аст. Шиори асосии он давра дар радифи баробарҳуқуқии миллатҳо маҳви бесаводӣ ва омӯзиши илму ҳунар буд. Солҳои 20-уми садаи гузашта барои маҳви бесаводӣ аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Панҷакенту Хуҷанд омӯзгоронро ба дуртарин ноҳияҳои кӯҳистон сафарбар намуданд. Азбаски шароити иқтисодии мамлакат ниҳоят вазнин буд, ҳукумат омӯзгоронро  дар деҳаҳои дурдаст бо хонаву ҷои хоб таъмин менамуд ва китобу дафтару  қаламро, ки камёб буд,  ба мактаббачагон ройгон мебахшид. Он солҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон  хонаҳои кӯдакон  ва интернатҳо таъсис ёфтанд». 

Ин олими тоҷик ҳамчунин дар матлаби худ аз камтаваҷҷуҳӣ ба ин бахш дар замони пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ва оқибатҳои ҷуброннопазири он чунин нигоштааст: “... дар Туркманистон  Сапармурод Туркманбошӣ Академияи илмҳоро барҳам зад. Сарвари нави Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов Академияи илмҳои Туркманистонро аз нав эҳё намуд. Соли гузашта дар як ҳамойиши  илмӣ  дар Киев бо А.Бобоев, собиқ президенти Академияи илмҳои Туркманистон ва директори Институти биёбон, ҳамсуҳбат будам. Вай ёдовар шуд, ки баъди амали ғайриқонунии Туркманбошӣ беҳтарин олимон мамлакатро тарк намуданд. Ҳоло ҳукумати нави Туркманистон маблағи зиёд ва тамоми шароитро барои таъсиси Академияи илмҳо муҳайё намудааст, вале барқарор намудани нерӯи илмии пешина дар гумон аст”.

Ба навиштаи ӯ, “… айни замон бисёр олимони тоҷик дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Воронеж, Уляновск, Новосибирск ва давлатҳои дигар  кор карда, эътибори баланд доранд. Яъне барои онҳо дар он кишварҳо шароити зарурӣ муҳайё намудаанд. Вале дар Академияи илмҳои Тоҷикистон барои як корманди илмӣ дар як сол ҳамагӣ дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ маблағ ҷудо  мешавад, ки ин нишондиҳанда дар Русия 20 ҳазор доллар ва дар давлатҳои Аврупову  ИМА аз 150 то 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Заминаи ҳама гуна кашфиёти бузург илмҳои бунёдист ва зарур аст, ки нерӯҳои зеҳниро дар ҳамин ришта сарҷамъ созем. Мутаассифона, падидаи ба майдони илм сар даровардани як гурӯҳи бесаводон олимони мамлакатро ба ташвиш овардааст. Ин гурӯҳ бо макру фиреб ва ришваву фасод соҳиби унвонҳои илмӣ мегарданд. Ҳатто иддае аз кормандони вазорату муассисаҳо низ бо ҳамин роҳ соҳиби унвонҳои илмӣ мешаванд. Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти мамлакат, ба ин масъала ишора намуда, ин  "соҳибунвон"-ҳоро зери танқид гирифт».

Кишварҳои хориҷӣ дар ҳоле кадрҳои соҳибтахассуси моро бо додани имтиёз ва шеваҳои дигари ҳавасмангардонӣ ҷазб мекунанд, ки масъулони мо на танҳо ба кадри дохилӣ имтиёз пешниҳод намекунанд, балки бо камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангорӣ боиси “фирори мағзҳо” мешаванд. Дар иваз масъулон бо хунукназарие, ки нисбат ба кадрҳои дохилӣ доштаанд, бо харҷи чанд баробар бештар дар солҳои охир талош кардаанд, аз Русия барои мактабҳои Тоҷикистон омӯзгор ҷазб кунанд. Дар сурате ки бо як севуми ҳамин харҷҳо ё 50 дарсад харҷ метавонистанд кадрҳои дохилиро ба кор ҷалб кунанд ва аз муҳоҷир шудани муаллимони тоҷику хонаводаҳои онон ҷилавгирӣ кунанд. 

Устову коргар дар Русия, муаллим дар Русия, пизишкдар Русия, мо дунболи муаллиму табибу усто дар Тоҷикистон мегардем.   

Ба тозагӣ як ошно шикоят кард, ки аксари устоҳову бинокорон имсол, баъди паси сар кардани як давраи дусолаи пандемияи корона ба Русия шитофтанду феълан пайдо кардани устои бинокор дар минтақаи онҳо мушкил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар маҳалли онҳо ин қабил афродро ба сахтӣ метавон пайдо кард. Ӯ илова кард: «Он ҳам баъди навбатпоӣ ва бо бардоштани нозунузи устоҳо, нафареро киро кардам, ки кори сохтусози манзили шахсиро анҷом диҳам. Имсол ҳамаи устоҳо ба Русия шитофтанд ва дар маҳаллаи мо усто пайдо намешавад, ки кори сохтмонро анҷом диҳам. Аз маҳаллаҳои дигар усто овардан харҷи иловагӣ дорад ва масъалаи ҷойи хоби устоҳо проблема аст. Ман фикр намекардам, ки дар Тоҷикистон «кризиси усто» -и бинокор пеш ояд».

Ин ҳам аз далели ба қавли Усмонзода, «бетаъсир» будани муҳоҷиратҳои дастаҷамъии тоҷикистониҳо ба Русия, афзоиши пазириши шаҳрвандии Русия аз тарафи тоҷикон ва муҳоҷирати мавсимии нерӯи кории Тоҷикистон ба хориҷ будааст.           

Шаҳрвандони Тоҷикистона аз рӯи теъдоди афроде, ки дар нимаи аввали соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтанд, пас аз Украина дар ҷои дувум қарор доранд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Ин омор дар як шабонарӯз ҳудуди 410 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қариб 287,5 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Аз ин шумор 204 ҳазору 820 нафар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.

Теъдоди 104 ҳазору 168 нафаре, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, шаҳрвандони Украина буда, дар гирифтани шаҳрвандии Русия дар мақоми аввал қарор доранд.  Дар ҷои дуюм шаҳрвандони  Тоҷикистон қарор доранд.

Муҳоҷирати дастаҷамъӣ, муҳоҷирати муаллимон, афзоиши гирифтани шаҳрвандии Русия миёни тоҷикон ва оморҳои дигари нигаронкунанда дар ҳоле ироа мешавад, ки ба назар мерасад, ин оморҳо мижаи масъулони баландпояи Тоҷикистон, назири Хайриддин Усмонзода, стратеги шумораи якро хам намекунанд ва боиси ташвиш ҳам нестанд. Дар ин миён сухан яке ва мавзуъ муштарак аст, аммо тарозӯе ки сухан, дард, нигарониҳо ва оянданигариҳоро бармекашад, мутафовит аст.