Князев александр
Александр Князев: "Толибон" Осиёи Марказиро таҳдид намекунанд

Бо бар сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон нигарониҳои мақомоти Тоҷикистон дар хусуси таҳдидҳои ношӣ аз ин ҳамсоякишвар ба хокӣ мо бештар шуданд.

 Ҳатто дар дидори сарони кишварҳои узви СПАД дар зимни таҷлил аз таҷлили 30-солагии Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ дар моҳи майи имсол низ болои ин таҳдидҳо таъкид шуд ва ҳоло ҳам нигарониҳои мақомоти кишвар ба ҳар шевае изҳор мешаванд, ки далели ахир суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо руасои ҷамоҳири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин авомил “Ойина” тасмим гирифт, дар хусуси зарфиятҳои СПАД, таҳдиду чолишҳои рӯ ба рӯи кишварҳои узви ин созмон бо Алексадр Князев, доктори илми таърих ва профессори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, огоҳи масоили Афғонистон ва коршиноси умури сиёсӣ мусоҳибаеро анҷом диҳад.

Аз табдили ҳукумат дар Афғонистон ба ин сӯ дар дидорҳои мақомоти кишварҳои узви СПАД болои афзоиши таҳдидҳо ба кишварҳои узви ин созмон, бахусус кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ таъкидҳои зиёде шуда. Аммо тавзеҳи ончуноние дар ин замина ироа нашуд, бо таваҷҷуҳ ба ин мехостем назари Шуморо дар ин хусус дошта бошем, ки мизони ин таҳдидҳо чӣ гуна метавонад бошад ва кӣ метавонад ба гунаи авомили ин таҳдидҳо амал кунад?

Созмони Паймони Амниятӣ Дастаҷамъӣ созмонест, ки ҳадафи он мушаххас кардани таҳдидҳои хориҷӣва пешгирӣ аз ин таҳдидҳо алайҳи кишарҳои узв аст. Таҳдиди аслии амният ва субот дар дохили ҳар як кишвар ё дар миёни равобити дуҷонибаи ҷамоҳири узв нуҳуфтааст. Барои мисол, чунин таҳдид дар миёни равобити Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад. 

Барои ҳамин дар доираи СПАД кулли таҳдидҳои мавҷуд баррасӣ намешаванд, дар ҳоле ки чанде аз аъзо алайҳи ширкати ин созмон дар ҳалли ин ё он низоъ дар миёни кишварҳои узв ҳастанд, ҳамчунин дар масъалаи ҳалли низои марзии Тоҷикисту Қирғизистон низ. 

Таҳдидҳои хориҷӣ дар ҳоли ҳозир ба бозигарони хориҷӣ муртабит ҳастанд: мо инро дар мисоли воқеоти январии Қазоқистон ва ҳаводиси охири моҳи июну аввали июли Ӯзбакистон, дар Қарақалпоқистон мушоҳида кардем. Дар ҳаводиси Қазоқистон СПАД кумак кард. Ӯзбекистон бошад, узви ин созмон нест, аммо бо Русия созишномаи дуҷониба дар бораи равобити иттифоқӣ дорад. Ба ҳар ҳол ин кишвар ба кумаки хориҷӣ муҳтоҷ нашуд. 

СПАД дар чаҳорчӯби аҳдофи оинномаии худ ба таҳдидҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ахиран феҳрасти анъанавии таҳдидҳои СПАД зарурати амнияти иттилоотиро низ шомил шуд, ки аз авомили мавриди таваҷҷуҳи ин созмон ба ҳисоб меравад. 

"Ойина": Маъмулан ин таҳдидҳо бо таваҷҷуҳ ба вазъ дар Афғонистон матраҳ мешаванд, вале мебинем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбакистону Туркманистон ва то ҷое Тоҷикистону Қирғизистон низ риштаҳои ҳамкорӣ бо Афғонистонро ҳифз кардаанд. Пас дар ин сурат ҳам “Толибон” метавонад барои ин кишварҳо, ки амалан зери ҳимояти амниятии Русия низ ҳастанд, таҳдиде бошад?

Александр Князев: “Толибон” Осиёи Марказиро таҳдид намекунад. Таҳдидҳои пайванд бо Афғонистон аз сӯйи «Толибон»-е, ки акнун ҳудуди як сол дар Афғонистон дар қудрат аст, эҷод намешаванд. Таҳдидҳо бар мабнои адами муассисаҳои муассири давлатӣ (то зуҳури Ҳаракати “Толибон”)-и қодир ба контрол ва қатъи фаъолияти тавлидкунандагони маводи мухаддир ва ҳамчунин гурӯҳҳои хориҷии ифротию террористӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳол он ки бо сари қудрат омадани Афғонистон сатҳи куллии амният дар ин кишвар чанд баробар афзоиш ёфт. “Толибон” ҳанӯз қабл аз сари қудрат омадан ягона нерӯе дар Афғонистон буд, ки алайҳи “Давлати исломӣ” мубориза мебурд. Ҳич ҳамкории воқеӣ бо ҳукумати феълии Афғонистон ва ба ҷуз аз “Толибон” дигар нерӯи сиёсии қодир ба пешгирӣ аз ташдиди ҷанг дар ин кишвар вуҷуд надорад, бинобар ин ин гуна ҳамкориро на танҳо Ӯзбекистону Туркманистон тавсеа медиҳанд, балки Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳинд, Туркия ва баъзе аз кишварҳои арабӣ низ аз ин раҳгузар мераванд. Ин танҳо роҳи расидан ба таҳкими вазъи ҳам амниятӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ дар Афғонистон аст. Агар бо ҳукумате, ки аллакай ҳудуди як сол аст, ин кишварро идора мекунад, ҳамкорӣ накунанд, бо кӣ ҳамкорӣ кардан мумкин аст?...  

"Ойина": Бештар аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз қабл аз он ки “Толибон” сари қудрат биёяд, Ӯзбакистон таваҷҷуҳ ба ҳамкорӣ бо Афғонистон дошт. Ва ҳоло ҳам, ки “Толибон” дар қудрат аст, Тошканд эълон кард, дар ҳоли такмилу бозсозии фурудгоҳи шаҳри Мазори Шариф аст, ҳамчунин ба назар мерасад, ин кишвар ба тарҳи роҳи оҳани Тирмиз – Пешовар таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад. Чаро?

Александр Князев: Нафъи Ӯзбакистон ва кулли кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба ҷуз аз Тоҷикистон дар фароҳам кардани сатҳи зарурии субот дар Афғонистон ва роҳандозии лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии дархӯри манофеи кулли ҷамоҳири минтақа аст. 

"Ойина": Ахиран Русия эълон кард, ки як дипломати толибро сабти ном кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати “Толибон” дар Осиёи Марказӣ чӣ назар доред?

Александр Князев: Дипломматҳои ирсолии «Толибон» на танҳо дар Маскав, балки аллакай дар Пекин, Исломобод, Ишқобод ва Тошканд низ сабти ном шудаанд. Дар ҳуқуқи байналмилал ҳич тартиби ҷомеъе дар бораи ба расмият шинохтани ин ё он ҳукумат вуҷуд надорад. Ба расмият шинохтани ин ё он ҳукумате масъалаи ҳуқуқӣ нест, балки масъалаи сиёсӣ аст. Ба ҳамин хотир аллакай ин ҳукумат аз тарафи бисёре аз кишварҳо амалак ба расмият шинохта шудааст ва чун ҳамкориҳо тавсеа меёбанд, масъалаи машруият худ аз худ аз миён меравад. 

"Ойина": Гоҳо СПАД-ро бо НАТО баробар мекунанд, ба назари Шумо, ин гуна қиёс дуруст аст?

Александр Князев: СПАД як созмони низомӣ-сиёсӣ аст, ки хусусияти сирф дифоӣ дорад. НАТО эътилофи мутаҷовиз ва таҳоҷумӣ аст. Миёни ин ду созмон наметавонад қиёсе вуҷуд дошта бошад. 

"Ойина": Мақомоти СПАД бо тамсил аз воқеоти ахири Қазоқистон, ба назар мерасад, аз сатҳи омодагии ин паймон дар ҷиҳати бархӯрд бо чолишҳои амниятӣ розӣ ҳастанд. Назари Шумо дар ин хусус чист?

Александр Князев: Созмони Амнияти Паймони Дастҷамъӣ дар ҳалли мушкили амнияти дохилӣ дар ҳоле мушорикат менамояд, ки ин мушкилот аз тарафи кишварҳои ғайриузви ин созмон оғоз ва таҳрик шаванд. 

"Ойина": Ҳуҷуми ахири Русия ба Украина нишон дод, ки на ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне кишварҳои таҳти ҳимояти Русия аз ин кор хуш истиқбол карданд. Ин маънии дудастагӣ дар миёни кишварҳои аъзоро дорад ё...?

Александр Князев: «Истиқбол карданд» чӣ маънӣ дорад? Ҳич як кишвари минтақа қатъномаҳои Маҷмаи кулли СММ зидди Русия ва ҳамчунин ҳич як кишваре аз минтақа таҳримҳои ИМА, Бритониёи Кабир ва Иттиҳоди Урупо алайҳи Русияро ҷонибдорӣ накард. Дар ҳамаи кишварҳо баррасии чигунагии ҳамкориҳо бо Русия ва роҳҳои мавриди таҳримҳои «дувумадараҷа» қарор нагрифтан идома дорад.Сиёсати Русия дар қиболи Осиёи Марказӣ акнун ташдид хоҳад шуд ва кишварҳои ин минтақа дар дуроҳӣ қарор мегиранд: ё аз Русия (ҳамчунин Чин ва бештаре аз кишварҳое, ки ба “Ғарб” рабте надоранд) ҷонибдорӣ менамоянд ё ба сарнавишти талхи Украина рӯ ба рӯ мешаванд. Имконоти сиёсати «бисёрсамтӣ» маҳдуд ва тамом мешаванд. Вазъ дар Украина худ аз худ як қисмате аз низои байналмилалӣ аст, ки дар зимни он гузинаи интихоб вуҷуд дорад. 

"Ойина": Дар ҳамин ҳол сухан аз талошҳои Туркия дар ҷиҳати густариши нуфузи ин кишвар дар Осиёи Марказӣ меравад. Ин кишвар, ки узви НАТО аст, то чӣ ҳад метавонад дар ин мантақаи зери ҳимояти Русия нуфуз пайдо кунад?

Александр Князев: Нуфузи Туркия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳдудияте дорад. Туркия дар ҳич як соҳае наметавонад Русия ё Чинро иваз кунад: на дар иқтисод, на дар сиёсат, на дар соҳаи низомӣ ва ғайра. Дар соҳаи фарҳангу маориф, дар тиҷорати хурду миёна ҳамкории мутақобил вуҷуд дорад, аммо имкони тавсеаи аз ин бештари ин ҳамкориҳо амалан вуҷуд надорад. 

"Ойина": Наздикшавии Душанбе ва Теҳрон, бахусус ҳамкориҳои ахири низомии Тоҷикистону Эронро мешавад ба рақобатҳои мантақаии Анкара ва Теҳрон рабт дод ё...?   

Александр Князев: Равобити Душанбе ва Теҳрон то ҳанӯз ба сатҳи солҳои 2015-2016, замоне ки наздик буд, дар сиёсати ин ду кишвар вақфа ба вуҷуд ояд, нарасидааст. Барои ҳамин дар зимни суҳбат дар бораи равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд муҳтот буд.

Туркия талош мекунад, нуфузи худро дар Тоҷикистон бештар намояд, ҳамчунин кишварҳои арабӣ низ дар ҳамин сатҳ чунин як талош менамоянд, бинобар ин ин рақобат рух хоҳад дод, аммо лузуман ба нафъи касе нест. Эрон имкони тақвияти нуфузи худ дар Тоҷикистонро дорад, аммо беҳтар аст, мунтазири натиҷагирӣ дар мавриди чигунагии таҳаққуки онҳо дар оянда бошем. 

"Ойина": Ташаккур.