ЧАРО ИЗҲОРОТИ ГУЛБУДДИН ҲИКМАТИЁРРО ҶИДДӢ БОЯД ГИРИФТ?
Вақте ки Гулбуддин Ҳикматиёр шароити сулҳро пазируфт ва гӯё ба унвони раиси як ҳизби сиёсӣ дар Афғонистон мустақар шуд, сиёсати ҳоким дар ин кишвар дигар буд. Бинобар ин он замон Гулбуддин Ҳикматиёр “муҳраи сӯхта” унвон мешуд. Аммо аз моҳи августи соли гузашта ба ин сӯ Афғонистон вазъи мутафовит аз замони гузашта дорад ва сиёсати ҳоким дар ин кишвар низ тағйир карда.
Изҳороти ахири раиси Ҳизби исломии Афғонистон, ки гуфт, “паноҳгоҳ додан ба мухолифини ҳукумат ҷуз маънои ҷанг бо ҳамсоя ҳич чизи дигаре буда наметавонад”, аз дигар зовия бояд баррасӣ шавад. Аммо қабл аз он ки ба шарҳи матлаб дар ин замина бипардозем, лозим аст, чанд ҷумлаи дигаре аз суханронии Ҳикматиёрро ин ҷо бикорем.
“Мутассифона, Душанбе бо ҳамаи вақоҳат эълон мекунад, ки гӯё мудофеи сарсахти инҳо (манзур Ҷабҳаи муқовимат аст. – “Ойина”)-анд... Дар ҳукумат ҳам саҳми кам аз кам чиҳил дарсадро мехоҳанд. Яқинан ин ба маънои ҷанг бо Афғонистон аст”, - гуфт ӯ.
Ба назари раиси Ҳизби исломии Афғонистон, “пайомади ин мавзеъгириҳо ҷуз ин нахоҳад буд, ки дар баробари ин иқдоми хасмона, якҷониба, бидуни муҷибу далел Афғонистон ҳам тасмим бигирад, ки ба мухолифини мусаллаҳи Тоҷикистонро баъд аз ин паноҳ бидиҳад...”.
Гуфта мешавад, дар видеое, ки ӯ зоҳир шуд, дар намози ҷумъаи шашуми май суханронӣ мекардааст.
Албатта, ин гуна таҳдид аз ҷониби як нафари ҷоҳталаб ва тундрав метавонад ҷиддӣ бошад. Зеро вазъе, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, барои эҷоди чунин шароите мувофиқ аст. “Толибон” дар гузашта ин таҷрибаро доштанд. Ба унвони мисол, пойгоҳ додан ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ҳаракати Туркистони Шарқӣ ва соири гурӯҳҳои тундраве назири “Ал-қоида”, бахусус сарварони он Усома ибни Лодан ва Айман Аз-Завоҳирӣ қобили тазаккур аст.
Гузашта аз ин агарчи “Толибон” аз тарафи баъзе аз кишварҳо мухолифини мусаллаҳи як кишвар шинохта мешуданду баъзе аз кишварҳои дигар онро вориди феҳрасти созмонҳои террористӣ карда буданд, вале мантиқан дар зумраи гурӯҳҳои хашини мухолиф буданд, ки танҳо ба қудратталабӣ дар Афғонистон иктифо мекарданд. Аз ин манзар ин гурӯҳи ҳич таҳдиди ҷиддии мусаллаҳона ба кишварҳои ҳамсоя маҳсуб намешуд. Аммо бар пояи идеологияе, ки ин гурӯҳ дорад, байъат бо ин гурӯҳ аз нақши умдае бархурдор аст. Бо истифода аз ин байъат “Толибон” метавонад мушкили ҷиддие барои кишварҳои ҳамсояаш ҷӯр кунад.
Феълан Тоҷикистон мухолифи мусаллаҳ надорад. Зери ибораи “мухолифини тоҷик” иддае аз аҳзоби мамнуъ ва муҷози беруну дохили кишварро шомил мешавад, ки ҳич яке аз ин аҳзоб пас аз сулҳи миёни тоҷикон дар соли 1997 ба гунаи мусаллаҳ иддаои мубориза бо ҳукумати феълиро накардааст. Вале аз он ки ҳанӯз соли 2015 эълон шуда буд, пойи ДОИШ ба Афғонистон расидаасту чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳи мамнуъ ва террористӣ дар Тоҷикистон дар Афғонистон мебошанд, мавзеи Гулбуддин Ҳикматиёрро наметавон ҷиддӣ нагирифт. Ҳадди ақал наметавон болои ин ҳарфҳо ҳисоб накард. Ба ибораи дигар ҳамон ибораи забонзади “зиракии сиёсӣ” маҳз дар ҳамин гуна ҳолатҳо ба дард мехӯрад.
Бояд гуфт, яке тааҳҳудҳои “Толибон” ба Амрико ин буд, ки ин гурӯҳ ҳич гоҳе Афғонистонро бо пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ табдил намедиҳад. Вале таъирихи шаклгирии ин ҳаракат собит намудааст, ки ин гурӯҳ бо пайдо кардани қудрати бештар аҳди худро бо кишварҳои ҳомиаш дар мисоли Арабистони Саудӣ ва Покистон шикастааст. Зимнан муҳимтарин буъд дар ин хусус ин будааст, ки “Толибон” дар замони ҳукмронии аввалаш, аз соли 1996 то 2001 ҳич гоҳе тасаллут бар кулли Афғонистонро надоштааст, ки битавонад амнияти кулли ин кишварро таъмин намояд. Аз ин рӯ метавонад бо ҷо додани гурӯҳҳои ифротии зиддитоҷикистонӣ шона холӣ намояд, ки чунин гурӯҳҳо бинобар заъфи “Толибон” ба вуҷуд омадаанд ва дар амри ҷилавгирии онҳо дасти кӯтоҳ дорад.
Машруияти байналмилалӣ касб накардани “Толибон” низ дасти ин гурӯҳро дар ташкили бозиҳои пасипардагӣ боз мегузорад, ки ин вазъ метавонад аз сӯйи туллоб истифода аз суъ шавад.
Дар маҷмуъ ҳарф болои ин нуқта аст, ки агарчи “Толибон” худ таҳдиди мустақим ба Тоҷикистон нестанд, аммо метавонанд заминаҳои таҳдиди ғайримустақим ё ба воситаро барои ҳамсояҳояшон ба вуҷуд биёранд.
Ба ин далоил набояд изҳороти як нафаре, ки умре ба унвони як фарди иртиҷоӣ муаррифӣ шавад, сарфи назар шавад ё ҷиддӣ гирифта нашавад. Ба ин хотир, ба назари ин ҷониб, кишварро зарур аст, то дар ҷиҳати пешгирӣ аз аҳдофипушти пардаи “ҳамсоя” барномаи дифоие таҳия кунад.