Қутбиддин Мухторӣ: Қоидаи имлои осон мардумро босавод намекунад
Пойтахт бояд маркази рушди забони адабӣ бошад
22 июли соли 1989 аввалин Қонуни забони тоҷикӣ дар таърихи Тоҷикистон қабул ва тоҷикӣ ба унвони забони давлатии як кишвар эътироф шуд. То чанд соли пеш аз ин рӯз ба унвони Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мекарданд, аммо баъдан ҷашн аз ин рӯзро ба 5 октябр бурданд.
Ба ҳар ҳол, ҳарчанд рӯзи ҷашнро тағйир додаанд, худи таърихро то ҳанӯз касе тағйир надода. Аз ин дигар тараф Мартин Ҳайдеггер забонро “хонаи ҳастӣ” гуфта, ки “дар он зиндагӣ мекунанд”. Пас новобаста ба ҳар рӯзу ҷашне ҳар қадаре мо дар бораи зебоии ин “хонаи ҳастӣ”-и худ суҳбат кунему ҷиҳати ислоҳи бештари он талош намоем, боз ҳам кам аст. Бо ин ҳадаф тасмим гирифтем, мусоҳибае дошта бошем бо Қутбиддин Мухторӣ, доктори улуми филологӣ ва устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон, ки ҳамкунан, дар рӯзи қабули аввалин Қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989 мунташир мешавад.
"Ойина: Устоди гиромӣ, мехостам суҳбати мо аз ёдоварӣ аз як матлаби Шумо оғоз шавад. Он матлабро, ки “Биёед, баҳс кунем!”, унвон дошт, “Омӯзгор” нашр карда буд. Мехоҳам бипурсам, ки даъвати Шумо ба ин баҳс чӣ натиҷа дод ва оё мушкилотеро, ки Шумо мавриди баррасӣ қарор додед, ҳалли худро ёфтанд?
Қутбиддин Мухторӣ: Ҳа, он баҳс аслан дар бораи имлои садоноки “ӯ” буд, агар ҳамонро дар назар дошта бошед ва ҳамчунон ки буд, монд. Он ҷо сухан аз он мерафт, ки баъзеҳо мавҷудияти ин гуна садонокро дар забони тоҷикӣ қариб ки инкор мекарданд, аммо дар имлои нав ин масъала, боз ранги дигар гирифт, ба андешаи ман, аз тағйироти пешина хеле беҳтар аст.
"Ойина": Дар тӯли даҳ соли ахир дар Тоҷикистон ду бор Қоидаи имло қабул шуд. Дар ҳоле ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ имлои ахир баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Дар ин хусус Шумо чӣ назар доред?
Қутбиддин Мухторӣ: Аслан, модоме ки мо аз алифбои кириллӣ истифода мекунем, ҳамон қоидаҳои замони шӯравӣ қабулшуда меистодем. Таваҷҷуҳи асосиро ба дигар масъала равон мекардем, масалан, таълими хатти ниёгонро пурқувват мекардем, наврасону ҷавонон, падару модарони ҷавонро ба мутолиа ҷалб ва одат мекунонидем, беҳтар мебуд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс кашида шудани масъалаи имлои забони тоҷикӣ маънои онро дорад, ки шахсони салоҳиятманд дар мавриди имло дар берун аз Кумитаи забон ва истилоҳот ва берун аз гурӯҳи кории таҳияи имлои забони тоҷикӣ хеле зиёданд, лекин дар миёни онҳо гурӯҳи аз ҳама номатлуб нафароне ҳастанд, ки бештар ҷонибдори риояи навишту талаффузи арабии калимаҳои иқтибосии арабӣ ҳастанд.
"Ойина": Дар Қоидаи имлои ахир чанд масъалае матраҳ аст, ки мехоҳам ба таври ҷудогона баррасӣ шаванд. Яке аз ин масоил ҳазфи ҳарфӣ “ӣ” аз исмҳои иқтибосӣ аз дигар забонҳост. Масалан, “такси” ба ҷойи “таксӣ”, “Тбилиси” ба ҷойи “Тбилисӣ” (Тифлис) “Сочи” ба ҷойи “Сочӣ” аз мисолҳое ҳастанд, ки дар Қоидаи имло оварда шудаанд. Дар ҳоле ки миллатҳои дигар исмҳои иқтибосиро бо хусусиятҳои овонигории худ мутобиқ мекунанд, чӣ гуна мешавад, ки мо ин гуна хосияти забонии худро сарфи назар кунем ва калимаҳоро дар шакли асл бинависем? Ба шеваи овонигории тоҷикӣ дуруст накардани калимаҳои иқтибосӣ магар нақзи ҳаққи миллат нест?
Қутбиддин Мухторӣ: Бале, ҳар забон пойгоҳи талаффузӣ, овоӣ дорад ва ҳар калимае, ки ба забон иқтибос шуд, ба ҳамин пойгоҳи талаффузии соҳибони забон мутобиқ мешавад. Чунончи,мувофиқи талаботи ҳамин пойгоҳ дар аввали калимаҳои тоҷикӣ ду ҳамсадо пайи ҳам намеояд, ҳамин аст, ки одамони пешина, калимаҳои русии “стакан”, “стол”-ро “истакон”, “устол” мегуфтанд, лекин бо таъсири хатти кириллӣ дар гуфтори мардуми шаҳрнишин ва зиёӣ ин гуна калимаҳо ба аслашон наздик талаффуз мешаванд.
Ба мисли ҳамин талаб кардани ин, ки “ид” бояд “ъид”, “муаллим” бояд “муъаллим” навишта шавад, дуруст нест ва дар ягон забони дигар ҳам ин ба навишти забони асл такя намекунанд, онро ба асос намегиранд. Бубинед, дар забони арабӣ “гул”-ро “ҷул” менависанд ва талаффуз мекунанд ё ин ки калимаҳои тоҷикӣ-форсии иқтибосшударо дар шакли арабӣ ҷамъбандӣ мекунанд. Ҳатто калимаҳои лотиние, ки тамоми таркиби овозҳояшон дар забони арабӣ мавҷуд аст, мутобиқи пойгоҳи талаффузии худ талаффуз мекунанд: “колба” - “қолаб”, “механика” - “ манҷаниқ”. Ин гуна мисолҳо фаровонанд. Ҳеҷ як рус, араб, турк ё намояндаву олими миллати дигар чунин шарт намегузорад. Ҳоло дар забонҳои қазоқиву қирғизӣ як силсила калимаҳои тоҷикиву арабӣ ҳастанд, ки аз тарзи талаффузашон дар забони асл комилан фарқ мекунанд.
"Ойина": Дигаре аз мушкилот ин истифодаи артикли “ал”-и арабӣ аст. Тарзи навишти он, мутобиқ ба Қоидаи имлои ҳозира, ба ду навъ аст: яке ин ки бо тире аз исм ҷудо шудааст, дигар ин ки бо исм пайванд аст. Дар шарҳи ин масъала чӣ мегӯед?
Қутбиддин Мухторӣ: Дар имло аз принсипҳои гуногун истифода мебаранд, аз ҷумла принсипҳои тафриқа дар навишт, принсипҳои якҷоя, ҷудо, бо нимтире навиштани калимаҳо аз ҷумлаи ин принсипҳоянд (принсипҳои дигар ҳам ҳастанд). Дар навишти калимаҳои арабӣ бо артикли "ал" аз ҳамин принсипҳо кор гирифта шудааст. Ин ҷо ман фикр мекунам, ки ба туфайли ин ки дар забони тоҷикӣ аз забони арабӣ, забонҳои дигар калимаҳои иқтибосӣ зиёданд, мо хоҳем, нахоҳем, мушкилот дар тарзи навишти онҳо ба миён меояд. Аз ҷониби дигар ҳамаи калимаҳои забонро дар қолаби қоидаҳои мушаххас ҷой кардан хеле мушкил аст, зеро мо борҳо алифбои забони тоҷикиро иваз кардем, собиқаи навишти калимаҳои бегона дар ин алифбои кириллӣ барои мо нав аст. Таҳиягарони қоидаҳои нави имло барои навишти ин калимаҳо як принсипро интихоб мекарданд, осонтар мебуд, аммо чунин муносибати интихоби ду тарзи навиштро мо наметавонем ғалат гӯем. Чунин муносибат дар қоидаҳои имлои забонҳои гуногун низ мушоҳида мешавад.
"Ойина": Мушкили дигари имлои ҳозира ҳарфи “ӯ” аст. Дар ислоҳоти ахир ин “ӯ”-ро аз калимаҳои иқтибосии арабӣ гирифтаанд, вале дар калимаҳои аслӣ ва туркӣ боқӣ мондааст. Далели чунин тағйир дар чист?
Қутбиддин Мухторӣ: Аслан дар забони арабӣ ин садонок вуҷуд надорад, ба туфайли бо “у”-и дароз (вов) навишта ва дар баъзе гӯйишҳои забони тоҷикӣ “ӯ” талаффуз шуданаш дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикии замони шуравӣ (соли 1978)ворид карда шуда буд. Аслан дар мавриди имлои ин садонок ва баъзе садонокҳои дигар пуриштибоҳтарин қоидаҳо қоидаҳои имлои соли 2011 буд. Дар имлои соли 2021 то андозае дар ин маврид низом ҳаст.
"Ойина": Оё қоидае, ки барои ҳарфи “ӯ” дар имлои ҳозира таъриф шудааст, Шуморо ба унвони як устоди забони тоҷикӣ қонеъ мекунад?
Қутбиддин Мухторӣ: Дар мавриди имлои садоноки “ӯ” ман қонеъ ҳастам. Чаро? Он тартиби муайянро соҳиб шуд. Аслан қоидаҳои имлои осон мардумро зуд босавод намекунанд, қоидаҳо мураккаб бошанд ҳам, бояд мантиқ дошта бошанд, ҳар қадар мураккаб бошанд, боиси рушди тафаккур мегарданд. Ба саволи чаро дар ин ҷо ин гуна аст ва чаро дар он ҷо ин гуна нест, ҷавоби мушаххасдиҳанд. Саволи дигар ба миён меояд, ки соҳибзабонони одӣ чӣ гуна калимаҳои аслиро аз иқтибосӣ фарқ карда метавонанд? Онҳо дар мактаб таълим мегиранд, баъзе калимаҳоро дар ёд мегиранд, дар оянда ҳангоми зарурат ба луғатҳои имло, ки бояд таҳия карда шавад, такя мекунанд.
"Ойина": Пешниҳодҳое низ буданд, ки истифодаи ҳарфҳои “у” ва “ӯ”-ро мутобиқ ба шакли навишти ин ҳарф дар хатти форсӣ кунем. Яъне ҳар ҷое, ки дар хатти форсӣ “вов” навишта мешавад, “ӯ” нависем ва дар калимае, ки “вов” навишта намешавад, дар сириллик бо “у” ифода шавад. Чунин тағйир метавонад бар печидагии истифода аз ин ду ҳарф дар забони тоҷикӣ хотима бахшад?
Қутбиддин Мухторӣ: Дар сурате ки ин алифбо бо алифбои арабиасоси форсӣ иртибот надорад, дар такя ба он алифбо сохтани қоидаҳои имло бо алифбои кириллӣ боиси печдарпечии қоидаҳо мегардад.
"Ойина": Дар маҷмуъ иддае ба ин назаранд, то он ки ба хатти форсӣ нагузорем, мушкили имлоии забони тоҷикӣ ҳал намешавад. Оё воқеан, мо наметавонем бо хатти сириллик як имлои бехато дошта бошем? Агар роҳи ҳалли тамоми иштибоҳот вуҷуд дорад, он кадом аст?
Қутбиддин Мухторӣ: Мушкилоти имлои хатти кириллӣ бо алифбои арабиасос иртиботи қавӣ надорад. Аз як хат ба хати дигар гузаштан роҳи ҳалли мушкилоти қоидаҳои имло нест. Модоме ки мо алифбои асл мехоҳем, бояд алифбои форсии миёна ё суғдиро такмил диҳем ва қабул кунем. Ин дар сурате имконпазир мегардад, ки тамоми олами форсизабонони дунё дар чунин андеша бошанд.
"Ойина": Мебинем, ки вуруди калимаҳои иқтибосӣ ба забони тоҷикӣ дар бештари маврид аз тариқи забони русӣ сурат мегирад. Масалан, калимаҳои “скинхед” (аслаш “skin head”-и англисӣ (сари бемӯй), ё “секонд хенд” (“second hand” – дасти дувум (тарҷумаи таҳтуллафзӣ) русӣ нестанд, аммо ба далели ин ки аз тариқи забони русӣ ба забони омодаанд ва русҳо ҳарфи “ҳ” надоранд, ба ҳамин тарз дар ҷомеа роиҷ шудаанд. Ба ин хотир мехостам пурсам, оё роҳе вуҷуд дорад, ки мо забони худро аз таъсири забони русӣ озод кунем?
Қутбиддин Мухторӣ: Аслан таъсири забонҳо ба ҳамдигар зуҳуроти манфӣ нест. Ин нишонаи равобити фарҳангӣ аст, аммо вуруди калимаҳои барбарӣ (бегона) ва вулгарӣ (бепарда, дағалгуфторӣ) ташвишовар аст. Забонро соҳибзабони бофарҳангу босавод рушд медиҳад, ҳусн мебахшад, соҳибзабони камсавод ва бефарҳанг забонро хиёбониву дағал месозад. Ба қавли профессори марҳум Раҳими Мусулмониён,тоҷикон бо забони модариашон ҳатто дашном намекарданд, аз калимаву ифодаҳои забони бегона истифода менамуданд. Пойтахт бояд маркзи рушди забони адабӣ бошад, дар муассисаҳои таълимӣ, дар коргоҳҳои расмӣ масъулон бояд ба забони адабӣ ҷаласа оростанро омӯзанд.
"Ойина": Охирин суолам ин аст, ки ин мушкили мо кай хотима меёбад? Ё ин гуна баҳсҳо беохир ҳастанду дигар забонҳо низ чунин мушкил доранд?
Қутбиддин Мухторӣ: Бо қоидаи имлое, ки қабул кардем, қаноат кунем ва танҳо онро омӯзонем, риоя кунем, дар фикри он бошем, ки сифати таълим ва тарбия беҳ гардида, онҳо таъсиргузор бошанд.
"Ойина": Ташаккур.