Каримҷон Ёров: ФСБ мудофеини ҳуқуқи муҳоҷиронро таҳти фишори ҷиддӣ қарор додааст
"Ойина": Агар сабти иқоматро Русия барҳам бидиҳад, зарар мебинад?
К. Ёров: Агар сабти иқомат барои коргарони муҳоҷир дар Русия барҳам хӯрад, пеш аз ҳама он кормандоне аз Хадамоти муҳоҷирати Русия зарар мебинанд, ки пора мегиранд. Бо бовари комил метавон гуфт, ки 90 дарсади ҳолоти сабти иқомати коргарони муҳоҷир пулакӣ сурат мегирад ва аз ин кормандони хадамоти муҳоҷирату миёнаравҳо фоидаи ҳангуфте ба даст меоранд.
Боре раванди сабти иқомат дар Русия мушкил шуда буд. Чун ин иттифоқ уфтод, мо сабаби ба вуҷуд омадани ин вазъро пурсидем. Дар посух гуфтанд, ки раҳбари аввали Хадамоти муҳоҷират иваз шудааст ва ин ӯ бояд аввал нархро муайян кунад.
Мо замоне медонистем, ки яке аз роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати Русия 300 рубл аз ҳар як мавриди сабти иқомат ҳақ мегирифт.
Дар шабу рӯзе, ки Хадамоти муҳоҷирати Русия ба унвони як ниҳоди мустақил фаъолият мекард ва Ромадановский раҳбари ин ниҳод буд, ба мо нафароне муроҷиат карданд, ки гӯё писари Рамадановский онҳоро ба маблағи се миллион рубл фиреб додааст. Он замон ин миқдор пул баробар ба 100 ҳазор доллар буд. Ин пул барои гирифтани иҷозатномаи корӣ аз онҳо гирифта шуда буд.
Вақте мо ба роҳбари Хадамоти муроҷиати Маскав кардем,ки иҷозатномаи корӣ ба восита гирифта мешавад ва ин ҳуҷҷатро барои дилхоҳ шаҳрванд медиҳанд, ӯ моро бовар накард. Пас мо барои худи роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Маскав иҷозатномаи корӣ гирифтем. Яъне ӯро шаҳрванди Украина муаррифӣ кардем ва аз тариқи миёнаравҳо барои ӯ муҷаввизи корӣ дуруст кардем.
Ин кор, албатта, барои он буд, назди ин мақоми рус собит намоем, ки аз тариқи ришват дар ниҳодҳои муҳоҷиратии Русия ҳар кореро мешавад кард.
Чун ӯ иҷозатномаи корро санҷид, дид, асл буд ва дар махзан сабт шуда. Ба ин хотир шӯру ғавғое дар мақомот бархост ва чандин нафар аз мансаб барканор шуданд.
Аз ин рӯ мегӯям, ки аз барҳам додани сабти иқомати коргарони муҳоҷир дар Русия танҳо кормандони умури муҳоҷират зарара мебинанд, зеро онҳо аз як манбаи даромади ғайриқонунӣ халос мешаванд. Аз сабти иқомати муҳоҷирон давлат ҳич фоидаи молие намебинад.
Далели мақомоти рус ин аст, ки дар ҳоли иттифоқе рух додан онҳо муҳоҷирро аз рӯйи сатби иқомат ё қайди ҷойи зисташ пайдо мекунанд. Ин дар ҳолест, ки агар худи маскавиҳо ҷиноят содир намоянд, онҳо ба ҷойи зисти худ намераванд. Ҳол он ки мо хуб медонем, қисми зиёди мардуми Русия дар Маскав дар хонаи ҳамсаронашон зиндагӣ мекунанд. Ҳатто агар қайди ҷойи зисташон дар хонаи худи онҳо бошад ҳам, эшон дар манзили занҳояшон зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ ҷорӣ қардани қайди ҷойи зист барои муҳоҷирин бефоида аст.
Ҳоло мақомоти Русия тарҳеро роҳандозӣ карданӣ ҳастанд, ки мехоҳанд сабти номи электрониеро роҳандозӣ намоянду бо гирифтани рақами телефону дигар замимаҳои интернетии муҳоҷирон ба онҳо GPRS насб кунанд ва аз ин тариқ онҳоро ҳамеша таҳти назорат дошта бошанд. Ин ба он хотир аст, ки корманди пулис ҳар вақте хост, муҳоҷирро ба назди худ даъват карда тавонад ва агар муҳоҷир ба назди ӯ рафта натавонад, пулис аз тариқи дастгоҳҳои насбшуда бар асноди муҳоҷир донад, ки вай дар куҷо қарор дорад.
Ин, албатта, нақзи ҳуқуқу озодиҳои коргари муҳоҷир ба унвон шаҳрвандони як давлати хориҷӣ дар Русия аст. Ин усулро мо шевае аз ғуломдорӣ медонем. Ҳамчунин онҳо мехоҳанд аз ин тариқ муайян кунанд, ки оё муҳоҷир дар он ҷое, ки сабти ном шудааст, зиндагӣ мекунад ё не. Дар сурати муайян шудани он ки муҳоҷир дар он ҷое, ки сабти иқомат шудааст, зиндагӣ намекунад, ӯро ихроҷ хоҳанд кард. Дар ҳоле ки ҳаққи судури ҳукми ихроҷ қарор аст, дар оянда ба пулис дода шавад.
"Ойина": Шумо борҳо таъкид карда будед, ки гузаштани марз ба манзури гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ғайриқонунӣ аст. Муҳоҷире, ки аз хоки Русия берун меравад, бояд 90 рӯз пас ба хоки ин кишвар дохил шавад. Вале дар амал мебинем, ки бархе аз муҳоҷирон дар давоми 24 соат ё дар фурсати камтар ё бештар аз ин аз марз мегузаранд ва муҷаввизи кору иқомат мегиранд. Чаро?
К. Ёров: Бале, дар Русия муқаррароте аз қонун аст, ки миёни муҳоҷирон ба номи 90/180 маъруф аст. Дар ин банди қонун гуфта мешавад, ин маҳдудият барои шаҳрвандони хориҷие ҳаст, ки бо ҳадафи кор кардан ба Русия наомадаанд.
Дар ин банд гуфта мешавад, шаҳрванд дар тӯли шаш моҳи ҳақ дорад, дар Русия 90 рӯз иқомат кунад. Ба иборати дигар вақте шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бидуни патент 90 рӯз иқомат мекунад, бояд ӯ баъди 90 рӯз аз ин кишвар хориҷ шавад ва боз пас аз се моҳи дигар ҳаққи вуруд ба ин кишварро дорад. Вале мутаассифона, шаҳрвандони мо патенти корӣ намегирифтанд ва рафта аз марзи Русия ба Қазоқистон гузашта, дубора ба ин кишвар бармегаштанд. Пандемия ин корро барҳам дода буд.
Чунин як иқдом чанд мушкилеро дар пай дорад: аввал, коргарони муҳоҷире, ки аз ин иқдом кор мегиранд, ҷони худро дар хатар мегузоранд. Тақрибан ҳар ҳафта мешунидем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ ба марзи Қазоқистон ба садама дучор шудаанд ва ҷон бохтаанд.
Дувум, иҷрои ин амал ду-се рӯз аз вақти коргари муҳоҷирро мегирифт.
Ман ҳамеша онҳоро мегуфтам, ки дар як рафтуомадашон ҳашт ҳазор рубл, аз роҳкиро то хӯрока масраф мекунанд. Агар онҳо барои иҷрои ин амал ду-се рӯз вақт сарф мекарданд, албатта, се-чор ҳазор рубли дигарро аз даст медоданд.
Онҳо агар пеш аз пандемия пантен медоштанд, маблағи он дар сеҳ моҳ 15 ҳазор рубл мешуд. Дар ҳоле ки вақте як муҳоҷир дар се моҳ барои як бор аз сарҳад мегузашт, 12 ҳазор рубл масраф мекард. Дар ин сурат онҳо се ҳазор рубл сарфа мекарданд.
Агар онҳо дар як сол се бор марз гузаранд, дар давоми як сол нуҳ ҳазор рублро сарфа менамоянд. Бигзор ин пулро на нуҳ ҳазор, балки 12 ҳазор ҳисоб намоем. Ин 12 ҳазор рубл бо изофаи 12 ҳазор рубли дигар, ки барои гирифтани патент сарф мешавад, 24 ҳазор рублро ташкил медод. Агар ин 24 ҳазор рублро ба сари моҳҳои сол тақсим намоем, ду ҳазор рубл барои як моҳ мешавад.
Сарфа кардани ин маблағ аз тарафи онҳо дар ҳолест, ки имкон дорад, дар зимни гузаштан аз марз онҳо мамнуулвуруд ба Русия шаванд. Ҳол он ки ҳамин ду ҳазор рублро онҳо ҳар моҳе як бор дар ошхона ғизо мехӯранд.
Бо фаҳмонданди ин нукта ба муҳоҷирон онҳо розӣ мешаванд, ки патент доштан аз ин кор беҳтар аст, аммо мебинӣ, ки боз ҳамин корро такрор мекунанд.
Дигар паҳлуи ин масъала ин аст, ки ин гуна нафарон тамоми рӯзу моҳ аз пулис мегурезанд, пинҳонӣ кор мекунанд. Оё меарзад, ки барои ин ду ҳазор рубл ба ин қадар ташвиш дучор шуд?
Шояд барои баъзе нафарҳо 24 ҳазор рубл дар сол арзиш дошта бошад. Аммо бояд фикр кард, ки ин эҳтимоли ихроҷ ба муҳлати аз 3 то даҳ сол ба дунбол дорад. Бинобар ин патент доштан беҳтар аст.
"Ойина": Рӯз то рӯз масъалаи зисти муҳоҷирин дар Русия мушкилтар мешавад. Аз як сӯ маҳдудиятҳои қонунӣ ва сӯйи дигар афзоиши қимати муҷавизи кору иқомати муваққатӣ ба назар мерасад, дар ҳоле ки мақомоти Русия босароҳат мегӯянд, ба муҳоҷирон ниёз доранд. Пас ҳадаф чист, ки мақомоти Русия ин қадар маҳдудиятҳоро роҳандозӣ менамоянд?
К. Ёров: Гӯё консепсияҳои наве барои сабукӣ ба муҳоҷирон пешниҳод мешаванд. Дар аввал ин пешниҳодҳо хубанд. Вале то расидан ба раисҷумҳури Русия ва ба ҳукми қонун даромадани ин пешниҳодҳо қисми зиёди онҳо иваз карда мешаванд.
Мутаассифона, пешниҳодҳо аз тарафи нафарон ва ниҳодҳое ироа мешаванд, ки дар масоили муҳоҷиратӣ огаҳӣ надоранд. Ин тоифа ҳамеша вазъро барои муҳоҷирин мушкил мекунад, ки намедонам, сабаби ин корашон бинбармуҳоҷирбадбинист ё огаҳӣ надоштан аз ин бахш ва моро “гӯсфанд” меҳисобанд. Гӯё сабукӣ медиҳанд, вале кори онҳо маънии “як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо”-ро дорад.
Намояндагоне аз миёни созмонҳои ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирин пешниҳодҳои муфид ироа мекунанд, вале бо чӣ сабаб бошад, намедонам, ин пешниҳодҳо қабул намешаванд. Нафаронеро, ки аз муҳоҷирин дифоъ мекунанд, ба чунин корҳо ҷалб наменамоянд. Баръакс намояндагони ҷамъиятҳоеро даъват менамоянд, ки ба давлат наздиканд ва ҳар он чӣ давлат бигӯяд, онро хуб мегӯянд.Зимнан бо гуфт, бештаре аз чунин ҷамъиятҳо ба корҳои фарҳангӣ машғуланд ва аз мушкилоти бехбаранд. Ё ба ибораи дигар ин гуна созмонҳо бо ҳамкорӣ бо мақомоти Русия ва Тоҷикистон танҳо пулканӣ аз муҳоҷиринро медонанду халос.
Мушоҳида кардаем, ҳатто он русу русзабонҳо, мардуми бумие, ки аз муҳоҷирон ҳимоят мекунанд, то ҳадде муҳоҷирбадбин ҳастанд. Масалан, ин қабил афрод дар зимни иҷрои барномаи кӯчонидани ҳамватанон иддао мекарданд, ки бартарӣ ба русҳо дода шавад. Вақтҳои охир талаб ҳам карданд, ки ин барномаҳо хотима дода шаванд, зеро нафароне аз тариқи ин барномаҳо ба Русия меоянд, ки рус нестанд.
Солҳои пеш мегуфтанд, ки 80-85 дарсад русзабонҳо меомаданд, ҳоло баръакс шуда. Аммо фикр намекунанд, ин барнома чанд сол аст, ки давом дорад ва дар ин муддат бештаре аз русзабонҳои хоҳишманд аз тариқи он ба Русия омаданд. Дар чунин ҳол табиист, ки бо гузашти замон кӯчидани онҳо ба Русия кам мешавад, зеро пас аз шӯравӣ русзабонҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кам монда буданд.
Русия аз муҳоҷирон вобаста аст. Баъзан гӯё афвҳоеро роҳандозӣ мекунанд, ки онҳо дар рӯйи коғаз нестанд, балки бо фармон ё иҷозати касе сурат мегиранд. Ҳич қонуне дар ин бора вуҷуд надорад. Русия усули “кнут и пряник”-ро истифода мекунад. Яъне аз як тараф корро осон мекунад, вале аз тарафи дигар мушкилиҳоеро ба вуҷуд меорад. Аввал мушкилро меофаранд, баъд каме онро осонтар менамоянду болои мардуми мо миннат мегузоранд.
Русия мехоҳад ё не, дар 20-30 соли оянда бе муҳоҷирон буданаметавонад, зеро аҳолии он кам шуда истодааст ва ҷавонон намехоҳанд дар он соҳоте кор кунанд, ки коргарони муҳоҷир фаъолият менамоянд.
Русия ба мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар ҳоли гирифтор шудан ба пастравии иқтисодӣ муҳоҷиронро ба ёди мардум меорад ва мушкили асосиро аз ёди ҷомеа дур мекунад. Дар ин ҳол чунин ба назар мерасад, ки дар тамоми нокомиҳои Русия коргарони муҳоҷир гунаҳкоранд. Ба унвони мисол, дар соли 2021 дар Русия зиёда аз ду миллион ҷиноят содир шуд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд танҳо 36400 ҷиноят содир кардаанд. Ин омор аз он мегӯяд, ки ҷинояткорӣ дар миёни коргарони муҳоҷир 5,9 дарсад бештар шудааст. Аз ин мавориди ҷиноёти муҳоҷирин 28500 мавридиаш ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои шӯравии собиқ рост меояд. Қисме аз ҷиноятҳо алайҳи худи муҳоҷирон содир шудаанд. Яъне иддае аз муҳоҷирон ҳуқуқи худи муҳоҷиронро поймол намудаанд. Акнун хулоса бароред, ки 28 500 куҷову ду миллион куҷо. Дар ҳоле ки теъдодии тахминии муҳоҷирон дар Русия 12-15 миллион гуфта мешавад.
Бо ин ҳол роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи тартибот ва ҳатто раҳбари Русия мегӯянд, ки муҳоҷирон ҷинояти зиёд содир мекунанд, вале вақте мо омори ВКД-и Русия, Додситонии кулли ин кишварро мебинем, ба назар мерасад, ки ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи муҳоҷирин дар ҳадди умумӣ 1,8-1,9 фисад аст. Агар ҳуқуқваронкунии маъмурии муҳоҷиронро низ ба ин ҳисоб дохил кунад, сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо ба 3-4 дарсад мерасад.
"Ойина": Оё Тоҷикистон имконе дорад, ки барои коргарони муҳоҷири худ дар Русия имкони бештаре фароҳам кунад?
К. Ёров: Тоҷикистон талоши имзои қарордод дар ҷиҳати ирсоли коргарони муҳоҷир ба дигар кишварҳоро бояд бештар кунад. Вале дар ҷаҳон муҳоҷирони корӣ хеле зиёданд, бахусус аз Бангладеш, Покистон, Ҳинд ва ғайра. Ин кишварҳо нерӯи кории хеле арзон доранд, ки давлатҳои Урупо ва арабӣ аз онҳо истифода мекунанд. Бинобар ин ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ барои ин корфармоён гаронтар меуфтад. Ҳатто чанде пеш худи Марат Ҳуснуллин, ноиби нахуствазири Русия гуфта буд, ки самаранокии ҷалби коргарони муҳоҷир аз Кореяи Шимолӣ аз муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ бештар аст.
Ба ҳар ҳол бояд Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ё давлатҳои аврупоӣ қардодҳои ҳамкорӣ дар ҷиҳати ирсоли муҳоҷирони корӣ имзо кунад ва ҳадди ақал 10 дарсади муҳоҷиронро ба ин кишварҳо фиристад. Фикр мекунам, дар оянда ин мизон шояд ба 50 дарсад бирасад. Агар ин мизон ба 30 дарсад ҳам бирасад, пули ирсолии ин 30 фисад аз коргарони муҳоҷир баробар ба пули ирсоли сад дарсади муҳоҷирон дар Русия мешавад. Яъне агар ҳозир ду миллион муҳоҷир дар Русия дошта бошему онҳо дар сол 3-4 миллиард доллар ба кишвар ворид кунанд, дар сурати рафтани 30 фоизи ин муҳоҷирон ба кор ба давлатҳои пешрафта ин маблағро ба Тоҷикистон ирсол мекунанд.
Чанд сол пеш мо ин масъаларо ҳузури як мақоми муваззаф дар умури муҳоҷиратӣ матраҳ карда будем. Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон мехоҳад ин корро анҷом диҳад, вале Русия фишор меорад ва бо истифода аз ҳар роҳ намегузорад, ки ин амал иҷроӣ шавад.
Ин ҳарфи мақоми Тоҷикистон то куҷо асос дорад, намедонам.
"Ойина": Тоҷикистону Русия бо ҳам тавофуқ карданд, ки ба муҳоҷирони корӣ нафақаи бознишастагӣ диҳанд. Ин тавофуқ шомили кадом тоифае аз муҳоҷирин ва то куҷо амалӣ мешавад?
К. Ёров: Мувофиқи ин созишнома, як нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон муддате дар Русия кор кардаасту муддати дигаре дар Тоҷикистон. Вақте ки ӯ шаҳрванди Русия мешаваду ба нафақа мерасад, Русия танҳо он собиқаи коре аз ӯро ба назар мегирад, ки дар ин кишвар кор кардааст. Ин собиқа набояд камтар аз 15 сол бошад. Қисми дигари нафақаи ин шаҳрвандро Тоҷикистон бояд бидиҳад.
Ба ибораи дигар Русия таҷрибаи кори ин шаҳрвандаш дар Тоҷикистонро ба ҳисоб намегирад, зеро бо тавваҷҷуҳ ба фаъолияти кории шаҳрванд дар гузашта, тибқи созишномаи нав, ин қисмат аз нафақи ӯро Душанбе пардохт менамояд.
Ҳозир нафақаи танҳо он қисматеро, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор кардааст, Маскав мепардозад ва он қисмат аз кори ӯ, ки дар кишвар гузашта, аз тарафи худи Тоҷикистон дода мешавад. Ҳамчунин Русия 15 соли корӣ аз шаҳрванд дар ҳудуди ФР талаб менамояд ва ин 15 сол танҳо аз соли 2002 ба ин сӯ ҳисоб мешавад. Аз ин рӯ шояд нафарони ангуштшуморе мутобиқ ба ин шартнома битавонанд аз Русия нафақа гиранд. Ҳол он ки зиёда аз 90 дарсад аз коргарони муҳоҷири мо мавсимӣ кор мекунанд.
Қисме аз шаҳрвандони мо дар зимни кор дар Русия агар шарнома ҳам дошта бошанд, аксари ин шартномаҳо дурӯғанд. Зеро барои он ки шаҳрванд нафақа гирад, бояд корфармои ӯ ба фонди нафақаи Русия пул гузаронад. Ҳоло мо хуб медонем, ки 80 дарсади коргарони муҳоҷири мо қарордоди корӣ надоранд. Ҳол он ки чун шаҳрвандони мо ихроҷ мешаванд, иддао мекунанд, ки онҳо патент доштанд, вале ихроҷ шуданд. Онҳо намедонанд, ки бо вуҷуди патент доштанашон бояд шартномаи корӣ низ дошта бошанд.
Бинобар ин бовар дорам, шартномаи мазкур ба фоидаи муҳоҷирон нест. Шояд муҳоҷироне, ки имсол қарордод имзо кардаанд ё дар як-ду соли пеш доштанду корфармояшон ба фонди нафақа пул супорад, ҳуқуқи бознишастагӣ гиранд. Ҳастанд як қисм аз муҳоҷироне, ки дар ширкатҳои туркӣ ва югославӣ кор мекунанду пули фонди нафақаи онҳо ҳатман супорида мешавад. Вале баъди он ки ин нафарон ба Тоҷикистон бармегаранд, чӣ қадар нафақа мегиранд, инро танҳо Худо медонаду ҳамон нафароне, ки ҳуқуқи бознишастагӣ мегиранд.
"Ойина": Охирин суол дар бораи мудофеини ҳуқуқи муҳоҷирин дар Русия аст: марҳум Каромат Шарифов ва Валентина Чупик аз Русия депорт шуданд, Иззат Амон боздошт шуд. Агар мавзеъгириҳои сиёсии Иззат Амонро сарфи назар намоем, оё воқеан, зиндагӣ барои мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирин дар Русия мушкил шуда?
К. Ёров: Вазъи мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия пас аз оғози ҷанги Украина хеле мушкил шудааст, ҳарчанд ин раванд пеш аз ҷанги Украина шуруъ шуда буд. Русия ба шакли шӯравии пешин баргашта истодааст. ФСБ рӯзноманигорон, расонаҳои мустақил, мудофеини ҳуқуқи башарро таҳти фишори ҷиддӣ қарор додааст.
Дар мисоли Валентина Чупик дидем, ки ӯро гуфтанд, ба хотире ки аз муҳоҷирин дифоъ ва аз пулис интиқод қард, вайро ихроҷ карданд, ҳарчанд ӯ дар Русия паноҳанда буд ва дар ин хусус ҳуҷҷат ҳам дошт.
Дигар нафарон ҳам таҳти фишор қарор гирифтанд, бахусус Баҳром Ҳамроев аз Бухоро. Чанд бор ӯву оилаашро боздошт кардаанд ва ҳоло худи ӯ боздошт шудааст. Ӯ бо “Мемориал” ҳамкорӣ мекард. “Мемориал” ҳам баста шуд. Рӯзномаи “Новая газета”, ки аз коргарони муҳоҷир ҳимоят мекард, таътил шуд. Он мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирине дар Русия боқӣ мондаанд, ки бо ниҳодҳои ҳукуматии Русия равобити хуб доранд.
Дар мисоли Каромат Шарифов метавон гуфт, дар мушкилофарӣ барои мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирин дар Русия давлатҳо, ҳукуматҳои кишварҳои зодгоҳи онҳо даст доранд. Дар ин феҳраст ҳамчунин метавон Валентина Чупик, Иззат Амон ва манро низ дохил кард. Ба ин хотирмақомоти рус мегӯянд, ҳамтоёни тоҷикашон, ки зидди вуҷуди мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирон ҳастанд ва барои эҷоди мушкил дар кори ин мудофеон ба мақомоти рус муроҷиат мекунанд, мансабдорони рус ҳам зидди ин афрод мешаванд.
Дар чанд суҳбате, ки бо мақомоти рус дар ин бора доштам, мегуфтанд, бо дархости мақомоти тоҷик шаҳрвандии онҳоро бекор ва худашонро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Ҳам ин тараф аз як мунаққид халос шуда ва ҳам он тараф хушнуд. Онҳо ҳамчунин мегуфтанд, қабл аз он ки аз русҳо ранҷем, бояд иқдоми мақомоти худи кишвари мо боиси ранҷиш шавад.
Аслан ҳимояти муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар вазифаи консулгариҳост. Ҳамчунин мо бахши Хадамоти муҳоҷират дар Русия низ дорем. Вале кормандони ин ниҳод як статуси мушаххас надоранд. Бинобар ин онҳо аз ҳамон утоқҳои корияшон берун намебароянд. Агар ягон пешниҳод кунанд, мекунанд, вале агар накунанд ҳам, илоҷи дигаре надоранд, чун аз рӯйи қонун, дасту пойи онҳо баста аст.
Беҳтар аст, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия барҳам дода мешуд. Ё рисолати он дар Русия бештар карда шаваду иҷозати фаъолияти расмӣ дар ин кишварро ба даст орад, ки кормандони хадамот ба муҳоҷирон ёрӣ расонида тавонанд. Ҳамчунин он мутахассисони ин соҳа, ки аз масоилаи муҳоҷират хуб огаҳанд, ба кор дар он ҷалб ва маоши хуб дода шаванд, то аз муҳоҷирон пуштибонӣ карда тавонанд. Хуб мешуд, ки дар ҳар як субъекти Русия ду-се нафар аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон фаъолият мекарданду аз ҳаққи коргарони муҳоҷир дифоъ менамуданд. Дар ин сурат муҳоҷирони мо шояд сабукиеро эҳсос мекарданд. Ҳарчанд мо медонем, ки дифоъ аз ҳаққи муҳоҷирон бояд дар сутуҳи баланди мақомоти Тоҷикистон матраҳ шавад ва давлат кафолат гирад, ки Русия ба нақзи ҳуқуқи тоҷикистониён роҳ намедиҳад. То масъалаи нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар сатҳи болоӣ матраҳ нашавад, он идома хоҳад дошт.
Бубинед, ҳуқуқи арманиҳо ва озариҳои муҳоҷир дар Русия камтар нақз мешавад. Ин маънии онро дорад, ки дар сутуҳи болоии ин кишварҳо масъалаи муҳоҷиратро матраҳ мекунанд. Вақте ки як нафар аз озариҳоро куштанд, ҷасади ӯро аз бозори Лужники ба Кремл оварданӣ шуданд. Чун аз Кремл ба Ҳайдар Алиев занг заданд ва гуфтанд, ки омилиниқатлро пайдо ва онҳоро муҷозот мекунанд, озариҳо аз роҳи худ пас гаштанд.
Тоҷикон дар Русия ба бадтарин бархӯрд дучор мешаванд. Ҳатто ӯзбакҳо ҳам ба чунин бархӯрд мувоҷеҳ намешаванд.Барои ҳамин бояд сиёсати хориҷии Тоҷикистон, бахсус Вазорати умури хориҷии кишвар дар робита ба масъалаи муҳоҷирон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунад, зеро бар маҳзи муҳоҷирон аст, ки иқтисод мечархад ва амният таъмин аст. Ба ин хотир бояд ҳуқуқи коргарони муҳоҷир дар сатҳи боло дифоъ карда шаванд. Вале мутаассифона, дар мо фикр мекунанд, ки агар ҳуқуқи муҳоҷирон мудофиа кунем, чун ба Тоҷикистон бираванд, ҳуқуқи худро талаб мекунанд. Бинобар ин беҳтар аст, ки дар Русия ҳаққи эшон помол шаванд, то онҳо худро беҳуқуқ ҳис кунанду дар дигар ҷо даъво накунанд.
Он ки коргарони муҳоҷири мо дар Русия беҳуқуқу тарсу ҳастанд, далолат бар он менамояд, ки онҳоро дар ҳаёт дилсард кардаанд ва медонанд, ки дар Русия касе нестанд, он ҷо касе ба доди онҳо намерасад. Бояд пеши ин кор гирифта шавад ва муҳоҷирон эҳсос кунанд, ки пуштибоне доранд. Дар ин сурат самараи кори онҳо бештар мешавад.
"Ойина": Ташаккур барои суҳбат.