Sh.hakimov.daler
ШОКИРҶОН ҲАКИМОВ: ИФШОИ БЕСАЛОҲИЯТӢ МУНҶАР БА БОЗ ШУДАНИ ПАРВАНДА АЛАЙҲИ ДАЛЕРУ АБДУЛЛОҲ ШУД

Латукӯб, боздошт ва зиндонӣ кардани рӯзноманигорон дар Тоҷикистон барои аввалин бор нест, ки иттифоқ меуфтад. 

Ҳадди ақал аз солҳои 2000-ум ба баъдрӯзноманигороне аз қабили Раҷаб Мирзо, Далер Шарифов, Абдураҳими Умариён, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Маҳмадалӣ Ҳаит латукӯбу зиндонӣ шуда буданд. Ҳарчанд омилони латукӯби рӯзноманигорони мазбур муаррифӣ ва ба додгоҳ кашида нашуданд, қазоёи зарбушатми онҳо ба ҳар тарзе ташреҳ мешуд. Аммо латукӯби Далери Имомалӣ аз тарафи мақомот ва боздошти ӯву Абдуллоҳ Ғурбатӣ, дигаре рӯзноманигори ҷавони тоҷик бар маҳзи фаъолияти касбии эшон ҳодисаест хос, ки ҳич тавзеҳу ташреҳе ба ҷуз аз арзёбии ҳуқуқии ин қазия надорад.Бинобар ин “Ойина” тасмим гирифт, дар ин хусус мусоҳибаеро бо Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқшиноси тоҷик анҷом диҳад.

Ахиран, дар ҳоле ки ин мусоҳиба барои нашр омода мешуд, расонаҳо хабар доданд, ки додгоҳ ҳасби Далери Имомалиро барои ду моҳ тамдид кард. Қаблан, ки ӯ ба "соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ дар мавриди содир шудани ҷиноят" муттаҳам дониста мешуд, имрӯз иттиҳоми ҷадиде алайҳи ӯ, "ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ"эълон шудааст. Зимнан гуфта мешавад, бар парванди Далери Имомалӣ “муҳри махфӣ” гузоштаанд.

“Ойина”: Мехоҳам суҳбатро аз ин оғоз кунем, ки Шумо ба унвони як ҳуқушинос ба ин шева боздошт шудани ду рӯзноманигорро дар як кишвари дорои унвони демократӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Шокиҷон Ҳакимов: Бидуни шак, тарзу усули боздошту татбиқи чораи пешгирӣ нисбат ба рӯзноманигорон бояд ба тарзи дигар анҷом мешуд. Зеро онҳо ба ҷомеа таҳдиду хатар эҷод намекунанд ва аз рӯйи вижагиҳои касбиашон,мутааллиқ ба қишри зиёии кишвар мебошанд. 

Ба андешаи ман, агар қаблан муаммою мушкилиҳои ин рӯзноманигорон дастраси ҷомеа намешуду нигаронии рӯшанфикронро ба вуҷуд намеовард, мақомоти ҳифзи ҳуқуқчунин аксуламалро нисбат ба онҳо раво намедиданд. Дар давлате, ки моҳияти он демократӣ аст, набояд чунин амалро содир шавад.

Озодии сухан ва дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ шарти муҳиму стратегии фаъолияти шаффофу босамари давлат аст. Кафолати амниятӣ ва фаъолияти эҷодкорон,бахусус рӯзноманигоронро умуман Қонуни Асосӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣтаъмин менамоянд. Вале иродаи сиёсӣ ва дарку эҳсос доштани мақомотиҳуқуқтатбиқкунанда низ дар ин робита ба манфиати давлатдорӣ аст.

“Ойина”: Бовар дорам, ки чанде аз видеоҳои мунташиркардаи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро тамошо кардаед. Оё онҳо дар зимни таҳияи чунин видеоҳо ба нақзи фоҳиши қонуне роҳ додаанд?

Шокирҷон Ҳакимов: Чунин муносибат ба рӯзноманигорон на танҳо аз риоя нашудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дарак медиҳад, балки ҳамкории иҷтимоии ташаккулҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳои илмию эҷодӣ бо давлатро заиф намуда, масирирасидан ба ормонҳои миллӣ барои бунёди давлати муосиру муваффақи мутаммадинро халалдор карда, муҳити иқтисодию сармоягузориро низ номусоиду ба раванди иҷрою татбиқи барномаю лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мухолифат хоҳад кард.

“Ойина”: Иттиҳомотеро, ки бар мабнои онҳо ин ду рӯзноманигор боздошт шудаанд, чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Шокирҷон Ҳакимов: Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ тадриҷан кӯшиш мекарданд, ки ба шаклу мазмуни фаъолияти рӯзноманигорӣ бо дарназардошти дастовардҳои технологияи муосир ва таҷрибаи дигар давлатҳои озоду демократӣ тағйироти сифатан нав ворид карда, дар фазои иттилоотӣ ҳамчун субъекти алтернативӣ ҷиҳати ошкор намудану ислоҳи масъалаҳои мубрами ҷомеа саҳми худро бигузоранд. Чунин муносибат ба корашон аз мавқеи фаъоли шаҳрвандии онҳо ва бетафовут набуданашон нисбат ба беадолатию муаммоҳои вуҷуддошта гувоҳӣмедиҳад. Аммо сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва воқеиятҳои дигари Тоҷикистони муосир боиси он мешавад, ки на ҳама, бахусус масъулони ҳокимияти давлатӣ дар бедору огоҳ ва боҷуръату ташаббускор будани шаҳрвандон дар робита ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ манфиатдор бошанд.

“Ойина”: Бубинед, баҳси Далер ва Абдуллоҳ бо мақомот аз гузориши онҳо дар робита ба тахриби хонаҳои зисти шаҳрвандон дар ноҳияи Шоҳмансур шуруъ шуда буд. Дар ҳоле ки қонунгузории кишвар дахлнопазири шахс ва молу мулкро кафолат медиҳад, тарзи бархӯрди мақомоти ноҳияи мазкур дар ин иртибот чӣ гуна метавонад арзёбӣ шавад?

Шокирҷон Ҳакимов: Маҳз бархӯрди манфиатҳои доираҳои маҳдуду муайян,эҳтимоли ошкор гардидани бесалоҳиятӣ ва берун баромадан аз доираи ваколатҳои хидматӣ бар хилофи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, инчунин нашри матлабҳо дар шабакаҳои иҷтимоию матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣомилу сабаб, шарту шароит ва ангезае шуд, ки минбаъд ба оғози парвандаи ҷиноятӣ мунҷаргардид. 

Албатта, то кадом андоза нақзи фоҳиши қонунгузорӣ ҷой дошт ё не, бояд додгоҳ бо риояи тартиби муқарраргардида онро ошкору муайян кунад. Чунин таҷрибаро дар давлатҳое мушоҳида кардан мумкин аст, ки усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва адолати судиро эътироф мекунанду ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд новобаста аз мақоми иҷтимоию ақидаи сиёсӣ ва эътиқоди динию нажоду мутааллиқ ба кадом маҳал будани шахсмурофиаро ба таври ошкоро баргузорменамоянду баробарии ҷонибҳою рақобат миёни иштирокчиёни мурофиа вуҷуд дорад. Дар шароити Тоҷикистон дигар арзишу авлавиятҳо ва омилу сабабҳои объективию субъективӣ мавриди амал қарор доранд. Бинобар ин танҳо ба инсофу ҷасорати касбии мақомоти таҳқиқоти пешакӣ ва тафтишоту суд бояд умед дошта бошем.

“Ойина”: Бармегардем боз ба масъалаи боздошти рӯзноманигорон. Чанд рӯз пеш созмонҳои рӯзноманигории кишвар бо матраҳ кардани далоиле аз мақомот тақозо карданд, ки омилони латукӯби Далели Имомалиро пайдо ва ба ҷавобгарӣ бикашанд. Аммо баръакс худи рӯзноманигор боздошт шуд. Ба назари Шумо, чаро кор чунин ранг гирифт?

Шокирҷон Ҳакимов: Ҳангоми зарурат мақомот метавонанд алайҳи ҳар шахс иттиҳомотеро истифода намоянд. Аммо аниқгуфта метавонам, ки агар ин ду рӯзноманигор ба мисли аксарияти мутлақи хамкасбонашон кору фаъолияти муқаррарии худро анҷом медоданду масъалаҳои доғи ҷомеаро матраҳ намекарданд, ба чунин вазъияти ногувор дучор намешуданд. Маҳз моҳияти матлабу мавзуъҳои интихобкардаи онҳо ва кӯшиши ҷалби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар сатҳҳои гуногун ба мушкилию муаммоҳои вобаста ба замини шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо боиси нигаронии мансабдорон шуду дар мувофиқа бо ҳамдигар ва дар асоси манфиатҳои умумӣ онҳо мувофиқи мақсад донистанд, ки сатҳу рисолати рӯзноманигоронро ҳамчун воситаи ҷиддии назорати мардумӣ ва ташаккулдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ пасттар карда, муҳиту фазои иттилоотии кишварро рақобатнопазир намоянд.

“Ойина”: Бубинед, дар Тоҷикистон аввал ба истилоҳ даҳони аҳзоби сиёсӣ баста шуд, дувум, коршиносон аз расонаҳо “рафтанд”, яъне касе намехоҳад суҳбат кунад ва инак, навбат ба худи рӯзноманигорон расид. Магар ин ҳама ҳалқаҳои як занҷир барои бӯғӣ кардани демократия дар Тоҷикистонанд ё ман иштибоҳ мекунам?

Шокирҷон Ҳакимов: Дигар ҷиҳати масъала дар он зоҳир мешавад, ки ҷониби дигар, тавре ки дар урфият мегӯянд, хостанд, ба ҳамин тартиб илоҷи воқеаро ёбанд. Вагарна зимни моҳиятан баррасӣ намудани қазия дар низоми адолати судӣ вазъияти ҳуқуқии даъвогару ҷавобгар шояд иваз мешуд.

“Ойина”: Дурнамои вазъро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Шокирҷон Ҳакимов: Агар дар низоми муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ мувозинат риоя нашавад, на танҳо дарку эҳсоси масъулияти давлатдорӣ халалдор мегардад, балки заминаҳои мусоиду қавию устувор ҷиҳати яккатозию худхохӣ ва шахспарастию дигар падидаю зуҳуроти номатлуб ба вуҷуд меоянд.

Бидуни шак, ин вазъ ба манфиати миллию амниятӣ нест ва бинобар ин бояд тадриҷан кӯшиш кунем, то режими сиёсии демократӣ ва хуқуқбунёду муваффақу муосирро дошта бошем. Ба таври қобили мулоҳиза беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шахрвандон,бештар шудани эътибори давлат низ ҳамчун кафолати ҷалби сармояи хоричӣ ва барқарор намудану густариши муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо низ маҳз аз риояю иҷрои онҳо вобастааст.

“Ойина”: Ташаккур.