Hafiz boboyorov1
ЗИНДОНИ ТАРС

Зиндони сиёсиро намедонем чӣ гуна бошад.

Онро онҳое медонанд, ки пӯшти панҷараҳои он буданд, аммо аҳёнан шунидаем, ки дар бораи он чизе гуфта бошанд. Зиндониёни сиёсӣ парвандаҳои худро, ки дар он ҷо хондаанд, баъзан ба шакли китоб ҳам нашр кардаанд, аммо боз ҳам дар бораи таҷрибаи худ ҳамчун зиндонии сиёсӣ чизе намегӯянд. Ҳатто баъзан қиссаҳои мекунанд, ки гӯё дар як шаҳри ормонӣ ба сар бурдаанд. Касе, ки дар озодӣ китобе нахонда ва ҳамеша аз пайи авбошию одамкушӣ буд, он ҷо зиёда аз се ҳазор китоб хондааст. Ва аз ин қабил қиссаҳо.

Зиндони тарс ба аксарият ошно аст, гарчанде дар бораи он намегӯянд. Он шахсиятро барҳам медиҳад. Дар он ҷо ҳамарӯза инсон дар оташи виҷдони худ месӯзад, баҳона меҷӯяд, иродаи худро мешиканад, то дигар хомӯш бимонад. Чунин азоби монанд ба дӯзахи зиндони тарс то охири умр давом хоҳад кард, то замоне ки ӯ хомӯшона мемирад. Ӯ хомӯшона то лаҳзаи охир нафас мекашад, то ба худи ӯ зарар нарасад. Аммо дар баҳои чӣ? Дар баҳои нодида гирифтани азобу машаққати ҳамагон.

Дар зиндони тарс мо ба хиёнат ба дӯстони наздики худ хӯ мекунем. Ҳар некие, ки карда мешавад, ба хотири хиёнат анҷом дода мешавад. Боварӣ ва эътимоди якдигарро ба даст меорем, то оқибат фурсати мусоиде барои фурӯхтани якдигар даст диҳад. Мо нақшаҳо, барномаҳо ва ҳатто ормонҳои муштаракро, ки барои шукуфоӣ ва абадият дуруст карда будем, мефурӯшем. Аммо дар фурӯхтан ҳам ҳиммат надорем. Арзон мефурӯшем. Дар баҳои пуле, замине, хонае, ҷомаю тоқие, зиёфате ва мансабе, ки аз он ҳатто дар пеши ҳам хоҷагон ва ҳам зердастони худ обрӯ намегирем, чун медонанд онро дар баҳои чӣ ба даст овардаем. Мо якдигарро дар баҳои ваъдаи ҳотамонаи як ҳариси сарвату қудрат ҳам мефурӯшем. Табиист, ки он ваъдаи ҳарис ҳеч гоҳ амалӣ нахоҳад шуд.

Зиндони тарс моро гурезаи сиёсӣ мекунад. Нахуст ба якдигар эҳсоси ҳамдардӣ дорем. Ба ҳам меоем. Билохира, дар симои якдигар душман мебинем. Суҳбатҳоямон пур аз дашном аст. Нафареро, ки дирӯз дӯсти ҷонӣ ва бародар мегуфтем, имрӯз таҳқир мекунем, ки “мабодо ту суҳбатҳои моро сабт намекунӣ?” Ин пурсиши таҳқиромез аз буздилии мо реша мегирад, ки дар симои ҳар касе дар атроф душман мебинем, агар ӯ ба ҳақоратномаҳои мо лайк нагузошт.

Дар зиндони тарс аз худ тимсоли “шери нар” сохтаем, ки ӯро “рӯбаҳмиҷозон” дар пушти панҷара андохтаанд. Аммо ҳеч кас намепурсад, ки ӯ чӣ гуна шери наре буда, ки рӯбаҳон ӯро ба кунҷи панҷараи паноҳандагӣ андохтанд. Дар ин зиндони тарси паноҳандагӣ, ҳазорҳо километр дур аз Тоҷикистон, дигаронро қасам медиҳанд, беномус ва тарсу мехонанд, ки чаро ба майдон намеоянд, чаро эътироз намекунанд, чаро корпартоӣ ва гирдиҳамоӣ намекунанд, чаро синаи худро ба тиру тӯп сипар намекунанд. Ҳеч касе нест бипурсад: Чаро даъват мекунӣ, чаро худат ба майдон намебароӣ?

Зиндони тарс моро билохира ҳақоратгӯ ва дашномхӯ мекунад. Бархӯрди мо ба дигарон занҷиратири русӣ (мусалсал; пулемёт)-ро мемонад, ки ҳар касе дар гирду атроф пеш омад, тирборон мекунем. Тирборони ҳақорату дашном. Оре, кӣ дашном накардааст? Ҳама, беистисно. Лаҳзаҳое мешаванд, ки илоҷи дигаре ҷуз дашном нест. Аммо аз назари равонӣ, дашному ҳақорат аз нотавонӣ дар муқобили мушкилӣ аст. Дар зиндони тарс дашному ҳақорат ҷойи барномарезии хирадмандонаи сиёсиро мегирад, ҳамонгуна ки ҷойи дипломатияро пулемёт ва ё “Калашников”.

Ба ҳар касе даст додам, баъдтар фаҳмидам, ҷуз дашном коре аз дасташ намеояд. Аз худ мепурсам: чӣ гуна ҳимоятамро аз ӯ тавҷеҳ бидиҳам? Ӯро асабонӣ кардаанд? Ба ӯ низ дашном додаанд? Ҷавоби дашном дашном аст? Ҳич кадоме маро қаноати виҷдонӣ намебахшад.

(акс ва навишта аз сафҳаи фейсбукии Ҳафиз Бобоёров)