"ҶАНГИ ГАНДУМ"- ФУРСАТИ ТИЛОӢ БАРОИ ДАЛЛОЛОНИ БОЗОРИ ҶАҲОНИИ ГАНДУМ
Ба дунболи Русия ва Қазоқистон кишвари Ҳинд низ аз маҳдудияти содироти гандум хабар дод ва шоки ҷадидеро ба бозори орду гандум ворид кард.
Ин иқдом аз сӯйи кишварҳое, ки бештарин саҳмро дар тавлиду содироти гандум дар ҷаҳон доранд, вазъро ошуфта ва қимати гандумро ба нархи грами тило наздиктар месозад. Дар баробари ин Украина, ки нақши калидӣ дар содироти гандум дорад, имсол даргири ҷанг асту адами кишти гандум дар ин кишвар нигарониҳои ҷаҳониро бештар ва боиси афзоиши қимати ин маҳсули стратегӣ шудааст. Имсол қимати гандум дар бозори ҷаҳонӣ то 60 дарсад афзоиш доштааст.
Ҳинд дувумин кишвари тавлидкунандаи бузурги гандум дар ҷаҳон ба шумор меравад, аммо бештари ин гандум дар дохил масраф мешавад. Содироти Ҳинд ба зери 10 миллион тонна мерасад, ки саҳми зиёде нест. Ҳинд ба тозагӣ ба баҳонаи хушксолӣ, бардошти ками гандум, ҳамчунин пешгирӣ аз афзоиши қимати орд дар бозорҳои дохилӣ аз содироти ин маҳсул худдорӣ кард. Зеро қимати гандум дар дохили он, ки ҷамъияти зиёд дорад, якбора афзоиш ёфт. Ҳинд солона гандуми ниёзи кишварҳое монанди Индонезия, Исроил, Уммон, Нигерия ва Африқои Ҷанубиро таъмин мекард.
Русия яке аз дигар бузургтарин кишварҳои содиркунандаи гандуми ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар танҳоӣ саҳми он дар бозори ҷаҳонӣ 20 дарсад аст. Украина низ пеш аз ҷанг саҳми 10-дарсадии содироти гандумро ба худ ихтисос дода буд. Аммо ҳамлаи Русия ва баста шудани роҳи обӣ барои содироти гандуми Украина сабаби афзоиши қимати гандум дар бозори ҷаҳонӣ шуд, ки нигаронии бештари кишварҳои африқоии ниёзманди ин маҳсулро ба бор оварда.
Қазоқистон, ки наздик ба 3 дарсади содироти ҷаҳонии гандумро ба худ ихтисос додааст, вазъияти мутафовите дорад. Ин кишвар монанди Русия ва Украина даргири ҷанг нест, вале ба далели афзоиши қимати ҷаҳонии гандум ва ба баҳонаи афзоиши 30-дарсадии қимат дар бозори дохилӣ аз содироти гандум худдорӣ карда, назорагари афзоиши қимати ин маҳсул дар кишварҳои ҷаҳон шудааст.
Аммо “Қораи сабз” ё кишварҳои аврупоӣ 50 дарсади содироти гандумро ба худ истисос додаанд. Иёлоти Муттаҳидаву Канада дар Амрикои Шимолӣ 30 дарсади бозори содироти гандумро доро ҳастанд. Мексика дар Амрикои Лотин саҳми 7-дарсадӣ ва Австралия саҳми 6-дарсадии бозорро доро ҳастанд. Дар ин миён кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ, ки бештарин ҷамъияти ҷаҳонро дар худ ҷой додаанд, ба тартиб саҳми 2.9 дарсад ва 0,1 дарсади содироти гандумро ба худ ихтисос додаанд, ки хеле ночиз аст ва буҳрони ғизоӣ таъсири бештаре рӯйи ҷамъияти ин кишварҳо мегузорад.
Гандуми содиротии ҷаҳон аз гардиши солонаи 40-миллиарддолларӣ бархурдор аст, ки ҳудуди 20 миллиард доллари он саҳми кишварҳои “қораи сабз” аст.
Паҳлуи дигари ин баҳс бармегардад ба саҳми даллолони бозори гандум – муҳимтарин маҳсулоти ниёзи аввали мардуми сайёраи Замин. Ахиран расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки Русия бо тасоҳуби анбори гандуми Украина ҳудуди 500 ҳазор тонна гандумро бо мошинҳои борбар ба Қрим кашонда, аз он ҷо бо киштиҳо ба Сурия, Лубнон ва кишварҳои африқоӣ ирсол кардааст.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Русия иддао кардааст, ки Амрико, Канада ва Лаҳистон захираҳои гандуми Украинаро ба баҳонаи расонидан ба мақсад аз роҳи бехатар мекашонанду анбор мекунанд. Мақомоти рус ин равандро “ҷанги гандум” ва ё “ташкили буҳрони ғизоӣ” унвон кардаву ҳатто ин иддаоро ҳам матраҳ мекунанд, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ гандуми Украинаро бар ивази кумакҳои моливу таслиҳотӣ дар ихтиёр мегиранд. Ба иддаҳои онҳо, бо нигоҳ доштани он дар анборҳо боиси афзоиши қимати он дар бозори ҷаҳонӣ мешаванд, то дар ин ошуфтагии бозор ва буҳрони ғизоӣ Русияро муқассир ҷилва диҳанд.
Бо ин ҳол ҷараёни мамнуияти содироти гандум тарафдорон ва мухолифони худро дорад. Бархе аз афзоиши қимати гандум хушҳоланд ва онро фурсати муносибе барои фурӯш ва касби даромади бештар медонанд. Тарафдорони мамнуияти содироти гандум ин баҳонаро пеш меоранд, ки ба хотири танзими қимат дар дохили кишвар ва ҷилавгирӣ аз афзоиши нарх содироти гандум бояд мутаваққиф шавад. Аммо мухолифони маҳдудияти содироти гандум бар ин боваранд, ки замони боло рафтани қиматҳо фурсати муносибе барои содирот ва беҳбуди судоварии кишоварзон аст.
Ашок Гулати, иқтисоддон ва кишоварзи маъруфи Ҳинд мегӯяд, давлат бояд иҷозаи истифодаи кишоварзон аз фурсати рушди қиматҳои ҷаҳониро бидиҳад. Агар давлати Ҳинд мехоҳад анборҳои гандумро пур кунад, беҳтар аст,қимати пешниҳодӣ ба кишоварзонро афзоиш диҳад. Зеро бештари кишоварзони мунтазири пешниҳоди қимати болотар феълан аз фурӯши маҳсули худ худдорӣ мекунанд.
Аммо иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки лағви содироти гандум барои бахши хусусӣ ба кишварҳои осебпазир кумаке нахоҳад кард ва танҳо ба суди даллолони бозори сиёҳ хоҳад буд.
Бар асоси гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул, агарчисаҳми Русияву Украина дар кулли тиҷорату тавлиди ҷаҳонӣнисбатан хурд аст, аммо онҳо таъминкунандагони муҳими маҳсулоти зарурӣ, бавижа ғизо ва энержӣ ҳастанд. Охирин пешбиниҳо нишон медиҳанд, ки буҳрони ношӣ аз ҷанги миёни Русия ва Украина метавонад рушди тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳониро байни 0. 7 то 1. 3 дарсад коҳиш диҳад ва байни 3. 1 то 3. 7 дарсад барои соли 2022 бирасонад.
Хулоса феълан дар баробари ҷанги сарду ҷанги гарм «ҷанги гандум» низ идома дорад ва Русия кишварҳои ғарбиро дар даллолии бозори гандум муттаҳам мекунаду АмриковуАврупо Русияро ба далели бастани роҳи содироти гандуми Украина муқассири афзоиши қимати ин навъи маҳсул дар бозори ҷаҳонӣ медонанд. Дар ин миён кишварҳо ва даллолони дигаре назорагари қимати гандум дар бозори ҷаҳонӣ ҳастанд ва ҳарчи маҳдудияти содироти гандумбештар шавад, қимати гандум болотар меравад, бо қиматитило рақобат мекунад ва фурсатҳоро дар ихтиёри даллолони бозори гандум қарор медиҳад.
Аммо ба назар мерасад, ки аз ҳоло қимати гандум боарзиштар аз қимати тило аст, зеро тило маҳсули ниёзи аввали мардум нест, аммо гандум тақозои ҳамарӯза аст, ки бидуни он зиндагии инсонҳо дар хатар аст. Як хабари манфӣ дар бораи ин мавзуъ кишварҳо, ҷомеаҳоимасрафкунандаи гундумро бо шоки ҷадид ва воҳимаиафзоиши муҷаддаи қимат рӯ ба рӯ месозад.
«Ойина»