ҶАНГИ ПАШША БО ФИЛ: ҚИЁСИ ЗИНДАГИИ МАРДУМИ КАМБИЗОАТ ВА НАРХҲО
Тибқи охирин маълумоти эъломшуда аз сӯйи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, маоши миёна дар Тоҷикистон дар соли 2021 бо афзоиши 13,7-дарсадӣ ба 1747 сомонӣ (155$) баробар шудааст. Яъне як нафар ба таври мутавассит дар моҳ 1747 сомонӣ маош дарёфт мекунад.
Ҳоло мо талош мекунем, ин маоши миёнаи якмоҳаро бо нархҳои имрӯз қиёс ва харҷи моҳонаи як нафарро ҳисоб кунем, ки ин маош барои чӣ чизе кифоят мекунад.
Мо ба сабади истеъмолии кишварҳои пешрафта такя намекунем, зеро маоши дарёфтӣ дар Тоҷикистон ба 10 дарсади сабади истеъмолие, ки кишварҳои аврупоӣ муқаррар кардаанд, баробар намешавад. Ҳарчанд қимати барқу обу хадамотро бархе мақомоти масъули мо дӯст доранд, бо қимати ҷаҳонӣ ва стандарти байналмилалӣ муқоиса кунанд, аммо ҳангоми ҳисоби сабади истеъмолӣ шояд кишвари мо бо кишварҳои африқоӣ қиёспазир бошад.
Барои мисол, дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон сабади истеъмолӣ маҷмуи гунонуни маводи ғизоӣ, ғайриғизоӣ ва хадамотро дар бар мегирад. Дар Амрико сабади истеъмолӣ 300 номгӯй, дар Фаронса аз 250, дар Олмон 475 ва дар Англия 499 номгӯи маҳсулоти ғизоиву ғайриғизоӣ ва хадамотро шомил мешавад. Вале мо танҳо ба зери 30 маҳсулоту хадамоти ниёзи аввале, ки барои зиндагии ҳадди ақал ё ба қавли маъруфи “бихӯру намур” бошад, иктифо кардем. Дар идома хоҳед дид, ки ин 155 доллар ё 1747 сомонӣ (маоши миёнаи моҳона) ба хариду пардохти чӣ чизе мерасад.
Муҳимтарин маҳсулоту хадамоти ниёзи аввал ё сабади истеъмолӣ барои як нафар дар моҳ:
Маводи ғизоӣ
1. Нон – 60 дона, ҳар яке 2 сомонӣ ва ҷамъан 120 сомонӣ.
2. Равған – 1 литр 30 сомонӣ.
3. Шакар – 2 кило 25 сомонӣ.
4. Шир– 4 литр 24 сомонӣ.
5. Чакка ва маҳсулоти ширӣ (дӯғ, хома ва саршир) – 50 сомонӣ.
6. Гӯшт – 1.5 кило 100 сомонӣ.
7. Моҳӣ – 1 кило 35 сомонӣ.
8. Биринҷ – 6 кило, ҳар килое 10 сомонӣ ва ҷамъулҷамъ 60 сомонӣ.
9. Макарон – 4 кило 50 сомонӣ.
10. Нахуд – 1 кило 15 сомонӣ.
11. Чой ва адвияҷот – 15 сомонӣ.
12. Картошка – 5 кило 4 сомонӣ 20 сомонӣ.
13. Сабзӣ – 4 кило, ҳар килое 3 сомонӣ ва ҷамъулҷамъ 12 сомонӣ.
14. Сабзиҷот – ҷамъан 30 сомонӣ дар моҳ.
15. Пиёз – 4 кило 3,5 сомонӣ ва ҷамъан 14 сомонӣ.
16. Мева – анвоъи мева ба ҳисоби миёна 150 сомонӣ дар моҳ.
17. Тухми мурғ – 15 дона: 15 сомонӣ дар моҳ.
Либос ва ниёзҳои ғайрихӯрданӣ:
18. Ҷӯроб – 5 сомонӣ.
19. Зерпӯш – 15 сомонӣ.
20. Лавозими таҳририя ё дафтару қалам – 10 сомонӣ.
21. Дастмоли коғазӣ ва коғази ташноб – 20 сомонӣ.
22. Собун ва шампун – 20 сомонӣ.
23. Хамираи дандоншӯӣ ва мисвок, лавозими ришгирӣ – 20 сомонӣ.
24. Дору ва маводи беҳдоштӣ – 30 сомонӣ.
Хадамот:
25. Иҷора – 1000 сомонӣ дар моҳ.
26. Пули барқ, об ва хадамоти коммуналӣ - 200 сомонӣ дар моҳ.
27. Роҳкиро – 150 сомонӣ дар моҳ.
Ҷамъи кулли хароҷоти ҳаддиақалии як нафар дар моҳ дар Тоҷикистон ба 2200 сомонӣ баробар шуд. Ин ҳисоб фақат маҳсулоти ниёзи аввали як нафарро дар бар мегирад ва як дирам ҳам харҷи изофиро барнаметобад. Дар ин сабад истироҳату гаштзанӣ бо хонаводаву дӯстон, пазироӣ аз меҳмон ва дигар харҷҳои изофӣ дар назар гирифта нашудаанд, ки дар хонаводаҳои тоҷик як одати маъмулиянд. Дар ҳоле ки музди моҳонаи миёна дар Тоҷикистон 1747 сомонӣ аст, харҷи ҳадди ақал (на миёна)-и як нафар дар моҳ 453 сомонӣ, зиёдтар аз мизони маоши ҳадди миёнаи аҳолӣ мебошад. Ҳоло тасаввур кунед, нафақахӯрон ва афроде, ки бо ҳадди ақали маош ва нафақа, ки дар ҳудуди 600 сомонӣ муқаррар шудааст, чӣ тавр зиндагӣ мекунанд?
Оё ин суолро ба худ додаед, ки онҳо дар моҳ чӣ замонеро гурусна ва нимгурусна мегузаронанд ё ба истилоҳ “аз шиками худ мезананд”, то маошашон ба сари моҳи дигар бирасад ё аз чандин мағоза қарз мегиранд ва ин қарзҳо ҳар моҳ афзоиш меёбаду анбуҳ мешаванд. Агар Раҳими Ғармиҳо, яъне афроди хайрхоҳ ва хонаводаашон ба ин афрод кумак накунанд, воҳимаи қарзи ҳаддиақалбигирҳо ва камбизоатон аз қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳам миёншикантар ба назар мерасаду ҷанги пашша (маош ва нафақа) бо фил (нарх)-ро ба ёд меорад.
Бино ба омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, болоравии маош дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шарҳи зер аст:
дар Русия — 15%, то 60 101 рубли русӣ ($709);
дар Қазоқистон — 23,7%, то 285 433 танга ($627);
дар Беларус — 17,1%, то 1 554 рубли беларусӣ ($551);
дар Арманистон — 9,6%, то 212 767 дирҳам ($437).
дар Қирғизистон – 11,4%, то 20 943 сом ($234);
Дар Ӯзбакистон - 19,1% — то 3,426 млн сӯм ($305)-ро ташкил додааст.
Дар Тоҷикистон маоши ҳадди миёна 13,7% афзуда, ба 1747 сомонӣ ($155) расидааст.
Дар бораи музди кории миёна ва сатҳи афзоиши он дар Туркманистон маълумоте дар дастрас нест.