БЕБАРНОМАГӢ ВА МОНОПОЛИЯ – МУШКИЛОТЕ, КИ КИШОВАРЗОНРО МУФЛИС КАРДААНД
Соли гузашта президенти Тоҷикистон кишоварзонро аз пардохти андози замин барои як сол озод кард.
Ин молиёт аз 156 то 200 сомонӣ барои як ҳектор замин буд, ки дар маҷмуъ 256 миллион сомониро ташкил медод. Оё ин гузашти давлат барои деҳқон сабукӣ овард?
Ба андешаи кишоварзон, ҳич мушкиле ҳал нашуд, баръакс мушкили дигаре пеш омад. Барои мисол, болоравии қимати нуриҳои минаралӣ, камбуди тухмӣ барои кишти замин, қимати сӯхт ва ғайра.
Имсол як халта нурии минералӣ, ки 50 кило вазн дорад, то ба 600 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар расидааст. Сабаби болоравии қимати он дар чист?
Сарнахи ҳалқаи фурӯши нуриҳои минералии дохилӣ ва берунӣ дар дасти азизони ҳукумат аст. Ҳукумат ба ҳич кас иҷозат намедиҳад, ки ин маҳсулотро аз ҷойи дигар арзон ворид кунад. Барои мисол, як халта нурии минералӣ дар Ӯзбакистони ҳамсоя ду ё се баробар арзон аст. Ӯзбакистон алоқаманд аст, ки ин маҳсулотро бо ҳамсояҳо фурӯшад. Аммо инҳисори азизони ҳукумат пеши ин роҳро бастааст. Оҷонсии зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон инро нодида мегирад. Беҳтар аст, бигӯем, ки ин оҷонсӣ тавони муқобила бо ин масъалаи ғайриқонуниро надорад.
Ҳарчанд деҳқонҳо, сардорони иттиҳодияҳои деҳқонӣ аз давлат тақозо мекунанд, ки қимати колоҳо контрол шавад, аммо он тарзе “контрол” мешавад, ҳавора нарх боло меравад.
Мушкили дигари деҳқонон ин масъалаи андозҳои дандоншикани давлат аст, ки иттиҳодияҳои деҳқонӣ ва деҳқонҳои инфиродиро ба варшикастагӣ рӯ ба рӯ мекунад.
Як мисол: деҳқон 15 сотих замини навздишавлигӣ дорад. Ҳар сол барои ин замин андоз медиҳад. Пули оби масрафкардааш дар киштукор ё чанд дарахти мевадорро пардохт мекунад. Аз пули меваи боғаш андоз медиҳад.
Дар ин зимн қиссае шунидаам, ки бароям ғайричашмдошт буд. Як мард аз вилояти Хатлон нақл кард, ки меваи зардолуи дари хонаашро мечидааст. Дар ин ҳангом корманди умури молиёт ба хонааш омадааст. Ӯ мегӯяд, фикр мекунад, касе корманди идораи молиётро хабар карда будааст, ки ин мард зардолу мечинад.
- Панҷ ҳазор сомонӣ молиёти ҳосили зардолуро медиҳӣ, вагарна намегузорам, ки ҳосилро бичиниву ба бозор барӣ, - хитоб кардааст намояндаи Кумитаи андоз.
- О, додарам, ин дарахти зардолу худ арзиши панҷ ҳазор сомониро надорад.
Хулоса, ба нақли ин мард, баъди ҷанҷоли лафзии дуру дарозе намояндаи Кумитаи молиёт ба дастии деҳқон санадеро дода мегӯяд:
- Ана, ин квитансияро гирифта, ба бонк раву ду ҳазор сомонӣ супор!
Ин мард ба бонк меравад. Вақти таҳвили пул корманди бонк аз ӯ мепурсад, ки “ба ҳамин рақами телефон пул гузаронам?”. Марди деҳқон дар ҷавоб мегӯяд, ки “намедонам, корманди налог гуфт”.
Аз ин қисса дарёфтам, ки ин пул на буҷаи давлат, балки ба ҳисоби телефони корманди Кумитаи андоз рафтааст. “Мешудааст-ку” ибораи дӯстдоштаи раисҷумҳур аст.
Дар бораи инҳисор, яъне монополия гуфтем. Кумитаи андози Тоҷикистон низ монополия аст. Қариб ҳамаи кормандони андоз, бахусус ҷамъоварони молиёт дар навоҳӣ аз минтақаи Кангурти вилояти Хатлон ҳастанд. Дар Тоҷикистон масъалаи хешутаборӣ ва маҳалчигӣ як чизи маъмул шудааст. Касе, ки вазир шуд ё сардори идора ва ё кумита сараввал “бозсозӣ” мекунад. Кормандони собиқро бо ҳар баҳона бекор карда, ба ҷойи онҳо наздикони худро меорад.
Мушкили дигари деҳқон ин нархи рӯзафзуни маводи сӯхти дизелӣ аст. Соли гузашта як литр сӯхти дизелӣ 7 сомонӣ буд. Ҳоло ин рақам ба 12 сомонӣ расидааст. Деҳқон дигар тавони хардидории маводи сӯхтро надорад.
Дар ҳоле ки деҳқон ба ҳисоби телефони шахсии корманди Кумитаи андоз пул мегузаронад, ба гуфтаи коршиносони Пажуҳишгоҳи кишоварзии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 90 дарсади иттиҳодияҳои деҳқонии кӯҳистони ҷумҳурӣ дар киштукор аз ҷуфти гов истифода мекунанд, на аз трактор. Гузашта аз ин деҳқон тухмии хубу ҳосилдор дар даст надорад.
Ба гуфтаи коршиносон аз Вазорати кишоварзӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 90 иттиҳодияи тухмипарварӣ фаъол аст, ки онҳо танҳо ва танҳо метавонанд 50 дарсади иттиҳодияҳои деҳқониро бо тухмӣ таъмин кунанд.
Масъалаи дигаре ки то имрӯз ҳал нашудааст, мавзуи обёрӣ дар ҷумҳурӣ аст. Ба гуфтаи Холмурод Раҳмонов, мудири Оҷонсии обёрӣ, барои рафъи камбуди обу обёрӣ, бахусус барои тоза кардани каналҳои обёрӣ ба 750 миллион доллари амрикоӣ ниёз аст.
Мушкили дигар ва асосии деҳқон ё кишоварз дар Тоҷикистон набудани барномаи возеҳу рӯшан аз сӯйи ҳукумат дар ин замина аст. Деҳқон бозорро нигоҳ карда, киштукор менамояд. Дар бораи танзими киштукор дастуре вуҷуд надорад. Ба ин далел як сол пиёз, як соли дигар картошка ва соли дигар сабзӣ камчин мешавад. Барои мисол, соли гузашта картошка камчин набуд. Ҳоло нархи як кило картошка то шаш сомонӣ расидааст.
Агар давлат дар заминаи киштукор барномаи мушаххас медошт, ин камбудиҳо дар бозор сар намезаданд. Ба қавли коршиносон, дар сурати вуҷуди чунин барнома Тоҷикистон метавонад худро ба масулоти кишоварзӣ таъмин кунад.
Ҳикмати Дарвеш