Charoqimatibarqbolo

ЧАРО ҲАМАСОЛА ҚИМАТИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО МЕРАВАД? 

Мусалламан дар Тоҷикистон шуруъ аз тирамоҳ ва ҳамчунин дар зимистон аксари навоҳӣ ва рустуҳо аз камбуди барқ танқисӣ мекашанд. Бо вуҷуди ин суоли матраҳ дар ҷомеаи ин аст, ки чаро ҳамасола қимати барқ дар кишвар боло меравад? Тайи ин матлаб талош шудааст, ба ин суоли рӯз посух дода шавад.

Соуоли боло дар ҳоле матраҳ аст, дар Тоҷикистон дар ин авохир чанд нерӯгоҳи хурду миёнатавонеро амсоли “Сантӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва як бахши нерӯгоҳи бузурги “Роғун” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 

Президенти Тоҷикистон ба мардум қавл дода буд, ки агар ин се нерӯгоҳро бо кумаку ҳамкорӣ ба Эрону Русия бисозему ба истифода диҳем, Тоҷикистон мустақилияти энержиро соҳиб мешаавад. Ва рустоҳо дар тӯли сол бо барқ тамин мешаванд. Аз ин ваъда 20-25 сол сипарӣ шуд. Вале то ҳол бархе аз навоҳӣ ва садҳо русто шуруъ аз тирамоҳ то охири зимистону аввали баҳор бо барқи комил таъмин нестанд. Бар иловаи ин ҳамасола қимати барқ дар Тоҷикистон боло меравад.

Далели аслии болоравии қимати барқ қарордоди чанд сол пеш имзошудаи миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ аст.Тибқи ин қарордод, Тоҷикистон муваззаф аст, ҳар сол қимати барқро афзоиш диҳад. Тоҷикистон дар ивази афзоиши қимати барқ аз Бонки Ҷаҳонӣ барои иваз кардани таҷҳизот ва дастгоҳҳои интиқоли барқ ба масрафкунандагон пул ба даст меоравад. Аз ҷумла аз ин пул як бахши қарзи Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ низ пардохт мешавад.

Бо имзои ин қарордод дар солҳои пеш Тоҷикистон чун моҳие ба шасти Бонки Ҷаҳонӣ уфтодааст. Бонки Ҷаҳонӣ дар ин 50 соли охир барои ҳич кишвар кумаки молии беғараз накардааст, ки барои Тоҷикистон кунад. Фаромӯш накунем, ки ҳадафи ҳар гуна бонке ба даст овардани фоида аст, хоҳ бонки хурд бошад, хоҳ бонки ҷаҳонӣ.

Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон ҷуз иҷрои ин қарордод чораи дигаре надорад. Бинобар ин агар Тоҷикистон ҳазор нерӯгоҳи дигар бунёд кунад ҳам, қимати барқ коҳиш намеёбад, зеро Бонки Ҷаҳонӣ ба ин иҷозат намедиҳад. Роҳи ягона бозгардондани якбораи қарзи Бонки Ҷаҳонӣ ва дар ин замина даст кашидан аз ин қарордод аст. Оё Тоҷикистон аз чунин тавони маънавию сиёсӣ бархӯрдор аст?

Тоҷикистон кишварест, ки барои пардохти моҳонаи мардуми бознишаста, яъне нафақахӯрон аз Амрико кумаки молӣ мегирад. Пештар, то президент шудани Трамп дар Амрико ИМА ба Тоҷикистон 52 миллион доллар кумак карда буд. Трамп ин кумакро ба 38 миллион доллар поин овард. Ҳоло дар сояи ҳаводиси Украина Тоҷикистон аз гӯшаи хаёли Ҷо Байден берун рафтааст, гарчанде мақомоти Тоҷикистон алоқаманди пирӯзии демократҳо дар Амрико буданд.

Далели дигари болоравии ҳамасолаи қимати барқ дар Тоҷикистон қочоқи барқ ба Ӯзбакистон ва Афғонистон дар фасли зимистон аст. Тоҷикистон ба Афғонистон ва Ӯзбакистон барқ мефурӯшад. Вале чӣ қадар?

Ин суоли солҳо беҷавоби мардум ба ҳукумат аст. Табиатан талафоти барқ дар роҳи интиқол бояд аз 3 дарсад бештар набошад. Чанд сол пеш ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳузури раисҷумҳур эълон карда буд, ки талафоти барқ аз 13 дарсад зиёд нест. Ҳатто раисҷумҳур ба ин рақам шак дошт. Зеро ҳамон сол Оҷонсии омори ҷумҳурӣ талафоти барқро 42 дарсад арзёбӣ карда буд.

Ба гуфтаи мутахассисон, аз 100 киловат-соат барқи тавлидшуда танҳо 58 киловат-соат ба истифодабаранда мерасад. 100 киловат барқ барои мардум ҳафт сомонию 70 дирам фурӯхта мешавад. Аз ин ҳудудан се сомонию 24 дирамаш талафоти табиӣ ба ҳисоб меояд, ки ин пул ба буҷаи давлат намеравад. Яъне давлат ба ҷойи ҳафт сомонию 70 дирам танҳо чаҳор сомонию 46 дирам аз 100 киловат-соат нерӯи барқ пул ба даст меорад. Гузашта аз ин дар ин 42 дарсад талафоти ба қавле табиӣ, боз пули қочоқи дохилии нерӯи барқ низ ҳаст, ки кормандони ширкати “Барқи тоҷик” ба ҷайби худ меандозанд.

Ба ақидаи коршиносон, дар сурати истиҳсоли 60-70 миллион киловат-соат нерӯи барқ, ки талафоташ миллионҳо сомониро ташкил медиҳад, ки боз қочоқи дохилии нерӯи барқ матраҳ аст. Яъне ин миллионҳо сомониро коршиносон марбути қочоқи дохилии нерӯи барқ низ медонанд, ки дар ҳисоботи додашудаи “Барқи тоҷик” бо ибораи “талафоти табиии нерӯи барқ” рӯпӯш карда мешавад.

Дар зимн таъкид ба як нуктаро зарур медонам: дар дунё ширкати фурӯши нерӯи барқе вуҷуд надорад, ки аз давлат қарздор бошад. Аммо ширкати “Барқи тоҷик” ҳамасола аз давлат қарздор аст.  

Ҳикмати Дарвеш