Чин ва соҳибкорони беному нишон – сармоягузорони аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон солҳои охир фазои сармоягузорӣ ба ду бахши давлатӣ ва соҳибкороне маҳдуд шудааст, ки аз номи ширкату нишонии расмии онҳо тақрибан иттилое вуҷуд надорад.
Сомонаи “Тоҷвик” дар моҳи феврали соли 2022 хабар дод, ки дар соли гузаштаи 2021 беш 600 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба ҳавзаҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷазб шудааст. Дар ин миён Чин дар соли 2021 бо сармоягузории 220-миллиондолларӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар ин замина ҷойгоҳи нахустро ба худ ихтисос додааст. Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кардаанд, дар соли 2022 қасд доранд,барои дарёфти 702 миллион доллар қарзу кӯмакҳои ройгони молӣ ба ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ муроҷиа кунанд.
Дар радаҳои баъдии сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 Туркия бо 25 миллион, Швейтсария бо 21 миллион, Фаронса бо 19 миллион, Қибрис (Кипр) бо 10 миллион ва Англия бо 6 миллион доллар қарор доранд.
Тоҷикистон барои 5 соли оянда ва иҷрои 82 тарҳи сармоягузории давлатӣ ба арзиши беш аз 42 миллиард сомонӣ, муодили 3.7 миллиард доллар барномарезӣ кардааст.
Гуфта мешавад, қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир Бонки содирот ва воридоти Чин аст. Бонки Ҷаҳонӣ ваБонки Рушди Исломӣ дар навбати баъдӣ меистанд. Бахши зиёди ин манобеи молӣ барои пиёда кардани тарҳҳои зербиноӣ дар Тоҷикистон харҷ хоҳад шуд. Ин ба маънист, Чин бештари сармоягузориҳое, ки дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, аз қабили сохту тармими роҳҳо ва хати барқ ва истгоҳҳои барқӣ, ҳама ба хотири фароҳам кардани заминаи ҳузури бештари Пекин дар Тоҷикистон аст. Солҳои охир Чин бештари конҳои Тоҷикистон, бавижа конҳои тило, нуқраву мисро дар ихтиёр гирифтаву таври маълум, конҳо дар кӯҳҳо ва маконҳои дурдаст, маҳрум аз имконот қарор доранд. Барои коркарди онҳо роҳу барқ аз авлавиятҳои аслӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин зимн Чин дар баробари дар ихтиёр гирифтани конҳои Тоҷикистон сохти роҳҳо ва барқарории хатти барқро ҳам анҷом медиҳад, ки бо ин иқдом барои худ заминаро фароҳам мекунад ва дастрасӣ ба ҳадафҳояшро осонтар месозад. Аксари тарҳҳои транзитӣ ва роҳсозӣ дар Тоҷикистон низ бо маблағгузории Чин анҷом мешаванд.
Ахиран масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам эълом карданд, Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дар Осиёи Марказӣ табдил мешавад. Азим Иброҳим, вазири нақлиёт гуфт, Тоҷикистон дар оянда ба яке аз кишварҳои транзитии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил хоҳад шуд. Ба гуфтаи Азим Иброҳим, дар ҳоли ҳозир 11 тарҳи гузаргоҳ ба арзиши 10.4 миллард сомонӣ, ҳудуди 828.2 миллион доллар дар бахши нақлиёт дар ҳоли иҷро аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои сармоягузории кишвар гуфта буд, ки ҳадафи муҳими Тоҷикистон дар солҳои оянда хуруҷи комил аз бунбасти нақлиётӣ ва табдил шудан ба қаламрави транзитӣ аст.
Ширкатҳои тағодор, бенишон ва “ҳаштпо”-ҳо
Бисёре аз коршиносон муътақиданд, сармоягузории Чин асосан сармоягузории хориҷии давлатӣ аст ва сармоягузории хусусӣ дар Тоҷикистон дар дасти доираи маҳдуд чарх мезанад ё сармоягузорони ин бахш аз “дарвоза”-и ин доираи беному нишон вориди арсаи сармоягузорӣ мешаванд. Ширкати пулчинии IRS аз ҷумлаи чунин ширкатҳое маҳсуб мешавад, ки номи соҳибаш ва макони сабташ то ҳанӯз ба таври расмӣ мушаххас нашудааст. Ҳамчунин пардохти молиёту шаффофияти фаъолияти ин ширкат зери суол аст. Ин ширкат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки бо сармоягузории аслии Чин сохта шудааст, ба унвони хадамотрасон ва нигоҳубинкунандаи роҳ вуруд пайдо кард ва ба пулчинӣ машғул аст. Бинобар ин табиист, ки он даромади тақрибан муфт ба даст меорад.
Ширкати дигаре, ки унвонаш аз “Фароз” ба номи дигаре иваз шудааст, фаъоли “бахши хусусӣ” муаррифӣ мешавад. Радиои “Озодӣ” 14 июли 2022 дар таҳқиқе дар ин бора навишт: “ Ҳар гоҳ ки ниҳодҳои ширкати "Фароз" дар сохторҳои давлатӣ ҷойгир мешуданд, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инро "шарикии давлат ва бахши хусусӣ" меномид. Ин ҷавобе буд ба расонаҳо, ки баръакс мегуфтанд, "Фароз" тиҷоратҳоеро аз дасти ниҳодҳои давлатӣ мегирифт, ки бе харҷи зиёд барояш фоидаи азим меоранд: монанди фурӯши сӯзишворӣ, ташхиси тибби аҳолӣ ва вазъи техникии мошинҳо, бима (суғурта), мактабҳои ронандагӣ, чопи бланкаҳои давлатӣ ва рақами мошинҳо, осоишгоҳҳо, бонкдорӣ, ҷамъоварии шираи камол ва ғайра. "Фароз" соҳаҳои зиёдеро фаро гирифта, дар байни мардум “аждаҳо” ё “ҳаштпо” ном гирифт ва дар соли 2019 қарор шуд, он барҳам хӯрад”.
Ин манбаъ дар идома навишт: “Таҳқиқҳо нишон дод, ки ин барҳамхӯрӣ танҳо барои бартараф кардани калимаи "Фароз" буд ва аксари ширкатҳои он ба таври гӯё мустақилона ё бо номи дигар кори худро давом дода, масири даромадашон тағйир накардааст. Яке аз онҳо "Беҳдоштӣ" аст, ки акнун ба назар мерасад, "шарикии давлат ва бахши хусусӣ"-ро зери суол мебарад. Кормандони ниҳоди давлатӣ аз кори ин ширкат, ки масъули “анализ” ё таҳлили хун аст, шикоят карданд. Кормандони беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Душанбе ба Радиои “Озодӣ” навиштанд, сифати таҳлилҳои "Беҳдоштӣ" гоҳо қаноаткунанда нест, кори духтуронро мушкил мекунад ва бар сари ташхиси беморони фаврӣ кашокашҳо ба миён меояд...”.
Солҳои охир вакилони парлумон бо тасвиби қонунҳо ба соҳибкороне имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ доданд, ки дар миёни коршиносон ва мардум онҳо ба унвони “азизони ҳукумат” ё наздикони мансабдорон ёд мешаванд. Дар гузашта корхонаи “Ғаюр” аз чунин имтиёзҳое бархурдор шуда буд. Сомонаи “Спутник” дар декабри соли 2020 хабар дод, молики ин ширкат Акбар Ғуломов, фарзанди муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон аст, ки мутааҳҳид шудааст,дар муддати як сол корхонаи тавлиди кисаҳои пластикиро дар шаҳри Душанбе ба баҳрабардорӣ расонад. Ширкати “Ғаюр” молики се корхонаи семент дар Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди солона 2,5 миллион тонна семент аст, ки бо кумаки моливу фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.
Яке дигар аз чунин корхонаҳо “Тоҷиказот”-и қаблӣ аст, ки аз замони шӯравӣ ба Тоҷикистон мерос мондааст. Ин корхонаро олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ бо 75 дарсади саҳмияаш дар соли 2001 аз они худ кард ва 5 дарсади саҳмияҳои он ба Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, вазири саноати пешин ва соҳибкори ҳамакнун зиндонӣ тааллуқ дошт. Мақомот дар соли 2014 моликияти Фирташро ғайриқонунӣ номиданд ва ин корхонаро давлатӣ карданд.
Бар асоси гузориши ҷадиди радиои “Озодӣ”, ҳамакнун корхонаи нуриҳои "Азот" ба ихтиёри ширкате дода шуд, ки дар борааш ягон маълумот вуҷуд надорад. Соҳибаш маълум нест ва гуфта намешавад, ки ба чӣ маблағе ин коргоҳро харидааст. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми феврали имсол қарори ба ихтиёри "Осиё Кемикал" додани корхонаи машҳури "Азот"-ро имзо кардааст, аммо ин ҳуҷҷат дар сомонаҳои расмӣ нашр нагашт. Нусхаи созишнома рӯзи 15-уми феврал дастраси “Озодӣ” шуд ва дар он дар бораи ҷамъияти бози "Осиё Кемикал" танҳо ҳамин қадар гуфта мешавад, ки ширкати мазкур "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад". Маълум нест, онро кӣ, кай ва дар куҷо таъсис додааст.
Ба навиштаи манбаъ, дар сомонаи Кумитаи андоз низ дар бораи ин ширкат маълумоте дида намешавад ва номи он дар феҳрасти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон низ нест. Бино бар санадҳои дастрасшуда, "Осиё Кемикал"-и соҳибаш номаълум то 5 сол аз пардохти "андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ" озод хоҳад буд. Ҳамчунон мутахассисоне, ки ширкат аз хориҷ даъват мекунад, аз пардохтҳои ҳатмии давлатӣ ва ҳатто гирифтани иҷзатномаи кор дар Тоҷикистон озод мешаванд. Бар замми ин Ҳукумати Тоҷикистон розӣ шудааст, ки ин ширкат бидуни кадом маҳдудият моли тавлидкардаи худро дар дохил ва хориҷ бо нархе, ки таъйин мекунад, бифурӯшад. Ҳамчунон фоидаеро, ки дар дохил ба даст меорад, ба асъори хориҷӣ табдил дода, ба берун барад. Ин дар ҳолест, ки Бонки Миллӣ ширкатҳоро дар Тоҷикистон аз харидуфурӯши асъори хориҷӣ бе иҷозатнома манъ кардааст. Ҳамчунон "Осиё Кемикал", тибқи ин санад, метавонад молу масолеҳеро, ки барои гардон кардани корхона заруранд, бе супурдани боҷи гумрукӣ аз хориҷа ба кишвар ворид кунад.
Гузоришҳо ва таққиқоти анҷомшуда нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ, фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон танзимшуда аст ва фазои бозу рақобати солим вуҷуд надорад. Бинобар ин танҳо бо иҷоза аз боло, дастгирии вакилони парлумон ва дарёфти “дарвоза”-и доираҳои маҳдуду ширкатҳои беному нишон мешавад, вориди ин бахш шуд.