Dollar benzin

Доллар ва бензин – мусаббаби навасони фишори мардуми Тоҷикистон

Бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Тоҷикистон мушкили таъмини нафти хоми нахустин полоишгоҳи Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо гузашти панҷ сол ҳанӯз ҳам ҳал нашудааст.

Ахиран мудирияти полоишгоҳи мазкур аз ҳосил шудани тавофуқи хуб бо Эрон ва Туркманистон дар хусуси таъмини маводи хоми ин корхона хабар дод. Вале ин бори аввал нест, ки масъулон чунин ваъдаҳоеро медиҳанд, аммо то кунун ҳич кадом аз ин ваъдаҳо амалӣ нашудааст.   

Ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, ки сохти он аз соли 2014 оғоз шуда, баҳрабардории он чор сол аст, ки ба таъхир меафтад, ба таъмини нафти хом бастагӣ дорад. Гуфта мешавад, талоши мудирияти ин полоишгоҳ барои ёфтани ширкатҳои ҳамкор аз Эрон, Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ба манзури воридати нафти хом то кунун натиҷаи амалӣ надоштааст. Ширкати чинии “TK – Оil”барои сохти полоишгоҳи Данғара 450 миллион доллар харҷ кардааст. Қарор буд, бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлон заминаи коркарди солона 500 ҳазор тонна нафт фароҳам шавад ва бо такмили он Тоҷикистон имкони тасфияи солона як миллион тонна нафти хом дар ин полоишгоҳро дорад. Ба иловаитаъмини ниёзи дохилӣ, заминаи содироти бензин ба Афғонистон низ барои Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.Тоҷикистон солона ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна бензину сӯхти дизелӣ ниёз дорад, ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар 75-умин иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ таъкид дошт, ки ҷумҳурӣ тақрибан 100 дарсад аз маводи сӯхти воридотӣ вобастагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки бозори вобастаи сӯхти воридотии Тоҷикистон бо ҳар бор боло рафтани нархи сӯзишвориюқимати доллар ошуфта мешавад ва гароншавии нархи молу маҳсулот мардумро нигарон мекунад. 

Дар солҳои охир ду омили нигаронкунанда: доллар ва бензин ба шиддат таъсири манфии худро рӯи зиндагии мардум ва нархи навои бозорҳо дар Тоҷикистон гузоштааст. Достони доллар барои аксари мардумони кишварҳои ҷаҳон ошно аст, аммо мавзуи бензин, ки Тоҷикистон сад дарсад ба воридоти он вобаста аст, сол то сол рӯйи ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ ва зиндагии мардум дар ҳоли соя афкандан аст. 

Қаблан қимати сӯхти дизелӣ бамаротиб арзонтар аз бензин буд, аммо акнун нархи сӯхти дизелӣ гаронтар аз бензин аства ин боис шуда, то соҳаи кишоварзӣ, бахусус таъмини сӯхти тракторҳо дар мавсими кишт бо мушкил мувоҷеҳ шаваду харҷи кишоварзон чандин баробар афзоиш ёбад. Ҳамлу нақли бори сангин бо комюнҳо низ гарон шуда. Ин аст, ки арзонтарин ва бекайфияттарин колоҳои чинӣ дар бозори Тоҷикистон ду се баробар гарон ба фурӯш мерасанд. 

Ба навиштаи сомонаи “Спутник”, интизории Тоҷикистон дар истиқлоли энержӣ ба натиҷа нарасид. Нахуст умедҳо барои пайдо кардани чоҳҳои пур аз нафт дар зери замини Тоҷикистон барбод рафт ва сармоягузориҳо дар ин бахш бефоида буд. Сипас дар Тоҷикистон ба умеди нафту гази ватанӣ чанд корхонаи полоиши нафт сохта шуд, аммо ба сабаби набудани нафти хом аз кор бозмонданд.

Маводи сӯхт яке аз нишондиҳандаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ки қимати тамоми колоҳо дар бозорҳои кишвар ва ҳатто содироти маҳсулот ба хориҷ ба қимати нафту газ рақам зада мешавад.  Барои мисол, агар қимати бензин як сомонӣ боло равад, худи ҳамон рӯз дар бозорҳои кишвар нархҳо афзоиш меёбанд. Пас суоли матраҳ ин аст, ки оё Тоҷикистон метавонад ниёзи худ аз воридоти маводи сӯхт аз хориҷро аз байн бубарад?

Коршиноси тоҷик Муродуллоҳ Ҷанобилов дар матлабе дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ин бора гуфтааст, Ҷопон соле беш аз 350 миллион тонна нафти хом мехарад ва онро дар 56 корхона коркард мекунад, кишварҳои Каронаи Балтик низ нафт мехаранд, на маҳсулоти нафтӣ. Ӯ меафзояд, истифодаи ду корхонаи коркарди нафт, яке дар ҷануб ва яке дар шимол ва таъмини он бо маводи хом метавонад сад дарсад ниёзи Тоҷикистонро бароварда кунад. Ӯ гуфт, аз нафт 25 ҳазор навъ маҳсул мегиранд: аз пироҳани нейлонии сафед то чархи резинии мошин, метавон соат ва дастгоҳи аккосӣ харид, вале хариди маҳсулоти нафтӣ  дар замони мо айб аст.

Аммо ин андеша мухолиф ҳам дорад. Ба қавли Фарҳод Мирзоев, мудири ширкати "Газпромнефти Тоҷикистон", корхонаи полоиши нафт ҳадди ақал 500-700 миллион доллар арзиш дорад ва имрӯз пайдо кардани чунин сармоя мушкил аст. Ӯ илова мекунад, чунин корхона дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳаҷми хеле зиёди фаровардаҳои нафтиро коркард мекунад ва бозори Тоҷикистон ба як миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ниёз дорад, ки баробар ба маҳсули камтар аз 20 рӯзи кори корхонаи полоиши нафти шаҳри Омск баробар аст. Он соле 19 миллион тонна нафтро фароварӣ мекунад.

Аммо бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, Тоҷикистон бояд сиёсати чандманзура барои суботи бозори сӯхтро рӯи даст гирад, ки шомили чанд бахш, аз ҷумла воридоти сӯхт аз чанд кишвар, коркарди нафти хом дар полоишгоҳҳо дар дохили кишвар, таъмини маводи хом аз манбаъҳои гуногун, коркарди маҳсулоти ҷонибӣ ва муҳимтар аз ҳама гузаштан ба анвои сӯхтҳои экологӣ, аз ҷумла мошинҳои барқӣ ва электрикӣ мешавад. Ин иқдом дар ҳоли шуруъ аст, аммо имконоти бештарро тақозо мекунад. 

Дар ҳоли ҳозир қимати ҳар литри сӯхт дар Тоҷикистон аз марзи 10 то 12 сомонӣ, яъне болотар аз 1 доллар аст. Барои мисол, дар Қирғизистон қимати ҳар литри бензин 0,65, дар Қазоқистон 0,56 ва дар Ӯзбакистон 0,52 долларро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол камтарин маошу дастмузди моҳона ҳам дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба аҳолии Тоҷикистон рост меояд.  

Бар асоси таҳқиқи соли 2019-и шуъбаи таҳлилии “Picodi.com”, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо маоши моҳонааш имкон дорад, ҳамагӣ 130 литр бензин харидорӣ намояд. Хулоса, мардуми Тоҷикистон бо дарёфти камтарин маошу дастмузд дар минтақа, гаронтарин сӯхтро ҳам харидорӣ мекунанд ва бо ҳар бор тағйир ёфтани қимати сӯхт ва афзоиши қимати молу маҳсулот фишори мардум ҳам мисли навасоноти бозор пойину боло меравад.