гиппертаваррум

Гипертаваррум. Чаро мақомоти Тоҷикистон дурӯғ мегӯянд?

Мақомоти Тоҷикистон мизони таваррум дар ҷумҳуриро ҳудуди чор дарсад бештар аз соли гузашта эълон карданд.

Ин дар ҳолест, ки қимати баъзе аз колоҳо аз яку ним то ду баробар боло рафтааст. Ба ин далел коршиносон ба ин арқоми пешниҳодшуда ба хабарнигорон шак доранд ва онро воқеӣ намешуморанд.

Аввалан ин ки давлат гуфтааст, ин чаҳор дарсад болоравӣ нисбат ба соли гузашта аст. Нисбат ба соли гузашта бошад ҳам, воқеият нест. Чаро? Соли гузашта як кило орд ҳудуди чор сомонӣ буд. Ҳоло бошад, аз нуҳ сомонӣ бештар шудааст. Қимати биринҷ аз 20 сомонӣ болост. Нархи рӯғани растанӣ низ барои як литр баробар ба 25 сомонӣ аст. Пас аз ин сабаб метавон гуфт, ки сатҳи таваррум на чаҳор дарсад, балки ҳудуди 50 дарсад боло рафтааст.

Худи таваррум чист? Он маънии уфти қулби пул дар муқобили колоро дорад. Чанд соли қабл сомонӣ дирҳам дошт. Яъне 100 дирҳам як сомонӣ буд. Ҳоло ин дирҳам аз забони савдо афтодаасту дар асл аз байн рафтааст. Акнундигар пули коғазии 5-сомонӣ ва яксомонӣ дар дасти мардум нест. Ин пули коғазӣ ба сиккаҳои 1-сомонӣ ва 5-сомонӣ табдил шудааст. Колоеро, ки чанд сол пеш ба 10 сомонӣ мехаридӣ, ҳоло онро дар ивази 100 сомонӣ мехарӣ. Ин мизони таваррумест, ки онро мардум эҳсос мекунанд ва ба ин далел ба гуфтаи мақомот бовар надоранд. Зеро мақомот мегӯянд, мизони таваррум нисбат ба соли гузашта чаҳор дарсад афзудааст.

Набояд таваррумро дар қиёс ба соли гузашта ҳисоб кард. Таваррумро аз рӯзи чопу ба гардиш баровардани пул бояд ҳисоб кард. Агар пуле мисли сомонии Тоҷикистон қурби худро гум кунад, метавон гуфт, ки давлат корношояму дар ҳалли масоили ҷумҳурӣ нотавон аст. Аз сӯйи дигар пули миллӣ барои он қурби худро аз даст медиҳад, ки давлат нисбат ба захираи арзу тилои дар ихтиёрдоштааш пули коғазии зиёдеро чоп карда ба гардиш мебарорад. 

Барои мисол, давлат ваъда медиҳад, ки имсол маоши моҳонаи коргаронро боло мебарад. Вале давлат тавони молии иҷро кардани ин ваъдаро надорад, бинобар ин барои аз даст надодани обрӯяш маҷбур мешавад, пули зиёде чоп кунаду маошро боло барад. Ин миллиардҳо пули коғазии чопшуда, ки пуштдевор, яъне дар пушташ арзу тилои захирашуда надорад, қурби пулро поин меорад. Ва инро мегӯянд таваррум. Тоҷикистон кишварест, ки дар тӯли 30 соли ахир тавозуни савдои берунияш манфӣ боқӣ мондааст. Ва дар ин сӣ соли ахир содироти ҷумҳурӣ нисбат ба воридот ночиз будааст. Ин аст далели афзоиши ҳамасолаи таваррум дар ҷумҳурӣ.

Далели дигар, ба қавли коршиносон, ин набудани истеҳсолот дар ҷумҳурист. Суоли матруҳа ин аст, ки чаро Тоҷикистон ба ҷойи тарабхонаву чойхона, қасру кӯшкҳо барои мақомдорони давлат корхонаҳои кӯчаку миёнаи тавлиди молу коло, аз ҷумла корхонаи тавлиди ғизо, захираҳои озуқа, тавлиди либосу пойафзол, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ намесозад? Дар ҳоле ки ин гуна корхонаҳои тавлидӣ аввалан мардумро дар дохили ҷумҳурӣ ба кор таъмин мекунанд. Аз сӯйи дигар ин колоҳо ба бозорҳои хориҷӣ содир шуда, арзи хориҷиро ба кишвар сарозер мекунанд. Ва ин оидот боиси пурқувватии қурби пули миллӣ мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, то замоне ки дар ҷумҳурӣ тавлиди коло нисбат ба дигар соҳаҳо авлавият пайдо накунад, Тоҷикистон пеш намеравад ва ҳамасола пули миллии тоҷикӣ заифу заифтар мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло пули миллии тоҷикӣ қариб 70 дарсад тавоноии худро аз рӯзи ба гардиш баромаданаш аз даст додааст.