Made in tajikistan
СОДИРОТ ВА ҲАДДУ САРҲАДШИНОСӢ. ЧАРО МОЛИ ТОҶИКИСТОНРО ДИГАРОН СОҲИБӢ МЕКУНАНД?

“Азербайджанский виноград, сладкое как шоколад, палчики облежиш”, - мегуфт фурӯшандаи озарӣ мардумро ба назди худ хонда. Рафта дидам. Аз банду басташ шинохтам, ки ангури Ҳисор буд.

- О, ин ангури Озарбойҷон нест-ку?!

Фурӯшанда бо тамасхур ба ман нигоҳ карду гуфт:

- Дар куҷояш навишта шудааст, ки ин ангури Тоҷикистонаст? 

Фурӯшанда ҳақ буд. Дар Бозори бузурги озуқаи Маскав ё ба ибораи дигар “Фуд сити” гумон мекунам, ки тамоми сабзиҷоту меваҷоти ин бозори бузург ҳама аз Озарбойҷон аст. 

Дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Маскав ва саросари Русия низ аҳвол ҳамин аст. Анвои мухталифи ангур, зардолу, себу пиёзу гелос ва ғайра, ки аз Тоҷикистон содир шудаанд, ба унвони меваву сабзиҷоти Ӯзбакистон ба фурӯш гузошта мешаванд.

“Чӣ бадбахтист”, - гуфтам худ ба худ ва як шеъри Бозор Собир ба ёд омад:

“Ҳар куҷое санг дидам, даст бурдам бар сараш

Ҳамчун як фарзанди хеш.

Гуфтам инро аз Бадахшон кандаанд

Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд”.

Ёди устод Бозор аз он буд, ки дар замони шӯравӣ ҳамарӯза қаторҳои ҳомили сангҳои қиматбаҳо, мармару яшм, гранит ва ғайра аз Тоҷикистон вориди Русия мешуданд. Ин сангҳо ва дигар маҳсулот дар сохтмони метро ва қасру кушкҳо дар ин кишвар, ки пойтахти давлати мо низ ба ҳисоб меомад, истифода мешуд. 

Ҳоло кам тоҷике мондааст, ки рӯйи мармару яшм ва гранити кӯҳҳои Тоҷикистон қадам мезанад ва эҳсос мекунад, ки ин пораи Тоҷикистон аст. Ҳатто пахтаи Тоҷикистон, ки ба нархи маҳину олияш машҳур буд, бо литсензия ё муҷаввизи Ӯзбакистон ба фурӯш мерафт. Ин ба ин далел буд, ки Тоҷикистон муҷаввизи фурӯши пахтаи худро надошт ва ҳоло ҳам шояд надошта бошад. Гузашта аз ин соири маҳсулоти содиротӣ, аз қабили анвои мухталифи ангур, себу нок, зардолу, гелос, пиёзу сабзӣ, карам ва ғайра низ бо муҷаввизи Ӯзбакистон фурӯхта мешаванд.

Ин гила аз Ӯзбакистони ҳамсоя нест, ки маҳсулоти кишоварзии моро ба унвони моли худ ба бозорҳо содир мекунад. Баръакс гила аз мақомоти Тоҷикистон аст, ки азилми ҳадду сарҳадшиносӣ бехабаранд ва бехабаранд  аз ин ки “моли ман” барои Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба усул ва шеваи давлатдорӣ чӣ аҳамият дорад.

Ду ё се сол пеш раисҷумҳури Ӯзбакистон вориди Душанбешаҳр шуду аз боғҳои ангури Ҳисор дидан кард. Дар ҷараёни ин сафар ба яке аз боғбонҳои ҳисорӣ ду мошини сабукрави тамғаи олии истеҳсоли Ӯзбакистон туҳфа кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин маросим ширкат дошт.

Он шабу рӯз суоли матруҳа ин буд, ки чаро ва ба чӣ далел раисҷумҳури Ӯзбакистон ба боғдори Тоҷикистон ду мошин туҳфа карду раисҷумҳури Тоҷикистон не?  Бархе аз соҳибназарон мегуфтанд, ки ин нишонаи ҳадду ҳамсоягӣ ва дӯстии ду ҷумҳурист. Вале дар асл ин подоши муомилаи Душанбе ва Тошканд буд, ки ангури ҳисорӣ то марз тоҷикӣ боқӣ монаду аз марз берун ба унвони анвои ангури Ӯзбакистон ба фурӯш равад.

Дар илми ҳадду сарҳадшиносӣ ин чунин тавсир дорад, ки Тоҷикистони нохудогоҳ бо ин кораш Ӯзбакистонро машҳур мекунаду мардуми Тоҷикистон ба унвони “Равшану Ҷамшуд” камбаҳову сағир дар паси дар боқӣ мемонанд.

Як худи ибораи “узбекский виноград” дар фурӯшгоҳҳои Русия аз ҳазорҳо ҷипу мошини сабукрав обрӯву эътибори бештар дорад. Ва ин дар хотири мардум мемонад. Сад афсӯс, ки мақомоти Тоҷикистон ду мошини сабукравро аз обрӯву эътибори ҷумҳурӣ болотар медонанду барои истиқлоли бозори худ, дарёфти муҷаввизу санадҳои даркорӣ талош намекунанд.

Хулоса, меваҷоту сабзавоти мо, ки ба бозорҳои берунӣ мераванд, берун аз хоки кишвар аз мо нестанд. Пас мо ба унвони як ҷумҳурӣ, ки 9 миллион нафар нуфус дорад, ба бозори беруна чӣ содир мекунем? Пахтаи мо аз мо нест. Боқӣ мемонад танҳо алюминиюму сангҳои гаронқимат ва миёнақимату ороишӣ.

Ҳама медонанд, ки Тоҷикистон ба бозорҳои беруна алюминий содир мекунад. Аммо чӣ қадар ва ба куҷо, аз 25 сол ба ин сӯ рӯшан нест. 

Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин суол мегӯянд, ки ин сирри давлатист. Ман дар дунё давлатеро ёд надорам, ки истеҳсол ва фурӯши алюминиюмро сирри давлатӣ эълон карда бошад. Дар Тоҷикистон, ки зери фурӯши алюминиюм коса ва нимкосаҳои зиёд аст, ин масъала сирри давлатист. Аз масрафи нерӯи барқ дар корхонаи алюминиюм гирифта, то оидот ба буҷаи давлат аз ин маҳсул сирри давлатист.

Маълумоти солҳои 2015-2016-ро дар даст доштам, ки оидот ба буҷаи давлат аз фурӯши алюминиюм ва пахта 7 дарсадро ташкил мекард. Ҳол он ки Тоҷикистон, ба қавли коршиносон, солона як миллираду 500 миллион доллари амрикоӣ аз фурӯши алюминиюм ба даст меорад.

Содироти сангҳои қиматбаҳо, нимбаҳо ва ороишӣ низ дар ҳамин ҳолати норӯшан қарор дорад, ки мақомот тафсири онро барои мардум ба салоҳи кор намедонанд.