СТАГНАТСИЯ, БЕБАРАКАТӢ Ё ДУРӮҒГӮИИ ҲУКУМАТ ДАР ТОҶИКИСТОН: МАРДУМИ РОҲГУМКАРДА КУҶО РАВАНД?
Аз 30 сол ба ин сӯ тавозуни тиҷорати берунаи Тоҷикистон манфӣ боқӣ мондааст. Ин ба ин маънист, ки тӯли сӣ сол дар иқтисод, бахусус дар тавлиди коло дар ҷумҳурӣ пешравие ба назар нарасидааст. Инро бо забони иқтисодӣ стагнатсия мегӯянд. Стагнатсия маънии дар ҷойи худ истода қадам заданро дорад.
Аммо ҳукумат ҳар сол ҳисобот медиҳад, ки мо дар иқтисод пешравии зиёд дорем. Арзу арқоми ифодакардаи давлат дар ин бора воқеият надорад. Дурӯғу бепояанд ин арқом.Иқтисоди бесодирот иқтисод нест!
Як мисол: Тоҷикистон дар як сол ҳудудан ба маблағи як миллиард доллари амрикоӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ коло содир мекунад. Дар баробари ин ҳар сол ҳудудан ба маблағи 3,5 ё 4 милёрд доллар колоҳои мухталиф аз бозори беруна ворид мекунад. Яъне воридоти Тоҷикистон нисбат ба содироташ се баробар зиёд аст.
Агар Тоҷикистон ба бозорҳои беруна дар ҳудуди 3 миллиард доллар коло содир мекард, дар ин сурат метавон гуфт, тавозуни савдои берунии мо мусбат асту иқтисоди ҷумҳурӣ пешрафт кардааст. Аммо дар тӯли 30 сол дар ҳич санаде тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ нашудааст. Ба ҳамин далел аст, ки қурби пули миллии Тоҷикистон ҳамасола дар муқобили арзи хориҷӣ уфт кардаву мақомашро чӣ дар бозор дохилӣ ва чӣ дар бозори хориҷӣ аз даст медиҳад. Уфти қурби пули тоҷикӣ ба ҳадде расидааст, ки ба қавли мардум, бебаракат шудааст.
Дар бозор мӯйсафеде аз фурӯшанда пурсид:
- Зардолу чанд пул аст?
- 15 сомонӣ, - хитоб кард фурӯшанда.
- Гелос чанд пул?
- 10 сомонӣ
- Ҳм... бебаракатӣ, - гуфт мӯйсафеду ба роҳаш идома дод.
- Ба мӯйсафед расидаму аз ӯ пурсидам:
- Чаро нархи мева гарон нею бебаракатӣ гуфтӣ?
- Агар мегуфтам, ки чаро қимат боло рафтааст, ҳатман фурӯшанда посух медод, ки доллар гарон шудаву хароҷоти роҳ зиёд гашта ва ғайра. Аз як ҷиҳат рост мегӯяд, аз дигар ҷиҳат не. Охир қимати зардолу ба доллар чӣ рабт дорад? Зардолу, меваро аз Амрико намехарем-ку?! Дирӯз арзиши картошкаро пурсида будам. Як кило картошкаро 5 сомонӣ гуфтанд. Гуфтам, меравам ва бар ивази панҷ сомонӣ як нон мехарам. Охир, бе нон картошкаро хӯрдан мумкин нест, аммо бе картошка нонро мешавад, хӯрд, - гуфт мӯйсафед.
- Охир, чаро бебаракат?
- Вақте одамон дурӯғ мегӯянд, ҳукумат дурӯғ мегӯяд, падар ба фарзанд, зан ба шавҳар, шавҳар ба зан, дар он сурат баракат аз зиндагии мардум мепарад. Афсонаҳои қадимро шунидаӣ, писарам? – маро суол карду мунтазири посух намонда, суханашро идома дод мӯйсафед, - вақте ки дар як мамлакат дурӯғ зиёд шуд, мардум аз он мегурезанд...
Вақте гаронию беадолатие сар мезад, мардум мегуфтанд, ки баракат аз шаҳр паридааст. Мардум ба ҷойҳои дигар муҳоҷират мекарданд. Ҳоло аз нисф зиёди мардум бо зану бачаҳояшон дар хориҷ аз ҷумҳурӣ ба сар мебаранд. Ва ҳар рӯз даҳҳову садҳо нафар аз шаҳрвандон аз ин сарзамини “бебаракат” фирор мекунанд.
Тоҷикистон чӣ колои содиротӣ дорад? Бале, албатта: пахта, алюминий, меваи хушку тар, ҳамчунин сангҳои қиматбаҳо ва нерӯи корӣ. Агар пули фурӯши нахи пахта, ришта, матоъ ва алюминиюм, меваи тару хушк ба буҷаи давлат ворид шавад, Тоҷикистон метавонад ҳудудан то чаҳор миллиард доллари амрикоӣ оидот ба даст орад. Вале мутаассифона, аз фурӯши пахтаву алюминиюм танҳо 7 ё 8 дарсадаш ба буҷаи ҷумҳурӣ мерезаду 92 дарсади дигараш ба хазинаи ширкату ширкатчаҳои азизони ҳукумат.
Дар сари ҳар як кило нахи пахтаву алюминиюм ду-се ва аз ин зиёд ширкатчаҳои миёнарави ба ҳукумат наздик истодаанду аз фурӯши он ҳақ мегиранд. Аксари ин ширкатҳои миёнарав дар минтақаҳои оффшории дунё, аз ҷумла ҷазираи Вирҷинияи Бритониёи Кабир ва ҷазираи Қибрис номнавис шудаанд. Миллионҳо доллар солона дар ин манотиқи оффшорӣ барои набераву абера ва рӯзи мабодо захира мешавад.
Сарнавишти сангҳои қиматбаҳо низ ба ҳамин минвол аст. Нерӯи кори муҳоҷир наздик ба 70 дарсади тавони харидории мардуми Тоҷикистонро таъмин мекунад. Давлат аз ин пулҳо, ки ҳудуди 1,5 ё 2 миллиард долларро ташкил медиҳанд, низ ҳаққашро канда мегирад.
Барои мисол, ҳоло ки қурби доллар дар Русия муътадил шудаву як доллар ба 62 рубл иваз мешавад, бонкҳои Тоҷикистон ба мардум доллар намедиҳанд. Баҳона ин аст, ки доллар надоранд. Ҳол он ки бояд доллар бидиҳанд.
Хулоса, аз ҳар 100 сомонии ивазшуда бонкҳо 35 сомониро мегиранд. Ва ин пулҳо дар бозорҳои хориҷӣ ба номи набераву абера захира мешаванд. Бадбахтӣ он аст, ки ҳама ин дурӯғгӯиҳои ҳукуматро медонанд. Ба ҳамин хотир мардум ҳам дурӯғ мегӯянд, мулло дурӯғ мегӯяд, падар ба фарзанд, зан ба шавҳар, шавҳар ба зан дурӯғ мегӯяд. Талоқ ба авҷи аъло расидааст, дузанагию сезанагӣ як чизи маъмулгашта.
Дар чунин ҳол мардуми дар чорсӯи зиндагӣ роҳгумкардаи Тоҷикистон куҷо меравад? Куҷоянд он удабову уламо, ки ба ин суолҳо посух диҳанд?