ТОҶИКИСТОНРО ҚАРСАКЗАНӢ САНОАТӢ МЕКУНАД Ё ШУКРОНА?
Саноатикунонии Тоҷикистон – аз ин шиори давлати Тоҷикистон, ки тоҷикӣ нест, маъние берун овардан корест мушкил аст.
Ба назар чунин мерасад, ки ба ҳамин наздикиҳо Тоҷикистон ба унвони як пора замин аз кайҳони дуродур ба Замин афтодаву сардори қабилаи ин порчаи замин ба гирду атроф, ба зиндагии мардум назар андохта, ба қабилааш хитоб мекунад: Саноат! Саноат! Саноат роҳи пешрафт дар оянда аст! Яке мехоҳад эътироз кунад. Даст боло мекунад. Дигаре дасти ӯро поин мекашад:
- Ту девона шудӣ? Қарсак зан!
- Қарсак-ку мезанам, аммо чӣ мехӯрем? Моҳона кам аст. Шиками бачаҳоямонро бо чӣ сер мекунем? Дар пешпули таъмири мактаб, оянда либоси мактабӣ, пули муаллимҳо, боз ҳазору як харҷи зиндагӣ? Эй Худо, кай моро аз ин рӯзи сиёҳ берун мекунӣ?
- Ношукрӣ накуну қарсак зан, - гуфт дигаре ва афзуд, - саноат! Саноат! Шунидӣ! Дидӣ, раҳбари мо чӣ қадар оқил аст?
- Шунидам, дидам, - гуфту ба фикр фурӯ рафт: дар гузашта мо саноат доштем. Сардори мо сӣ сол пеш корхонаҳои бузурги саноатиро ба сардорчаҳо дод. Таҷҳизоту корхонаҳоро ба унвони оҳанпора ба Чин фурӯхтанд, пул карданд, хонаҳои боҳашамат сохтанд, “Ҷип” хариданд. Дигар ИҶШС нест, ки барои мо дубора корхона созад. Ҳа... Шояд аз Чин қарз мегирему корхона месозем. Ин марум аз пайи зиндагиаш шуд.
Воқеан, дар тӯли сӣ сол дар Тоҷикистон як корхонаи кӯчаки саноатӣ дар Ҳисор сохта шуд, ки аз оҳанпораҳои ҷамъовардаи мардум, милгирд (арматура)-и пастсифатбарои мардум тавлид мекунад. Коргоҳи тавлиди кабел дорем, ки қабл аз саноатикунонии Тоҷикистон шуруъ ба кор карда буд. Ҳамчунин чанд корхонаи нассоҷӣ дар вилояти Суғду ва шаҳри Бохтар сохта шуд, ки оғоз ба кор накарда, аз кор уфтоданд. Молиёти эълонкардаи давлат барои харидории нахи пахтаи дохилӣ ба дари ин корхонаҳои оғоз ба корнакарда муҳр зад.
Чанд соле пеш давлати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки 20 дарсади нахи пахтаи ватаниро дар корхонаҳои дохилӣ коркард карда, ба бозорҳои берунӣ матои пахтагӣ, ришта ва анвои мухталифи либоси бачагона ва занона содир мекунад. Соҳибкорони хуҷандӣ аз пайи сохтмони корхонаи нассоҷӣ дар навоҳии вилояти Суғд шуданд. Дар Бохтар муҷтамаи бузурги нассоҷӣ сохта шуд, ки аз замони шӯравӣ нимсохт боқӣ монда буд. Ин иқдоми давлат вирди забонҳо шуд. Ҳама ба умед буданд, ки акнун метавонанд аз заҳмати сангини пахтакорӣ соҳиби “чаҳор танг” мешаванд.
Кумитаи давлатии андоз низ аз ин иқдоми давлат хурсанд буд. Ва ба давлат пешниҳод кард, ки корхонаҳо барои харидории пахтаи дохилӣ бояд даҳ дарсад андоз супоранд. Давлат бечунучаро ин пешниҳодро қабул кард.
Вақте ки корхонаҳо фаъол шуда, ҳисобу китоб карданд, қалам аз дасташон уфтод. Моли тавлидкардаи онҳо дар бозорҳои дохилию хориҷӣ бо молҳои туркию чинӣ рақобатпазир набуд. Бо ин молиёти даҳдарсадии эълоншуда дар бозор харидор наёфт. Русия аз харидории маҳсулоти гаронқимати Тоҷикистон даст кашид ва корхонаҳо аз кор бозмонданд. Ҳам давлат номуваффақ шуду ҳам пахтакору ҳам нассоҷ.
Як мақоли тоҷикие дорем ба ин маънӣ: “Ҳафт бор чен куну як бор бибур”! Дар Тоҷикистон ҳоло шахсе намондааст, ки ҳафт бор чен кунаду як бор бибурад. Мутахассисоне дорем, ки дипломҳояшон мисли забони гов аст, вале тахассуси онҳо дар дипломҳояшон инъикос шудаву мағзашон холист. Вазоратхонаҳо дорем, вале вазири хуб надорем. Ҳамин монеаи аслӣ дар саноатикунонии Тоҷикистон аст.
Дар зимн як мисол аз Қиғизистон, ки мисли Тоҷикистон як кишвари аз раҳмати Худо дар канормонда буд. Чанд соле қабл ин кишвар мисли Тоҷикистон қарор кард, ки як бахши пахтаи ватаниро дар дохили кишвар коркард кунад. Қирғизистон дар иҷрои ин барнома бо Русия ҳамкорӣ кард ва корхонаҳои нассоҷии муштарак сохт. Аммо ин корхонаҳоро ба мисли Тоҷикистон молиёт набаст, балки барои корхонаҳои муштарак имтиёз қоил шуд.
Ҳоло маҳсулоти нассоҷии Қирғизистон на танҳо бозорҳои Тоҷикистон, балки Русияву Украина, Қазоқистону Озарбойҷон ва Туркманистонро гирифтаанд. Либосҳои занонаи тавлиди Қирғизистон ба мисли молҳои Туркия ва Чин рақобатпазир дар бозорҳо мебошанд.
Қарор буд, Тоҷикистон низ ин барномаро роҳандозӣ кунад, аммо ба хотири ба даст овардани 10 дарсад андози иловагӣ ин барнома ва корхонаҳои нассоҷии худро қурбон кард, зеро ҷумҳурӣ аз раҳмати Худо канор монда, на давлатмард боқӣ мондаасту на вазири хуб.
Аз эҳтимол дур нест, ки солҳои оянда сохтмони корхонаҳои тавлиди мошинҳои барқӣ, мушак – таксиҳои байнисайёравӣ ва сохтмони тарабхонаҳо дар сайёраҳои дигарро инкор кунем. Зеро давлати мо бо шиорҳояш пойдору мардумаш бо орзуҳо зиндаанд.