ҲУШДОР: ОРД ДАР ТОҶИКИСТОН ГАРОН МЕШАВАД
Афзоиши қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон аз як сӯ ва аз сӯйи дигар оромии қабл аз туфон дар Қазоқистон, кишваре, ки умдатарин содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон аст, коршиносонро нигарон кардааст. Ба ин далел аст, ки коршиносони умур афзоиши аз бештари қимати орду гандум дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунанд.
Феълан қимати як кило орд дар Тоҷикистон ба 7,5-8 сомонӣ расидааст. Як халта орд, ки 50 кг вазн дорад, дар фурӯшгоҳҳои кишвар аз 350 то 370 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Дар ҳамин ҳол соҳибназарон мегӯянд, ин қимати охир нест ва ба ҳосили хубу қимати нозил то охири сол чандон эътимод надоранд. Ин ҳам ба ин далел аст, ки боришоти борон дар аввали моҳи май ба ҳосили гандум, ки дар заминҳои назди ҳавлӣ кишт кардаанд, садама расонидааст. Иттифоқоти ахири обуҳавоӣ ба мазореи кишварзон дар ҳоле буда, ки Тоҷикистон дар гузашта натавонистааст мардумро бо орду гандуми худӣ таъмин намояд.
Тоҷикистон орду гандуми мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад. Аз ин рӯ қимати гандуму орд дар Тоҷикистон ба вазъи сиёсию иҷтимоии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста аст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Руси дар муқоиса бо кишварҳои урупоӣ ва Амрико хуб аст. Ин далоилро созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон таъйид мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Амрико, Бритониё, Олмон ва дигар кишварҳои урупоӣ захира ва дороиҳои ширкатҳои бузурги нафту гази Русияро дар бонкҳои худ масдуд кардаанду Русия ба ин захираҳо дастрасӣ надорад.
Барои мисол, Амрико бо баҳонаи иҷрои амалиёти вижаи низомӣ дар Украина беш аз 300 миллиард доллар аз захоири Бонки марказии Русияро масдуд кардаасту бо ҳамин баҳона мехоҳад, ин дороии Русияро аз худ кунад. Бритониё, Канада ва кишварҳои Иттиҳодияи Урупо низ ба сӯйи дороиҳои Русия дар ин кишварҳо ангушт мезананд. Ин дар ҳолест, ки таҳримҳои эъмолкардаи кишварҳои Иттиҳоди Урупо ва Амрико натавонист вазъи иқтисодии Русияро ба ҳам занад. Баръакс кишварҳое, ки таҳрим эъмол карданд, ба ҳолати ногувори иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуда, таваррум дар онҳо боло рафтааст.
Далоили нокомии таҳримҳои Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ин аст, ки Русия тасмим гирифт, колоҳои содиротии худ ба ин кишварҳоро на бо доллару евро, балки бо рубли русӣ бифурӯшад. Ва ба ҳамин васила аз муомилот бо доллару евро канор равад.
Дар ҳамин ҳол суоли матраҳ ин хоҳад буд, ки Тоҷикистон гандуми Русияро бо чӣ харидорӣ мекунад? Дар ҳоле ки Тоҷикистон солона ба як миллиону 300 ҳазор тонна гандум ва як миллиону 100 ҳазор тонна орд ниёз дорад.
Тавре қаблан ишора кардем, Тоҷикистон орду гандумро бештар аз Қазоқистон ворид мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон вазъи Қазоқистон чун оромии пеш аз туфон арзёбӣ кардаанд. Як гурӯҳи мардуми Қазоқистон аз сиёсати президенти ин ҷумҳурӣ норозиянд. Норозиҳо ҷонибдорони раисҷумҳури пешин Назарбоева ҳастанд, ки сармояи ҳангуфт дар даст доранд. Гузашта аз ин ширкатҳои нафту гази Қазоқистон моли Амрико, Бритониё, Канада ва дигар кишварҳои урупоӣ ба ҳисоб меоянд.
Ба назари коршиносон, ин ширкатҳо, ки бо ризоият ва ҳидояти Назарбоев ташкил шуда буданд, аз норизоиятии мардум истифода карда, метавонанд вазъи Қазоқистонро ба ҳам зананд. Ба гуфтаи ин қабил аз соҳибназарон, ба ин далел буд, ки мақомот аз баргузории реҷаи низомӣ дар таҷлили Рӯзи ғалаба дар Қазоқистон даст кашиданд. Зимнан имкон дорад, имсол захираи гандуми Қазоқистон ба бозорҳои Урупо содир шавад.
Далели дигар: савумин кишвари пасошӯравӣ, ки метавонист ба бозорҳои хориҷӣ гандум содир кунад, Украина буд. Ҳоло кишваре бо номи Украина дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва ояндаи он норӯшан асту содироти гандум аз ин кишвар ба бозорҳои ҷаҳон зери суол аст.
Ба ин далел Тоҷикистонро зарур аст, имсол пайи дарёфти бозори гандум қадам занад. Зеро ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Озуқа, пешорӯйи мардуми сайёра гуруснагӣ қарор гирифтааст. Дар ҳамин ҳол қимати як кило гандум, ки ҳоло ба 8 сомонӣ расидааст, метавонад дар оянда ду ё се баробар боло равад. Ин иттифоқ ҳам дар кишваре сурат гирифтанист, ки моҳонаи миёнаи як коргар аз 750 то ду ҳазор сомонӣ аст. Гузашта аз ин моҳонаи мардуми бознишаста дар васати 200 сомонӣ қарор дорад, ки барои харидории як халта орд кифоят намекунад.