LoiquIsfandiyor
ИСФАНДИЁРИ НАЗАР: “ХУДШИНОСИИ МИЛӢ”-И БАЪДИ ЛОИҚУ ҚАНОАТУ БОЗОРУ ГУЛРУХСОР МАҲДУДСОЗИИ ҚАВМӢ АСТ

“Ойина” тасмим дошт, дар 20 май, рӯзи вилодати устод Лоиқ Шералӣ, шоири шаҳири муосири тоҷик мусоҳибаеро дар мавзуи шеъру шоирӣ ва ҷойгоҳи устод Лоиқ дар адабиёти навини тоҷик бо Исфандиёри Назар, аз дигар шуарои миллат, ки колбади шеъраш бар пояи дарди тоҷик рехта мешавад, интишор диҳад. Аммо ба далоиле муваффақ ба нашри ин мусоҳиба дар солрӯзи устод Лоиқ Шералӣ, ки агар умр ба эшон бевафоӣ намекард, ба синнӣ 82!мерасид, нашудем. 
Бо вуҷуд ҳайати эҷодӣ ба ин назар аст, ҳар замоне ёдоварӣ аз шахсияте, ки миллатро самти суҷуду буду набуди худ гуфта, дер нест. Ба ин хотир бо арзи пӯзишу маъзарат аз рӯҳи устод Лоиқ Шералӣ ва ҳамчунин хонандаи гиромии мо ин мусоҳибаро мунташир мекунем. 


"Ойина": - Лоиқ Шералиро ба унвони шоире ёд мекунанд, ки қолабшиканӣ кардааст ва шеърро аз доираи шахшудагӣ хориҷ кардааст. Ин қолабшиканӣ оё иттифоқ афтода ва дар чӣ шакле сурат гирифтааст?
И. Назар: - Қабл аз он, ки бихоҳам ба ин суоли Шумо посух бидҳам, хеле мехоҳам, ки ҳамин тур Лоиқ Шералӣ нагӯем ва низ вожаи хуҷастаи “устод”-ро, ки акнун пушти номи ҳама онро часпонидаву хор кардаанд, қабл аз номи шоире чун Лоиқ Шералӣ наоварем. Чиро? Зеро як ҷавони хомсуханро дар баробари шоири тавоное устод номидан, дар воқеъ, хор шумурдани унвони эҳтиромиву шеъру ҷойгоҳи шоири тавоност. Дар мавриди шоири бузурги миллӣ пешниҳод кардаам, ки аз вожаи таркибии “абарустод” истифода шавад. Агарчи мебинам, ки ин вожаро ҳам кашола кардаву пушти номи шоироне часпонда истодаанд, ки шеъру шоирияшон миёнаҳол аст.
Бинобар ин шоироне чун Рӯдакии қофиласолор, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хисрави Қубодиёнӣ, домулло Айнӣ, Лоҳутии бузург, ҳамосасарои бузург Муъмин Қаноат ва хуршеди шеъри сад соли охири адабиёти порсии тоҷик Лоиқ Шералиро ман абарустод медонаму мешумораму меномам.
Ҳоло дар мавриди суолатон: пас аз ашъори шӯрангези ошиқона, орифона ва меҳанпарастонаи абарустод Лоҳутӣ шеъри шоирони тоҷик, дар воқеъ, ба шиор табдил ёфт. Аммо ин маънои онро надорад, ки шеъри тоҷик дар як муддати замон мурда бошад, на! Шеър зинда буд, аммо онро дар қолаби хушки идиулужӣ ва барномаи “ватанпарастӣ” ворид карданд. Шеър рӯҳи аслии худро аз даст дода буд ва аз ҳафри як конолу аз саҳрои пунбаву аз занони пахтачин ... ҷор мекашид.  
Як мисол биёрам: дар деҳаи мо Усто Раҳими дафнавоз то охири умри хеш ғазали “Омад канал”-и устод Турсунзодаро мехонданд:
Эй сабо, аз мо расон бар дӯстон, омад канал! Шеъри он даврон пуштивонаи қадимии худро аз даст дода, пирояҳову орояҳои таҷамулли худро гум карда, ба як қолаби хушк табил ёфта буд.
Ба шоир дастур дода мешуд, ки ба “чӯли қазоқ” раваду аз заҳмати мардуме, ки он чӯлро сабз кардаанд, асар офарад.Ба нависанда дастур мешуд, ки бираваду аз обёрӣ кардани водии Вахш асар бинависад.
Албатта, шоирону нависандагони тавоно аз чунин мавзуъҳои сохта низ осори хубе ба хонандаи хеш пешкаш мекарданд, вале ҳар чӣ ҳам набошад, мушкил аст, ки шеъру насри бо дастури ҳизб ва ину он навишта умри дароз бубинад. Ҳисоби осори таърихие, чун таърихномаҳо, тарҷимаҳо ва амсоли ин ки аз сӯйи амирону вазирон сурат гирифта,ҷудост.
Инро ҳам бигӯям, ки тамомии ашъори шоирони он даврон хушку берӯҳ нест, вале дар умум баҳо яксон аст. Барои мисол, Шумо маҷмуаи комили ашъори Суҳайлӣ Ҷавҳаризода – писари шоири тавоно Ҷавҳарии Истаравшаниро, ки дар даврони шӯравӣ чоп шуда, бихонед. Шояд ҳатто як сатри хотирмону мондагор пайдо насозед. Ба ҳар ҳол ман пайдо накардам.
Қолабшиканӣ ва наҷот додани шеъри порсии тоҷик аз чунон чаҳорчӯби сохта, агарчи қатъан бо вуҷуди абарустоде чун Лоиқ Шералӣ сурат нагирифта, аммо бо шеъри мондагори ӯ такмилу тасбит шудааст.
Оре, қабл аз абарустод Лоиқ адабиёти он рӯзгор шоире  чун устод Шукӯҳиро дорад. Аминҷон Шукӯҳӣ дар ҳадди тавону истеъдоди худ пайроҳаеро боз намуд ва шеъраш ба шоирони ҷавони баъди ӯ коргар буд.
Он гоҳ Лоиқ Шералии ҷавон вориди користон шуд ва бо омадани савори ҷавон, ба ростӣ, сурату созу барги саворони дигар дар ҳолаи ғубор монд.
Шеъри ин шоир тару тоза буд, нафаси рӯҳафзои шеъри клоссикро бо забони пӯё, ҳамроҳ бо мавҷи вожаҳои фаровон, ки дар шеъри дигарон ҷой надошт, ҳамроҳи худ овард. Қолабшикании абарустод Лоиқ аз равони исёнии худи шоир меҷӯшид, яъне ӯ бе он ки тасмим гирифта бошад, бе он ки роҳнамоӣ шуда бошад, табиатан меҷӯшид ва гӯё барои анҷоми ҳамин рисолат зода шуда буд. Дуруст, баъди 1000 соли даргузашти абарустод Рӯдакӣ!
"Ойина": - Мегӯянд, ки қабл аз Лоиқ шеъри ҳич шоири ҷавон бидуни таҳрири ҷиддӣ ба чоп намерасид, аммо барои Лоиқ бисёр “гузашт”-ҳо карданд. Яъне шарти пазируфтан ба Иттифоқи нависандагон доштани як маҷмуаи шеърӣ ё наср буд, аммо Лоиқ Шералиро бо се шеър ба ин иттифоқ пазируфтанд.Яъне мехоҳам назари Шуморо бидонам, ки дар он замон шеъри Лоиқ аз нигоҳи вазн, маъно, муҳтаво ва суханшиносӣ дар кадом ҳад буд, ки ин қадар эътирофаш карданд?
И. Назар: - Ба пиндори ман “таҳрир” на аз нигоҳи “сиёсати замон” дақиқан бар мабнои шикасту рехти худи шеъру наср сурат мегирифт. Чун тақрибан наметавон дар шеъри шоирони он рӯзгор бӯйе аз исён бурд – исёне муқобили сохти шӯравӣ.  Аммо дар наср ҷанбаҳои исёнӣ фаровонтар ба назар мерасанд. Ба ҳар ҳол бӯйи исён аз шеъру наср баъди солҳои 60-и қарни 20 пайдо шудааст.
“Гузашт” аз сӯи зимомдорон фақат ба Лоиқи ҷавон набуд. Ин гузаштро нисбати Қутбии саркаш ва шоирони дигар низ мекарданд. Ва ин гузашт на аз рӯйи заъфи шеъри онҳо, балки бештар аз рӯи исёну саркашию қонуншиканиҳои онҳо буд.
Устодони бузург Турсунзодаву Раҳимзодаву Миршакару Қаноъат кӯшиш мекарданд, ки “гуноҳ”-они ин наслро рӯпӯш кунанд, то аз сӯйи низом шикаста нашаванд.
Ин “гузашт” ба хотири истеъдоди онҳо буд, ки мебоист холигоҳро пур кунанд ва адабиёти навсохти шӯравии тоҷикро ба авҷи қулла кашанд.
Дар воқеъ, ба имону итминони устодони хеш ин насл пушти по назаданд ва тавонистанд, ки шеъру насри тоҷикро ба қулла расонанд ва ифтихори ҷовидро барои худ касб кунанд.
Пазируфтани шоири ҷавоне чун Лоиқ, ки туфонвор овозааш муҳити адабиву иҷтимоъро гирифта буд, “қонуншиканӣ”-и устод Турсунзода хилофи Ойинномаи Иттиҳодияи адабӣ буд. Эшон баъди он ки Лоиқи ҷавон шеъри “Ба модарам”-ро бихонд, номзадии ӯро ба узвияти Иттиҳоди нависандагон пешниҳод карданд.
Дар воқеъ, шеъри “Ба модарам” дар он рӯзгор (ва дар ин замон ҳам!) аз садҳо маҷмуъа шеър боарзиштар буд, шеъри нав буд, мазмуне бузург ва рӯҳе латиф дошт! Шинохти гавҳари сара кори худро карда буд. Шояд гавҳар ҳама ҷо пайдо шавад, аммо гавҳаршинос ба нудрат пайдо мешавад...
"Ойина" - Дар замони Лоиқ шоири эронӣ Алиризо Қазва шеъри шоирони Тоҷикистонро нақд кард ва эроди зиёде гирифт. Лоиқ Шералӣ ҳам то ҷое ин эродҳои шоири эрониро дар ҳаққи баъзе шоирони тоҷик қобили қабул донист ва аммо дар ҷоҳое эроди ӯро ғайриҳирфаӣ ва муғризона маънидод кард. Назару нақди Шуморо дар ин хусус ва ҳамчунин мехоҳам,дар бораи сатҳу муҳтавои шеъри имрӯзи Тоҷикистон бидонам...
И. Назар: - Бо як ҷумла  мегӯям: маҷмуае, ки Алиризо Қазва фароҳам карду ба чоп расонд, барои ӯ, ки ҷуз ҳамон шеърҳову ҳамон шоирон, чизи дигаре дастрасаш нашуда буд, баҳои додааш комилан ҳақ буд! Дар он маҷмуа касоне ҳамчун “шоир” омадаанд, ки Қазва як сӯ, ҷомеаи адабии Тоҷикистон бори аввал мешуниду мехонд...
Аммо Қазва ба шеъри шоирони ростине чун абарустод Лоиқ ва ҳамсолону ҳамроҳони эшон баҳои дуруст дода.
Нуктае, ки таъкид мешавад, ин аст, ки интихоби мавзуъ дар шеъри шоирони тоҷик хеле олист, аммо ҳаллу ҳазми мавзуъ дар ин ашъор баҳси дигар аст.
Албатта, шеъри имрӯзи мо хеле пешравиҳо дорад. Чун гӯяндагонашон ба дабираи порсӣ ошно ҳастанд ва боз ҳам агар ошноӣ надоштаанд,шумори зиёди шеърҳои ҳамзабононро, ки бо ин хат чоп шуда, хондаанду баҳра гирифтаанд. Аммо, ончӣ ин шеърро дар ҷои худ мехкӯб карда, такрори мавзуъ, ошиқонаҳои забонзада, тақлидзадагии фаровон – тақлиди шеъри шоирони ҳамзабон ва бадтар аз ин набудани шеъре, ки хонандаро ба ковишу пӯишу андеша водор намояд, аст! 
Шеър фақат барои мусиқиву овозхонҳо нест, шеър боз рисолатҳои азими дигарро низ дорад. Як рисолати шеър ба андеша кашидани хонанда аст.  Заъфи дигари шеъри ҳаманбонҳои мо холӣ аз дарду оҳангҳои иҷтимоӣ будани он аст. Шоири мо барои куштори мусалмонони Моёмӣ ё Фаластин ё Шому Ироқ шеър менависаду оҳу фиғон сар медиҳад, аммо мушкили сарзамини худро ҷуръате надорад, ки баён кунад.
Ва агар ҳам бинвисад, онро “барои баъд” дар оршифи худ мегузорад...
"Ойина" - Чаро Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир ва чанд шоири ангуштшумор ба унвони шоироне ёд мешаванд, ки худогоҳии миллиро эҳё карданд? Миллату худогоҳии миллие, ки Лоиқ дар назар дошт, аз миллате ки шоирони замонаш ё имрӯзиҳо васф мекунанд, аз нигоҳи Шумо чӣ тафовуте дорад?
И. Назар: - Барои худогоҳсози миллат будан, чӣ шоир, чӣнависанда, чӣ омӯзгор, чӣ як роҳбар бояд аз дониши жарф, аз тавоноиҳо ва дороиҳои забони модарии худ амиқан бархурдор бояд буд. Сатҳи дониши забониву таърихии адибони моро метавон аз осорашон дарёфт.
Бузургоне, ки Шумо ном бурдед, фақат шоир на, хазинадорони ганҷинаи беинтиҳо ва бузурги забони модарии худ буданд, аҳли хонишу бинишу дониш ва андеша буданд. Масоили ҷаҳониро бо масоили кишвари худ зеҳнан муқоиса мекарданд, дар худ ҳаллу ҳазм мекарданд ва ҳамон ҳаллу ҳазм бо хунашон дар рагҳои шеърашон ҷорӣ мегашт.
Мушкили иҷтимои шоирони номбурдаи Шумо сангинтар аз мушкилоти акнуни ҷомеаи мо буд. Онҳо дар баробари як импиротурии тасаввуран шикастнопазир, дар баробари амнияти кишваре рост истода буданд, ки нафаси кашидаатро мешумурд!
Онҳо низ медонистанд, ки бо ҷони худу сари сабзи хеш бозӣ доранд, аммо рисолатёфта буданд, худноогоҳ фарёдашон баланд мешуд. Инҷост, ки онҳо баҳси забони модариро аз маҷолиси махфӣ, аз суҳбатҳои маҳдуди сари мизи корӣ, кам-кам ба матбуот кашиданд ва оташи онро дар шеъри хеш фурӯзон намуданд.
Дар моҷарои забони модарӣ парчамдору пештози шоирони мубориз бешаку тардид абарустод Лоиқ буд! Он гоҳ мавзуи аз дастбурди понтуркисм наҷот додани шаҳрҳои торихиву шахсиятҳои бузурги фарҳангу таърих буд. Дар ин мавзуъ ҳам устоди тавоно Қаноат ва ҳам ҳамтоёнашон Лоиқу Бозору Гулрухсору Гулназар ашъореро гуфтанд, ки баъд аз он дигар ҳич касе дар он мавзуъҳо то кунун чизи тозатаре нагуфтаву наафзуда.
Агар аз Самарқанду Бухоро мегӯем ва ё гуфтаем, агар аз мушкили ному насаби забон ё  саломативуҷойгоҳи он, агар аз Синои бузург мегӯем ё аз Низомӣ ё Мавлоно ё... ҳама гуфтаи онҳост! Мушкили забонро онҳо то ҷое тавонистанд бо ҷуръати хеш ҳал кунанд, аммо мо онро дубора ба чоҳи амиқтар афкандем ва шоирони мо хилофи онҳо сангар гирифтанд ва номи аслии забонро дар меҳани худаш рад карданд!
Мушкили Самарқанду Бухоро, мушкили шахсиятҳои таърихӣ ва таҳоҷуму дастбурди бегонагон то ҳол идома дорад, мо чизи наве гуфта наметавонем ва бечоратар аз он худро сохтаем, ки ҳастем.
Шеъри имрӯзи мо рӯ ба уфуқҳои боз на, мисли баҳрома (кирмаки абрешим) ҳамоно худро дар пиллаи вожаҳои худ печидаву маҳдуду маҳдудтар месозад, забонашро, таърихашро маҳдуд месозад. Шоир вақте ки дунболи ин аст, ки унвондор бошад, бо мансабдорон писанд ояд, мавриди хашми мақомоти қудратӣ қарор нагирад... ба як калом: одами безиёну оромакаку баррафеъл бошад, дигар касе нест.
Шоир худ аввал бояд бедор шуда бошад, худ аввал дари донишро ба рӯйи хеш боз карда бошад, пояшро қонуни қофияву вазну радиф набаста бошанд, худ аввал таъриху фарҳангу забони миллаташро омӯхта бошад, он гоҳ тавон меёбад, ки чароғе дар шаби чашму мағзу дилу равони ҳаммеҳанонаш рӯшан созад.
"Ойина" - Он ғурур ва шуури миллиеро, ки аз муҳтавои шеърҳои Лоиқ бардошт мешавад, тоҷикони имрӯз то куҷо дарк кардаанд ва то куҷо мо ба он ҳадафҳо наздикем?
И. Назар: - Агар он ғурури милливу он шуъури милливу он дарду ранҷи шоирро хонандаи имрӯзӣ дар воқеъ дарк карда буд, тафаккураш ин набуд, ки дар баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, дар навиштан, дар амалкард мебинед.
Мо ҳанӯз ҳам Лоиқи бузурги хешро нашинохтаем.
"Ойина" - Ба назар мерасад, ки аксари шоирон ва ҷомеаи адабиву фарҳангии мо тазоҳур ба пайравӣ аз Лоиқ ифтихороти миллиро меситоянд, аммо дар баъзе ҳолат надонистани шеъри бузургон ё иттилои сатҳӣ доштан дар бораи ин мавзуот ин ифтихоротро пӯч нишон медиҳад. Шумо ин гуна рӯйкардро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?    
И. Назар: - Пӯчифтихорӣ аз дерест, ки ҷомеаи моро дар дом гирифтор карда. Ифтихори ростин аз дониши амиқ, аз ҷасорат ва он гоҳ аз ҳаракат ба сӯйи оянда бо кӯлабори пур сарчашма мегирад.
"Ойина": - Яке аз хидматҳои устод Лоиқ ин аст, ки тоҷикро барои тоҷик ошно карданду шиносонданд. Ин яъне худшиносӣ аст ва мо ба унвони миллат пас аз бисту анд сари соли даргузашти Лоиқ Шералӣ то куҷо ба худшиносӣ расидаем?
И. Назар: - Худшиносии миллие, ки акнун аз он ҷор мекашанд, аз маҳдудсозии худу дигарон чизе беш нест. Худшиносии миллӣ таърифи муфассалтар аз инро дорад, ки мо гумон мекунем.
Бибинед, мо таърихи миллати худро аз Сомониён интихоб кардем ва қабл аз онро дукорд (қайчӣ) задем! Магар қабл аз Сомониён мо набудем?
Мо забони худро аз танаи тановари он буридем ва даъво дорем, ки ҳамзабони Рӯдакиву Фирдавсиву Мавлонову... Лоиқу Бозору Гулрухсор ҳастем. Аммо қабул кардаем, ки ин забон форсӣ ном надорад. Номи наваш додаем.
Қабул надорем хатти аслии ин забонро. Қабул надорем ҳаммеҳану ҳамзабони худро. Тавони таҳаммули андешаи ҳамдигарро надорем. Чӣ қадар фарғонагиву бухороиву самарқандиву тирмизӣ ё чанд тан хуросониву эронӣ дар вазоратхонаҳову донишгоҳҳои мо акнун кор мекунанд? Оё аз он шаҳрҳову сарзаминҳое, ки даъво дорем, дар ҳукуматдории худ намоянда дорем? На! Ҳамаро “узбак” гуфта рондем, магар на?!
“Худшиносии милӣ”-и баъди абарустодон Лоиқу Қаноату Бозору Гулрухсорҳо, худмаҳдудсозии қавмӣ аст, на чизи дигар.
"Ойина" - Агар ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, вазири  собиқи иқтисод ва раиси собиқи Бонки Миллӣ рӯ орем, мо тоҷикон шеързада шудаем ва ба илмҳои дақиқ камтар таваҷҷуҳ кардаем, ки боиси қафомонии мо шудааст. Афроди дигаре ҳам ҳастанд, ки ин назарро ҷонибдорӣ мекунанд. Иддаи дигаре ба ин назаранд, ки дар маҷмуъ адабиёт дар ташаккули зеҳни инсон саҳми хоса дорад. Аз ин рӯ мехостам тамаркузе дошта бошед рӯйи ҷойгоҳи адабиёт дар ташаккули зеҳни афрод...
И. Назар: - Метавон домани ин баҳсро ба солҳо тӯл дод, аммо чӣ суд?
Тасаввур мекунем, ки дигар касе шеър нанависад, оё риёзӣ, шимӣ, физик, нуҷум, ҳандаса... тараққӣ мекунанд?
Аз сӯйи дигар магар шеъру шоирии тоҷик садди роҳи пешравии донишҳои дақиқи он шудааст? Оё рисолати шоир сохтани киштии кайҳонӣ ё дучарха ё корҳоест, ки як донишманди соҳа месозад ё ихтироъ мекунад?
Албатта, шоир метавонад як риёзидон, як пизишк, як ронанда бошад. Мо шоирони зиёде дорем, ки олимони соҳаи тиб ҳастанд.
Ин мушкили маориф аст, мушкили иҷтимоъ аст, ки истеъдодҳоро дар ҳар бахше шиносоӣ намекунад ва дар парвариши онҳо кӯшиш ба харҷ намедиҳад.
Ба назари ман, наметавон шеъру шоириро чун дин барои вомондагиву бедироятии худ дар ҳалли мушкилоту роҳандозии умур “афюн” номид.  Ҳар истеъдоде бояд мавриди пуштибонии ҳукумат қарор бигирад, агар шоир аст ё риёзидон ё рассом ё як омӯзгор.
"Ойина" - Чаро шеърҳои иҷтимоӣ нисбат ба солҳои қабл камтар шудаанд? Ё Шумо назари дигар доред?  
И. Назар: - Ҳамон тур ки қаблан гуфтам, шеъри иҷтимоиро шоире мегӯяд, ки ҳамаи дардҳои ҷомеа чун зилзила аз дилаш гузаранд, ҷуръат дошта бошад, шеърро барои мадҳ қурбон накарда бошад, барандаву чарандаи базму маҳофил буданро аслу рисолат нашуморад. Шеъри иҷтимоӣ, ки онро гоҳо шеъри рӯз ҳам меноманд, шеъре нест, ки тасаввур кунем,умри чандон дароз намебинад. Дуруст,  ғазали“Омад канал” ҳамроҳ бо ҳамон канал таровати рӯзҳои аввали хешро аз даст медиҳад, аммо ғазали “Ватани вайрона”-и шоири мубориз Лоҳутӣ то модоме ки Ватан гирифтори мушкилот аст, нафас мекашад, фарёд мезанад.
Ва он гоҳ ба суолатон бо суол пеш меоям: Мо чӣқадар шеъри иҷтимоӣ дар ин 30 сол сурудаем, ки мепиндорем кам шуда?
"Ойина" - Шинохти Шумо аз устод Лоиқ Шералӣ ва нақши эшон дар шеъри муосири тоҷик ба ин маънӣ ки ӯ чиро гуфт, чаро гуфт, ба кӣ гуфт ва то куҷо нишонрас буд?
И. Назар: - Барои шинохти нисбатан амиқтару саҳеҳтари Лоиқи бузург ба хонанда рисолаи “Лоиқе, чун Лоиқе”-и устоди зиндаёд Гулназарро тавсия мекунам.
Мухотаби абарустод Лоиқ ҳамеша халқ будаву худи шоир, ки намоди рӯҳи халқ аст. Шоире, ки дар ҷомеаи шӯравӣ калимоти мамнуаро ба кор гирифт, аз фарҳангу таърихе ҳарф зад, ки мамнуъулзикр  шудаву ба кунҷи фаромӯшӣ супурда шуда буд. Шоире, ки дар шеър, дар корбурди вожагон, дар саломатии забон, дар забони рӯбоиву дубайтӣ, дар шеъри иҷтимоӣ ва сиёсӣ корҳоеро анҷом дод, ки ҳамзамононаш дар он ҳадду тавон қадам пеш ниҳода натавонистанд.