Hajj.120
МУШКИЛОТИ ҲАҶ

Бинобар як иқдоми мақомоти Арабистони Саудӣ дар робита ба онлайнӣ кардани тадоруки сафар барои зиёрати ҳаҷ бисёре аз мусалмонони кишварҳои ғарбӣ фурсати зиёрати хонаи Худоро аз даст доданд.
Соҷида Анвар бо кифҳои пур аз либосҳои гушод ва лавозими беҳдоштии бидуни атр омодаи зиёрати Хонаи Худо буд. Ҳаҷ рукни панҷуми ислом мебошад, ки барои мусалмонони воҷиди шароит фарз аст.
Аркони дигари ислом бовар ба Худо ва Маҳаммад (с) ба унвони Паёмбари Ӯ (с), панҷ вақт намоз ва садақаро шомил мешавад.
“Ман аз лиҳози рӯҳӣ ва зеҳнӣ омода шудам, то рунки панҷум, охирони Исломро ба ҷо биёрам”, - мегӯяд Соҷида Анвар. Ӯ тамрини ҷисмонӣ карда буд, то мутмаин шавад, ки аз уҳдаи ин сафари тоқатфарсо мебарояд. Ҳамчунин вай дар давраҳои омӯзишии марбути ҳаҷ ширкат кард ва ҳар он чиро, ки барои ин сафар лозим буд, харидорӣ намуд.


Ӯ мудири як лоиҳаи иҷрошудаи ширкати марбут ба моликият ва сармоягузорӣ дар Лондон, пойтахти Бритониёи Кабир буд, ки ҷаҳонро гаштааст. Бештари вақташро ӯ дар Кӯҳҳои Кабуди Австралия сипарӣ кардааст ва тамоми Тасманияро саёҳат кардааст, вале ба ягона ҷое, ки мехост,биравад, то ҳол нарафтааст.
Барои анҷоми ин сафар “солҳо пул захира кардам, ҳамчунин мунтазири марҳам будам, ки тавонад маро ҳамроҳӣ намояд”, - гуфт ин зани 48-сола.
Соли 2020 буд, ки тағоям гуфт, омодааст, ҳамроҳи ману ҳамсараш ҳаҷ биравад. “Кӯдаконашон бузургтар шуда буданд ва онҳо ба хулосае расиданд, маросими ҳаҷро анҷом диҳанд”, - мегӯяд Соҷида Анвар.
Пандемияи коронавирус
Маҳдудиятҳои коронаӣ маънии онро дошт, ки Арабистони Саудӣ танҳо зиёрати ҳаҷ барои онҳоеро иҷозат медиҳад, ки дар он замон аллакай дар ин кишвар буданд. Анвар ва оилааш мунтазири он буданд, ки ин мадудиятҳо поён ёбанд, то сафари худро анҷом диҳанд.
Соли 2019, қабл аз шуруи пандемия 2,5 миллион мусалмон ба манзури зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд. Дар он сол бинобар маросими ҳаҷ ва ҳаҷҷи умра 12 миллиард доллар ба иқтисоди Арабистони Саудӣ сарозер шуд. Дар моҳи апрели имсол Арабистони Саудӣ эълон кард, ки ба мусалмонони берун аз ин кишвар иҷозат медиҳад, то ба зиёрат биёянд.
“Пас аз Иди Рамазон, дар моҳи май бар маҳзи ин ки Арабистон ин эълонро кард, корманди ожонсе, ки умури сафари моро дуруст мекард, бо тағоям тамос гирифт. Мо таъйид кардем, ки мехоҳем ҳаҷ биравем ва пас аз пардохти дипозит мунтазири ироаи соири тартибот аз ҷониби ожонс шудем”,- гуфт ӯ.
Тағйир дар лаҳзаҳои ахир
Дар шашуми июн, расо як моҳ қабл аз он ки маросими ҳаҷ оғоз шавад, Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ шеваи сафари ҳаҷ аз тариқи миёнаравонро барҳам дод. Ожонсҳои гардишгарии Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Австралия дигар муҷаввизи бурдани зоирин ба ҳаҷро дарёфт карда натавонистанд. Ба ҷойи ин мақомот лоиҳаи сабти номи онлайнии зоирини ҳаҷ аз кишварҳои ғарбӣ мавсум ба “Мутаввиф”-ро роҳандозӣ намуданд. Ин система мисли қуръакашӣ буд, баъдан нафаронро иттилоъ медоданд, ки метавонанд ба сарзамини муқаддаси мусалмонон бираванд ё не. 10 июн корманди ожонс чун аз ин система огаҳ шуд, пули хонуми Анварро баргардонд. Бахти иддае аз зоирин омад накард, ки ҳоло ба дунболи бозпас гирифтани пулҳои худ аз кормандони ожонсҳо ҳастанд.
“Мо бояд пули худро бозпас мегирифтем, то битавонем аз тариқи портал, ба сурати онлайнӣ муроҷат кунем”, - мегӯяд нафаре бо исми мустаори Самира Ҳасан, сокини Ню Ҷерсии Амрико. Ӯ дар гурӯҳе барои тавофи Қаъба сабти ном шуда буд, ки аз тарафи имоми маҳаллие раҳбарӣ мешуд. Вай умед дошт, ҳамроҳ бо хоҳараш, бародари аз худ бузургаш ва волидонаш ба тавоф меравад. Ходими ожонсе, ки онҳоро бояд ба ҳаҷ мебурд, дар моҳи апрел барои ҳар яке 13600 доллар талаб карда буд. Як моҳ баъд арзиши сафари ҳаҷ ба 21 ҳазор доллар баробар шуд.
“Дар чунин ҳол падарам натавонист маблағи сафарашро пардохт кунад... Ману хоҳарам кумак кардем, то модарам пули сафарашро пардозад”, - гуфт хонум Ҳасан. Ин хонум мегӯяд, то “он замоне ки нафари муваззаф ба ҷӯр кардани мадорики мо ба ҳаҷ муҷаввиз дарёфт накард, мо зиёрат рафтанӣ будем, аммо пас аз он моро лозим буд, то аз портал истифода намоем”. Бинобар ин ӯ ва оилааш ба таври онлайнӣ дархост додаанд.
“Иҷрои ин амал стресс дошт. Сабти ном ногаҳон шуруъ шуд ва дар систем ишколоте вуҷуд дошт”, - гуфт дизайнери 25-сола.
“Дар лазаҳоти аввал барои чанд дақиқае бинобар корбарии зиёд аз сайт дар кори он мушкил эҷод мешуд. Зимнан он ҷо имконоти маҳдуде аз қабили ворид кардани иттилооти вакисаи коронавируси қабл аз июли соли 2021 вуҷуд дошт. Бинобар ин мо акси ҳуҷҷатҳои худро ирсол кардем ва рӯзи қурбониро низ изофа намудем”, - гуфт хонум Ҳасан.
Анвар, ки дар бораи IT иттидоъ дорад, мегӯяд: “Мақомоти Саудӣ омор дорад ва ба таври эҳтимолӣ медонанд, чӣ қадар аз зоирини кишварҳое, ки ин система дар онҳо роиҷ аст, муроҷеъ мешаванд. Гумон меравад, ин портал қабл аз мавриди корбарӣ қарор гирифтан озмоиш нашуда буд, то ин ишколот ба вуҷуд наоянд”.
Зоирине, ки мехостанд, сафар дошта бошанд, дархости онҳо пазируфта шуда, аммо дар ҷиҳати пардохти хадамот ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд.
Дархост барои бозгардонии системи пешин
Дархосте дар ҷиҳати бозгардонидани системи куҳна аз рӯзи роҳандозӣ шудан ба ҳадаф расидааст. Муҳсин Шоҳ ожонси гардишгарӣ дошт, ки 80 дарсад умури ҳаҷ ва умраро анҷом медод. Ӯ ки аз Манчестери Бритониёи Кабир суҳбат мекард, гуфт, ин тағйир ба тиҷорати ӯ таъсир расонадааст, аммо ба қавли вай, агар як дар баста бошад, сад дари дигар боз аст”.
21 июн “Мутаввиф” тайи як баёние гуфт, аз мушкилоти пардохт ва таъйиди суфоришот бохабар аст. Аммо чанде аз зоирин, ки аз тариқи ин систем сабти ном шудаанд, чун дар вақти таъйиншуда ба фурудгоҳ рафтаанд, парвозе ба Арабистони Саудӣ набудааст. Онҳое, ки ба Саудӣ сафар кардаанд, ё утоқ пайдо накардаанд, ё дар утоқҳое, ки ҷо шудаанд, ки он ҷо зоирини бегона будаанд.
“Вазорати ҳаҷ мардумро дар ҳоли стресс қарор додааст. Дар ҳоле ки масрафи зиндагӣ меафзояд, ин гуна пулро харҷи сафар нахоҳӣ кард. Аммо ту ин сафарро анҷом хоҳӣ дод, зеро ин гардишгарии рӯҳу равон ба решаҳои ислом аст. Мо бо ҳикояҳое ба воя расидаем, ки бар маҳзи паёмбарон дар ин сарзамин ба вуҷуд омадаанд. Ин як имкон буд, ки ман натавонистам муваффақ ба истифода аз он шавам”, - гуфт Анвар.
Ин матлаб аз “Алҷазира” таҳияи шудааст.