Тазод: иҷрои қонунҳои дунявӣ ба тарзи “исломӣ” дар Тоҷикистон

Маҳрия ё “қарордоди издивоҷ”– роҳҳалли пешниҳодии Кумитаи дин барои ҷилавгирӣ аз афзоиши талоқ,азҳампошии хонаводаҳо шабеҳ ба копиябардории мавзуи издивоҷ аз кадом кишвари “исломӣ”-и минтақа аст. 

Усули иҷро аз роҳи зӯрӣ ё тарс додани тараф, ки Кумитаи дин дар “қарордоди издивоҷ” –аш аз он ёд карда, шабеҳ ба маҳрия аст ва дар охир бо номи маҳрияи ислом тамом мешавад, ки дар асл ба мисли иҷрои чунин қавонин дар дигар ҷомеаҳои исломӣ боиси бадномсозии ислом мешавад.  

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ахиран аз “қарордоди издивоҷ”-е хабар дод, ки ҳадаф аз он ҷарима ё гузоштани уҳдадории молии сангин ба дӯши мардҳо ва тарс додани онон ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши талоқу пошхӯрии хонаводаҳо аст. Сомонаи “Спутник” дар моҳи июли соли ҷорӣ ба нақл аз Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон навишт: “Дар масъалаи пошхӯрии оилаҳо бархӯрди ҳирфаӣ зарур аст ва ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, назири кумитаҳои занону оила, ҷавонон ва Вазорати адлия, ба шумули Кумитаи дин бояд як барномаи фарогиреро таҳия кунанд”.

Сулаймон Давлатзода гуфт, онҳо рӯйи қарордоди издивоҷ кор кардаанд, ки дар он вазифаҳои зану мард мушаххас шудаанд. Ӯ аз таҷрибаи бархе кишварҳои ҳамсоя ёд кард, ки нишон медиҳад, "қарордоди издивоҷ" як роҳи муассир барои ҳалли ин масъала аст. Давлатзода афзуд: "Дар бархе кишварҳо шартномаи миёни зану шавҳар ҳатмӣ аст. Бино ба таҷрибаи онҳо, масалан, дар сурати ҷудо шудани хонавода шавҳар муваззаф аст, ки маблағи муайянеро ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Ин нукта қонунӣ ва дар шартномаашон дарҷ шудааст. Дар пайи чунин тадобир дар он кишварҳо пошхӯрии оилаҳо кам шудааст”.

Аммо ин то куҷо амалӣ ва тасмими саҳеҳ буда метавонад, мавзуи баррасии мо дар идомаи ин матлаб аст. 

Бар дӯш гирифтани уҳдадории молӣ аз тарафи мард дар замони издивоҷ ё гузоштани шарте аз тарафи зан ба мард ҳангоми хонадоршавӣ дар шариати ислом бо номи “маҳрия”шинохта мешавад. Ин қарордоди издивоҷе, ки масъулони Кумитаи дин дар бораи он мегӯянд, шабеҳ ба маҳрия аст, албатта, бо тафовутҳое, аммо чун ҷомеаи 97 дарсад мусалмони Тоҷикистон ба қонуну қоидаҳои шариат пойбанд ҳастанд ва ба он арҷ мегузоранд, ночор ба иҷрои ин қарордод мешаванд. Дар асл ҳадаф аз ин тасмим он аст, масъулони Кумитаи дин бо рабт додани ин қарордод ба ислом ва “бастан”-и дасту пойи хонадоршавандаҳо бо истифода дин мехоҳанд бо равишҳои зӯрӣ ва иҷборӣ ин масъаларо гӯё ҳал кунанд. Аммо ҷомеашиносон бар ин боваранд, ки бо зӯрӣ намешавад мавзуи устувории хонаводаҳо ва бунёди хонаводаро решаӣ ҳал кард. Бахусус барои ҷомеаҳое, ки дам аз демократия ва озодӣ мезананд, бунёди оила бо иҷбору зӯр як таназзули воқеиро дар дарку шуури ҷомеа ва сиёсати амалии система буруз медиҳад. Ин тазод ва таноқузи ошкор бо рушди ҷомеаи муосир аст. 

Кишварҳои исломӣ ва мушкилоти маҳрия 

Ҳадаф аз ин гуфтаҳо мухолифат бо маҳрия ва шариати ислом нест, балки маҳрия як суннат аст ва бо иҷрои дурусти он ҳеч мушкиле надорам. Аммо дар аксари кишварҳо ва ҷомеаҳои исломӣ ба баҳонаи маҳрия суистифодаҳое сурат мегирад, ки на бо ислом мутобиқат дорад ва на бо фаҳму дарки арзишҳои муосир. Ин мушкили шариат ва ислом нест, балки мушкил дар худи рафтору амали мусалмонҳост. Чун дар аксари ҷомеаҳои исломӣ ахлоқу қонунмадории ҷамъиятӣ рушд накардааст ва сатҳи дарку фаҳмиши онҳо аз ҷомеаҳои ғарбӣ дар хударзёбӣ ва рафтори иҷтимоӣ қафомондатар аст, афрод талош мекунанд, қонунҳоро тобеи рафтори худ кунанд, на баръакси он ки рафтори худро бо қонун татобуқ диҳанд.

Ин мушкил дар аксари ҷомеаҳои шарқӣ ва исломӣ вуҷуд дорад. Ин рафторҳо боис шуда, ки мардуми аксари ин кишварҳо бо равишҳои диктатурӣ, маҷбуркунӣ ва зӯргӯии ҳукуматҳояшон унс пайдо карда, худбартарбиниро аз манофеи умум тарҷеҳ диҳанд. Аз тарафи дигар ҳамин рафторҳо ҳам боис шуда, то иҷбор дар умури хонадорӣ ва рафтори иҷтимоӣ ба фарҳанг табдил шаваду онро бо номи ислом сабт кунанд. Дар ҳоле ки дар ислом ҳам ин фарз(маҳрия) иҷборӣ нест ва бо дарку фаҳмиши хосе сурат мегирад. Он ҳатман дар шакли пул нест ва ҷанбаи маънавӣ ҳам дорад. 

Мутобиқи омӯзаҳои исломӣ, пояи хонавода бо меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ устувор аст. Маҳрия ҳатмӣ ҳам нест ва бо пардохтан ба зиндагиномаи паёмбари ислом – ҳазрати Муҳаммад (с) дармеёбем, занҳое буданд, ки бидуни маҳрия издивоҷ карданд. Бар асоси ривоятҳо, маҳрияе, ки ҳазрати Ойиша (р) аз ҳазрати Муҳаммад дарёфт кардаанд, ба ҳисоби пули имрӯза ҳудуди 600 доллар будааст. Аз таърихи бархе аз саҳобагони паёмбар (с) медонем, ки таъйини маҳрия бо сураи Қуръон, зару зевар, боғ ва манзил сурат гирифтааст. Асли суннати паёмбар (с) дар издивоҷ таъйини маҳрия бар осон гирифтан аст, на дар сахтӣ қарор додани зану шавҳар. Аз тарафе зиёдаравӣ дар маҳрия мушкилро ҳал намекунад ва пул муҳаббату самимиятро ба вуҷуд намеоварад. Издивоҷ ва никоҳ дар ислом маҳбубтарин амал ва талоқ амри нописанд мебошад, чунки талоқ сабаби барҳам хӯрдани муҳаббат ва ба вуҷуд омадани нафратҳо асту даҳҳо мушкил барои ҷомеа ва хонаводаҳо ба вуҷуд меорад.

Дар ояи 4-и сураи “Нисо”, дар Қуръон гуфта шудааст, ки маҳрияро дар камоли ризоият ба онҳо (занҳо) бипардозед..

Исломшиносон муътақиданд, ба маҳрия бо назари муътадил бояд нигоҳ кард. Маҳрия набояд он қадар зиёд бошад, ки мард онро пардохт карда натавонад ва аз издивоҷ даст кашад ва набояд он қадр кам ҳам бошад, ки зан пас аз ҷудо шудан аз шавҳар бо худ ҳич амволе надошта бошаду ҳамеша нигарон ва чашм ба ёрии касе бимонад. Аммо дар кишварҳои исломӣ суистифодаҳои зиёде аз маҳрия сурат мегирад. Масалан, дар кишварҳои арабие назири Миср ваЯман миқдори маҳрия ба 70000 доллар мерасад ва ба сабаби гарон будани он синни издивоҷ низ дар ин кишварҳо аз 35 болост. 

Бар асоси иттилои “Википедия”-и форсӣ, дар Эрон, ки содатарин шакли маҳрия ба ҳукми қонун даромадааст, аз 12 (теъдоди имомони мазҳабашон) то 114 (теъдоди сураи Қуръон) сиккаи тамом баҳори озодӣ ва соли таваллуди арӯс шуруъ мешавад ва миёнгини маҳрия аз 260 то 350 сиккаи тило аст. Ин сиккаҳо ҳар яке 8 грам вазн дорад, ки бар асоси қимати рӯз, ҳар як сикка 465 доллар арзиш дорад. Агар онро бар мизони миёнгини сиккаи маҳрия (260-350) зарб занем, аз 120 ҳазор то 160 ҳазор доллар маҳрияи миёнгини занҳои эрониро ташкил медиҳад. Албатта, бар асоси пажуҳишҳо, то 124 ҳазор (беш аз 57 миллион доллар) сиккаи тило ҳам маҳрияҳое таъйин шудааст. Ин гуна маҳриябандиҳо дар Эрон боиси баҳсу ҷидол миёни хонаводаҳо шуда ва баъзан аз ҳамон оғози хонадоршавӣ васлат ё арӯсӣ барҳам мехӯрад. Аммо дар бисёр маврид пас аз васлат зан ба кирдорҳои ғайриахлоқӣ даст мезанаду амдан рафторҳои номуносибе анҷом медиҳад,то шавҳар ӯро талоқ диҳад ва ӯ соҳиби сармояи зиёд (маҳрия) шавад. Теъдоди зиёде аз мардон ба сабаби маҳрияҳои гарон ба зиндон афтодаанд. Зеро то охири умр ҳам наметавонанд чунин маҳрияҳои гаронро пардохт кунанд. 

Бар асоси омори соли 2019, синни издивоҷ дар Эрон миёни мардон 30 сол ва миёни занҳо 24 сол аст. Мардҳои пулдор занҳои ҷавон мегиранд, аз ин сабаб ихтилофи синнӣ миёни завҷҳои эронӣ зиёд ба назар мерасад. Аммо мардҳои миёнаҳол аз издивоҷ худдорӣ мекунанд, то ба даромади беҳтаре бирасанд ва дар мавориди зиёде ҳам дар синни 40-солагӣ издивоҷ мекунанд ё агар ба даромади беҳтар нарасиданд, бо бастани никоҳи муваққат (сиға) бидуни издивоҷ зиндагӣ мекунанд. Эшон ба шаҳватронии муваққатӣ умри худро сипарӣ мекунанд, ки дар оянда ба бунёди хонаводаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Яъне суистифода аз маҳрия барои ташкили хонавода ва ҳамзистӣ бар асоси ишқу муҳаббат дар Эрон монеи бузурге маҳсуб мешавад. 

Ахавони Бетараф, як рӯҳонии эронӣ тайи суҳбате дар ин бора гуфт: “Имрӯз бархе занон ба роҳатӣ ва пас аз муддати кутоҳе аз шуруи зиндагии муштарак дархости дарёфти маҳрияро дар додгоҳ матраҳ мекунанд. Аз ҳамин рӯ қонун бояд мавонееро барои ин суистифодаҳо дар назар бигирад”. Ба навиштаи “Шаҳроро”, Ҳусайни Пурманд, як масъули қазоии Эрон дар соли 2020 гуфта буд, ки 1630 нафар зиндониёни маҳрия ҳастанд.  

Дар ҳамин ҳол мардуми суннатӣ ва мазҳабии Тоҷикистон, ки пойбанд ба арзишҳои хонавода ҳастанд, ин гуна никоҳро ҳаром медонанд. Ин қабил мардум бар пояи омӯзишҳои қуръонӣ ва эътиқодии худ муқобила бо шаҳавот ва саркӯб кардани шаҳвату хостаҳои нафсониро ҷиҳоди акбар мешуморанд. Ҳарчанд ба андешаи бархе аз ҷомеашиносон, дар солҳои охир муҳоҷирати корӣ, нуфузи фарҳанги бегона, омехта шудани фарҳангҳо, дур шудани ҷавонон аз омӯзишҳои исломӣ, тарвиҷи фарҳанги ғарбӣ...  боис шудааст, то ба бунёди хонаводаҳо ва ахлоқи ҷомеа осеби ҷиддӣ ворид шавад. 

Ахиран Абдуллоҳ Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз афроде, ки ба хотири шаҳрвандии Русия расман никоҳи худро қатъ мекунанд, интиқод карду ин амалро фоҷиа номид. Ӯ бо эътироф бар ин нукта гуфт, ин иттилоъро дар даст дорем, ки дар аксаримаворид ҷавонон никоҳи расмии худро бекор мекунанд, то дар Русия бо ягон нафари дигар хонадор шуда, шаҳрвандии он кишварро ба даст оранд.  Омори дақиқ нест, аммо ин вазъ барои ҷомеаи суннатии мо фоҷиа аст.         

Дар ҳамин ҳол Сулаймон Давлатзода иддао мекунад, ки дар пайи қонунӣ кардани пардохти молӣ ва рӯйи даст гирифтани чунин тадобир дар баъзе кишварҳои минтақапошхӯрии оилаҳо кам шудааст. Вале дар асл воқеият чизи дигарро нишон медиҳад. Уҳдадор кардани мардҳо ба ҷаримаи сангин ё маҳрияҳои гарон боис шуда, то дар ин кишварҳо теъдоди издивоҷҳо камтар шавад ва ин раванд дар оянда ба бунёди хонаводаҳо осеби ҷиддӣ ворид хоҳад кард. Вақте барпоии оила камтар шуд, ба таври табиӣ пошхурӣ ҳам коҳиш меёбад. Аз ин рӯ тасмими масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон барои бо роҳи ҷарима, зӯрӣ ва тарс додан нигоҳ доштани пояи хонавода иқдоми нодуруст ба назар мерасад. Тасмиме, ки дуруст ба назар мерасад, ин омӯзиши омилҳои пошхӯрии хонаводаҳо ё авомили таъсиргузор ба он ва бар асоси ин таҳлил ҳалли решаии мушкил аст. Бар асоси иттилои Кумитаи омор, агар дар шашмоҳаи аввали соли 2021 шумораи талоқҳо дар Тоҷикистон ба беш аз 6 ҳазор мерасид, дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ба беш аз 7 ҳазор афзоиш ёфтааст.  

Раиси Кумитаи динҳам эътироф кард, ки раванди муҳоҷират, ноогоҳӣ ва ҳисси масъулиятношиносӣ, бехабарӣ аз аҳкоми дину шариат ва дигар авомил низ вуҷуд доранд, ки боиси пошхӯрии оилаҳо мешаванд. Ба ин феҳрист мешавад,мавзуҳое назири дахолати узви хонавода ба зиндагии муштараки навхонадорҳо, издивоҷи маҷбурӣ, дар назар гирифтани синни издивоҷ ва булуғи ҷинсиву зеҳнии духтару писар, таваҷҷуҳ ба мавзуҳои алоқӣ, маънавӣ ва амсоли инро илова кард. 

Дар хулоса метавон гуфт, бо зӯр наметавон нафареро маҷбур кард, ки муҳоҷират накунад ё шаҳрвандии кишвареро нагирад ё ахлоқашро тағйир диҳад. Боз ҳам комилан ғайримантиқист, ки дар истифода аз ин зӯр ислом суистифода шавад. Ба назари ман, роҳҳалли ҳамаи ин мушкилот дар масоили ахлоқиву маънавӣ, омӯзишиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ нуҳуфтааст, ки дар сурати ҳал кардани мушкилоти маориф, иқтисод ва фарҳанг ҷомеа худ ислоҳ хоҳад шуд. Дар чунин ҳол шарт нест, ки барои ҳар як гиреҳи ҷомеа як қонуни нав эҷод кунем.