Böse.001

Ҷанги Украина ва Русия: Ба кӣ ин ҷанг манфиат овард?

 

Имрӯз, сарфи назар аз идомаи задухӯрдҳои мусаллаҳона миёни Украина ва Русия, аллакай метавон натиҷаҳои пешакии ин ҷангро ҷамъбаст кард.

Ҳар ду тараф, ки аз ҷанги инак қариб сесола хаста шудаанд, дигар дорои захираҳои кофӣ барои тағйироти ҷиддӣ дар хатти ҷангро надоранд. Дар натиҷа, вазъи низомӣ дар бисёр самтҳо муътадил шудааста, паёмадҳои сиёсӣ ва иқтисодиро рӯшантар мегардонанд. Ҷолиб он аст, ки ҳеҷ яке аз тарафҳо наметавонад комилан ғолиб ё мағлуб ҳисобида шавад, аммо як бенефитсиар ё манфиатбарандаи асосӣ аллакай ба назар мерасад – Чин.

 

Аз ин бигзарем ва ҳадафҳои стратегӣ ва паёмадҳои ниҳоӣ барои Руссияро баррасӣ кунем. Дар ибтидои низоъ, Русия пеши худ ҳадафҳои васеъ гузошта буд:

 

  • пурра зери назорат гирифтани Украина,
  • табдил додани он ба як давлати сателлит,
  • дур кардани сарҳадҳои НАТО аз хоки худ.

 

Аммо воқеият тамоман дигаргуна ташаккул ёфт. Русия бо муқовимати шадид ва дастгирии васеи байналмилалӣ аз Украина, аз ҷумла кӯмакҳои низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷа, на танҳо ки Русия ба ҳадафҳои худ нарасид, балки дар ҳолати боз ҳам осебпазир қарор гирифт. Ба ҷои кам кардани нуфузи НАТО, Русия як сарҳади тӯлонитар бо ин паймонро “туҳфа” гирифт. Ҳамроҳшавии Финландия ва Шветсия сарҳади умумии Русия бо НАТО-ро то якуним ҳазор километр афзоиш дод, ва ин хатти муноқиша акнун ба хоки он хеле наздик шудааст. Илова бар ин сарҳади Украину Руссия ҳам ин шабу рӯзҳо барои русҳо хатарноктарин хатти марз гашта аст. 

 

Илова бар ин, ба ҷои тақвият додани мавқеи байналмилалии худ, Русия бо фишори ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашт. Таҳримҳои Ғарб ва хуруҷи бисёре аз ширкатҳои байналмилалӣ аз бозори Русия зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди он расонданд, ки ҳамакнун бештар ба шумораи маҳдуди шарикон вобаста шудааст.

 

Барои Украина арзиши озодӣ бо талафи ҳудудҳои хоки худ ва ҷони садҳо ҳазор мардуми ин кишвар дорад анҷом мегирад. 

 

Ҳарчанд, Украина тавонист истиқлолияти худро нигоҳ дорад ва талошҳои Русияро барои таҳти назорат гирифтани қаламраваш бартараф кунад. Аммо, чигунае гуфтем ин дастовард бо нархи гарон ба даст омад:

 

  • Украина як қисми қаламравҳои худро аз даст дод, ки ҳоло таҳти назорати Русия қарор доранд,
  •       Садҳо ҳазор кушта доданд.
  • миллионҳо украиниён маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд, ки бузургтарин буҳрони муҳоҷиратро дар даҳсолаи охир дар Аврупо ба вуҷуд оварданд.

 

Иқтисоди Украина аз сабаби харобии инфрасохтор ва задухӯрдҳои мусаллаҳона сахт зарар дидааст, ва он пурра ба кӯмакҳои Ғарб вобаста шудааст. Ҳарчанд ин кӯмакҳо доираи васеъро дар бар мегиранд — аз таъмини силоҳ то субсидияҳои иқтисодӣ, аммо дурнамои дарозмуддати онҳо ҳанӯз зери суол аст.

 

Ба ин тартиб, гарчанде Украина тавонист аз истилои Русия эмин монад, вазъияти он ҳамчунин ба он иҷозат намедиҳад, ки комилан ғолиб эълон карда шавад. Кишвар дар ҳолати комилан низомишуда боқӣ мондааст ва ба захираҳои хориҷӣ шадидан вобаста аст, иқтисоди он ба як барнома ва сармоягузории ҷиддӣ барои барқарор сохтан, ниёз дорад.

 

Иттиҳоди Аврупо, ки дастгирии ҷиддие ба Украина расонд, низ зиёнҳои назаррас дид. Русия, ки қаблан яке аз шарикони бузурги тиҷоратии Аврупо буд, акнун қариб пурра аз иқтисоди Аврупо барканор шудааст, ки ин на танҳо Аврупоро аз дастрасӣ ба манобеъи энержии Русия маҳрум мекунад, балки ба душвориҳои иқтисодии дохилӣ оварда расонд. Кишварҳои Аврупо бо камбуди энержӣ ва болоравии нархи сӯзишворӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки барои иқтисоди онҳо хатари иловагӣ эҷод намудааст.

 

Ҷолиб он аст, ки гарчанде таҳримҳо ба Русия фишор оварданд, аммо ба фурӯпошии пурраи иқтисоди он ноил нагаштанд. Ба ҷои ин, Русия шурӯъ ба густариши равобит бо Чин кард, ки ин боз ҳам вобастагии иқтисоди Маскавро аз Пекин афзоиш дод.

 

Чӣ гунае гуфта шуд, Чин манфиатбарандаи асосии ин низоъ гаштааст. Чин дар ин низоъ дар мавқеи аз ҳама бурднок қарор гирифтааст. Аввалан, Пекин мавқеи бетарафиро интихоб кард, аз дахолати мустақим худдорӣ кард ва ба таҳримҳо алайҳи Русия напайваст. Ҳамзамон, бо афзоиши таҳримҳои Ғарб, Русия бештар ба бозорҳо ва технологияҳои Чин ниёз пайдо кард.

 

Дар натиҷа, Чин имконияти нодири тақвияти мавқеи худро хуб истифода бурд. Ҳоло Чин шарики асосии иқтисодии Русия мебошад, ки ин ба Пекин манфиати ҷиддӣ мерасонад. Манбаъҳои Русия, аз нафт ва газ то молҳои саноатӣ, ҳоло барои Чин бо нархи пасттар аз бозор дастрасанд, ва вобастагии афзояндаи Русия ба технологияҳои Чин ба Пекин имкон медиҳад то манфиати зиёде ба даст биёрад.

 

Ин вазъият мавқеи Чинро дар шароити муноқишаи эҳтимолии ӯ бо ИМА ва муттаҳидонаш тақвият мебахшад. Дар оянда Чин метавонад Русияро ҳамчун шарики худ истифода кунад, ки дар ҳолати авҷ гирифтани танишҳо бо Ғарб барои Чин бартарии ҷиддӣ хоҳад дод.

 

Хулоса танишҳои ахир дар дунё моро ба суи “Ҷанги нави сард” ва тағйири тавозуни қудрат мебарад.

 

Баъди интихоботи президентии ИМА, эҳтимол аст ҷанги нави сард, акнун миёни Ғарб ва Чин оғоз ёбад. Чин аллакай ба ин муқовимат омодагӣ мегирад, мавқеи худро миёни кишварҳои Ҷанубӣ тақвият мебахшад. Пекин бо кишварҳои арабӣ, Эрон, Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрикои Ҷанубӣ ва баъзе кишварҳои Африқоӣ, ки аллакай шарики бузурги тиҷории Чин гаштаанд, фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

 

Муқовимати оянда, эҳтимолан, бештар хусусияти иқтисодӣ хоҳад дошт, на мисли муборизаи иделожии ИМА бо шуравӣ. 

 

Ҳамзамон, Чин нақша дорад то соли 2030 назорати худро бар Тайван барқарор кунад, ки ин таниши муносибати Чин бо Ғарбро афзоиш хоҳад дод. Муқовимат мураккаб, ки тиҷорат, технолоҷӣ ва назорат болои захираҳои ашёи хом меҳвари он хоҳад гашт.

 

Чин Руссия нест! Аммо Чин, бо истифода аз захираҳои Русия ва нуфузи худ дар ҷаҳон, метавонад як эътилофи васеъ бисозад, ки бо ин васила метавонад ба таъсири Амрико дар кулли ҷаҳон муқобилати шадид кунад. 

 

Ба ин тартиб марҳилаи нави муқовимати ҷаҳонӣ оғоз хоҳад гардид.

 

Аз ин рӯ, низоъ миёни Русия ва Украина ба як навъ муқаддима барои марҳилаи нави муқовимати ҷаҳонӣ миёни Ғарб ва Шарқ табдил хоҳад ёфт. Дар ҳоле ки ҳеҷ яке аз тарафҳои низоъ ба ҳадафҳои ибтидоии худ нарасидаанд, Чин тавонист манфиатҳои назаррасро аз вазъияти ба вуҷудомада ба даст орпд. Дар пасманзари тағйироти ҷаҳонӣ, Чин мавқеи худро тақвият бахшида, ба марҳилаи навбатии муқовимати иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Ғарб омодагӣ мегирад.

 

Хулоса, ҷанг миёни Русия ва Украина ба пирӯзии мутлақи ягон тараф боис нагашт. Аммо Чин, ки аз заифшавии Русия ва тақсимоти нави робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳонӣ манфиат бардоштааст, бенефитсиари калидии ин низоъ гардид. Дар оянда, вақте ки таниш миёни ИМА ва Чин зиёд шавад, Чин метавонад аз Русия ва дигар муттаҳидон истифода барад, то мавқеи худро дар ҷаҳон мустаҳкамтар гардонад. Хусусан, ҳангоме, ки ҷанги Укроину Руссия барои Чин ин имконияти нодирро фароҳам овардааст.