DemocratieUSA

ДЕМУКРОСИИ АМРИКОӢ: АВВАЛ БЕСАРУСОМОНӢ, БАЪД “МУОМИЛА”

Сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тӯли даҳсолаҳо на танҳо бо шиорҳои зебо

дар бораи озодӣ, ҳуқуқи инсон ва демукросӣ муаррифӣ гаштааст, балки дар асл як истротежии амалгароёна ва манфиатҷӯёнаро пиёда карда аст. 

Пушти ҳарфҳои расмии диплумотик ва ташаббусҳои ба зоҳир башардӯстона, равиши дақиқ ва устувори таъсиргузорӣ нуҳуфтааст, ки ҳадафи он ташаккули муҳити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мувофиқ бо манофеи жеополитикии Амрико буда аст.

Ин раванд дар муҳити илмӣ бо номи “Realpolitik” ё сиёсати амалгароёна маъруф аст, ки тавассути он истиқлолияти кишварҳо заиф ва вобастагии онҳо аз Амрико мустаҳкам мегардад.

Баъдан, бо шиорҳои зебо дар бораи “озодӣ”, “наҷот”, “ислоҳот” ва “ҳамкорӣ”, Иёлоти Муттаҳида ҳамчун “наҷотдиҳанда” вориди саҳна мегардад. Сипас бунёдҳо, корпоратсияҳо ва диплумотҳо бо пешниҳоди сармоягузорӣ ва кӯмак вориди корзор мегарданд. Ин кӯмакҳо барои кишвари осебёфта бо нархи гарон тамом мешавад. Ба мисли аз даст додани соҳибихтиёрӣ, қабул кардани ислоҳоти таҳмилӣ ва вобастагӣ аз марказҳои хориҷӣ.

Миконизми асосии ин раванд на кӯмак, балки бесарусомонии идорашаванда аст. 

Як шакли фишори танзимшуда, ки тавассути он давлат заъиф ва эҳтиёҷманд гардонда мешавад. Ва чун давлат дигар роҳи наҷотро намеёбад, маҷбур мешавад ба созишномаи пешниҳодшуда розӣ шавад. Дар ин ҳолат, истилоҳҳои диплумотик аз қабили “созишнома” (сделка), “шартнома”, “қарордод”, ҳатто “шарики стротежӣ”, на мазмуни аслӣ, балки вобастагии сиёсиро дар пай хоҳанд дошт.

Дар аксар ҳолатҳо, шарту шурути пешниҳодшуда ягона роҳи “наҷот” аз буҳронест, ки худи ИМА ба таври фаъол дар эҷоди он саҳм доштааст.

Иёлоти Муттаҳида ба таври мунтазам аз истротежии “бесарусомонии мудириятшаванда” истифода мебарад. Он дар минтақаҳое татбиқ мегардад, ки дар он Амрико нуфузи кофӣ надорад. Раванд аз фишорҳои иқтисодӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ оғоз шуда, бо пуштибонӣ аз мухолифини вафодор ва эҷоди буҳрони сиёсӣ роҳандозӣ мегардад.

Сипас, бо баҳонаи ҳалли мусолиҳатомези муноқиша, Вошингтон ба таври фаъол вориди раванди сиёсӣ мегардад, қоидаҳои бозиро худ муайян мекунад ва бо ин роҳ ба тамоми равандҳои дохилии кишвар таъсир мерасонад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин мудел дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз Амрикои Лотинӣ ва Ховари Миёна то Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ истифода гардидаст. Аввал буҳрон, ки ҳокимиятро заъиф месозад. Сипас зуҳури ИМА ҳамчун миёнҷӣ ва ниҳоят вобастагии сиёсиву иқтисодӣ.

Дар ин замина, демукросикунонӣ на ҳамчун арзиш, балки ҳамчун абзори таъсири жеополитик истифода мешавад. Мафҳуми “шарикӣ” дар асл кишварро ба як воҳиди фармонбардори манофеи ИМА табдил медиҳад.

Ин аст воқеияти талхи сиёсати хориҷии ИМА: арзишҳое аз қабили ҳуқуқи байналмилалӣ, соҳибихтиёрӣ ва адами дахолат ба умури дохилии давлатҳо поймол мешаванд. Ва кишваре, ки “наҷот” ёфт, ихтиёри сиёсии худро аз даст медиҳад.

Ба ҷои озодӣ - вобастагӣ. 

Ба ҷои сулҳ - шартнома. 

Ва бо чӣ қимате!