Ҷомеасозӣ аз ҳоҷатхонасозӣ сар мешавад?
Бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким дар кишвар дар ноҳияи Панҷ аз бунёди як ҳоҷатхона (!) дар ин маркази ноҳия хабар дод.
Ин бахши ҳизб иддао дорад, ки ин ҳоҷатхона бар асоси тарҳҳои ҳизбӣ дар мавриди сохтусози биноҳои беҳдоштӣ бунёд шудааст.
Маъмулан аҳзоби сиёсӣ дар зумрае аз ақлҳои пешгоми ҷавомеанд, ки дар ҳидояти ҷамъи мардум ба сӯйи ояндаи беҳтаре нақши умда доранд. Аммо ҳизби ҳокиме, ки бахши он сохтмони як ҳоҷатхонаро ба унвони як “сотмони стратегӣ” ба саҳифаҳои интернет мекашад, оё метавонад дар ҳалқаи аҳзобе қарор бигирад, ки тавони кашидани тарҳи наҷоти як миллатро доранд?
Қабл аз он ки ба суоли боло посух пайдо кунем, бояд тазаккур бидиҳем, ки бахши ин ҳизб дар ноҳияи Панҷ қароргоҳ надорад. Қаблан он дар бинои рӯзнома (ё шояд гоҳнома)-и “Ҳаёти нав”-и ноҳия мустақар буд ва феълан ба пӯшти бинои “Амонатбонк” кӯчидааст. Ин сохтмонҳо биноҳои давлатӣ ҳастанд. Ин ки бахши ҳизб дар он ҷо иҷорашин аст ё “меҳмон”, ман намедонам. Аммо тобистони соли гузашта миёни асотиди макотиби ҳамагонии ноҳияи Панҷ гӯмагӯҳое ба гӯш мерасид, ки гӯё мақомоти маорифи ноҳия аз маоши ҳар як омӯзгор 40 сомониро барои сохтусози мақарри ин бахши ҳизби ҳоким дар ноҳияи Панҷ каср мекардаанд.
Агар фаротар аз бахши панҷии ин ҳизб қалам занем, ифтихори масъулини ин ҳизб ин аст, ки ҲХДТ дар ҷанги Тоҷикистон даст надоштааст ва бар маҳзи ҳидоятҳои раёсати ин ҳизб кишвар пешрафт кардаасту дар эъмори ҷумҳурӣ нақши умда дорад. Аммо ин ҳизб замоне созмон дода шуд, ки аз ҷанги Тоҷикистон ду сол сипарӣ шуда буд ва далели он ҳам шикасти коммунизм дар Русия маҳсуб мешуд.
Баъди суқути Ҳизби коммунистӣ дар Русия ва Тоҷикистон бояд як ҳизби ҳоким ба вуҷуд оварда мешуд. Бинобар ин ин ҳизб ба арсаи сиёсии Тоҷикистон омад, аммо аксарияти аъзои он, бахусус мақомоти радаи болоӣ пайравони Ҳизби коммунистӣ буданд, ки бо шикасти ин ҳизб пояи қудратро аз тариқи ҳизби дигаре мустаҳкам доштанд. Ба ҳамин хотир аст, ки ин ҳизб шеваи кори коммунистонро дар кишвар ҳифз кард.
Дар ҷанги соли 1992 ҳам ҳарчанд исми Ҳизби коммунистӣ пуркорбурд набуд, аммо дар қиболи парчами сафеди мухолифин парчами сурх боло шуд. Зимнан Абдулмаҷид Достиев, аз муассисони аслии ин ҳизб аз чеҳраҳои калидии як тарафи мутахосим дар ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Ба ҳар ҳол шукри Худо сулҳ фаро расид ва акнун ин ҳизб иддао дорад, ки демократия месозад. Аммо бехабар аз он ки дар пайроҳае аз роҳи бурзурги Ҳизби коммунистӣ қадам мебардорад. Яке аз хусусиёте, ки дар фаъолияти ҲХДТ аз ҲКИШ нусхабардорӣ шудааст, ин омехтасозии дастгоҳи ҳизбӣ бо ниҳодҳои давлатӣ аст, ки Арчи Браун, сиёсатшиноси матраҳи англис онро аз хусусиёти умдаи аҳзоби коммунистӣ дар ҷаҳон медонад. Ҳамин аст, ки имрӯз ҳизби ҳоким аз ҳукумат кам тафовут дорад ва дар зимни пазириши шаҳрвандон ба кор ба “этиқоди сиёсӣ”-и ӯ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мешавад.
Бигзарем аз ин ҳама. Агар ин ҳизб бо гузашти ҳудуди сӣ сол аз таъсисаш тоза аҳамияти сохтани як хоҷатхонаро дарк карда бошад, пас намедонам барои дарки ҷомеасозӣ аз тарафи ин ҳизб чӣ қадар замон лозим бошад. Зеро тоза бахши ХҲДТ ба дарки он расида, ки бояд дар ноҳия ҳоҷатхона сохта шавад ва ин ҳам бар пояи барномаи бахши вилоятии ин ҳизб будааст.
Чанде пеш дар расонаҳои иҷтимоӣ дар бораи тавзеъи кумак ба ниёзмандон ва расонаӣ он кардани баҳсе сар зада буд, ки корбаронро ба ду қисмат ҷудо мекард: қисме мегуфт, ироаи кумак расонаӣ шавад ва қисми дигаре баръакс мавзеъ гирифта буд.
Ҷудо аз ин баҳсҳо эҳсонкории афроди алоҳидаи ҷомеа ва ҳамчунин ҷамъе аз мардум борҳо расонаӣ шудаанд, ки гувоҳанд, гурӯҳҳое аз ҷомеа ба таври худҷӯш, бидуни ҳидояти ҳизбе иқдом ба дастгирӣ ва ҳадди ақал обод кардани хонаводае дар мисоли туҳфаи хона ба он мекунанд. Аз ин бармеояд, ки ҷомеа аз нерӯҳои пешбари он, яъне аҳзоб пештар аст. Яъне агар бахши ин ҳизб тоза барнома рехтааст, ки бояд ҳоҷатхона бисозад, гурӯҳҳои алоҳидаи ин ҷомеа, бахусус коргарони муҳоҷири дур аз Ватан чандин хонаводаро обод карданд. Яъне хона хариданд ё сохтанд!
Шояд дар ин маврид далеле матраҳ шавад, ки вобаста ба шароити иқтисодии кишвар дар миёни аъзои ин ҳизб дар ноҳияи Панҷ тасмими ҳоҷатхонасозӣ гирифта шудааст. Ин паҳлуи масъала қобили дарк аст, аммо “ташаббус”-е, ки онро ин ҳизб хеле дӯст медорад, ин ҷо муҳим аст, на пулу мол! Агар ин ҳизб воқеан ташаббускор мебуд ва худро чуннерӯи пешбари ҷомеа собит мекард, имрӯз аз Тоҷикистони ободе ҳарф мезад, ки бо ҳидояти он, вале аз тарафи кулли ҷомеа сохта мешуд, на аз Тоҷикистоне, ки адами ҳоҷатхона мушкили “стратегӣ”-и он бошад.