Nazarbaev1

Поёни фардпарастии Назарбоев дар Қазоқистон

Бештаре аз афроде, ки ин иқдомро ҷонибдорӣ мекунанд, дар зумраи пешсафони раисҷумҳурситоӣ буданд.

Рӯзи аввалин раисҷумҳури Қазоқистон дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Ин ид, ки ҳамасола дар якуми декабр таҷлил мешуд, барои аввалин бор соли 2011 аз он ҷашн гирифтанд. Ин ҳам ба он хотир буд, ки дар соли 1991 дар ин рӯз Нурсултон Назарбоев бо ба даст овардани 99 дарсад аз орои мардум раисҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд.

Эҷоди ин ҷашн қисмате аз раванди фардпарастизудоӣ дар атрофи Назарбоев буд, ки мошини таблиғоти давлатӣ ӯро чун Камол Отатурк ё Ҷорҷ Вашингтони баъдӣ тасвир мекард. 

Аз эътирозоти хунун дар январи имсол ба ин сӯ ситораи пешвои қаблӣ, ки дар соли 2019 истеъфо дода, аммо дар ниҳоят пушти саҳнаи қудрат ба унвони як шахси муҳим боқӣ монда буд, рӯ ба нузул овард.

Дар зимни таъйиди ин раванди ҷадид дар 7 сентябр қонунгузорони палатаи поёнии парлумон ба ҷонибдорӣ аз ҳазфи Рӯзи аввалин раисҷумҳур дар Қазоқистон раъй доданд. Сенаторон низ бояд назари худро дар ин маврид гӯянд, аммо ин як расмиёт аст. Минбаъд 1 декабр рӯзи кории маъмулӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин дар ҳамон рӯз вукалои парлумон масъалаи эҳёи Рӯзи ҷумҳуриро матраҳ карданд, ки то соли 2009 дар 25 октябр таҷлил мешуд. Ҳамчунин Рӯзи истиқлоли ин кишвар низ таҷлил мешавад, ки дар 16 декабр аст. Раисҷумҳур Тоқаев аз ин идея ҷонибдорӣ мекунад ва ӯ гуфт, ин ҷанши ахир метавонад ба унвони рӯзи ёдоварӣ аз “қаҳрамонони миллие, ки саҳми қобили мулоҳизаи дар истиқлол доштанд”, бошад. Тоқаев ба таври хос ба эътирозгарони ҷавоне ишора кард, ки дар соли 1986 дар зимни эътирози зиддишӯравӣ дар Алматто кушта шуданд.

Лағви ҷашни марбути Назарбоев дар миёни масоили дигар нишон медиҳад, ки вакилони феълӣ чӣ қадар метавонанд инъитофпазир бошанд. Қисмати аъзаме аз онҳое, ки ба ҷонибдорӣ аз ҳазфи Рӯзи раисҷумҳур раъй доданд, дар миёни хушомадгӯёни ҳоди раҳбари собиқ қабл аз воқеоти январӣ қарор доштанд. Тоқаев, ки аз қаҳрамонони ин раванд аст, аз ин ҳалқа мустасно нест. Масалан, дар муддати кӯтоҳе пас аз ба қудрат расидан, дар баҳори соли 2019 ӯ пешниҳод кард, ки Остона ба номи устодаш Нурсултон Назарбоев гузошта шавад. Ин пешниҳод хашму ғазабро барангехт, аммо иҷроӣ шуд.

Гурӯҳи муташаббиси қонунгузор, ки “Қазоқистони нав” ном дорад ва ба дунболи иқдомоти Тоқаев дар ҷиҳати роҳандозии ислоҳот таъсис шудааст, ҳафтаи охир пешниҳод кард, ки номи қаблии Остона баргардонда шавад.

“Мо номгузории шаҳр ба номи нафареро, ки ҳоло зинда аст, нодуруст мешуморем”, - гуфт намояндаиин гурӯҳ Елид Жанбершин дар рӯзи дуюми сентябр, - “ғайр аз ин ҷомеа номи ҷадиди пойтахтро қабулнакард. Бинобар ин барқарор кардани номи Остона адолати таърихӣ хоҳад буд”.

Дар иқдоми дигаре Тоқаев нишон дод, ки мехоҳад байни худу устодаш фосила эҷод кунад. Ба ин ҳадаф ӯ баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии пеш аз муҳлати ин кишвар дар тирамоҳро эълон кард. Ин иқдом ба ин маънист, ки ӯ дигар ба ҳадде мавқеи худро мустаҳкам кардааст, ки ниёзе ба ҳимояти Назарбоев надорад.

Ӯ дар як паёми телевизионӣ дар якуми сентябр пешниҳод кард, даври раёсатҷумҳурии панҷсола ҳафтсола, аммо раёсатҷумҳурӣ якдавраӣ шавад. Ӯ ин пешниҳодро “коҳиши риски инҳисори қудрат” унвон кард. Аммо мунтақидон ба ин пешниҳод ба чамши шак менигаранд.

“Айнаки заррангии худро аз чашмонатон бигиред”, - мегӯяд Сергей Дуванов, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар суҳбат бо “Eurasianet”. “Тоқаев ва мақомоти ӯ чун дар эҷоди системаи феълии худкома даст доранд, ислоҳоти либералиеро роҳандозӣ нахоҳанд кард. Бинобар ин сарфи назар аз шиорҳо мо зиндагӣ дар Қазоқистони куҳнаи назарбоевиро идома медиҳем”, -афзуд ӯ.

Манбаъ: “Eurasianet”    (Foto by rambler.ru)