ТАҲДИДИ ДОИШ БА ЧИНУ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Ин гурӯҳи террористӣ, ки занҷирае аз қатлҳоро дар ин кишвари ҷангзада иҷро кардааст, мегӯяд, касе бо “Толибон” ҳамкорӣ мекунад, ҳадафи он қарор хоҳад гирифт.
Аз замоне ки “Толибон” сари қудрат омад, талош кардааст, ҳамсоякишварҳои худро замонат диҳад, ки дари Афғонистон барои тиҷорат боз аст ва ин гурӯҳ тавони ҳифзи тарҳусармоягузориҳо дар ин кишварро дорад. Аммо вуҷуди “Давлати исломии вилояти Хуросон” мушкилотеро дар қиболи ин таблиғот пиёда кардааст.
Ҳадафи Тошканд бунёди роҳи оҳан тавассути Афғонистон аст, ки Ӯзбакистонро ба бандарҳои Покистон ва Осиёи Марказиро ба бозорҳои нав мепайвандад. Тайи моҳҳои ахир мақомоти баландпояи Афғонистон ва Ӯзбаскистон бобаррасии масоили топографӣ корро дар ин замина идома доданд. Гуфта мешавад, Бонки Ҷаҳонӣ ба ин тарҳ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. “Толибон” амнияти ин тарҳро кафолат додааст. Аммо “Давлати исломии вилояти Хуросон”, бахши ДОИШ дар Афғонистон, ки бар куштори зиёде аз афроди мулкӣ дар ин кишвар эътироф карда, қасам хӯрдааст, кулли афроди марбуту шоғил дар ин тарҳро ҳадаф қарор хоҳад дод.
Бахши афғонистонии ДОИШ тарҳи роҳи оҳани Ӯзбакистону Афғонистонро як роҳи каҷе барои кишвари дувумӣ дар ҷиҳати пайвастан ба ҷаҳони муосир медонад. Ин “роҳест, ки муртадҳо бо воситаи он демократияи худро оварданӣ ҳастанд”, - эълон карда буд “Давлати исломии вилояти Хуросон” аз тариқи шабакаи телеграмии “Хуросон овози” дар моҳи апрел. “Муҷоҳидини хилофат таҳти ҳичшароите ба душманони ислом иҷозат намедиҳанд, ки ин барномаи мунҳарифкунандаро роҳандозӣ намоянд”, - мегуфт ин гурӯҳ.
“Давлати исломии вилояти Хуросон” дар Афғонистон аз соли 2015 ба ин сӯ бо “Толибон” даргир аст. Дар зимни талоши истихдоми нерӯҳои нав буъде аз идеологияи ин гурӯҳ он аст, ки толибон мусалмон нестанд. Ин гурӯҳ иддао дорад, ки “Толибон 2.0” ҳамкунун бо Тошканд “созишномаи сиррие алайҳи ислом” имзо кардааст.
Шабакаи телеграмии “Тавҳид хабарлари”-и гурӯҳи “Хуросон”-и ДОИШ иддоа дорад, ки Тошканд аз “Толибон” ба унвони як гурӯҳи ниёбатӣ барои таҳаққуқи барномаи роҳи оҳани худ ва ормонҳояш дар ҷиҳати боз кардани роҳҳои содиротӣ ба шибҳиқора истифода менамояд.
Ин масири роҳи оҳан ягона масъалае нест, ки мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои бахши афғонистонии ДОИШ қарор гирифтааст. Ҳамчунин расонаҳои вобаста ба “Хуросон” пур аз ҳарфҳои таҳқиромез дар хусуси лӯлаи гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳинд (ТАПИ) ҳастанд. Барои мисол, “Анфол медиа” дар ноябри гузашта гуфта буд, ки “Толибон” дар ҳамкорӣ бо хориҷиҳо барномаи даҳ солипешро мехоҳанд эҳё кунанд, ки “он ба манофеи душманони Аллоҳ дар Афғонистон аст”. “Толибон”, ки аз рискҳои эҳтимолии таҳмилшуда аз сӯйи “Хуросон” огаҳанд, тааҳҳуд додаанд, 30 000 нафар низомиро муваззаф ба посбонии лӯлаи газ мекунанд.
Дар ҳоле ки дар ин расонаҳо раисҷумҳурҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза тавҳин мешаванд, “Тавҳид хабарлари” Туркманистонро ҳадаф қарор дод ва дар 23 июн гуфт, давлати худкомаи Ашқобод бояд сарнагун шавад. Дар ҳамин ҳол ин шабакаҳо аксҳое аз муҷодиҳини моски тиббипӯшидаеро мунташир кард, ки дар ҳоли қатли раисҷумҳур ҳастанд.
Назаре бар подшоҳии миёна
Ғасби қудрат аз тарафи “Толибон” дар Афғонистон дар соли гузашта буҳрони башарӣ ва тақозо ба мушорикатҳои ҷадидро бештар кард. Чин бо он ҳама дороӣ ва нуфуз манбаи ошкору табиии сармоягузорӣ ва кумак дар ин кишвар аст. Пекин ва ширкатҳои чинӣ боэҳтиёт пеш мераванд. Дар ҳоле ки “Давлати исломии вилояти Хуросон”бар таблиғоти худ алайҳи Чин афзудааст.
Дар 17 июн аз он ки Чин уйғурҳоро саркӯб мекунад, “Садои Хуросон”-и ин гурӯҳ изҳори нигаронӣ кард. Ин маҷалла ҳамчунин “Толибон”-ро дар ҳамкорӣ бо кишваре, ки мусалмононро саркӯб менамояд, муттаҳам кард. Робитаи Чину “Толибон”-ро ба гунаи махдуму ходим ба тасвир кашидааст ин маҷалла.
“Ҷанҷӯёни “Давлати исломӣ” шаҳрҳои муосири Чинро ҳадаф қарор меҳиданд, то қасоси уйғурҳои мусалмонро бигиранд”, - эълон кард “Садои Хуросон”. Ҳамчунин дар моҳи май маҷаллаи паштуии онҳо “Хуросон ғак” тааҳҳуд бар ҳамла ба Чин ва манофеи чинӣ дар Афғонистон дод.
Бар хилофи Туркманистон ва Ӯзбакистон Чин ҳадафи мушкилтар хоҳад буд. Ин кишвар аз тариқи дастгоҳҳои амниятии қудратманд ҳимоят мешавад ва марзҳои табииион дар кӯҳҳои Помиру Тияншан ҳастанд. Бинобар ин “Давлати исломии вилояти Хуросон” дар ҷустуҷӯи ҳадафҳои маҳаллии чинӣ аст. Барои мисол, “Анфол медиа”-и вобаста ба “Давлати исломии вилояти Хуросон” ба лоиҳаҳои Чин дар кони миси “Айнак” ишора карда, онро “аз манофеи душманони Аллоҳ дар Афғонистон” гуфта буд.
“Давлати исломии вилояти Хуросон” медонад, ки ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон заиф аст. Сратегияи он аз таҳоҷуми ҷунбишӣ ва ҷанги равонӣ дар шабакаҳои гумроҳкунанда иборат аст. Ҳамла ба ибодатгоҳи сикҳҳо дар Кобул дар 18 июн, ки ДИВХ онро ба зимма гирифт, далеле бар гуфтаҳои болост. Дар он замон ДИВХ гуфта буд, ки онро як интиҳории тоҷики узви ин гурӯҳ анҷом додааст.
“Толибон” сармоягузоронро сулҳ ваъда кардааст. Аммо мавриди таҳоҷум қарор гирифтани мушорикати байналмилалии “Толибон” Афғонистонро дар инзивои бештар қарор медиҳад.
Лукас Веббер
Манбаъ: https://eurasianet.org/islamic-state-threatens-central-asian-and-chinese-ventures-in-afghanistan