Ҳузури Чин дар Осиёи Марказӣ. Хатари "Аждаҳои сурх" ба Тоҷикистон
Гардиши молии Тоҷикистон ва Чин дар 3 моҳаи аввали имсол 2.5 баробар афзоиш доштааст. Дар солҳои ахир дар баробари афзоиши гардиши молӣ Чин дар бахшҳои зиёде дар Тоҷикистон ҳузури пурранг доштааст.
Дар соли 2021 Чин бо сармоягузории 220-миллиондолларӣба иқтисоди Тоҷикистон дар ин замина ҷойгоҳи нахустро ба худ ихтисос дод. Мақомоти иқтисодии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар радаҳои баъдии сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 Туркия бо 25 миллион доллар, Швейтсария бо 21 миллион доллар, Фаронса бо 19 миллиондоллар, Кипр бо 10 миллион доллар ва Англия бо 6 миллиондоллар дорои мақомҳои баъдӣ ҳастанд.
Хабаргузории “Спутник” ба истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон гузориш дода буд, ки дар шашмоҳаи соли 2021 қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 256 миллион доллар расидааст. Дар миёни кишварҳо ва созмонҳои қарздиҳандаи хориҷӣ Чин бо пардохти 1 миллиарду 200 миллион доллар вом ҳамчунон дар рутбаи аввали кишварҳои ироадиҳандаи кумакҳои молӣ ба Тоҷикистон қарор дорад. Ин омори шашмоҳаи соли гузаштаи 2021 аст ва ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта мизони ҷазби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба 700 миллион доллар расидааст. Аз ин рӯ ҷазби қарзи хориҷӣ идома дорад ва дар таъмини молии ин сармояҳо Чин яке аз авлавиятҳои аслии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Осиёи Марказӣ ба майдони рақобати Чину Амрико табдил шудааст
Гуфта мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар даҳ соли аввали касби истиқлол ҳарчанд аз ҷониби Чин ба расмият шинохта шуданд, аммо бо вуҷуди таоруфоти сиёсӣ ва расмӣ ҳамкории ҷиддӣ бо онҳо дар авлавияти сиёсати Чин қарор надошт. Сомонаи “CABAR” дар як матлаби таҳлилӣ дар бораи тағйири дидгоҳ ва сиёсати ҷиддии иқтисодии Чин нисбат ба равобиташ бо Осиёи Марказӣ навишт, ин тағйир ба ду омил бастагӣ дошт, ки яке аз он ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 ва ҳузури низомии Амрикову муттаҳидони ғарбиаш (НАТО) дар Осиёи Марказӣ дар шакли ифтитоҳи пойгоҳҳои низомӣ, азҷумла дар Манаси Қирғизистон, дар Хонобод ва Тирмизи Ӯзбакистону дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ҳамчунин ҳузури мушовирони низомии амрикоиюғарбӣ дар ин кишварҳо буд. Омили дувум, инқилобҳои ранга буд, ки дар кишварҳои минтақа ба навбат рух медод, дар мисоли инқилоби гулоб дар Гурҷистон дар соли 2003, инқилоби норинҷӣ дар Украина дар соли 2004, инқилоби лолаӣ дар Қирғизистон дар соли 2005 ва ҳамчунин ҳодисаи Андиҷон дар Ӯзбакистон дар соли 2005. Дар чунин шароит мақомоти чинӣ лозим донистанд, ки ҳузури худро дар ин минтақа тақвият кунанд ва бо ҳимояти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ суботи сиёсии худро низ таъмин кунанд.
Чин амалан аз оғози даҳаи 2000-ум бо нармӣ, ором –ором бар зидди нуфузи Амрико ва Ғарб муқобиларо шуруъ карда буд. Ба назар мерасид, ки аз он замон то кунун ин кишвар пойбанди таҳримҳои молии Амрикову Ғарб дар нисбати кишварҳо нест. Чанд мисоле далели рӯшани ин гуфтаҳост. Якум, Чин баъд аз ҳодисаҳои майи соли 2005-и Андиҷон, ки Амрико ва Ғарб Ӯзбакистонро таҳрим карданд, аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ давлати ин кишварро ҳимоят намуд. Чин дар баробари ҳимояти иқтисодӣ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ онҳоро ба муттаҳиди худ дар муқобила бо таҳдидоти душманонаш дар атрофи марзҳои худ табдил додааст ва дар ин самт ҳимояти худро ошкору пинҳон эълом мекунад. Бар асоси навиштаи ин сомона, чунин мавқеъгирӣ буд, ки Чин ҳимояти худро аз амали мақомоти тоҷик дар ҳодисаи моҳи июли соли 2012 Хоруғ баён кард.
Чин ҳамчунин бо вуҷуди таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон ин таҳримҳоро риоят намекард ва бо як тир ду нишон мезаду суд мебурд. Яъне ҳам нафти Эронро бо қимати арзон ва ғайринақдӣ (бар ивази колои арзони чинӣ) мехарид ва ҳам бо нармӣ аз нуфузи Амрико дар минтақа ҷилавгирӣ мекард. Қарордоди 25-солаи Чин бо Эрон низ дар авҷи таҳримҳои молии Амрико ва Ғарб дар қиболи Эрон баста шуд. Чин ҳамчунин бо Кореяи Шимолӣ ҳам бо вуҷуди таҳримҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекард. Ахиран дар ҷанги миёни Русия ва Украина, ки давлати Кремл ба шадидтарин таҳримҳо дар таърихи кишварҳои ҷаҳон рӯ ба рӯ шуд, Пекин боз ҳам “оғӯш”-и худро ба рӯйи Маскав боз кард. Ин бор ҳам мисли қабл бо як тир ду нишон мезанад. Ҳам нафту сӯхти Русияро арзонтар аз дигар кишварҳо харидорӣ мекунад ва ҳам таҳримҳои Амрикоро давр мезанаду мавқеи рақиби абарқудрати ғарбии худро заиф месозад.
Тарҳҳое, ки Чин дар Тоҷикистон пиёда мекунад
Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, коршиноси масоили сиёсӣ дар матлабе таҳти унвони “Тоҷикистон ва Чин: мушорикати стратегӣ ё бидуни алтернатива?” менависад, ки дар оғози истиқлоли Тоҷикистон Русия наметавонист кумаки молии қобили таваҷҷуҳе ба Тоҷикистони тоза ба истиқлолрасида кунад. Кишварҳои исломӣ ва ҳавзаи Халиҷи Форс ҳам давлати ҷадидро ба унвони собиқ коммунистҳо тасаввур мекарданд ва барои ҳамкории ҷиддии иқтисодӣ шитоб надоштанд. Давлати Тоҷикистон ҳам дар густариши равобит бо ин кишварҳо аз эҳтиёт кор мегирифт. Раҳбарияти кишвар, ки дар ноябри соли 1992, дар авҷи ҷанги дохилӣ ба қудрат расида буд, чорае ҷуз ин намедид, ки ҳамкории иқтисодӣ бо Чинро тақвият кунад. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин сафари хориҷиашро дар соли 1993 ба Чин анҷом дод ва ба ҳамкориҳои минбаъдаи Пекин ва Душанбе асос гузошт.
Сомонаи “Лента ру” дар гузорише дар моҳи июни соли 2021 таҳти унвони “Доми Пекин. Чин дар Тоҷикистон сармоягузории зиёд мекунад”, ба мавзуи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин пардохта навиштааст: Чин омодааст, ба Тоҷикистон қарз диҳад, таҷҳизоту фанновариҳоро интиқол диҳад ва ҳамчунин дар бахши низомӣ ҳам ҳамкорӣ мекунад. Тоҷикистон аз аввалин кишварҳои минтақа аст, ки боибтикори Пекин блоки чаҳоргонаи низомии Чин, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар соли 2016 ин кишварҳоро ба ҳам овард ва Тоҷикистон ба ин иктифо накарда, ҳамеша аз мавқеи Чин дар раъйдиҳиҳои Созмони Милал ҳимоят намудааст.
Ба навиштаи “Лента ру”, ҳудуди 80 дарсади маъданҳои тилои Тоҷикистон ба Чин тааллуқ гирифтааст ва онҳо ба ҳайси фоизи қарз ба Чин фурӯхта мешаванд. Чин бо тазриқи пул ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам идома медиҳад ва вобастагии бештарро муҷиб мешавад. Дар 14 соли охир қарзи Тоҷикистон аз Чин шаш баробар афзудааст, ки ба ин сабаб Пекин дар бисёре аз конҳои фоиданоки Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Дар июни соли 2019 байни Тоҷикистон ва ширкати чинии «Каши Синюй Дади майнинг инвестмент лимитед» қарордоде дар бораи коркарди кони нуқраи “Як ҷилва” баста шуд, ки мақоми чаҳорум дар ҷаҳонро аз лиҳози захираҳои табиӣ дорост. Ҷузъиёти он ҳанӯз барои омма дастрас нест ва фақат овозаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти тоҷик ин корхонаи чиниро аз молиёти арзиши иловашуда, даромад ва воридоти таҷҳизот озод кардаанд. Дар ин кон 106 нафар кор мекунанд, ки 70 нафари онҳо шаҳрвандони чинӣ ва 36 нафар тоҷикистонӣ ҳастанд, менависад манбаъ.
Чин дар Тоҷикистон роҳҳои мошингарди зиёде дуруст кардаву хатти барқи Шимол - Ҷанубро пайванд додааст, аммо бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки Чин ин зерсохтҳоро барои худ омода мекунад, то дар оянда ҳузури пурранги ширкатҳои чинӣ ва шаҳракҳои чинӣ (Чайна таун)-ро тазмин месозад. “Лентару” аз ҳузури беш аз 400 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад ва аз он ёдовар мешавад, ки чиниҳо дар ивази сохти Маркази гармоишии “Душанбе -2” маъдани тилои “Кумағи Боло” ва “Дуоба” дар ноҳияи Айнии вилояти Суғдро соҳиб шудааст.
Доктори улуми иқтисодӣ Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров дар як суҳбаташ гуфта буд, ки сабаби афзоиши сармояҳои ҳангуфти Чин дар Тоҷикистон хуб донистани “қоидаҳои маҳаллӣ” аз ҷониби сармоягузорҳои чинӣ аст. Дар дохили Чин онҳо мухолифи коррупсия ҳастанд, аммо дар атрофи худ, бавижа кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубу шарқи Осиё чиниҳо коррупсияро ривоҷ медиҳанд, то ба хазинаи Чин даромади бештаре таҳвил диҳанд.
Ҳамчунин ба навиштаи манобеъ, Чин дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дар солҳои охир аз тариқи маорифу фарҳанг нуфуз пайдо мекунад ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 5 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Чин омӯзиш мебинанд.Дар дохили Тоҷикистон мактабҳо бо омӯзиши забони чинӣ дар ҳоли афзоиш буда, ду институти Конфутсия феълан “сиёсати нарм”-и Чинро дар Тоҷикистон пиёда месозад.
Нигарониҳо аз ҳузури рӯзафзуни ҳамсояи бузурги шарқӣ
Дар солҳои охир наздикшавии Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва вобастагии молии ин кишварҳо ба ҳамсояи гиганти шарқӣ, коршиносон, расонаҳо ва ҳатто сокинони минтақаи Осиёи Марказиро ба нигаронӣ водоштааст.
Бо таваҷҷуҳ ба нуфузи Чин дар ҷаҳон ин мавзуъ нигарониҳоро бештар мекунад. Чин нақшаи стратегии бунёди Роҳи Абрешим бо харҷи 40 миллиард долларро дорад ва додуситади он бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳудуди 40 миллиард доллар аст. Ин дар ҳолест, ки нуфузи Чин дар дигар манотиқи ҷаҳон амиқтар шудааст. Масалан, ба Африқо Чин дар соли 2021 ба маблағи 250 миллиард доллар содирот доштааст, ки нақши абарқудрати дигаре чун Амрико (65 миллиард доллар)-ро ночиз кардааст. Дар ҳолеки Амрико солона 9 миллиард доллар дар Африқо сармоягузорӣ ва Чин танҳо 2,5 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад. Гузоришҳо баёнгари он аст, ки Чин бар ивази қарзҳои ҳангуфте, ки ба кишварҳои африқоӣ додааст, иншооти муҳимеро тасоҳуб кардааст. Масалан, Замбия маҷбур шуд, бар ивази қарзҳои Чин фурудгоҳи байналмилалии пойтахти ин кишварро дар ихтиёри Чин қарор диҳад. Кения дар садади таҳвили порти муҳими Мумбаса ба Чин аст. Декабри соли 2017 кишвари осиёии Шри-Ланка маҷбур шуд бар ивази қарзи Чин бандари Хамбантотро ба Чин вогузор кунад. Чин ҳатто дар Ҷибутӣ пойгоҳи низомӣ дорад, дар ҳоле ки як чанд сол пеш бештари коршиносон бар ин назария такя мекарданд, ки сиёсати Чин танҳо нуфузи иқтисодӣ аст ва буъди низомӣ надорад. Аммо ин назария нодуруст баромад ва Чин бо бештар қудратгирифтан ҳузури низомии худро ҳам афзоиш медиҳад.
Дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ таҳаррукоти низомии Чин ба мушоҳида мерасад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истилоҳ дар таги бинии чиниҳо қарор дорад.Чин ҳоло ду қораи Амрико, Аврупо, Австралия, Африқо ва Осиёро вобастаи маҳсулоти худ кардааст. Ба ҳамин хотир дар бораи нуфузи Чин масале ҳам эҷод кардаанд: “Фақат пингвинҳои Антарктида феълан аз нуфузи Чин хабар надоранд”.
Пойгоҳи “CABAR” иддао мекунад, ки нуфузи рӯзафзуни Чин дар Осиёи Марказӣ нигаронии рақибони стратегии ин кишвар ва сокинони маҳаллиро ба вуҷуд овардааст. Бахше аз ин чинҳаросиро рақибони ин кишвар эҷод мекунанд, аммо далелҳое ҳам вуҷуд доранд, ки Чин бидуни манфиат коре анҷом намедиҳад. Он кишварҳои минтақаро муҳосираи иқтисодӣ мекунад ва ба сохти Чайна таунҳо иқдом менамояд. Бахусус ин нигарониҳо мутаваҷҷеҳи кишварҳои ҳаммарз бо Чин дар Осиёи Марказӣ аст ва аҳолии бумии Ӯзбакистону Туркманистон феълан чунин нигарониҳоро аз худ буруз надодаанд.
Ба навиштаи манбаъ, дар Тоҷикистон мардум нигаронӣ доранд ва аксаран дар расонаҳо дар бораи нуфузи Чин ва афзоиши ҳузури чиниҳо дар ҷумҳурӣ сарусадо ба миён меояд. Дар бахши тиҷорат, зерсохтҳо, роҳу барқ ва кишоварзӣ теъдоди шаҳрвандони чинӣ дар ҳоли афзудан аст. Чиниҳо аз садякҳо то даҳҳо ҳазор гектар заминро дар бахши кишоварзии Тоҷикистон соҳиб шудаанд. Химикатҳои зиёдеро дар замин истифода ва онро дар оянда корношоям месозанд. Чиниҳо ба хотири манофеи тиҷории худ мақомоти маҳҳалиро бо ришва розӣ нигаҳ медоранд. Кормандони маҳаллиро бо дили нохоҳам ба кор мегиранд ва аз сабаби зиёд омадани чиниҳо пайдо кардани кор ба сокинони маҳаллӣ сахт шудаву қимати иҷораи хонаҳо рӯ ба афзоиш аст. Теъдоди издивоҷҳои омехта афзоиш доштаву духтарони тоҷик шавҳарони чинӣ мекунанд ва чиниҳо шанси дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистонро пайдо мекунанд.
Сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ дар матлабе дар хусуси нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ва вобастагии аз ҳад зиёди ин кишварҳо менависад, вақте Чин ба баҳонаи ид ё муносибате марзҳои худро барои чанд рӯз мебандад ва табодули колоро мамнуъ мекунад, дарзамон натиҷаи манфии он дар шакли навасони арзиши пули маҳаллӣ зоҳир мешавад. Чунин сатҳи болои набуди алтернатива ё адами гузинаи дигар дар равобити тиҷории Чин бо Осиёи Марказӣ, ҳамчунин вобастагии суботи иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо ин кишвари ҳамсояи шарқӣ мавқеи кишварҳои минтақаро осебпазир ва заиф месозад.
Ба андешаи ин коршинос, феълан воқеият ин тавр аст, ки роҳи хуруҷ ва рафъи ин осебпазирӣ ба назар намерасад. Мавзуи ворид шудани кишварҳои минтақа ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҳам роҳи ҳалли мушкил нест, зеро зарфияти поини ин иттиҳодия дар рақобат бо Чин зоҳир шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи Русия такя ба ҷаҳони Ғарб ҳам роҳи ҳалли мушкил нест ва бо назардошти ин воқеият кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вуҷуди набудани алтернативаи амалӣ сиёсати гуногунҷанбаро бояд пеш гиранд ва бо кишварҳои Эрон, Покистон, кишварҳои сарватманди арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, кишварҳои дигари ҷаҳон ҳамкориҳоро на танҳо дар бахши сиёсӣ, балки иқтисодӣ низ тақвият кунанд, то ба доми вобастагии Чин гирифтор нашаванд.