АФЗОИШИ БЕКОРӢ, МУҲОҶИРАТ Ё ПАЙВАСТАН БА САФИ БЕКОРОН
Мо дар соли 2024 қарор дорем, аммо барномаҳои мавҷуд дар сати таъмини кор натиҷаи 2014 –ро ҳам дар худ ҷой надодааст. Барномаи танзими раванди муҳоҷирати кории тоҷикистониён ба хориҷ дар коғаз сабт шудааст, аммо дар амал бо ду по мелангад.
Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир, бо таваҷҷуҳ ба ин ки барномаи танзими раванди муҳоҷирати корӣ натиҷаи ончунонӣ надодааст, рӯйи ин нукта таъкид мекунанд, ки муҳоҷират ин як раванди табиӣ буда, танҳо хоси Тоҷикистон нест ва дар тамоми дунё вуҷуд дорад ва одамон бо назардошти имконоту шароити худ ба дигар кишварҳо ҳиҷрат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки мутахассисони Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2014 аз таҳияи барномаи таъмини коргарон бо кор дар дохили кишвар хабар дода буданд. Барномаи танзими раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон 4 июни соли 2014 дар чаҳорчӯби қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти № 390 “Дар бораи Хадамоти муҳоҷират” ба тасвиб расидааст.
Анвар Бобоев, сардори собиқи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2015 дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки барои таъмини нерӯи кор дар дохили Тоҷикистон бояд солона на кам аз 200 ҳазор фурсати шуғлӣ ё ҷойи кор эҷод шавад. Ӯ бо ишора эҷоди беш аз 250 ҳазор фурсати шуғлӣ дар соли 2014 дар кишвар таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши болои ду дарсадии ҷамъияти Тоҷикистон, эҷоди ҷойи кор мавзуи мубрам маҳсуб мешавад.
Аз рӯи маълумоти Ожонси омори Тоҷикистон, ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2015 ба 8 миллиону 600 ҳазор нафар баробар буд. Дар соли 2020 ба 9 миллиону 506 ҳазор нафар расидааст. Бонки Ҷаҳонӣ тайи гузорише дар соли 2018 рушди босуръати ҷамъияти Тоҷикистонро, ки мутаносиб бо барномаи эҷоди шуғл дар ин кишвар нест, бомбаи соатӣ ва шамшери дулаба унвон кардааст.
Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ҷамъияти ҷавон ва рӯ ба афзоиши Тоҷикистон дар сурати барномарезии илмӣ ва саҳеҳ, метавонад муҷиби рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар шавад, вале ба далели равшан набудани мавзуи эҷоди шуғл дар оянда, ин омил таҳдиде барои амнияти Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Коршиносони ин бонк чунин натиҷагирӣ кардаанд, ки дар Тоҷикистон барномаи давлатии эҷоди шуғл маҳдуд аст ва бахши хусусии ин кишвар низ ҳанӯз аз рушди матлуб бархурдор нест, ки битавонад барои ҷавонони тоҷик заминаи корро фароҳам созад.
Ин гузориш меафзояд, дар ҳоле, ки як севум аз ҷамъияти Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сола ташкил медиҳанд, барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ низ мубҳам ва норавшан аст. Аз дидгоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, бо мизони болои бекорӣ ва фақр, вуҷуди фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар идороти давлатӣ, надоштани барномаи дақиқи эҷоди шуғл, ки мутаносиб бо рушди ҷамъияти Тоҷикистон бошад, ин мавзуъ метавонад дар оянда мушкилоти зиёдеро барои Тоҷикистон эҷод кунад.
Бонки Ҷаҳонӣ дар ин гузориш мегӯяд, барои таъмини ниёзҳои ҷамъияти рӯ ба афзоиши Тоҷикистон, бояд солона дар ин кишвар 170 мактаби нав бо зарфияти ҳазор донишомӯз барои ҳар як мактаб, садҳо бемористон ва марказҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ, маҳди кӯдак ва корхонаҳои саноатӣ сохта шавад.
Аммо ба назар мерасад, ки ҳисобу китоби дақиқи афзоиши ҷамъият ва фурсати эҷоди шуғл аз даст рафтааст. Зеро Анвар Бобоев, як масъули собиқи Хадамоти муҳоҷират дар соли 2014 аз мушкили таъмин бо кор бонги изтироб зада буд ва камтар аз 200 ҳазор фурсати шуғлиро барои таъмини неруи кор дар дохил нокофӣ донист. Зеро солона беш аз 200 ҳазор нерӯ вориди бозори кори Тоҷикистон мешавад ва эҷоди фурсати кории камтар ба буҳрони муҳоҷират ва бекорӣ доман мезанад.
Аммо ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 барномаи эъломшуда барои эҷоди ҷойҳои кории нав ба талаботи соли 2014 ҷавобгӯ нест. Дар ҳоле, ки аз соли 2014 то кунун (2022) беш аз ду миллион нафар ба ҷамъияти Тоҷикистон изофа шуд ва табиист, ки ниёз ба эҷоди фурсати кории бештар вуҷуд дорад. Вале 21 декабри соли 2021 зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба бахши саноат дар рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод кард, ки солҳои 2022-2026 (4 сол), яъне то ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълом карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида шавад. Яъне, бо ин ҳисоб, дар сол каме беш аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бояд то соли 2026 эҷод шавад. Аммо бар асоси оморҳо, солона беш аз 200 ҳазор неруи ҷадид вориди бозори кор мешавад ва агар бар асоси ин паём амал шавад, тақрибан 50 дарсади неруи корӣ бекор хоҳанд монд ва бо ин ҳисоб на танҳо неруи кор дар дохил соҳиби кор мешаванд, балки бекорӣ афзоиш меёбад ва раванди муҳоҷират ба ҷои танзим, баръакс ошуфтаву нобасомон хоҳад шуд. Ҳамин тавр, агар 50 дарсади нерӯи кор ҳар сол бекор монанд, дар давоми 10 сол болои як миллион ҷамъияти Тоҷикистон ба сафи бекорон хоҳанд пайваст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки оморҳои ироашуда фақат таъмин бо корро дар назар дорад ва омори муфлис шудани корхонаҳо, бекор мондани коргарон ва адами фаъолияти соҳибкорон тайи солҳо дар назар гирифта нашудааст. Ба унвони мисол, мақомоти Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон дар соли 2020 аз таваққуфи фаъолияти 124 корхона дар шаш моҳи нахусти сол дар кишвар хабар доданд. Ё ин ки Самариддин Шамсиддинзода, як масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти наздик ба 20 ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусусӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 хабар дода буд. Бар фарз, агар солона 200 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба шуғл фаро гирифта шаванд, 20 ҳазор нафари дигар эҳтимол дорад шуғли худро аз даст диҳанд, ки дар ин сурат сафи бекорон боз афзоиш хоҳад ёфт ва иҷрои барномаи таъмин бо кор бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Бо чунин вазъ, суоли матраҳ ин хоҳад буд, ки мо бо саноатикунонии кишвар ба пеш ҳаракат карданием ё ба қафо ва соли 2014 баргаштанием?