БАРТАР ШУМУРДАНИ ӮЗБАКИЮ ҚИРҒИЗӢ АЗ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
(Идомаи “Таърихи табартақсим”)
Чунин як ғояи моҳиятан миллатгароёна, аниқтараш пантуркистӣ аз тарафи афсарони турк роҳандозӣ мешуд, ки дар раъси онҳо Афандиев қарор дошт. Ӯ ба унвони як асири ҷангӣ ба асорати Русия уфтода буд, ки баъдан кори омӯзишу парвариш дар Туркистон, дертар, пас аз таъсиси ҷумҳуриҳои мардумии шӯравии Бухоро ва Хоразм чунин умурро дар ин ду ҷумҳурӣ ба уҳда гирифт.
Дар қарори савумин Конфронси вилоятии ҲК(б)Р “Дар бораи худмухторӣ ва таҳкими Туркистон” гуфта мешавад, ки “ба манзури муттаҳид кардани заҳматкашону мардуми мазлум ташвиқоти коммунистӣ роҳандозӣ ва барои маҳви талоши халқҳои турк, аз қабили тоторҳо, қиғизҳо, бошқирдҳо, ӯзбакҳо ва ғайра, ҳамчунин бо ҳадафи якпорчагию ҷазби дигар мардуми туркнажоди берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Федеративии Шӯравии Сотсиалистии Русия, мардуми атрофи Ҷумҳурии Шӯравии Туркистон, он ҷое ки муттаҳид кардани туркзнажодон мутобиқ ба ҷойгиршаваии онҳо номумкин аст, кишварҳои хурде таъсис шаванд”.
Шиори К. Маркс – “Заҳматкашони кулли кишваҳо як шавед!”-ро пантуркистҳо мутобиқ ба ҳадафи хеш дарк каранд: иттиҳоди интернатсионалии заҳматкашони кулли ҷамоҳир ва мардуми мазлуми ҷаҳон бо иттиҳоди туркие, ки амалан онҳоро танҳо гузашта, забони ягона, умумиятҳои динияшон - ислом ба ҳам мепайваст, иваз шуд.
Ба ҷойи тавсеаи минбаъдаи бунёди сотсиализм дар Туркистон, ҷазби мардуми сокин дар ин кишвар ба таҷдиди инқилобӣ пантуркистон талош ба барқарории панисломизм ба шакли пантуркизм карданд. Онҳо таҷдиди “сотсиалистӣ”-и хаёлпарастонаву ваҳшатнокеро ба роҳ андохтанд, ки на танҳо ба манфиати тоҷикон набуд, балки ба манфиати туркнажодони Осиёи Миёна, тотор ва бошқирдҳо низ маҳсуб намешуд. Ин гуна сиёсати миллатгароёна муғоири манофеи миллӣ-фарҳангӣ ва худмухтории миллат, пеш аз ҳама тоҷикон ва туркнажодҳое мисли ӯзбакҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва дигарон буд. Пантуркистон “болои тоторҳо, қирғизҳо, туркманҳо, бошқирдҳо, қазоқҳо фишори таърихӣ ворид намуда, талоши тоторҳо, қирғизҳо, туркманҳо барои худмухтории миллиро аз нуқтаи назари гӯё ваҳдати миллии мардуми туркзабон “нодуруст” унвон карданд”.
Дар бахши маориф, бахусус дар зимни таъсиси макотиб амалан хусусиятҳои забонии мардуми ӯзбаку туркман ба назар гирифта нашуданд. Дар чунин ҳол куҷо истад миллати тоҷик, ки вуҷуди онро инкор мекарданд. Бар асоси каломи туркию тоторӣ туркисозии макотиб сурат гирифт. Ё ба ибораи дигар маҳз туркҳо ва тоторҳо муташаббисини ислоҳот дар умури омӯзишу парвариш буданд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркистон, ҳатто дар он навоҳӣ ва вилоёте, ки мардуми ғайритурк зиндагӣ мекарданд, туркисозии иҷбории макотиб сурат гирифт. Бар замми ин “дар замоне ки Афандиев комиссари маорифи халқ буд, ин амал дар воридсозии машқ, суруд ва маршҳои туркӣ дар барномаи тамоми макотиб, истихдоми муаллимон аз миёни асирони ҷангии собиқ, мамнуияти роҳандозии имлои нав ва тавсеаи мустақими ташвиқоти динӣ зоҳир мегашт”.
Баргузории сеюмин конфронси мусалмонию коммунистии вилоятии ҲК(б)Р ва панҷумин конфронси вилоятии ҲК(б)Р қарор карданд, Ҷумҳурии Туркистонро ба унвони ҷумҳурии мардуми турк ва Ҳизби коммунистии Туркистонро ҳамчун Ҳизби коммунистии туркӣ бишносанд. Мушаввиқони ин ғояи ҷунуномез талош карданд, Туркистони қафомандаро, ки Ватани таърихӣ ва воқеии тоҷикон буд, марказе барои тамаркузи кулли мардуми турки сокин дар Ҷуҳурии Федеративии Шӯравии Сотсиалистии Русия бисозанд. Ин на танҳо баҳонае барои такзиби вуҷуди мардуми тоҷик буд, балки талоше маҳсуб мешуд барои ҷудошавӣ аз Русия. Ҳамчунин ҳадафи дигар аз он эҷоди як кишвари ҳамвазни қавӣ дар муқобили русҳо буд, ки туркҳо онҳоро дар зумраи аслитарин душманони худ медонистанд. Ба ин ҳадаф Афандиев пешниҳод кард, ки “сиёсати хориҷиро ба Ҳукумати Туркистон вогузор намоянд”.
Ҳаводиси ахир ва талоши марказгурезии ташаккулҳои иттиҳодию худмухтори миллии мардуми туркнажод дар умум эҳёи талошҳои вогароёнаи онҳо дар шароити нав ва тавсеаи пантуркизмро инъикос мекунад. Тавре таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ин ҳама дар шароити таҷдиди инқилоб сурат мегирифтанд. Пештар ин вазъ дар ҳоли суқути Императории Русия рух медод, аммо акнун он дар зимни таҷдид ва демократисозии императории шӯравӣ иттифоқ меуфтад. Танҳо тафовут дар ин миён ин аст, ки ҳаракатҳои пантуркистӣ дар баъзе ҳолот зери пардаи панисломӣ бамаротиб хатарноктар, хашинтар дар нисбати мардуми ғайиртурк амал мекунанд.
Дар замони ташкили ҶМШС Туркистон ва ҳамчунин дар давоми вуҷуди он вазъи тоҷикони ин кишвар тағйир накард. Бахусус ин вазъ дар пешбарӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз миёни тоҷикон, дар зимни ташкили мақомоти идории маҳаллии тоҷикӣ, макотиб, факултаҳо дар донишгоҳҳо, матбуот ва кутуби дарсӣ мушоҳида шуд.
Мусташриқини машҳури рус ва шӯравӣ, муаррихони воқеии Осиёи Миёна аз сарфи назар шудани манофеи миллии мардуми тоҷик изҳори нигаронӣ карданд. Ҳамин тариқ дар соли 1925 В. В. Бартолд навишт: “Дар соли 1920, вақте ки Қонуни Асосии Ҷумҳурии Туркистон таъйид шуд, танҳо қирғизҳо, ӯзбакҳову туркманҳо ба унвони “миллатҳои маҳаллӣ”-и он эътироф ва тоҷикон, сокинони қадимии минтақа фаромӯш шуданд. Ҳадди эътирози тоҷикон дар хусуси тақсимоти миллӣ дар соли 1924-ро оянда нишон хоҳад дод”.
Тамоми сохтори шӯравии ҳокимияти давлатӣ ва ҳизбӣ, ки дар раъси онҳо раҳбарони маҳаллӣ қарор доштанд, гирифтори идеологияи пантуркистӣ гашта буданд. Талошҳои онҳо дар робита ба таъсиси “миллати ягонаи турк”, “ҷумҳурии туркӣ”, “ҳизби коммунистии туркӣ”, “созмонҳои низомии туркӣ” дар ин бора гувоҳанд. Дар мубориза бо ин гуна назарҳои миллатгароёна Турккомиссия ва Бюрои туркистонии КМ ҲКУ дасткутаҳ буданд. Дар зимн сиёсати омехтасозии маҷбурии миллатҳои ғайритурки Осиёи Миёна, дар навбати аввал, тоҷикон сурат мегирифт.
Дар ҳамин ҳол адабиёти шарқшиносии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин манобеи муттааддиде вуҷуд доштанд, ки гувоҳӣ медоданд, тоҷикон мардуми қадимии Осиёи Миёна буданд ва хоҳанд буд. Бар тибқи ин манобеъ, тоҷикон ба унвони мардуми қадимии Осиёи Миёна тавонистанд вижагии фарҳанг, забон ва хусусиятҳои этникии худро ҳифз намоянду тавсеа диҳанд.
Новобаста аз он ки тоҷикон аз рӯйи шумора дар Ҷумҳурии Туркистони Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҷойи дуюм буданд, 14 июли соли 1918 Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон қароре қабул кард. Дар он қарор омадааст: “Дар баробари русӣ забони бартари маҳаллӣ (ӯзбакӣ ва қирғизӣ)-ро забони давлатӣ эълон мекунем”. Дар ҳисоботи Кумиссиюни ташкили коргузорӣ аз 14 сентябри соли 1924 гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба он ки дар Туркистон мардуми мухталифе ба сар мебаранд, роҳандозии коргузорӣ бо се забон (ӯзбакӣ, қирғизӣ, туркманӣ) зарур аст.
Кулли ин сиёсати зиддизабонию зиддитоҷикӣ бар хилофи далоили рӯшани таърихӣ ва ақли солим роҳандозӣ мешуд. Дар ҳамин ҳол барои касе пӯшида набуд, ки забони ширини тоҷикӣ дар тӯли асрҳо забони гуфтугӯ дар миёни кулли мардуми Шарқ буд ва хоҳад буд. Забони давлатҳо ва таълими ҳама давлатҳои Осиёи Миёна то тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ забони тоҷикӣ буд. Бидуни донистани забони тоҷикӣ омӯзиши мероси фарҳангии мардуми туркнажод ғайримумкин буд. Ҳол он ки намояндагони ин қавм онро эътироф намекунанд.
Раҳим Масов