Krokus.Mama001

БОЗПУРСИИ НАЗДИКОНИ ГУМОНБАРОНИ ҲАМЛА БА КРОКУС

Мақомоти Тоҷикистон модари яке аз гумонбарон дар ҳамлаи террористии Крокус ситӣ дар Маскавро бозпурсӣ кардаанд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Гулракат Мирзоеваи 58-сола, модари Далерҷон Мирзоевро дубора бозпурсӣ кардаанд. 

Бори аввали пас аз боздошти писараш Дарлерҷон Мирзоев, яке аз тоҷикистониҳои гумонбар дар ҳамлаи террористии Крокус ситӣ Гулракат Мирзоевро бозпурсӣ карда буданд. 

Davatnoma.01

Ба гумони ғолиб, бозпурсии дувум ба нашри видеое аз тарафи Хадамоти амнияти федералӣ дар Шабакаи аввали телевизиони Русия муртабит аст, ки дар он Далерҷон ва дигар гумонбарони ҳодиса аз Сайфулло ном шахс ҳамчун ҳамоҳангсози ҳамла ном бурда, мегӯянд, гӯё барои иҷрои ин кор ба онҳо як миллион млн рубл ваъда кардааст.

 Дигар аслан иттилоъ намедиҳад.

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав шаби 22-юми марти соли 2024 рӯй дод. Ба иттилои мақомоти Русия, дар ин ҳодиса 139 нафар кушта ва тақрибан дусад кас захмӣ шудаанд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт, вале президенти Русия Владимир Путин онро ба Украина пайванд дод.

Аз 19 нафаре, ки дар доираи парвандаи ҳамла ба "Крокус" боздошт шудаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва

ва ба иттилои додгоҳ гуё ба гуноҳ иқрор кардаанд, вале суолҳо дар бораи дар мавриди то куҷо тарроҳи ҳамла будани онҳо, осори латукӯб дар чеҳраҳояшон ва баъзе зидду нақизиҳо дар маълумоти мақомоти Русия ҳамчунон боқист.

(Ин хабар дар сойти қаблии “Ойина” нашр шуда буд)