Дар Ҷопон муаллим бо вазир ва дар Тоҷикистон бо муҳоҷир қиёс мешавад
Баъзан иддао мешавад, ки дар мо таваҷҷуҳи бештар рӯйи илмҳои инсонӣ ё гуманитарӣ, бавижа адабиёт ва шеъру шоирӣ зоҳир дорему ба илмҳои дақиқ камтар аҳамият медиҳем. Аммо ман шоҳиди он будам, ки муаллимони химия, физика, риёзӣ, хулосаи илмҳои дақиқ ҳам дар баробари муаллимони забон ва адабиёт ба хотири як бурда нон ба Русия мерафтанд ва мардикорӣ мекарданд. Яъне, мехоҳам бигӯям, ки муқассир ҷилва додани муаллим ва ё гуманитарӣ ва дақиқ ҷудо кардани илм мушкили соҳаи маорифро дар Тоҷикистон ҳал намекунад. Зеро дар нодонӣ ё камсаводии насли даврони истиқлол муаллим муқассир нест, балки системаи маориф бознигарӣ ва ислоҳ мехоҳад.
Аксари муаллимони мактабу донишгоҳҳо ҳамон омӯзгорони даврони шӯравии собиқ ё шогирдони эшон ҳастанд. Онҳо дар замони империяи қудратманди шӯравӣ короии худро нишон додаанд. Яъне муаллим ҳамон муаллим аст, мактаб ҳамон мактаб ва равиши тадрис ҳамонест, ки буд. Пас чаро муаллиме, ки дар даврони шӯравӣ беҳтарин роҳнамои насли ҷавон шумурда мешуд, акнун ба дарди ҷомеа марҳам наметавонад бошад?
Он чӣ мушоҳида мешавад, масъулон ҳамеша як айбе аз масъули қаблӣ бояд битарошанд, то ҳамаи “гуноҳ”-ҳоро ба истилоҳ гардани “Ленин” андозанду ҳангоми хуруҷ аз об “доманашон тар” набошад. Вале воқеият ба он далолат мекунад, ки мо чанд чизеро аз маорифи меросмонда аз Шӯравӣ бардоштем, аммо чанд чизи дигарро фаромӯш кардем ва акнун тамоми гуноҳҳои маорифро ба гардани “Ленин” меандозем.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки системаи маорифи даврони истиқлоли Тоҷикистон аз системаи маорифи шӯравӣ чӣ тафовуте пайдо кард, ки имрӯз кадрҳои Донишгоҳи омӯзгориро “бо занҷир” бубандем ҳам, боз баъди чанд соли кор дар мактаб тарки пеша мекунанд ва аксаран мардикорӣ дар Русияро аз касби муаллимӣ дар Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд? Чӣ расад ба кадри омодашуда дар дигар донишгоҳҳои кишвар, ки аслан суроғи муаллимӣ намеоянд ва ин нукта дақиқан муқобили расми даврони Шӯравӣ аст, ки хатмкардагони тамоми ихтисосҳои донишгоҳӣ пеш аз ҳама суроғи мактабу муаллимӣ мерафтанд.
Чанд далеле вуҷуд дорад, ки маорифи даврони истиқлолро аз маорифи шӯравӣ мутафовит кардааст ва муаллимро аз мақоми устодӣ дар СССР ба мардикор ё коргар дар замони истиқлол табдил додааст ё чӣ тавре дар расмиёт дӯст доранд,бигӯянд: “ба сабаби ба кори дигар гузаштан”муаллимон тарки пеша карданд.
Якум, аслу пояи системаи маорифи мо аз ҳамон системаи даврони шӯравӣ гирифта шудааст ва чандон тағйире накардааст, ба истиснои системаи бакалавр ё гузаштан ба низоми ғарбии таҳсили чаҳорсола ва канор гузоштани имтиҳоноти шифоҳию рӯ овардан ба имтиҳоноти тестӣ, ки ин ҳам натиҷаи мусбате надод. Ахиран тасмим бар ин шуда, ки имтиҳони тестӣ саводи ҷавононро пойин мекунад ва бояд ба низоми қаблии имтиҳонот баргашт. Пас ба ин ҳисоб, агар сода карда гӯем, мо аз маорифи шӯравӣ зарфро бардоштем, аммо муҳтавиёти дохили зарфро дур рехтем ва ин кор боис шуда, ки имрӯз муаллимон мардикориро аз муаллимӣ касби баобрӯтару боиззаттар қаламдод мекунанд.
Дувум, мо системаи маорифро мерос гирифтем (албатта, ин ҷо маорифи шӯравӣ дар назар аст ва ба маорифи тамаддунии ниёкон рабт надорад), аммо умури мудириятии онро ноқис анҷом додем. Барои ташреҳи сода, метавон ин гуна мисол зад, ки мо дар садри вазорати мухобирот ё алоқа ба ҷои он ки мутахассиси иртиботот ва фанновариро бинишонем, онро ба дасти тоҷир ё бинокор супурдем ё вазорати саноатро, ки ба тавлиди анвои маҳсули саноатӣ ва нанотехнология бояд сарукор дошта бошад, ба дасти “чӯпон ё оқсақоли авул”, ки ба тавлиди чакка ё ҷурғот дар тулум ё ишкамба машғул аст, супоридем ва интизори кайфиятустандарти ширкати “Nestle”-ро аз ӯ дорем. Албатта,ин мудирияти нодуруст боис шуд, ки муаллимон ё ғурурашон иҷозат надод, ки бо афроди ношоиста кор кунанд ва худро таҳқиршуда донистанду тарки пеша карданд ё ин ки “чӯпонҳо дар садри маориф”ҳамаро галаи гӯсфанди худ хиёл карда, ба ҷойи он ки ҷурғоту чаккаи ишкамбаро баробар тақсим кунанд, баръакс муаллимони чӣ нару чӣ модаро “гови ширдеҳ” қарор дода ва бе додани алаф ба дӯшидани онҳо пардохтанд. Яъне системаи маориф ба дасти касоне афтод, ки даромадашро хусусӣ ҳисобиданд ва ба тиҷорати форми мактабиву китоби дарсиву азхудкунии сармояи давлатӣ пардохтанд, аммо он тавре ки дар системаи шӯравӣ ба муаллим бархӯрд мешуду маошу имтиёз дар назар гирифта шуда буд, ба он таваҷҷуҳ накарданд,фақат дар фикри ҷайби худ шуданд, ки маориф ба ин ҳол расид. Ҳоло бошад, муаллим мардикор шудаву хонанда чукрифурӯшу шогирди “carwash”. Ин ҷо, албатта, ҳамон чӯпони садри маориф муқассир аст, аммо ӯ танҳо нест ва тасмимгирони дигару ҷомеа ҳам то ҳадде бо бетарафӣ саҳм доранд, ҳамчунин он мудироне, ки намедонам,ҳушёр буданд ё маст ё дар ҳолати беҳӯшӣ дар бемористон ё дар хобашон ба санадҳои зарурӣ имзои “муборакашон”-ро гузоштанд.
Савум, “озодӣ” ё “демократия”-е, ки ба донишомӯзону донишҷӯён ва волидайн дар даврони истиқлол дода шуд, дақиқ намедонам, дар бахши маориф то куҷо дуруст буд, ҳол он ки дар даврони шӯравӣ чунин шароит вуҷуд надошт, бинобар ин ба он оварда расонд, ки дигар на хонанда ҳарфи муаллимро гӯш медиҳаду на волидайн розӣ буданд, ки фарзандонашон ба сахтӣ дониш андӯзанд.
“Хонда чӣ мешавӣ? Мана, фалончӣ хонда муаллим шуд, чӣ ҳол дорад? Аз ҳамин муаллима чӯпон баобрӯтар аст, як гӯсфанд мефурӯшад, як моҳ роҳат харҷи зиндагиаш таъмин мешавад. Дарс хонда чӣ кор мекунӣ? Рав, молбонӣ, фоидааш аз дарс ҳазор бор беҳ...”
Ин суханҳоро борҳо аз забони баъзе волидайн дар даврони истиқлол шунидаем ва ин авҷи навмедӣ аз донишомӯзию умқи фоҷеаи маорифро нишон медод. Аммо мо агар ба равиши ниёконамон ва дин назар кунем, саросар насиҳат ва таъкид бар эҳтироми устод ва итоат аз ӯ барои касби илм мешуд. Аз ҳадиси паёмбар (с) - “зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ” гирифта, то насиҳати устод Рӯдакӣ - “...кас набуд аз роҳи дониш бениёз” ва фармудаи Саъдии бузургвор - “қадри устод аз падар беҳ аст...” ҳама далолат ба шаъни устод дорад. Аммо “демократия” дар баробари дигар “озодӣ”-ҳо ба донишомӯзон ин шароитро пеш овард, ки бо устодони худ даъво кунанд ва ҳатто дар баъзе маврид онҳоро латукӯб кунанд. Аммо мо дар баробари эҳтиром ба устод дар осори ниёконамон, мисоли муосир ҳам дорем, ки улгӯи ҳамаи ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон аст. Ин намуна маорифи кишвари Ҷопон ва қадри устоду эҳтиром ба муаллим дар ин ҷомеа аст. Маоши муаллим дар ин кишвар аз маоши вазир боло аст, ҳамчунон обрӯи муаллим низ ва дар мактабҳои Ҷопон даъвои муаллиму талаба ё даъвои волидайн бо муаллим ба хотири пуштибонӣ аз фарзанд як беэҳтиромии хос ва авҷи бефарҳангӣ дониста мешавад. Ба ин хотир аст, ки системаи маорифи Ҷопон пешрафтатарин системаи маорифи ҷаҳон аст.
Аммо ин бефарҳангӣ, яъне даъвои донишомӯз бо муаллим ё даъвои волидайн бо муаллим дар мо демократия унвон гирифтааст ва дар ҳоли табдил шудан ба фарҳанги ҷомеа аст.
Оё вақти он нарасидааст, ки дар системаи маориф бознигарии куллӣ анҷом ва мақоми муаллим бо мардикору муҳоҷир на, бо вазир муқоиса шавад ва фарҳанги эҳтиром ба устод ба курсӣ нишинаду аз истихдоми “чӯпон”-ҳо ё афроди тасодуфӣ дар мудирияти маориф парҳез шавад?