Degradation

Деградация 

Дар се моҳи соли 2022 ҳудуди 30 ҳазору 600 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро соҳиб шудааст. Ҳудуди 24 ҳазор нафари дигар иқомати доимии ин кишварро ба даст овардааст, ки имкон дорад, то охири сол ё соли оянда шаҳрванди Русия шаванд. 

Дар ин бора Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ додааст. Агар ин раванд ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, дар як сол ҳудуди 1 миллион бошандагони Тоҷикистон шаҳрванди Русия мешавад. Дар ҳоле ки афзоиши нуфуси табиии ҷумҳурӣ як миллион нафар нест. Маргумир нисбат ба афзоиши табиӣ дар ду соли охир бештар аст.

Ба гуфтаи донишмандон, агар шароити зиндагии мардум хуб нашаваду фақр аз байн наравад, дар 10 ё 15 соли оянда дар Тоҷикистон нерӯи корӣ боқӣ намемонад. 

Хуб, ин арқоми даҳшатовар пешгӯии донишмандон аст. Ва амсоли пешгӯии обуҳавошиносон, ки мегӯянд, фардо ҳаво офтобист, вале дар асл мебинӣ, ки борон борид.

Дар ҳоли ҳозир бидуни муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ пеш намеравад. Зеро дар ҷумҳурӣ кор нест. Мардуми Тоҷикистон, бахусус ҷавонон маҷбуранд, барои дарёфти қутти лоямут муҳоҷират кунанд. Вале оқибати муҳоҷират барои мардуми тоҷик ояндаи хуб надорад. Ин ҷавононе, ки муҳоҷир мешаванд, дар тӯли муҳоҷират ҳувияти миллии худро дар тӯли ду ё се сол аз даст медиҳанд. Русуми тоҷикии худро фаромӯш мекунанд.

Як мисол: дар ин чанд соли охир талоқ нисбат ба издивоҷ даҳҳо баробар афзудааст. Дар Тоҷикистон ҳатто ибораи “талоқи телефонӣ” як чизи маъмулӣ шудааст. Шумораи занони аз шавҳар ҷудошуда нисбат ба шумораи духтароне, ки ҳоло шавҳар накардаанд, афзудааст. Ин вазъ боиси зиёд шудани сафи пиронсолони дузанаву сезана шудааст. Пиронсолони пулдори дузанаву сезана табиист, ки дар таъмини талаботи заношӯӣ оҷизанд. Ва ин раванд ба зиёдшавии сафи занҳои ҷавони сабукпо оварда мерасонад, ки пояи расму русум, мазҳаб ва ормонҳои милли мардуми тоҷикро халалдор мекунад. 

Ҳоло 90 дарсади ҷавонони мактаби миёнаро хатмкарда ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. 10 дарсади дигари боқимондда пас аз хатми донишгоҳу донишкада диплом дар даст роҳи муҳоҷирати кориро пеш мегиранд. Бахши аъзами онҳо пас аз як ё ду соли муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон бармегарданду издивоҷ мекунанд. Баъди ду ё се моҳи издивоҷ ҳамсарони ҷавонашонро дар хонаи падар танҳо гузошта, боз ба муҳоҷирати корӣ бармегарданд. 

Хуб, дар зиндагӣ ҳар иттифоқе хоҳад уфтод. Зани ҷавони аз канори шавҳар сернашуда азият мекашад. Модарарӯсу падарарӯс ин азияту коҳиши зани ҷавонро эҳсос накарда, ба писар занг мезананд. “Занат аз мо напурсида, хонаи очааш рафтаасту ду рӯз аст, барои мо як пиёла чой ҳам надодааст”, - мегӯянд онҳо ба писар.

Писари хунгарми тоҷик, ки ҳатман дар муҳоҷират нози хонуми дигареро мебардорад, ба модар мегӯяд:

- Бигӯ, аз хонаи падараш барнагардад. Талоқаш кардам!

- Оҳ, писарам, кори хуб нашуд. Охир, занат ҳомиладор аст. 

- Очаҷон, парво накун, пул мефиристам, ба дасташ бидеҳу бигӯ, ки исқоти ҳамл кунад. Дар оянда дарди сари ман нашавад, - мегӯяд писару телефонро хомӯш мекунад. 

Ин писар баъди як ё ду соли кор дар муҳоҷират баргашта, як мошин мехарад. Чанд моҳ дар кӯчаҳои пойтахт мошинсаворӣ карда, чанд духтари ҷавони дигарро, ки шефтаи мошину мошинсаворӣ ҳастанд, бероҳа карда, ҷанҷолу додгоҳравиҳоро ба падару модар гузошта, боз ба муҳоҷират бармегардад.

Ин аст шеваи зиндагии аксарияти ҷавонони тоҷик, ки ба ҳувияту расму русуми тоҷикӣ ва мазҳаб бегона аст. Дар баробари ин ҷавонони баору номусе низ ҳастанд, ки дар муҳоҷират соҳиби ҳама чиз мешаванд: оилаи хуб, фарзандони боодоб, хона, мошин, эҳтироми падару модар, наздикон ва ғайра, аммо теъдоди онҳо хеле кам аст.

Вақте ки инсон ҳувияти миллии худро гум мекунад, истилоҳҳои “Ватан”, “падар”-у “модар”, “хеш”-у “табор” барояш аҳамияте надоранд. Вай аз фикр кардан дар бораи пайдо кардани мавқеи дар ҷомеа оҷиз аст. Вай танҳо мебинад, ки дигарон чӣ кор мекунанд. Аз кардаи дигарон баду некро фарқ намекунад. Талоши ягонааш барои фурӯнишонии нафси ҳайвонии худаш асту бас.

Дар урфият мегӯянд: “Дунё хӯрдан ҳунар нест, дунёро дидану фаҳмидан ҳунар аст”. Аммо муҳоҷирати корӣ ба аксари ҷавонони тоҷик дунё хӯрданро ёд додааст, на дунё дидану фаҳмиданро.

Вазъият чунин аст, ки дар Тоҷикистон бидуни муҳоҷирати корӣ чораи дигаре вуҷуд надорад. Давлати Тоҷикистон мардумро бо кори хуб таъмин карда наметавонад. Пас бо ҳамин шеваи дуршавии ҷавонон аз аслу насаб қаноат кунем ва бигзорем, ки теъдоди атфоли бепадар ва аз тарбияи падар дурмонда зиёд шавад?

Бубинед, дар Тоҷикистон ҳатто як нафар футболбози сатҳи ҷаҳонӣ нест, вале Академияи футбол фаъол аст. Як варзишгари сатҳи олимпии ҷаҳонӣ нест, вале кишвар як шабакаи телевизионии “Варзиш” дорад. Чаро дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон як бахши илмии пажуҳиши авоқиби муҳоҷирати корӣ дар оянда барои ин ҷумҳурӣ ташкил нашудааст?

Ин мавзуъро ҷиддӣ бояд омӯхт. Дар Тоҷикистон уламои мазҳабӣ зиёд рӯйи саҳнаанд, ки ба қавле ҳамто надоранд. Диску фиттаҳои “амри маъруф”-и ин домуллоҳо дар байни мардум даст ба даст аст. Ба ҷуз аз мавзуи садақаи ҷория ва тавсифи ҳукуматдорон дар ин “амри маъруф”-ҳочизи дигаре вуҷуд надорад. Уламои динӣ аз муҳоҷирони корӣ садақа талаб доранду намегӯянд, ки “ҳой ҷавон, дар муҳоҷират аз аслу насаби хеш дур нашав!”.

Мавзуи дур шудан аз аслу насаби хешро дар илми ҷомеашиносӣ деградатсия мегӯянд. Ҳол на танҳо ҷавонон, балки ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳоли деградатсия қарор дорад. Мардум ба даст овардани молу чизро аз зикри Худо болотар медонанд. Инро бо забони илми ҷомеашиносӣ фетишизм мегӯянд. Фетишизм ин парастиши мол, дороӣ аст, ки дар дини ислом ширк ё қобили таҳаммул нест. Он ҳаром аст. Аммо ин ҳама бар мабнои бечорагии муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон аст.Бинобар ин давлати Тоҷикистонро зарур аст, дар бозгашти ҷавонон ба аслу насаби зеш иқдоми ҷиддӣ кунад.

Расул Ғамзатов дар китоби “Доғистони ман” навиштааст: “Фарзанди кӯҳистон мисли уқоб аст. Вай ки парвозӣ шуд, аз шахҳои кӯҳистон дуродур парвоз мекунаду дунёро мебинад, меомӯзад ва дубора ба шахҳои Ватанаш бармегардад”.

Кошкӣ ҷавонони мо мисли уқоб мебуданду шахҳои Ватанро фаромӯш намекарданд. Манзури Расул Ғамзатов на Ватан, балки фаромӯш накардани аслу насаб дар муҳоҷират аст. 

Ҷаноби Ғамзатов менависад: “Дар як кишвари хориҷӣ будам ва дар як гулгашт, дар анбуҳи одамон наққошеро дидам, ки ҳама наққошиҳояш манзараи куҳсор буд. Аз ӯ пурсидам, дар ин кишвар кӯҳ нест, ки ту фақат манзараи кӯҳсорро тасвир кардӣ?

- Ман дар кӯҳистони Ҳиндукуш ба дунё омадаам”, - посух додааст наққош.

Ҳикмати Дарвеш