Muhojirat migration1

ҲИҶРАТ ФОҶЕА НЕСТ, АММО ДОМОДИ РАИСҶУМҲУР БА КУҶО “ҲИҶРАТ” МЕКУНАД? 

Дилам ба Ҷамолиддин Нуралиев сӯхт, “бечора”-ро аз кор гирифтанд 

Ӯ акнун дар ин шароити сахт куҷо меравад ва чӣ кор мекунад?

Ӯ ҳам, охир, зану фарзанд дорад ва онҳоро хӯрондаву пӯшониданаш даркор. Бо ин нархи бозор, бо қимати орду равғану шакар, акнун чӣ кор хоҳад кард, маълум нест. Ҳадди ақал бензин гарон намебуд ва роҳкирои автобусу троллейбус ташвишовар намешуд, боз як илоҷ мекард.  

Бигзарем аз ҳама. Таваррумро намегӯед?! Ин таварруми лаънатӣ миёни ҳамаро шикаста. Коршиносони Бонки миллӣ натавонистанд аз он ҷилавгирӣ кунанд. Ҳамаро ин таваррум хонахароб кард, вале касеро аз БМТ парвое нест, ҳамаро омили хориҷӣ мегӯянд.

Барои ҳамин фикр мекунам, агар Ҷамолиддин Нуралиевро бо ҷойи кор таъмин накунанд, вазъи оилааш хароб мешавад. Ё шояд дусолаашро захира карда бошад? О, ҳар сол мегӯянд-ку, дусолаатонро захира кунед! Наход ба ин ҳарф ӯ бовар накунад?

Вай кадр, мутахассиси хуб аст, аммо ба қадраш нарасиданд ва акнун бекор шудаву дар кӯча мондааст. Ба фикрам, дипломи донишгоҳи Амрикоро зери болишт мегузораду қатори муҳоҷирони корӣ ба Русия аробакашӣ, кӯчарӯбӣ ё мардикорӣ меравад. Чӣ кор ҳам мекард, бачаи камбағала тақдираш ҳамин. Ҷаноби Муҳаммадюсуф Имомзода, гуфта буд-ку, муҳоҷир шудан фоҷеа аст, аз он фоҷеа насозем. Ана, акнун умқи “фоҷеа”-ро иқрор шавед! Охир, як хонаводаро аз ризқу рӯзӣ маҳрум кардан магар кори саҳлу сода аст?   

Ҳич кас ҳозир ба диплому маълумоту таҷрибаат кор надорад, агар ҳамқишлоқӣ ё хешу табор набошӣ ё биографияву географияат рост наояд, ҳамин хел мегиранду аз кор меронандат, ҳаволаат ба Худо. Аммо Ҷамолиддин, Ҷамолиддине, ки бо сад умед дар хориҷа таҳсил карда буд, аммо афсӯс... 

Охир, ӯ мисли Шаҳбоз Раҷабзода ҷавон нест, ки раҳмашро хӯранд ва се хонаву се мошин ва дар хориҷа ҳам пул надорад, куллан худро ба оила бахшида буд ва он оилае, ки онро муқаддас мегӯянд. Ин қадосат дар қавонин сабт шуда ва он ҳам дар як кишваре, ки волоияти қонун дар мадди аввал аст.

Боз як хабарро шунидему каме ҳам бошад умедвор шудем, ки ӯ соҳиби ризқу рӯзиаш мешавад. Чун овозаҳо ҳаст, ки ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз кор барканор кардаанд. Шояд ба Вазорати молия “муҳоҷират” кунад. Ё ягон созмони хориҷие мисли IRS равад. О, ин ширкат ҳам хориҷӣ-ку!

Илоҳӣ, ҳамин хел бошад, бачаи камбағала ноумеду рӯҳшикаста кардани кадрҳои ҷавон чӣ даркор?! Мо ҳам хурсанд мешавем, ки ҳадди ақал пеши роҳи муҳоҷир шудани як бачаи камбағал гирифта шавад ва як хонавода аз ризқу рӯзӣ маҳрум нашавад.