Истиқлол аз бечорагӣ
Дар бозори гузари “Оҳангарон” коргарон ба чанд фарванд трактору мошин як шиори бузургеро насб карда буданд. Дар ин шиор, ки камаш сад либос матоъ ба ранги сафеду сурх масраф шуда, шиоре ҳак шуда буд: “Зиндаву поянда бод истиқлоли Тоҷикистон!”.
Пиразане, ки дар даст як халтаи селофанӣ дошту дар он ба эҳтимоли зиёд қарде ангур буд, ба шиор ангушта зуда, аз мо пурсид:
- Бачам, ҳамин истиқлолият чияй? Як моҳ мешавад, ки дар телевизор фақат истиқлолият меган. Дар ҳамин райони мо камаш 10-20 истиқлолай: номи ҷамоати мо Истиқлол, кӯчаи тарафи гӯристонмерафтагӣ ҳам Истиқлол ном дора. Ҳамсояи қудои ман ҳам дар Кӯлоб номи набераашро Истиқлол мондааст. Писари ҳамсоя дар донишгоҳ дохил шудаасту дар кӯчаҳо гаштааст. У рӯз пурсидам, ки чаро дарс намеравӣ? Ман медонам, ки вай балора намедона, чунки соли дароз аз думи гову моли падараш буд. Гуфтамаш, ки ту дурӯғ мегӯӣ, дохил нашудаию бо баҳонаи истиқлол дар кӯчаҳо мегардӣ. Қасам хӯрд, ки дохил шудааст.
Ба гуфтаи ин пизаран, он писар қасам хӯрдааст, ки қариб 8 ҳазор сомонӣ додаву ба донишгоҳ дохил шудааст. Худи он писар гуфтааст, ки 3 ҳазор “шапка” додаасту 5,5 ҳазор пули шартномаи солонаашро супоридааст. Ба гуфтаи худи он писар, ӯ то 12 сентябр аз дарс озод будааст. То ин рӯз ҳама дар машқу маршировка барои баргузории Иди истиқлол будаанд.
Марде, ки дар паҳлуи ман нишаста буд, ба пиразан рӯ оварду ба суоли ӯ посух дод:
- 31 сол қабл давлати шӯравӣ барҳам хӯрду Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт. Яъне мо, худамон, мардуми Тоҷикистон мустақил шудем.
Пиразан ба ин мард нигоҳи дарундоре карду гуфт:
- СССР хуб набуд, ки он вақт як халта орд 12 сум буд?
Ӯ халтаи селофанияшро нишон доду гуфт:
- Ана истиқлолро бубин, пули як халта орд ана ҳамин як хӯша ангур шуд. Матои ҳамин шиор барои як арӯс либоси тӯёна мешуд. Намешуд, ки ҳамина ба як камбағал тиян? Ва он ҳам ба хотири истиқлолият!
Пиразан боз ғуррид:
- Қариб 9 рӯз аст, ки дар мактабҳои олӣ дарс нест. Ҳама роҳбарону коргарони идораҳо дар ҷойи кор нестанд. Ҳамаи онҳо аз дунболи Ҷашни истиқлоланд.
- Эй хола, чӣ мегӯӣ? Баланд гап назан, Худо накарда, ҳукуматдорон гапота шунаванд, туро террорист гуфта, зиндонӣ мекунанд. Ин як шиор не, ҳазорҳо чунин шиор дорем, ки барои навиштани онҳо ба хотири ин ҷашн миллионҳо сомониро харҷ мекунанд. Ва миллионҳои дигар ба ҷайби шиордору шиорнависон меравад. Ҷашни истиқлол ҳам як роҳи дуздидани пули буҷаи ҳукумат аз сӯйи ҳукуматдорон аст, - оҳиста, сарашро хам карда, дар гӯши пиразан гуфт марди ҳамроҳам.
Сӣ сол мешавад, ки ба ҳамин аҳвол Ҷашни истиқлол, ҷашни харбӯза, ҷашни кадӯ ва ғайраву ғайраҳо таҷлил мешавад. Ҳич не ки маоши моҳонаву нафақаи мардум зиёд шавад. Нархи колову озуқа бошад, боло рафтан мегирад.
Имсол ҳам дар арафаи Ҷашни истиқлол боз нархи газу бензин 40 дирам боло рафт. Ба дунболи ин тамоми анвои коло ва маводи ғизоӣ низ камчин шуд. Чаро?
Охир, қимати бензину газ дар Русия тағйир наёфтааст. Русия ба Тоҷикистон истиқлол чӣ рабте дорад? Тоҷикистон газу бензин ва дигар маводи сӯхтро аз Русия ворид мекунад. Чаро? Чунин чароҳо зиёданд, аммо ҷавоб надоранд.
Суоли дигар: оё шарт аст, ки Тоҷикистон ҳар сол истиқлоли худро ботантана ҷашн бигирад? Мо аз кӣ истиқлол овардем? Аз СССР-е, ки худ аз худ пош хӯрду Тоҷикистон маҷбур шуд, истиқлоли худро эълом кунад?Тоҷикистон аз бечорагӣ истиқлол касб кард, на бо зӯру тавону муқовимат. Намешавад, ки аз тариқи расонаҳо воқеиятро дар бораи истиқлол ба мардум бигӯем ва миллион сомониро масраф накарда, ба муаллимон маоши хуб диҳем, то талабаҳо дониши хуб гиранду барои дохил шудан ба донишгоҳҳо “шапка” надиҳанд? Ё муаллимон барои дарёфти маоши бештар ба Русия ба мардикорӣ нараванд? Аммо...
Ҳамасола донишҷӯҳо тавре ба маршировка мераванд, ки гӯӣ, Тоҷикистон ба ҳадде мустақил аст, ки ҳич ҳодисае дар дунё ба он рабте надорад, аммо рӯз то рӯз вобастагии ҷомеа аз кишварҳои хориҷӣ бештар мешавад. Чӣ гуна истиқлол аст, намедонам.
Ҳикмати Дарвеш