Қаҳрамононои ғулом ё ғуломони қаҳрамон
Видеоеро, ки дар ин матлаб мебинед, аз шаҳри Маскав, маҳаллаи Вороновское, 64-километрии шоҳроҳи Варшава, мавсум ба Сахарово, Маркази чандманзураи муҳоҷиратӣ бардошта шудааст. Таҷаммуе, ки мебинед, ҳама умдатан шаҳрвандони ду кишвар – Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳастанд. Ҳар рӯз ҳол ҳамин аст.
Ин ҷамъият барои гирифтани муҷаввизи корӣ ё патент дар Русия таҷаммуъ кардаанд. Албатта, ин таҷаммуъ эътирозӣ нест, балки мардуми муҳоҷир дар навбат ҳастанд, то барои гирифтани муҷаввизи корӣ ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази чандманзураи муҳоҷиратии Маскав супоранд ва он нафаре, ки ҳуҷҷат супоридааст, патенташро бигирад.
Дар оғоз бояд бигӯям, ки ин ҷо ба сурати ошкор сабт кардани ин таҷаммуъ мамнуъ аст. Ба ин хотир тайи фурсате ки доштем, ин навбатпоии шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистонро сабти видеоӣ кардем. Ин ҷо ягона ҷойи навбатпоӣ нест, балки он аввалин аст. Чор ҷойи навбатпоии дигар пас аз ин муҳоҷиринро интизор аст, ки он ҷо издиҳом нисбатан сабуктар аст. Дуто аз онҳо дар вурудӣ ва дохили бинои супурдани ҳуҷҷат барои гирифтани муҷаввизи корӣ ё патент асту дутои дигар дар вурудӣ ва бинои гирифтани патент.
Бояд гуфт, дар ин марказ барои кор танҳо дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он муҷаввиз содир мешавад. Соири шаҳру вилоёти Русия марокизи худро доранд, ки агар ба ин сурат он ҷо мардум ҷамъ нашаванд ҳам, албатта, барои гирифтани иҷозаномаи корӣ ба ин гуна марокиз дар соири вилоёт низ муроҷиат менамоянд. Аз ин ки мо дар ҳама марокизи судури муҷаввизи корӣ дар Русия набудем, дар тасвири вазъи он ҳама мушкил дорем, аммо дар шаҳр ва вилояти Маскав муҳимтарин чархаи иқтисоди Тоҷикистон, муҳоҷирон бояд аз ин монеа убур намояд, то тавонанд рисолаташонро анҷом диҳанд.
Бузургсолоне, ки тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд, дар суҳбатҳое гоҳе аз навбатпоӣ барои дарёфти нон дар он шабу рӯз қисса мекарданд. Ин навбатпоӣ низ ба хотири дарёфти як луқма нон буд. Агар он замон ҷанг буд, феълан шукр, ки ҷанг нест, аммо навбатпоии тоҷик барои нон идома дорад, танҳо ба шеваи дигар ва дар мулки дигар. Агар он мардум дар навбат буданд, то ҳаққи нони худро аз мағоза харидорӣ намоянд, дар ин ҷо коргарони муҳоҷир таҷаммуъ кардаанд, то бо пардохти пул танҳо иҷозати дарёфти нонро касб кунанд.
Ҳарчанд дар зимни мунтазирӣ барои дарёфти патент муҳоҷирини корӣ бо мушкилоти зиёде дучор мешаванд, ки тасвири он ҳама сода нест, аммо Ҳукумати Русия низоми собите дуруст кардааст, ки бо эҷоди каме суҳулат барои гирифтани муҷаввизи корӣ фоидаи хубе ба даст меорад. Ба гунаи мисол, имрӯз барои як коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ ба ҳадди миёгин 104 ҳазор рубл лозим аст, ки то ӯ тайи як сол иҷозати кор ва зиндагӣ дар Русияро дошта бошад. Ин 104 ҳазор рубл танҳо барои ҳуҷҷатгузорӣ масраф мешавад ва он масорифи хусусии коргари муҳоҷирро шомил намешавад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама аз камтарин ҳуқуқе бархӯрдор нест.
Дар гузашта, замоне ки Тоҷикистон шӯравӣ маҳсуб мешуд, яке аз иддаоҳо ин буд, ки мо барои русҳо кор мекунем. Ё ин ки русҳо моро мисли ғулом кор мефармоянд, худ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанду мо барои эшон пахтакорӣ менамоем. Аз ин рӯст, ки теъдоде истиқлоли Тоҷикистонро бар Тоҷикистони шӯравӣ тарҷеҳ медиҳанд. Аммо агар ин масъаларо аз дигар тараф бингарӣ, вазъи бадтар аз замони шӯравӣ пеши назар ҷилвагар мешавад: он замон тоҷик дар Ватани худ буд, танҳо онро аз Маскав идора мекарданд. Дар баробари ин Маскав дар назди тоҷикистонӣ мутааҳҳид буд. Вале ҳоло ӯ Маскав меояд ва пул ҳам медиҳад, ки то иҷрои кореро ба уҳдаи ӯ гузоранд, ки рус намехоҳад онро иҷро кунад. Дар баробари ин Маскав ҳич уҳдадорие дар баробари ӯ надорад, ки худ навъе аз ғуломии ҷадид аст. Аммо ин афрод вақте ба Ватан бармегарданд, дар фурудгоҳ чун қаҳрамон пешвоз гирифта мешаванд. Ба ин ҳақ доранд, зеро мутоқиби муҳосибаҳои Бонки милии Тоҷикистон дар соли 2019 зиндагии 70 дарсади оилаҳои тоҷикро ҳамин қишр таъмин мекунанд.
Оморҳо чӣ мегӯянд?
Барои аввалин бор раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2019 дар паёмаш ба парлумон ба масъалаи муҳоҷират дахл кард. Ӯ коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистонро ба эҷоди ҷойҳои кор дар Тоҷикистон рабт дод. Ба қавли раисҷумҳури кишвар, аз соли 2010 то 2019 муҳоҷирати тоҷикон 60 дарсад кам шуд. Ӯ тайи ин паёмаш гуфт: “Шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафар ба соли 2010 рост меояд. Соли ҷорӣ ин рақам 486 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”. Зимнан ӯ супориш дод, ки бояд дар Тоҷикистон ҳамасола 100 ҳазор ҷойи корӣ эҷод шавад.
Ин супориши раисҷумҳур дар соли 2019 садо дода буд. Агар ин супориш иҷро мешуд ва омори ироакардаи раисҷумҳур дуруст мебуд, бояд Тоҷикистон имсол ҳамагӣ 186 ҳазор муҳоҷир медошт. Зеро эҷоди 100 ҳазор ҷойи кор дар сол то имрӯз 300 ҳазорро бо ҷойи кор таъмин мекард ва 186 ҳазори дигар бекор боқӣ мемонд. Аммо шабакаи аудиторию машваратии “FinExpertiza” чанд рӯз пеш омореро нашр кард, ки мутаҳайиркунанда буд. Ба иттилои ин манбаъ, дар семоҳаи дуюми имсол 952 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон ба Русия барои дарёфти кор ҳиҷрат кардаанд. Вале 14 августи имсол Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки 322 068 нафар аз кишвар ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Дар ҳамин ҳол вазир нагуфтааст, ки ин теъдод маҷмуи коргарони муҳоҷирро ташкил медиҳад ё танҳо он муҳоҷиронеро, ки Русия рафтаанд.
Вале ба ҳар ҳол ин “танаввуъ” дар эълони шумораи муҳоҷирони корӣ ҳамеша буд. Масалан, дар соли 2019,вақте раисҷумҳур эълон кард, ки мо ҳамагӣ 486 ҳазор нафар муҳоҷир дорем, чанде баъд аз он Владимир Путин теъдоди онҳоро 1 миллиону 200 ҳазор нафар гуфт.
Агар омори “FinExpertiza”-ро дуруст шуморем, пас метавонем бигӯем, ки то охир сол теъдоди коргарони муҳоҷир ба Русия аз марзи як миллион мегузарад. Ҳол он ки ин созмон танҳо коргарони муҳоҷир дар Русияро шумурдааст. Пас суол ин аст, ки 100 ҳазор ҷойи корӣ куҷо шуд?