Shkolnaya forma1
Мудири маориф: Агар либосҳои мактабиро нафурӯшам, террористам эълон мекунанд

Ҳоло моҳи июл асту на ҳама хамкардаҳои мактаби миёна соҳиби аттестат ё санаде аз натиҷаи хатми мактаби миёнаи 11-сола дар даст доранд.

Бахусус барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои берун аз Тоҷикистон таҳсил кунанд, ин вазъ мушкили нобахшиданӣ эҷод мекунад. Зеро бисёриҳо наметавонанд ин ҳуҷҷатро то моҳҳои августу сентябр ба даст оранд ва ба ин хотир имкон пайдо намекунанд, ки таҳсилро идома бидиҳанд, бинобар ин роҳи муҳоҷирати кориро пеш мегиранд.

Чаро чунин мушкил пеш омада? Мушкил дар набудани аттестат дар ҷумҳурӣ нест. Тамоми шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ аз ин ҳуҷҷат доранд, вале иҷозати додани ин ҳуҷҷатҳоро ба хатмкунандаҳо надоранд. 

Мудири шуъбаи як ноҳияи вилояти Хатлон гуфт, ки нархи як аттестат баробар ба як ҷуфт либоси мактабии як хонандаи синфи як аст. Вай гуфт, мактабаш имсол 200 нафар хонандаи синфи як қабул мекунад. “Ба мо 200 ҷуфт либоси мактабии синфи як оварда доданд. Ва гуфтанд, то ин либосҳоро нафарӯшед, ба ҳич кас аттестат надиҳед”, - афзуд ӯ.

Аз ӯ пурсидам, ки ин либосҳоро кӣ овард ва барои чӣ Шумо бояд ин либосҳоро фурӯшед? “Намедонам”, - гуфт ӯ дар ҷавоб ва дастонашро ба сӯйи осмон боло карду афзуд: “Аз боло фармон шудааст!”. Ҳамчунин ҳамсуҳбатам афзуд, агар ӯ ҷузъиёти ҳодисаро ба ман бигӯяд, то хонааш нарасида, ӯро аз мансаб барканор мекунанд. “Баъдан ҳукумат эълон хоҳад кард, ки ин мудири шуъбаи маориф бо террористҳо робита дошт ва дар оянда эҳтимол дорад, маро ба зиндон низ бикашанд. Охир, мо дар як ҷумҳурии ҳуқуқбунёд зиндагӣ карда истодаем. Ҳукумат метавонад бо усул ва шеваҳои демократӣ ва ормонҳои худашон чӣ балоҳоеро ба сари мардум биёрад, - афзуд ҳамсуҳбатам.

Аз суханони мудири шуъбаи маориф дарёфтам, ки на танҳо мардум, балки мақомодорони ҳукумат низ аз сиёсати ба қавле демократии ин ҷумҳурӣ метарсанд. 

Давлати Тоҷикистон доштани либоси мактабиро барои хонандагони макотиб расмӣ мешуморад. Ва ҳар сол мардум барои фарзадонашон бояд либоси мактабӣ харидорӣ намоянд. Ин либосҳоро корхонаҳои азизони давлат тавлид мекунанд.

Қимати либосҳои мактабӣ, ки дар бораи сифати сохти онҳо ҳатто фикр кардан гуноҳи азим аст, дар миқёси ҷумҳурӣ миллиардҳо доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Азбаски дар бозорҳо ин либосҳоро ҳич кас намехарад, фурӯши онҳо ба дӯши мудирони бахшҳои маориф бар ивази додани аттестат вогузор шудааст. Аз сӯйи дигар либосҳои мактабие дар бозор ба фурӯш мерасанд, ки сохти Тоҷикистон нестанд. Давлат низ як навъ ба ин либосҳои сохти хориҷӣ муқовимат кардааст. Яъне пӯшидани ин либосҳо дар макотиби кишвар манъ аст. Новобаста аз ин ҳамчунин либосҳои мактабии хориҷӣ дар тани мактаббачагон ба чамш мехӯранд. Падару модаре, ки пул доранд, аз ин либосҳо ва барои ҳисобот ба директорони макотиб ва комиссияҳои тафтишотӣ аз сӯйи маориф як ҷуфт аз либосҳои сохти ватанӣ низ мехаранд.

Ҳамин тавр бо фаро расидани моҳи сентябр ва ба мактаб рафтани хонандагон мавзуи сарулибоси мактабӣ аз ёдҳо фаромӯш мешавад. Ва ин вазъ то моҳи июлу августи соли дигар идома меёбад. Аммо ҷавонон ба далели кашмокашҳои фурӯши либоси мактабӣ беаттестат мемонанд. Яъне як соли умри онҳо барбод хоҳад рафт. Баъзеҳо умуман аз идомаи таҳсил даст мекашанд. Як бахш ба муҳоҷирати корӣ меравад. Бахши дигаре дар бозорҳои Душанбе аробакашӣ мекунад.

Бубинед, барои он ки либоси тавлидотии як азизи давлат ба фурӯш равад, сарнавишти садҳо ҷавон ва хонавода, орзуҳои онҳо тағйир мекунаду барбод меравад. Дар чунин ҳол рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон, нисбат сохти зиндагӣ ва давлатдорӣ коста мешавад.

Гӯӣ, ки Абулқосими Лоҳутӣ маҳз ба ҳамин хотир фармуда бошад:

Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор нест,

Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.

Ба касофати сиёсати қавмии давлат аст, ки ҳич ҷавоне ба ҷуз аз орзуи пулу мошини хуб доштан дар сар ҳавову ҳаваси дигаре надорад. Маҳз ҳамин сиёсати қавмии давлат, ки демократӣ ва ҳуқуқбунёд талаққӣ мешавад, монеи рушди ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳо, бахусус таълиму тарбият ва илму дониш дар Тоҷикистони имрӯза шудааст.

Ҳикмати Дарвеш